Интихоб: Риши дароз ё футбол?

Парвиз Турсунов шояд ҳеҷ гумоне надошт, ки доир ба риши дарози ӯ рӯзе дар матбуоти Амрикову Русияву Аврупо менависанд. Маҳз ҳамин ришаш, Парвиз Турсунов, бозигари тими “Хайр”-и шаҳри Ваҳдатро ба қаҳрамони матбуоти дохилӣ ва хориҷӣ табдил дод ва дигарбора баҳси ришро ба сафҳаи рӯзномаҳои Тоҷикистон кашид.

Моҷаро аз он оғоз ёфт, ки аввал бо такя ба гуфтаҳои Тоҳир Мӯъминов, сармураббии тими “Хайр”, хабаре нашр шуд, ки гӯиё мақомоти интизомӣ намехоҳанд, бозигари даста бо риши дарозе, ки хоси муллоҳост, ба майдон барояд ва аз ин рӯ Парвиз Турсунов дар бозиҳои даста дар сабқати Лигаи олӣ ширкат намекунад. Худи ӯ ҳам ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфтааст, агар масъалаи риш ва футбол дар миён бошад, ӯ аввалиро интихоб мекунад. Аммо як рӯз баъд аз нашри хабар, Парвиз Турсунов расман аз тими “Хайр” хориҷ карда шуд, зеро ба гуфтаи Тоҳир Мӯъминов, мушкил на риш, балки рафтори Парвиз будааст.

“БАРОИ РИОЯ НАКАРДАНИ ОИННОМА ХОРИҶ МЕШАВАД”

Вай афзуд: “Барои риоя накардани оинномаи бошгоҳ, барои пайваста ҳозир нашудан дар тамринҳо ва бозиҳои расмӣ Парвиз Турсунов аз ҳамин рӯз, 19-уми апрел, аз мақомаш барканор мешавад. Ҳамчунин, ин бозигар оинномаи Федератсияи байналмилалии футбол, муқаррароти ФИФА-ро риоя намекард. Масалан, ӯ бояд бар асоси муқаррарот дар либоси ягона ба бозиҳо ҳозир мешуд, аммо ӯ пайваста таҳпӯши дигар мепӯшид, ки ин ҳам як мушкили бисёр ҷиддӣ буд. Бо ин, Парвиз Турсунов оинномаи бошгоҳ ва Федератсияи футболи Тоҷикистонро риоя намекард. Ҳамаи ин сабаб мешавад, ки ин футболбозро аз мақомаш барканор кунем.”

Парвиз Турсунов ҳам ба Радиои Озодӣ гуфт, касе аз мақомоти интизомӣ ба риши ӯ кордор нашудааст ва бинобар масоили хусусӣ ӯ дар бозиҳои дастаи “Хайр” ширкат намекард: “Ягон кас маро нагуфтаст, ки ришатро гир, маро ҳеҷ гоҳ ба Вазорати умури дохилӣ даъват накардаанд. Як-ду кори хусусӣ дорам, ду мошин дорам, ки таъмир мекунам, вақт тангӣ мекунад. Барои ҳамин дар тамринҳо ширкат намекунам. Қонун ҳамин аст, тамрин, ки накардӣ, ба бозиҳо ҳам роҳ намедиҳанд.”

“БО РИШИ ПАРВИЗ МУШКИЛ НАДОШТЕМ”

Мақомоти Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳам мегӯянд, бо риши Парвиз Турсунов, ки аз бозигарони бомаҳорати “Хайр” буд, мушкил надошт, зеро дар муқаррароти федератсия доир ба зоҳири футболбозон чизе гуфта нашудааст.

Шералӣ Давлатов, дабири кулли федератсия ба Радиои Озодӣ гуфт:“Порсол ҳам ин бозигар бо риш бозӣ карда буд ва Федератсияи футболи мамлакат ягон эътирозе надошт. Ман ҳамчун дабири кулл мегӯям, ки дар давлатҳои Аврупо Осиё ва Африқо ҳам бозигароне ҳастанд, ки риш доранд.”

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳам эълом кард, ки ба риши Парвиз Турсунов коре надоштааст, вале агар ошкор шавад, ки нафаре аз кормандони вазорат худсарона монеи ҳунарнамоии Парвиз Турсунов шудааст, нисбат ба ӯ чораҳои муносиб андешида хоҳад шуд. 

НАЗАРИ МАҚОМОТИ ВКД

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт: “Нисбати ӯ аз ҷониби кормандони вазорати дохилӣ ягон фишор нашудааст ва агар нисбати ӯ ягон корманд фишор оварда бошад ва монеи ширкати ӯ дар мусобиқаҳои варзишӣ шуда бошад, ӯ метавонад ба раҳбарияти вазорат муроҷиат кунад ва нисбати он нафарон чораҳои дахлдор андешида мешавад.”

Агарчӣ мақомотии расмии Тоҷикистон мегӯянд, расман аз Парвиз Турсунову масъулони тими “Хайр” чизе нахостаанд, вале насиҳатҳои дӯстона ба матбуот ва ниҳодҳои ғайриҳукуматӣ яке аз роҳҳои роиҷи таъсиргузории мақомоти Тоҷикистон ба он ниҳодҳост.

Яке аз бозигарони дастаи “Хайр” ба Радиои Озодӣ гуфт, сарпарастони тим ва ҳамингуна бозигарон ва дӯстонаш ба Парвиз Турсунов тавсия додаанд, ки ба хотири даста ва футбол, ҳадди аққал ришашро кӯтоҳ кунад, аммо Парвиз нахостааст, аз ришаш ба истилоҳ ҷудо шавад.

“ОДАТ КАРДАЕМ, КИ ӮРО БУБИНЕМ”

Вале дар ин байн қурбонии ниҳоии баҳси риши Парвизу мақомот, мухлисони дастаи “Хайр” ҳастанд, ки бешак ӯро пазмон хоҳанд шуд. Худодод Каримов, як омӯзгори шаҳри Ваҳдат ва мухлиси “Хайр” мегӯяд: “Парвиз Турсунов беҳтарин бозигари дастаи “Хайр” мебошад. Вай аслан муҳофизатгар аст, вале ӯ дар ҳамаи хатҳо хуб бозӣ карда метавонад. Мо, мухлисон, аз ҳунари волои ӯ порсол хеле лаззат бурдем. Вале, мутаассифона, мо Парвизро дар ду бозии имсолаи мусобиқоти қаҳрамонии кишвар дар ҳайати дастаи “Хайр” надидем ва хеле маъюс шудем. Фикр мекунам, дар ин ҷо риш доштан ё надоштани ӯ ягон нақши муҳим намебозад. Ба ҳар ҳол, мухлисони дастаи “Хайр”-и Ваҳдат одат кардаанд, ки ӯро дар бозиҳо бубинанд.”

Баҳси риш дар Тоҷикистон муддатҳост идома дорад, зеро ҳукумат аз авҷ гирифтани ифротгароии исломӣ нигарон аст. Аз ҷумла, аввали моҳи майи соли гузашта гурӯҳе аз афроди ришдор дар Душанбе боздошт ва пас аз ташхиси ҳувияташон раҳо шуданд.

Аммо Парвиз Турсунов ҳамоно бар ақидааш содиқ аст ва дар вокуниш ба хабари он ки аз дастаи “Хайр” хориҷ шудааст, чунин гуфт: “Ман дар назди Худо пок бошам, шуд, алҳамдуллилоҳ.”

Бозии футбол ё пӯшиши мазҳабӣ ва риши дароз?

Заринаи Хушвақт, Би-би-сӣ, Душанбе

Як футболбози тоҷик, барои муроъот накардани муқаррароти федеросиюни футбол дар мавриди пӯшиши вижаи варзишӣ ва канорагирӣ аз тамрин аз тими футбол барканор шудааст. Парвиз Турсунов бозигари тими “Хайр”-и ноҳияи Ваҳдат баъд аз дархостҳои мукаррари масъулони ин тим, дар мавриди риъояти пӯшиши вижаи варзишии яксони гурӯҳ аз ин тим ихроҷ шудааст.

Мураббии ин тим мегӯяд, ки Парвиз Турсунов, яке аз футболбозони беҳтарин дар тими онҳо будааст. Тоҳир Мӯъминов, муррабии “Хайр”, аз ҷумлаи гурӯҳҳои хуби футбол дар Тоҷикистон,меафзояд, ки сабаби дигари тасмими вай барои ихроҷ кардани оқои Турсунов он аст, ки ин бозигар муддати зиёде дар тамринҳои ин тим ширкат накардааст.

“Пӯшиши вижаи тими футбол-рохати он аст”

Ҳамчунин ба гуфтаи оқои Мӯъминов, Парвиз Турсунов “риши баланди миқрознокарда дошт, ки аз миёни бозигарони ин тим тафовути зиёде мекард.”

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки дар миёни бозигарони тимҳои дигари футбол дар Тоҷикистон, ба ҷуз аз Парвиз се футболбози дигари ришдор дар майдонҳои бозии футбол ба назар мерасанд. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё риш дар бозии футбол ва бурду бохти гурӯҳҳои он то чи андоза таъсиргузор аст? Зеро дар миёни бозигарони футбол дар тимҳои машҳури ҷаҳон, варзишгарони зиёде ҳастанд, ки ба ҳангоми бозии футбол дар майдон бо гесӯи баланд ва риши дароз зоҳир мешаванд.

Тоҳир Мӯъминов дар гуфтугӯе бо Би-би-сