Роҳхати футболбозони тоҷик ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми муборизони ФФО

БиБиСӣ Тоҷикистон

Тими мунтахаби Тоҷикистон ба мусобиқоти ниҳоии Ҷоми муборизони Федеротсиюни Футболи Осиё роҳхат гирифт

Тими мунтахаби Тоҷикистон пас аз пирӯзӣ бар тими мунтахаби Комбоҷ қабл аз муддат ба бозии ниҳоии Ҷоми муборизони Федеросиюни Футболи Осиё (ФФО) роҳхат гирифт.

Тибқи иттилоъи ФФО, тими мунтахаби Тоҷикистон дар бозии рӯзи чаҳоршанбеи худ дар Ҷазоири Молдив ба дарвозаи рақибони комбоҷиёии худ се тӯб зада ва аз гурӯҳи “С” якҷо бо тими мунтахаби Ҷазоири Молдив, мизбони мусобиқоти феълӣ ба марҳилаи навбатии мусобиқот баромад.

Ин манбаъ навиштааст, тӯбҳоро аз тими Тоҷикистон Нуриддин Давронов, Даврон Эргашев ва Иброҳим Рабимов ба нишон расондаанд.

Ин дар ҳолест, ки Пӯлод Қодиров, мураббии тими Тоҷикистон ба сойти интернетии ФФО гуфтааст, футболбозони тоҷик дар бозӣ бо тими мунтахаби Комбоҷ аз бештари ҳолатҳои мусоъид барои задани гол ба дарвозаи рақиб, истифода накардаанд.

Оқои Қодиров таъкид кардааст, ки бахши аслии футболбозони тими Тоҷикистон ҷавон буда ва дар чунин мусобиқоти бонуфузи байналмилалӣ таҷруба меандӯзанд.

Ду рӯзе қабл тими мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввали мусобиқоти Ҷоми муборизони ФФО бар тими Қирғизистон бо ҳисоби як бар сифр пирӯз шуда буд.

Дар мусобиқоти Ҷоми муборизони Федеросиюни Футболи Осиё, ки рӯзи душанбеи 21 март дар Ҷазоири Молдив шурӯъ шуд, 20 тими мунтахаби кишварҳои қораи Осиё ширкат мекунанд.

Ҳамакнун, тимҳои мунтахаби Ҳинд, Туркманистон, Тоҷикистон ва Ҷазоири Молдив ба мусобиқоти ниҳоии Ҷоми муборизони ФФО, ки қарор аст дар соли оянда баргузор шавад, роҳхат гирифтаанд.

Зимнан, тими мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти Ҷоми муборизони Федеросиюни Футболи Осиё шаҳри Коломбо, пойтахти Шри-Лонко дар моҳи феврали соли гузашта медоли биринҷӣ ё бронзро ба даст оварда буд.

Дар бозии ниҳоии тими Куриёи Шимолӣ бар тими Туркманистон пирӯз гардида ва соҳиби медоли тиллои мусобиқот шуда буд.

Пирӯзии тими Тоҷикистон ба Қирғизистон

 

Нарзуллоҳи Латиф, Радиои Озодӣ

Тими миллии футболи Тоҷикистон дар нахустин бозияш дар сабқати гурӯҳии Ҷоми даъвати Конфедератсиюни футболи Осиё дар Ҷазоири Молдив рӯзи 21-уми март бар мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Голи ягонаро капитани қирғизҳо Руслан Сиддиқов дар дақиқаи 88-уми дидор бо сар ба дарвозаи дастааш ворид кард. 

Дар бозии дигари гурӯҳи “С”,  дастаи мизбон-ҷазоири Молдив бар тими Камбоҷа  бо ҳисоби бузурги 4:0 ғалаба кард.

Натоиҷи бозиҳои ду гӯрӯҳи дигар чунин аст:

Гурӯҳи “А”

Мянмар – Филипин – 1:1
Фаластин – Бангладеш – 2:0

Гурӯҳи “В”

Туркманистон – Покистон – 3:0
Ҳиндустон – Тайван – 3:0

Бозиҳои гурӯҳи “D” аз ҳафтум то ёздаҳуми апрели соли ҷорӣ барпо мегардад.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми сабқати гурӯҳи “С” рӯзи 23-юми март бо тими Камбоҷа қувваозмоӣ мекунад. Бозии охирини сабқати ин гурӯҳ миёни тимҳои Тоҷикистону Ҷазоири Молдив рӯзи 25-уми март баргузор хоҳад шуд.

“Регар-ТадАЗ” – барандаи Ҷоми Рустам Долтабоев

“Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, дастаи футболи Лигаи олии Тоҷикистон, барандаи Ҷоми Рустам Долтабоев гардид.
“Регар-ТадАЗ дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи 18-уми март дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд, бар тими “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. 

Пеш аз бозии ниҳоӣ, рӯзи ҷумъа дар ҳамин майдон дастаҳои “Шодмон”-и Ҳисор ва “Энергетик”-и Душанбе бо ҳам барои ҷои саввум талош карданд. Бозӣ бо ғалабаи футболбозони Ҳисор бо ҳисоби 5:3 хотима ёфт.

Шавкат Аҳмадов, масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, Сафархон Мирзоев (“Энергетик»), Худойдод Нусратов (“Шодмон”), Маъруф Рустамов (“Равшан”) ва Нӯъмон Ҳакимов (“Регар-ТадАЗ”) беҳтарин бозигарони мусобиқа эълон шуданд. Маҳмадсаид Бобомуродов (“Шодмон”) бо 6 гол беҳтарин нишонзани мусобиқа гардид.

