Дӯсти “Футболи Тоҷикистон” Умед Юсуфов, ки дар Истанбул таҳсил мекунад, ахиран ба шаҳри Донетск сафар кард, то Мессӣ ва компанияро аз наздик бубинад. Умед ва дӯсти тоҷики ӯ, ки дар Донетск ба сар мебарад, дар бозии посухии чаҳорниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо миёни “Шахтёр” ва “Барса” иштирок намуданд ва чӣ иштироке! Бо футболкаҳои Тоҷикистон ва бо парчами Тоҷикистон! Ана ҳамин хел, ҳар боре, ки Мессӣ ва Гвардиола ба яке аз ҷонибҳои варзишгоҳ менигаристанд, ба чашми онҳо парчами серангаи Тоҷикистон намудор мегашт. Хуб, худатон аксҳоро бинед.

This slideshow requires JavaScript.

Advertisements