Хабарҳо аз торнамои Радиои Озодӣ. Муаллиф – Нарзуллоҳи Латиф

Натоиҷи нахустин бозиҳои сабқати Лигаи олии Тоҷикистон

Рӯзи 13-уми апрел мусобиқоти XX қаҳрамонии Лигаи олии футболи Тоҷикистон оғоз ёфт.

Дар нахустин даври мусобиқот дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии пойтахти кишвар бар тими “Энергетик”-и Душанбе бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Голҳоро Фатҳулло Фатҳуллоев, Иброҳим Рабимов ва Фарҳод Тоҳиров ба самар расониданд.

Қабл аз шурӯи ин бозӣ маросими кушоиши мусобиқот барпо гардид. Валерий Турсунов, ноиби президенти Федератсиюни футболи Тоҷикистон, ширкаткунандагони сабқат ва мухлисонро бо оғози мавсими нави футбол дар кишвар табрик гуфт. Сипас капитанҳои ҳар ду даста Юсуф Рабиев (“Истиқолол”) ва Сӯҳроб Мансуров (”Энергетик”) таҳти садои Суруди миллии Тоҷикистон Парчами давлатии кишварро барафрохтанд.

“Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и Душанбе тими “Шодмон”-и Ҳисорро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод. Голҳои тими ғолибро Хуршед Маҳмудов, Нӯъмонҷон Ҳакимов, Баҳодур Шарифов ва Рустам Идрисов заданд. Ду голи “Шодмон”-ро Худойдод Нусратов ба нишон расонд.

“Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 2:1 мағлуб сохт. Ду голи мизбононро Зокир Абдулхайров ва Фозил Сатторов вориди дарвозаи меҳмонон карданд. Як голи “Вахш” ба Сергей Абрамов мансуб аст.

Дар ду бозии дигари даври аввал, ки 14-уми апрел сурат мегирад, “Хайр”-и Ваҳдат бо “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва ССКА “Помир”-и Душанбе бо “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Имсол дар сабқати лигаи олӣ 11 даста ҳунарнамоӣ мекунад. Ба 9 дастае, ки соли гузашта дар Лигаи олӣ бозӣ мекарданд, ду тими нав – “Шодмон”-и Ҳисор ва “Гвардия”-и Душанбе зам шудаанд. Мусобиқаи имсола аз чаҳор давра иборат аст.

“Истиқлол” барандаи Суперкубок шуд

Дастаи футболи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе барои бори дувум барандаи Суперкубок ё Ҷоми олии Тоҷикистон шуд.

“Истиқлол”, қаҳрамони Тоҷикистон, дар бозӣ барои Ҷоми олӣ, ки рӯзи нӯҳуми апрел дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и Қӯрғонтеппа бо ҳузури беш аз 8 ҳазор мухлис баргузор шуд, ба тими “Регар ТадАЗ”-и Турсунзода, дорандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти порсолаи қаҳрамонии кишвар, бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардид.

Замони асосии ин дидор бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт. Ғолиб дар замони изофӣ муайян шуд. Голи ҳалкунандаро нимҳимоятгар Дилшод Восиев дар қисми дувуми замони изофӣ, дар дақиқаи 113-ум ба самар расонид.

Пас аз анҷоми бозӣ Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федератсиюни футболи Тоҷикистон, Ҷоми олиро ба дастаи “Истиқлол” супорид.

Бозигарони беҳтарини ин дидор Дилшод Восиев (“Истиқлол”) ва Алексей Неъматов (“Регар-ТадАЗ”) бо тӯҳфаҳои таъсиснамудаи раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов мукофотнида шуданд.

Ҳамчунин боз ду бозигари беҳтарини ин қувваозмоӣ – Нуриддин Давронов (“Истиқлол”) ва Хуршед Маҳмудов (“Регар-ТадАЗ”) бо ҷомҳои Федератсиюни футболи Тоҷикистон сарфароз гаштанд.

Дар ин варзишгоҳ маросими мукофотсупорӣ ба дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа низ доир ва ба раҳбарону мураббиён ва футболбозони ин даста медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар соли 2010 супорида шуд.

Инчунин, ҳайати дуюми “Вахш”, ки дар мусобиқоти соли гузашта ғолиб шуда буд, бо медалҳои хурди тиллои чемпионат сарфароз гардид. Ба аъзои дастаи “Вахш” Ғайбулло Авзалов, раиси вилояти Хатлон, низ тӯҳфаҳо тақдим кард.

Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон футболбозону мураббиён ва раҳбарони дастаи “Истиқлол”-ро бо пирӯзияшон табрик карда, ба онҳо дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти ҷоми раиси Конфедератсиюни футболи Осиё ё AFC муваффақият хост.

Тақвими бозиҳои “Истиқлол” дар Ҷоми раиси AFC

Тақвими бозиҳои тими “Истиқлол”-и Душанбе дар сабқати гурӯҳии Ҷоми раиси Конфедератсиюни футболи Осиё (AFC) тасдиқ шуд.

