Борода помешала играть в футбол?


Душанбе. 18 апреля. «Азия-Плюс» – | Один из ведущих игроков футбольной команды «Хайр» (Вахдат) высшего дивизиона Таджикистана – Парвиз Турсунов не был допущен на матчи нового сезона Чемпионата республики. О причинах отстранения «АП» сообщил, старший тренер  клуба «Хайр» Тохир Муъминов.

Он заявил, что руководство команды, по отношению к П. Турсунову никаких претензий не имеет, в том числе и относительно его внешности.

«Однако у него есть проблемы с МВД, из-за внешности. И пока он не решил вопрос своей бороды, его отсутствие отрицательно сказывается на игре команды. Он один из универсальных игроков команды, который может справляться с поставленной перед ним задачей, как в оборонительной линии, так и в нападении» – сказал он.

Ҳафтаномаи “Миллат” дар ин мавзӯъ аз хонандагони “Футболи Тоҷикистон” назарашонро пурсон шудааст. Агар Шумо зид нестед, бигӯед, ки ба фикри Шумо ин бозигар чӣ кор бояд кунад, ришашро бигирад ва ё тарки футбол намояд? Назари Шумо дар “Миллат” бо аксатон дар сурати ризоиятатон ва ё бидуни акс ва бо номи мустаоратон чоп хоҳад шуд. 

Сам футболист сказал, что если перед ним будет стоять вопрос выбора: борода или футбол, он оставит футбол и не расстанется со своей бородой.

«Потому что футбол это мирское, а мы должны думать о вечном. Ношение бороды один из важных суннатов пророка Мухаммада (с.в.с.)» – заявил Турсунов. От других комментариев на эту тему футболист отказался.

Между тем, в пресс-службе МВД РТ «АП» заявили, что никакого распоряжения со стороны руководства Министерства относительно ограничений в участии спортсменов с бородой нет, «и те сотрудники МВД, которые оказывают давление на граждан, носящих бороду из-за их внешности, в случае выявления их личности понесут наказания. Поэтому если на футболиста на самом деле оказывают какое-то давление, он может обратиться к нам с заявлением, и мы примем меры по отношению таких сотрудников, которые дискредитируют наше ведомство в глазах у общества» – заявили в пресс-службе МВД РТ.

Напомним, ранее были зафиксированы несколько случаев задержания граждан правоохранительными органами из-за ношения бороды. В частности 8 января сего года сотрудники ОВД Сино задержали около тридцати мужчин с бородой, среди которых оказался и корреспондент «АП». Позже на пресс-конференции Министр МВД РТ А. Каххаров, сказал, что сотрудники милиции иногда задерживают «бородачей», за тем, чтобы установить их личность, так как фото на документах, у таких людей часто отличается от оригинала. Он опроверг информацию о том, что милиция задерживает людей по самому факту ношения бороды.

Бахси чолибе аз Фейсбук дар ин мавзуъ:

  • Dariush Rajabian Устоди арҷманд, сипос аз ин ҳама заҳмате, ки мекашед. Оё ба назари шумо, ин дидгоҳи бародари арҷманди мо Парвизи Турсун тавҷеҳпазир аст? Оё “риш” бояд бар соири бахшҳои зиндагии эшон сайтара дошта бошад?

  • Сайидюнуси Истаравшани

    Мамнун Дориюши азиз, агар масъала фақат масъалаи риш буд, на, метавонист футболро тарчеҳ бидиҳад, аммо масъала танҳо масъалаи як вачаб пашм нест. Масъала дар ин аст, ки чамъе аблаҳ азми худро чазм кардаанд, ки бо ҳар ончи нумоди ислом аст, мубориза ва ситеза намоянд. Ин чост, ки мусалмони ғаюр бо пофишори бар доштани риш, мехоҳад ба навъе эътирози худро нисбат ба ин ситезачуи иброз бидорад, ки таҳсинофарин аст. Ҳар мусалмони боғайрати дигар, агар ба чои ин бозигари футбол бошад, матлуб аз у ин аст, ки ҳамин корро бикунад.
  • Dariush Rajabian Сипос, Сайидюнуси гиромӣ. Баростӣ, мамнун аз посухи сара ва сареҳи шумо. Аммо агар риш ҳаллоли мушкилоти сарзаминҳои мо буд, шояд риши банда акнун то ба зону расида буд. Ҳайфу дареғ аст, ки таваҷҷуҳи мо аз ботин ба зоҳир мунтақил шавад.