Рақибони “Истиқлол” дар Ҷоми раиси AFC муайян шуданд

Рӯзи душанбе, 14-уми март дар Малайзия қуръакашии ҳафтумин давраи мусобиқаи Ҷоми раиси Конфедератсиюни футболи Осиё баргузор шуд.
Дар сабқати имсола қаҳрамонҳои 12 кишвари Осиё – Бангладеш, Бутан, Камбоҷа, Қирғизистон, Мянмар, Непал, Покистон, Тайван, Тоҷикистон, Туркманистон, Фаластин ва Шри-Ланка ширкат хоҳанд кард. Дастаҳо ба се гурӯҳ тақсим шудаанд ва аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба сабқати ниҳоӣ роҳ меёбанд. 

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони кишвар, намояндагӣ мекунад. “Истиқлол” дар гурӯҳи В бо дастаҳои «Яданарбон» (Мянмар), барандаи Ҷоми раиси AFC-2010, «Ҷабал Ал-Мукобир» (Фаластин) ва «Йидзин» (Бутан) рақобат хоҳад кард. Бозиҳои ин гурӯҳ моҳи май дар пойтахти Мянмар – шаҳри Янгон доир мешаванд.

Воқеъан, дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар бозии ниманиҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё 24-уми сентябри соли 2011 дар Маркази тамринии ҷавонони шаҳри Янгон аз тими мизбон – «Яданарбон» бо ҳисоби 0-2 шикаст хӯрда буд.

Ҳайати ду гурӯҳи дигар бар асоси қуръакашӣ чунин аст:

Гурӯҳи А

1. «Пномпен Краун» (Камбоҷа) – мизбон
2. «Нефтчӣ» (Қирғизистон)
3. «Абахани» (Бангладеш)
4. «Дон Боско» (Шри-Ланка)

Гурӯҳи С

1.«Непал Полис» (Непал) – мизбон
2. «Тайван Пауэр» (Тайван)
3. «Небитчӣ» (Туркманистон)
4. ВАПДА (Покистон)

Ду бохти “Истиқлол” дар бозиҳои санҷишӣ дар Туркия

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар доираи омодагиҳо ба мавсими нави футбол дар ду бозии санҷишӣ дар Туркия аз тимҳои Русия – “Витяз”-и Подолск ва “Авангард”-и Курск бо ҳисоби якхелаи 0:2 шикаст хӯрд.
Рақиби “Истиқлол” дар бозии аввали санҷишӣ дастаи “Витяз”-и Подолск, аз дивизиони дуввуми футболи Русия буд. Ҳарду голро футболбозони рус дар нимаи аввали дидор ба самар расонданд. 

Воқеъан, “Витяз” солҳои 2008-2009 таҳти раҳбарии Мӯҳсин Муҳаммадиев, футболбози машҳури тоҷик, дар дивизиони аввали Русия бозӣ мекард.

Дар бозии дуввуми санҷишӣ “Истиқлол” аз тими “Авангард”-и Курск дар дақиқаҳои 30-юм ва 48-уми дидор ду гол хӯрд.

Ба иттилои Олимҷон Рафиков, сармураббии тими “Истиқлол”, ҷамъомади таълимиву тамринии футболбозони тоҷик дар Туркия имрӯз, 14-уми март, ба анҷом мерасад ва даста 15-уми март ба Душанбе бармегардад.

“Истиқлол”, қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон, рӯзи 3-юми апрел барои Суперкубок ё Ҷоми олӣ дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода рақобат мекунад.

Баъдан “Истиқлол” дар мусобиқаи XX қаҳрамонии лигаи олии Тоҷикистон, ки авоили моҳи апрел шурӯъ мешавад, ширкат меварзад.

Моҳи май бошад, “Истиқлол” дар сабқати гурӯҳии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳад кард. Зимнан, имрӯз дар Малайзия бар асоси қуръакашӣ рақибони “Истиқлол” дар сабқати гурӯҳӣ маълум мешаванд.

Тоҷикистон дар рейтинги нави “FIFA” 7 зина поин шуд

Тоҷикистон дар феҳрасти нави “FIFA” 7 зина поин рафта ва дар ҷои 148-ум қарор гирифтааст.

Тоҷикистон миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ аз Туркманистону Қирғизистон пеш аст. Русия, ки миёни ин кишварҳо дар ҷои аввал мебошад, як зина поин, ба зинаи 13-ум фуромад.

Мавқеи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: ҷои 33-юм (34-ум буд) Укроин37 (36) Белорус;54 (55) Литва; 65 (62) Арманистон; 72 (71) Гурҷистон75 (76) Латвия77 (77)Узбакистон82 (87) Эстония87 (81) Молдова100 (99) Озарбойҷон132 (137)Қазоқистон148 (141) Тоҷикистон154 (133) Туркманистон174 (175)Қирғизистон.

Дастаи миллии Испания, қаҳрамони ҷаҳон, дар феҳрасти нави FIFA мисли пешин дар ҷои аввал аст. Ҳолланд, барандаи медали нуқраи Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010, дар ҷои дуввум ва Олмон, барандаи медали биринҷии сабқати ҷаҳонӣ, дар ҷои саввум мебошанд.

Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Аргентина, Бразил, Инглистон, Уругвай, Хорватия, Португол ва Юнон ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар ҷои 25-ум қарор дорад. Даҳ дастаи беҳтарини Осиё инҳоянд: Ҷопон (дар феҳрасти ҷаҳонӣ 15-ум), Австралия (21), Кореяи Ҷанубӣ (29), Эрон (43), Чин (76), Узбакистон (77), Арабистони Саудӣ (79), Урдун (81), Ироқ (89) ва Қатар (90).

Бояд гуфт, ки натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 114-ум дар моҳи июли соли 1997 мебошад. Натиҷаи аз ҳама пасти Тоҷикистон ҷои 180-ум аз рӯи натиҷагирии моҳи июли соли 2003-юм буд.

Advertisements