Натиҷаҳои қуръакашии сабқати интихобии Ҷоми Ҷаҳон

Ишқи дидори Шому Димашқ

То ки боз то Ҷоми Ҷаҳони Русия бо Малдиву Филиппин бозӣ накунем, бин Ҳаммом ба мо шонс дод, ки Димашқро бубинем (агар револютсия тамом шавад) ва арабҳоро ба Душанбе даъват бикнуем. Ва дар сурати пирӯзӣ мизбони грандҳои дигари осиёӣ бишавем.

Сурия ба ҳар ҳол беҳтар аст, зеро рақибамон метавонист Узбакистон шавад, вале ин “бахт” ба рӯи қирғизҳо хандид. Метавонист Эрон шавад, вале тамошои Шерозу Исфаҳонро ба Малдив бахшидем, ошашон шавад.

2014 FIFA World Cup Brazil – Asian Qualifiers

Round 1
Malaysia v Chinese Taipei
Bangladesh v Pakistan
Cambodia v Laos
Sri Lanka v Philippines
Afghanistan v Palestine
Vietnam v Macau
Nepal v Timor Leste
Mongolia v Myanmar

First leg, June 29
Second leg, July 3

Round 2
Thailand v Afghanistan or Palestine
Lebanon v Bangladesh or Pakistan
China v Cambodia or Laos
Turkmenistan v Indonesia
Kuwait v Sri Lanka or Philippines
Oman v Mongolia or Myanmar
Saudi Arabia v Hong Kong
Iran v Maldives
Syria v Tajikistan
Qatar v Vietnam or Macau
Iraq v Yemen
Singapore v Malaysia or Chinese Taipei
Uzbekistan v Kyrgyzstan
UAE v India
Jordan v Nepal or Timor Leste

First leg, July 23
Second leg, July 28

Round 3
September 2, September 6, October 11, November 11, November 15, 2011 and February 29, 2012

Round 4
June 3, June 8, June 12, September 11, October 16, November 14, 2012, March 26, June 4, June 11, June 18, 2013

Round 5 (AFC playoff)
September 6 and September 10, 2013

Round 6 (Inter-continental playoff)
October 15 and November 19, 2013 (dates to be confirmed by FIFA)

Натиҷаҳои қуръакашии сабқати интихобии Ҷоми Осиё миёни ҷавонон

Ҷавонони 19-солаи Тоҷикистон имсол забони арабиро ёд мегиранд. Қуръаи сабқати интихобии Ҷоми ҷавононаи Осиё Тоҷикистонро якуякбора рақиби чаҳор кишвраи арабӣ кард. Ба эҳтимоли зиёд, бозиҳо низ дар яке аз ин кишвраҳо доир мешаванд. Туристони мо хушҳол мешаванд. Зеро, шояд дар майдонҳое, ки соли 2022 ҶОми Ҷаҳон доир хоҳад шуд, аввал инҳо бозӣ кунанд? Чаро чунин гуфтам, зеро эҳтимоли мизбонияти Қатар бештар аст, чун Баҳрайну Уммон гирифтори инқилобҳо ҳастанду, Бутан ба мисли мо фақир аст ва мемонад Кувайту Қатар. Ақаллан, ҷои дуввума мегирем? Шонси 19-солаҳо, ба фикрам, аз 16-солаҳомон бештар аст.

Воқеан, ба гурӯҳи саввум нигоҳ кунед. Гурӯҳи –истонҳо шудааст, Узбак-, Пок-, Ҳинд-, Афғон-, Туркман-истонҳо! Ва ягона кишваре, ки ин ҷо –истон надорад, Эрон аст, ҳамон кишваре, ки калимаи –истон маҳз аз забони он, забони форсӣ баромадааст. Лол.

Group A: Saudi Arabia, Iraq, Oman, Bangladesh, Nepal, Maldives
Group B: Bahrain, Jordan, Tajikistan, Qatar, Kuwait, Bhutan
Group C: Uzbekistan, Iran, Pakistan, India, Afghanistan, Turkmenistan
Group D: UAE, Syria, Yemen, Palestine, Lebanon
Group E: Korea Republic, Japan, Thailand, Hong Kong, Guam, Chinese Taipei
Group F: DPR Korea, Vietnam, Malaysia, Myanmar, Laos
Group G: Australia, China, Indonesia, Singapore, Macau

Натиҷаҳои қуръакашии сабқати интихобии Ҷоми Осиё миёни наврасон

Наврасони 16-солаи Тоҷикистон ҳамакнун шонс доранд, то барои 1:8-и насли қаблии бозигарони навраси тоҷик аз ҳамтоёни узбакашон интиқом бигиранд. Гурӯҳи саввуми сабқати интихобии Ҷоми наврасонаи Осиёро аллакай ҳамагон гурӯҳи Осиёи Марказӣ номидаанд, чун дар он ҳар се кишвари ин минтақа ворид шудаанд. Ба ҷузъ Туркманистон, ки умуман аз иштирок даст кашидааст.

Вале ин сабқат барои наврасони тоҷик кори осон нахоҳад буд, чун на Узбакистону Қирғизистон ва на Баҳрайну Ҳиндустон рақибони соддае нестанд. Ҳамчунин, ба эҳтимоли зиёд бозиҳои ин гурӯҳ на дар Тоҷикистон баргузор хоҳанд шуд. Так что, надо работать!