  • Сайидюнуси Истаравшани

    Дориюши гироми, дуруст ҳамон аст, ки Шумо мефармоед. Муҳим ботин аст ва зоҳир корае нест. Аммо агар билфарз дароз нигаҳ доштани муй зери ноф нумоди ислом буд (ки хушбахтона ва биҳамдиллоҳ чунин нест, балки акси он аст) ва муште аблаҳ ба мубориза алайҳи он бармехостанд, камина ҳозир будам муи зери нофи худ то зону баланд нигаҳ дорам ва бар рухи он аҳмақон бикашам ва нишон бидиҳам, ки онон иштибоҳ мекунанд. Инро аз мо ба унвони шухи бипазиред!
  • Dariush Rajabian Мутаваҷҷеҳи базлагӯии зарифонаи Шумо ҳастам, Сайидюнуси гиромӣ. Аммо ба пиндори ноқиси ман, пайравӣ аз интизороти омма роҳ ба чоҳ мебараду ҷуз он ҳеч. Агар оқои Турсунов ба таҳорати ботин таъкид дошт, сад дарсад аз ӯ ҳимоят мекардам. Вале риши азизи ӯ реше аз дили миллати азизи моро илтиём намебахшад. Пас беришеро тарҷеҳ медиҳам, ки он решҳоро ба ҳам биёрад.

  • Сайидюнуси Истаравшани

    Сипосгузорам, Дориюши арчманд, аммо коре ки ин бозикун кардааст, аз дидгоҳи як нафар муътақид ба ислом, тавчеҳпазир аст. Дуруст монанди он ки агар касоне бо нумодҳое чун Чоршанбесуриву аз ин қабил маросим, ки нумод ва зоҳире беш нестанд, ба ситеза бархезад, ситезааш, одамонеро, ки он нумодҳоро гироми медоранд, вомедорад, ки пофишории бештар бар анчоми он маросим аз худ нишон бидиҳанд, инчо ҳам қазия аз ҳамин қарор аст. Вагарна, риш доштан, ки амале мустаҳаб беш нест. Чи басо будани ин бозикун дар чамъи соири бозикунон судмандтар аз ин бошад, ки риш нигаҳ дорад. Аммо чунон ки ишора шуд, масъала, танҳо худи нумод нест.
  • Dariush Rajabian Фозилона фармудед, Сайидюнуси гиромӣ. Аммо агар барои ман пои ришу эътибори кишвар дар миён буд, мусалламан дувумиро бармегузидам. Ва ба ҳамин гуна, агар пои чоршанбесурию ҳайсияти сарзаминам дар миён бошад, баногузир дувумиро авлотар медонам.

  • Сайидюнуси Истаравшани

    Сухану андешаи шумо ҳамвора мавриди эҳтироми ман буд ва ҳаст, Дориюши бузургвор. Аммо касоне ҳам ҳастанд, ки барои эшон ақидаи дини ва нумодҳои он, камтар аз эътибори миҳанашон нест, ҳарчанд барои миҳану кишвари азизашон эътибор қоиланд. Дурусттараш, тавонистаанд, ин дуро бо ҳам чамъ кунанд ва агар дар мавориде ҳам, чониби ақидаро бар соири арзишҳо тарчеҳ медиҳанд, бархоста аз навъе чаҳонбиниашон аст. Билохира моён бояд бипазирем, ки дар ин дунё, ҳам чунони ҳаст ва ҳам чунини, ва ин ду тоифа чорае чуз таҳаммули ҳамдигарро надоранд ва ҳар ду, ба унвони инсон (ки гиромитарин офаридаи Худост), бар андеша ва ақоиди якдигар эҳтиром бигузоранд ва якдигарро дафъ накунанд. Инсонмеҳвари низ, чуз ин нест. Дар поёни ароизам, мехоҳам ин нуктаро бароятон бозгу намоям, ки ҳаргоҳ бо Шумо ҳамсуҳбат шудам, чуз лаззату суд набурдам ва Худоро бар ин шукргузорам! Ҳамеша поянда ва комёб бошед!
  • Сайидюнуси Истаравшани Инро ҳам ба унвони ҳусни хитоми суҳбат арз кунам, ва боз ҳам, аз боби нуктагуи ва шухи. Дориюши азиз, иродаи ман ба ришу фаш аз ду руз пеш бештар шудааст, чаро ки ду руз қабл, аз як ҳамватани дилсузам, ки аз қазо риш дошт, суханоне (дар BBC)шунидам, ки бароям умед бахшид, ки чандон ҳам ояндаи торике нахоҳем дошт. Суханони у бароям нашот оварданд! Худо нигаҳдори Шумо!

