Рӯзи 25-уми март, бозии саввуми марҳилаи интихобии Ҷоми чолиш миёни мунтахаби Тоҷикистон ва соҳибони майдон – Ҷазираҳои Молдив баргузор мегардад.

Ҳар ду мунтахаб аллакай ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхатҳои худро ба даст овардаанд ва бозии охирин танҳо ба хотири он аст, ки ҷойи аввал насиби кӣ мегардад – сокинони ҷазира, ки ба таври сенсатсионӣ қирғизҳоро мағлуб карданд ва ё ин ки ворисони футболи замоне шӯҳратёри Шӯравӣ. Барои Молдив ҳатто мусовӣ низ кофист, ки исмаш дар садри гурӯҳ анҷом пазирад.

Вале ғалаба барои Тоҷикистон имкон медиҳад, то нишон бидиҳад, ки ҳанӯзам дар дили бозигарони тоҷик нури маҳорат медурахшад ва ҳам, онҳо барои ҳамсоягони қирғизи худ ва замон ҳамватанони шӯравии худ интиқом мегиранд.

Рӯзи бозӣ ҳамроҳ бо “Футболи Тоҷикистон” ҳамин ҷо бошед ва фикру андешаҳоятонро бо мухлисони дигар бо ҳам бинед. Ин ҷо танҳо маконест, ки ба Шумо имкони ибрози озодонаи андеша медиҳад. Ин фурсатро аз даст надиҳед!

Advertisements