Group A: Iraq, Iran, Bangladesh, Qatar, Palestine, Sri Lanka
Group B: UAE, Kuwait, Yemen, Pakistan, Afghanistan, Maldives
Group C: Uzbekistan, Tajikistan, Bahrain, Kyrgyzstan, India
Group D: Syria, Oman, Saudi Arabia, Nepal, Lebanon
Group E: DPR Korea, China, Timor Leste, Singapore, Malaysia, Macau
Group F: Japan, Vietnam, Chinese Taipei, Laos, Korea Republic, Cambodia
Group G: Australia, Indonesia, Thailand, Hong Kong, Myanmar, Guam

Тоҷикистон Шри-Ланкаро аз пой даровард

Нарзуллоҳи Латиф, www.ozodi.tj

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии ҷавобии дӯстона 29-уми март дар шаҳри Коломбо бар тими миллии Шри-Ланка бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.

Голҳоро Даврон Эргашев ва Дилшод Восиев (ҳарду бозигарони тими “Истиқлол”) ба самар расонданд.

Се рӯз пеш бозии аввали дӯстона миёни тимҳои миллии Шри-Ланка ва Тоҷикистон дар шаҳри Коломбо бо натиҷаи мусовии 2:2 хотима ёфта буд (ду голи Тоҷикистонро Иброҳим Рабимов ва Дилшод Восиев заданд).

Бояд тазаккур дод, ки тими миллии футболи Тоҷикистон пас аз сабқати гурӯҳии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё дар Ҷазоири Молдив, ҳангоми бозгашт ба ватан дар пойтахти Шри-Ланка ду бозии дӯстона анҷом дод.

Ёдовар мешавем, ки футболбозони тоҷик дар сабқати гурӯҳи “С” баъди ду пирӯзӣ бар тимҳои миллии Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ва Камбоҷа бо ҳисоби 3:0, бозии охиринро бо тими мизбон – Ҷазоири Молдив бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол ба анҷом расонданд.

Тимҳои Ҷазоири Молдив ва Тоҷикистон 7-имтиёзӣ ба даст оварданд. Вале мизбонон аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо (6-1) дар ҷои якум ва Тоҷикистон (4-0) дар ҷои дуввум қарор гирифтанд.

Ҳамин тариқ аз гурӯҳи “С” дастаҳои Тоҷикистон ва Ҷазоири Молдив ба сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати AFC, ки соли 2012-ум доир мешавад, роҳ ёфтанд. Вале тимҳои Қирғизистону Камбоҷа аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ маҳрум шуданд.

Ғолиби Ҷоми даъвати AFC-2012 ба сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё-2015, ки дар Австралия баргузор мешавад, роҳхат мегирад.

Воқеъан, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон (соли 2006), Ҳиндустон (2008) ва Кореяи Шимолӣ (2010) барандагони Ҷоми даъвати AFC гардидаанд.

Бохти “Регар” дар як бозии санҷишӣ дар Туркия

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар доираи омодагиҳо ба мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар як бозии санҷишӣ дар Туркия аз тими “Нефтехимик”-и Нижнекамски Русия бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Рақиби футболбозони тоҷик аз дивизиони дуввуми футболи Русия буд. Футболбозони рус дар муддати 30 дақиқаи нимаи аввали дидор ду гол заданд.

Як голи “Регар”-ро ҳамлагар Нӯъмонҷон Ҳакимов дар дақиқаи 39-ум ба самар расонд. Панҷ дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ “Нефтехимик” ба дарвозаи рақибаш тӯби саввумро ворид кард.

Дастаи “Регар-ТадАЗ” дар шаҳри Белеки Туркия боз се бозии санҷишӣ анҷом хоҳад дод. Рақиби навбатиаш тими “Смена”-и Комсомолски соҳили Амур мебошад. Ин даста низ дар дивизиони дуввуми минтақаи “Шарқ”-и Русия бозӣ мекунад.

Ба иттилои Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими “Регар-ТадАЗ”, ҷамъомади таълимиву тамринии футболбозони тоҷик дар Туркия то рӯзи 5-уми апрел идома меёбад.

“Регар-ТадАЗ” пас аз бозгашт аз Туркия барои Суперкубок ё Ҷоми олӣ дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо тими “Истиқлол”, қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон, рақобат хоҳад кард.

Баъдан “Регар-ТадАЗ” дар мусобиқаи XX қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки авоили моҳи апрел шурӯъ мешавад, ширкат меварзад.

Мусовии бозии дӯстонаи Тоҷикистон бо Шри-Ланка

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо тими миллии Шри-Ланка бозии дӯстона анҷом дод. Ин бозӣ дар шаҳри Коломбо бо натиҷаи мусовии 2:2 хотима ёфт.

Нимаи аввали дидор бо ҳисоби 1:0 ба нафъи мизбонон ба охир расид. Дар нимаи дуввум Иброҳим Рабимов, капитани дастаи Тоҷикистон ва Дилшод Восиев ду гол ба самар расонда, ҳисобро тағйир доданд. Вале се дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ мизбонон ҳисобро баробар карданд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозӣ чунин буд: Алишер Тӯйчиев, Даврон Эргашев, Соҳиб Сувонқулов (Асадулло Нуруллоев), Фурӯғ Қодиров, Аҳтам Назаров, Маҳмадалӣ Содиқов (Нуриддин Давронов), Иброҳим Рабимов, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев (Низом Раҳимов), Комил Саидов, Фарҳод Тоҳиров (Давронҷон Тухтасунов).

Бозии ҷавобии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Шри-Ланка ва Тоҷикистон имрӯз, 29-уми март, дар шаҳри Коломбо баргузор мешавад.

Advertisements