Суриё ё “Сурайё”?

Дастаи мунтахаби Суриё таърихи дарозтаре аз таърихи мунтахаби Тоҷикистонро дорад. Федерастияи Футболи Суриё ба FIFA соли 1946 дохил шудааст. ФФТ  соли 1994 ба FIFA дохил шудааст.

Ғолиби ин давр дар давраи гурӯҳии бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон, Брозил-2014, иштирок хоҳад кард. Даври оянда имконият медиҳад, ки новобаста аз натиҷа 6 бозии расмӣ гузаронанд. Ҳадалимкон «Тоҷдорон» таҷрибаи ҳақиқии байналхалқӣ хоҳанд гирифт.

Омор

Суриё соли 2010 – 17 бозӣ(ҷамъи бозиҳои расмиву ғайрирасмӣ)  гузаронидааст: 4 пирузӣ(Лубнон, Баҳрайн, Ироқ, А. Саудӣ) , 4 мусовӣ, 9 шикаст.

Тоҷикистон соли 2010 – 13 бозӣ(ҷамъи бозиҳои расмиву ғайрирасмӣ) гузаронидааст: 8 пирузӣ(Яман, Шри-Ланка, Мянмар, Мянмар, Афғонистон, Қирғизистон, Камбоҷа, Шри-Ланка), 2 мусовӣ, 3 шикаст.

Вохурии пешини ин ду даста соли 2004 дар бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон – Олмон 2006 доир гашта буд. 10 июни 2004 дар Димишқ бозӣ бо ҳисоби 2:1 анҷомида буд. Аввалан туб ба дарвозаи Суриё ворид гашт. Акмал ХОЛМАТОВ дар дақиқаи 35 ҳисобро кушод. Вале дар қисми II -юми бозӣ футболбозони тоҷик на танҳо бартарӣ, ҳамчунин ғалабаро аз даст доданд.  Яҳйё Ал-Рашид дар дақиқаи 76, Раҷа Рафе дар дақиқаи 80-ум умеди тоҷикистониёнро ба бозии ҷавобӣ вогузошт, ки 8-уми сентябри 2004 дар Душанбе баргузор гашт.

Дар бозии дуввум Раҷа Рафе қарзи Акмал Холматовро «ба қиёмат» намонда дар дақиқаи 35! –ум ҳисобро кушод. Вале, афсус, ки шербачаҳои тоҷикистонӣ меҳмононро қадрдонӣ карданду қарзгардонӣ не. Дар натиҷа арабҳо бо ҳисоби умумии 3-1 ғолиб гашта ба даври оянда гузаштанд. Сарвари онвақтаи дастаи мунтахаб БЗ буд..

Инак, пас аз шаш сол имконияте ба вуҷуд омадаст, ки «қарзро ба қиёмат» (моҳи декабри 2012 наздик аст ;)), ё ба фардо намонанд.

Таҳлили андаки натиҷаҳову нишондодҳои ин ду даста:

моҳи июни 2004 Суриё дар ҷои 83, Тоҷикистон дар ҷои 136.  (бозии I-ум)

моҳи сентябри 2004 Суриё дар ҷои 84, Тоҷикистон дар ҷои 136. (бозии II-ум)

моҳи марти 2011 Суриё дар ҷои 108, Тоҷикистон дар ҷои 148.

Аз замони бозиҳои пешин Суриё 24-25 зина поин, Тоҷикистон 12 зина поин шудаанд. Нишондоди умедбахш, аммо хубтар буд Тоҷикистон ба Суриё рӯболо шавад, на он ки Суриё суи Тоҷикистон ояд хаме.

Баландтарин ҷойгоҳи Тоҷикистон июли 1997 – 114,  пасттарин октябри 2003 – 180,

Баландтарин ҷойгоҳи Суриё июли 1993 – 78,  пасттарин майи 1996 – 145.

Ҷойивазкунии Суриё 03.2009-03.2011 дар рейтинги FIFA (96,97,99,104,96,94,95,95,95,95,91,91,100,101,97,98,98,92,92,94,104(-10),109,107,110, 105,108);

ҷойивазкунии Тоҷикистон 03.2009-03.2011 (148,144,147,148,148,155, 172(-17!),168,162,165,148(+17!),128(+20!),130,135,135,137,148,145,150,149,145,143, 141, 148)

Яъне дастаи мунтахаби Суриё ҳаракати муътадили назаррас дорад нисбат ба мунтахаби «тоҷдорон».  Ба мавҷи ҳаракати мунтахаби Тоҷикистон назар андохта барои ин бозӣ пешгуӣ кардан осон нест(imho). Ба қавли Рудакӣ «Киштие соз, то бад-он гузарӣ». Вақт нишон хоҳад дод..

Advertisements