  • Dariush Rajabian Сайидюнуси гиромӣ, сарфароз аз навиштаҳои дуррборатон… Арзи шӯхиомези ман ҳам ин аст, ки риши ҷаноби олӣ шукуфо бод.;) Аммо гузашта аз шӯхӣ, бо иҷозаи шариф давраи баҳси ришу фашро гузашта медонам, бо камоли арҷу эҳтироме, ки ба маҳосини бузургон дорам. Поянда бошед, азиз.

18 thoughts on “Борода помешала играть в футбол?

  1. Нееееее…..
    Настроенихоя вайрон кардан-ку! О дар дигар давлатхо голубойхо бози мекунанд (агар хато накунам яке аз онхо Люнберг буд?) хеч гар нею, чаро риш ….

    Бовар дорам, аз ин беспределхо Чаноби Оли хабар надоранд, набошад ана хамон сохибмасъулон, ки ба чои токи нисфи бадани инсонро меоранд, давним давно махв мешуданд!
    Рустами Эмомали аз ин девонагарихо хабар дорад?

  2. Афсус. Дидаам бозии Парвизро. Дар асл бозигарест, ки майдони бозиро бисёр хуб ҳис мекунад. Хам дар ҳимоя ҳам дар ҳуҷум ҳисагузор аст. Агар Точикистон давлати нодемократӣ, тотолитарӣ мешуд барои чунин муносибат ҷои ҳайрат намемонд..

  3. В Таджикистане футболист отстранен от участия в чемпионате из-за бороды Интерфакс 18.04.11 17:42
    Таджикский спортсмен готов уйти из футбола ради бороды Юга.ру 16:31
    В Таджикистане не дают играть бородатому футболисту БалтИнфо.ru 15:48
    Таджикистан: Футболист высшей лиги не допущен к играм чемпионата республики … Фергана 14:48
    Футболист пострадал из-за бороды GoalBox.Ru 13:30
    Таджикскому игроку запретили выходить на поле из-за длинной бороды Sports.ru 13:29
    Таджикскому футболисту Турсунову борода важнее спортивной карьеры РИА Новости 12:40
    Таджикский футболист может завершить карьеру из-за бороды Пенза-Спорт 10:04
    Известному таджикскому футболисту запретили выходить на поле из-за слишком … ИТАР-ТАСС 09:31
    Почему из-за бороды дисквалифицировали таджикского футболиста? Биржевой лидер 00:51
    Бородатым мужчинам запретили играть в футбол в Таджикистане? REGNUM 18.04.11 20:31
    Таджикского футболиста отстранили от игры из-за бороды Комсомольская правда 18.04.11 20:17
    Таджикского футболиста дисквалифицировали из-за бороды Lenta.ru 18.04.11 18:09
    Бородатому футболисту не дают играть Говорит Москва 18.04.11 17:43
    Футболиста отстранили от участия в чемпионате из-за бороды Взгляд.ру 18.04.1

  4. in habar imruz dar gazetai harruzai ZAMANi Turkiya nashr shuda bud. dar sahifahoi varzish…

  5. шаб ай передачаи футбол росия нишон додан Парвиза

  6. Ман хайрон ба ин футболбоз худашро машхур кардан мехохад ё футбол бози кардан? Чи ба гуфти у дигар бозингарон мусалмон нестан ё ба кадри дониши у дониши исломи надоран?
    Афсус ки Парвиз свуханхои маро намехонад набошад ба у маслихат медодам, ки ба идораи фатвои Муфтиёт мурочиат кунад ва мушкилоташро хал созад. (Агар хакикатан хам футбол бози кардан хохад. Зеро, ки сину солаш хам ба фикрам ба чое расидааст)

  7. Тохир Муъминов : “Барои риоя накардани оинномаи бошгоҳ, барои пайваста ҳозир нашудан дар тамринҳо ва бозиҳои расмӣ Парвиз Турсунов аз ҳамин рӯз, 19-уми апрел, аз мақомаш барканор мешавад. Ҳамчунин, ин бозигар оинномаи Федератсияи байналмилалии футбол, муқаррароти ФИФА-ро риоя намекард. Масалан, ӯ бояд бар асоси муқаррарот дар либоси ягона ба бозиҳо ҳозир мешуд, аммо ӯ пайваста таҳпӯши дигар мепӯшид, ки ин ҳам як мушкили бисёр ҷиддӣ буд. Бо ин, Парвиз Турсунов оинномаи бошгоҳ ва Федератсияи футболи Тоҷикистонро риоя намекард. Ҳамаи ин сабаб мешавад, ки ин футболбозро аз мақомаш барканор кунем.”