Сабқати гурӯҳи “В” рӯзи 13-уми май дар пойтахти Мянмар – шаҳри Янгон шурӯъ мешавад. Нахуст тими мизбон – “Яданарбон” ва “Йидзин” (Бутан) рақобат мекунанд.

Пас аз ин бозӣ, дар варзишгоҳи Маркази тамринии ҷавонони Янгон дастаи “Истиқлол” бо тими “Ҷабал Ал-Мукабир”-и Фаластин қувва меозмояд.

Қаҳрамони Тоҷикистон 15-уми май бо тими “Йидзин” ва 17-уми май бо дастаи мизбон – “Яданарбон”, барандаи Ҷоми раиси AFC-2010, бозӣ хоҳад кард.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешқадам ба сабқати ниҳоӣ, ки тирамоҳи соли равон баргузор мешавад, роҳхат мегирад. Шаш даста ба ду гурӯҳ тақсим шуда, барои Ҷоми раиси AFC мубориза хоҳад бурд.

Гурӯҳи “В” (13 – 17-уми май)

Даври аввал:

13-уми май (ҷумъа)
15.30 – «Яданарбон» – «Йидзин»
18.00 – «ИСТИҚЛОЛ» – «Ҷабал Ал-Мукабир»

Даври дувум:

15-уми май (якшанбе)
15.30 – «Йидзин» – «ИСТИҚЛОЛ»
18.00 – «Ҷабал Ал-Мукабир» – «Яданарбон»

Даври севум:

17-уми май (сешанбе)
15.30 – «Яданарбон» – «ИСТИҚЛОЛ»
18.00 – «Ҷабал Ал-Мукабир» – «Йидзин»

Ҳайати ду гурӯҳи дигар бар асоси қуръакашӣ чунин аст:

Гурӯҳи “А”

1. «Пномпен Краун» (Камбоҷа) – мизбон
2. «Нефтчӣ» (Қирғизистон)
3. «Абахани» (Бангладеш)
4. «Дон Боско» (Шри-Ланка)

Гурӯҳи “С”

1.«Непал Полис» (Непал) – мизбон
2. «Тайван Пауэр» (Тайван)
3. «Небитчӣ» (Туркманистон)
4. ВАПДА (Покистон)

АЖРВТ ба Созмони байналмилалӣ қабул шуд

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) ба узвияти Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (International Sports Press Association, AIPS) пазируфта шуд.

Ба иттилои Нарзулло Латифов, раиси АЖРВТ, ин тасмим дар Конгресси 74-уми Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (АИПС), ки аз 22-юм то 27-уми марти соли 2011-ум дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ барпо гардид, гирифта шуд.

Ба гуфтаи ҷаноби Латифов, АЖРВТ 25-уми январи соли 2001-ум дар шаҳри Душанбе дар конфронси муассисон таъсис ёфтааст. Оинномаи АЖРВТ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 14-уми ноябри соли 2007-ум аз нав номнавис шудааст.

Аҳдофи аслии АЖРВТ рушди журналистикаи варзишӣ, тарғиби тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад. Инчунин Ассотсиатсия ба баландшавии дараҷаи касбии хабарнигорони варзиши ҷумҳурӣ мусоидат мекунад.

Маълумотнома: Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (International Sports Press Association, AIPS) – ташкилоти байналмилалии касбии журналистон 2-юми июли соли 1924 дар Париж таъсис ёфтааст. Дар айни ҳол иттиҳодияҳои миллии хабарнигорони варзиши 155 кишвари ҷаҳон аъзои АИПС мебошанд. АИПС миёни расонаҳои хабарии байналмилалӣ, варзишгарон ва сарпарастон миёнаравӣ мекунад, барои хабарнигорони навқалам маҷлису давраҳои бозомӯзӣ ташкил менамояд. Шурӯъ аз соли 1995 бо ташаббуси АИПС 2-юми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ таҷлил мешавад. Дафтари кории АИПС дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария ҷойгир аст. Гианни Мерлои итолиёвӣ президенти АИПС мебошад.

Оғози Ҷашнвораи футболи AFC дар Тошканд

Рӯзи 4-уми апрел дар шаҳри Тошканд Фестивал ё Ҷашнвораи футболи АFC (Конфедеросиюни футболи Осиё) байни наврасони то 13-солаи минтақаи Осиёи Марказӣ оғоз ёфт.

Дар ин ҷашнвора, ки то 17-уми апрел идома хоҳад кард, инчунин, сабқати дастаҳои мунтахаби наврасони Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон баргузор мешавад.

Ҷашнвора ба футболбозони наврас имкон медиҳад, таҷоруби байналмилалӣ касб карда, ба мусобиқоти оянда, ки таҳти сарпарастии Конфедеросиюни футболи Осиё баргузор хоҳад шуд, омода шаванд.

Ҷашнвораи футболи AFC ба ғайр аз Тошканд, инчунин, дар Чин (15-28 апрел), Эрон (10-23 май) ва Малайзия (24 май– 6 июн) доир хоҳад шуд.

Advertisements