    Парвиз Турсунов ҳам ба Радиои Озодӣ гуфт, касе аз мақомоти интизомӣ ба риши ӯ кордор нашудааст ва бинобар масоили хусусӣ ӯ дар бозиҳои дастаи “Хайр” ширкат намекард: “Ягон кас маро нагуфтаст, ки ришатро гир, маро ҳеҷ гоҳ ба Вазорати умури дохилӣ даъват накардаанд. Як-ду кори хусусӣ дорам, ду мошин дорам, ки таъмир мекунам, вақт тангӣ мекунад. Барои ҳамин дар тамринҳо ширкат намекунам. Қонун ҳамин аст, тамрин, ки накардӣ, ба бозиҳо ҳам роҳ намедиҳанд.”

  8. Афсус, ки хакикат дигар будаасту номи ВАТАНи азазамонро душманон бахона ёфта догдор мекунан, как будто давлат ба ришдорону намозхонон кор дошта бошад. Парвиз соли гузашта бо риш бози мекард ягон кас ба у кор надошт.
    Зинда бош, эй Ватан…

    • Ҳақиқат – мафҳуми нисбист ҳоли ҳозир. Ба қавли яке: “ҳақиқат – калимаи камбагалфиребкунак аст”). Ҳол он ки ҳақиқати ҳол рушан нест. Тоҳир Муъминов бояд ягон сабаб меёфт, ягон чиз мегуфт. Масъалаи тагпуши ҳамранги либос напушиданаш ҷой дорад. Лекин ин мушкилие буд ба осони ҳалшаванда..

      Баъдан бо кадом асос(ягон қонун дар бораи риш мисол оварда метавонед) рафтори он мардро баҳо додани мешавӣ? Вай-ку даъво накардаст, ки фалон кас (ё Аличон) риш бояд монад. Руи худаш, риши худаш. Истед, бародар, агар оянду аз Шумо талаб кунанд, ки бо сари тарошида гардед, Шумо розӣ мешавед?
      Дар муқоиса, чандин бор шоҳид будам, ҳунари бозигарияш мардумро бештар ҷалб мекунад на риши дарозаш.

      Тани одами шариф аст ба ҷони одамият,
      На хамин либоси зебост нишони одамият.
      Агар одами ба чашм асту дахону гушу бини.
      Чи миёни накши девору миёни одамият..

  9. Ман, рости гап, намедонам ки Парвиз чӣ хел бозӣ мекунад, вале гап ҳамин ки, “ришатро тарош” гуфтани кадоме ба ӯ боис шуд, ки имрӯз тамоми ҷаҳони футбол дар ин бора сухан кунад.

    • Фолловер, ман дидаам, агар надидаанд он бебасарон..
      “Универсальный игрок” мегуянд ба хакикат наздик аст..

  10. Ин бозигар кори дурусте мекунад, ки аз ақидаи худ дифоъ менамояд. Агар дар охир водор ба онаш намоянд, ки тарки футбол намояд, пас тарки футбол кардани ӯ як навъ эътирози иҷтимоист, эътироз ба хотири дифоъ аз ҳаққи инсонии худ. Ин ҷо масъалаи риш камтар муҳим аст, агар ҷои ин ҳодиса ҳар маҷбурият карданҳои дигар ҳам мебуд, ман мухолифаш мебудам, чун ба бовари ман, ҳар инсон ҳақ дорад, ки риш бимонад ва ё риш намонад, кепка бипӯшад ва ё тоқӣ, галстук бандад ва ё футболка ба бар кунад. Хайрон аз онхое хастам, ки ба оддитарин хакки инсонхо таарруз мекунанд. Агар ҳол чунин давом мекунад, метарсам аз рузе, ки мухлисонро ба варзишгоҳ бе галстук даромадан намонанд ва е муйлабхояшонро низ битарошанд. Он ки риши ин бозигар дароз аст е кутох, безеб аст е хушруй, кори худи ин бозигар аст ва ба безебиву хушруии риши ин бозигар бигзор танхо хамсараш сарукор дошта бошад. Онхое ки ин бозигарро мачбур мекунанд, ки ришашро тарошад, ое дарк мекунанд, ки Точикистонро бо чунин хабарсозияшон шармсор мекунанд? Як бор дар гугл “футболист с бородой” занед, мебинед, ки кадом хабаре дар сахифаи аввал мебарояд. Ба чои риштарошии футболбозхо, ба бози бо Сурия тайери дидан лозим аст! Як бар ин сурат бингаред ва акнун тасаввур кунед, ки Бекхемро гуянд, ки ришатро тарош.

    чанд акси дигарро хам мефиристам:

    http://football.ya1.ru/uploads/posts/2009-09/1252102922_4img_7.jpg (Алекси Лалас, ИМА)

    http://football.ya1.ru/uploads/posts/2009-09/1252102936_5abel-xavier.jpeg (Абел Шавйер, Португалия)

  11. Osaph,Follower 1000000% бо шумо розиам.
    Ман бозии Парвизро дидаам ва медонам:суханхое оиди вайрон кардани тартиботи тамринхо аз чониби Т.Муъминов ва худи Парвиз садодода(агар вокеан онхо ин суханхоро гуфта бошанд)беасосанд,ин инсон ба чунин кор кодир нест,у халолкор аст ва ин гапхо бовар дорам баъди фишороварихо гуфта шудаанд!!! Ба Аlijоn гуфтаниам,е ту одам нести е аз ин олам. Е нобинои,намебини хар руз ришдорхоро чи кадар машакат медиханд,мачбур мекунанд,ки ришхора тарошанд,дар макотиби оли бошад хатто бо риши 1руза дарсхони намемонанд!!!!
    Комер ман метарсам,ки худи чаноби оли ин фармонро надода бошанд!!!

  12. Ман бозии “Хазратро” дидаам. Хатто тахлили бозиашонро низ дар хамин торнигор хонда будем (Парвоз – Хайр?). Бозии аввали Парвизро, ки дар шимол бо лакаби “Хазрат” машхур шуда буд, хануз аз телевизион дида будам, ки дастааш зидди Истиклол бози мекард. Бозии зиндаашро дар “Фурудгох” дида будам. Аз канори рост бози мекунад. То, что ин чо кайд кардаанд – “универсали” ин беасос нест. Танхо ба хотир овардани юриши аз нимаи майдон саркардааш, ки кариб ба гол (Парвоз) оварда мерасонд басанда аст.
    Бар замми ин дар канори рост хуб бози мекунад, зуд-зуд ба хучум пайваст мешавад, ки барои химоятгарони ракиб “неожиданное подключение” аст.
    Агар танхо барои риш ба бозихо рох надиханд, пас ман таклиф ба миён мегузорам, ки дигар бозигаронро барои муилабу муисар хам ба майдон рох надиханд!
    Алалхусус Мухсин Мухаммадиевро – барои он ки бо муилаби ба худаш зебанда хунарнамои мекард ба чавобгарии ЧИНОИ кашанд!
    Валерий Заздравныхро чи! Барои муи сари бехад дарозе, ки баъд байни мухлисони Помир мўд шуда буд – таклиф дорам як умр зиндони кунанд.
    Ба он бетамизоне, ки дар Узбакистон бо хисоби 1-8 бохта буданд чоизаи бехтарини давлатиро пешниход кунанд оламоро мешуд, чаро ки шиканандагони футболи точик хастанд, ин кахрамонист!
    Шумо чи фикр доред?

  13. Комер ” Ба он бетамизоне, ки дар Узбакистон бо хисоби 1-8 бохта буданд чоизаи
    бехтарини давлатиро
    пешниход кунанд оламоро
    мешуд, чаро ки шиканандагони футболи точик
    хастанд , ин кахрамонист ! Шумо чи фикр доред?”
    Ман ба ин фикри шумо куллан рози нестам ва аслан истифодаи калимаи “бетамизон” нисбати наврасони 14-16сола нодуруст аст,ки медонад шояд дар оянда аз онхо М.Мухаммадиевхои нав барояд.Хотироти ин бози хотири моро низ мушавваш мекунад,аммо чи илоч,ки футболи мо дар ин сатх карор дорад.Ба хар хол бачахо ба зури тавони худ бози карданд,аз ин ру онхоро дастгири мебояд,на нафрин, то ин хатохо дигар такрор нашаванд!

  14. Ба бародар П.Турсунов гуфтаниам,ки ту аз мо дида бо рукнхо ва кавонини исломи пок бехтар ошнои ва имони ту аз мо 1000хо бор кавитар аст,Иншоаллох ту худ бехтар медони,ки чи кор бояд куни!
    Умедворам,ки масъала халли мусбати худро меебад ва шумо бо риояи суннати расулуллох бозиро давом хохед дод!!! Худо нигахбон!!!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s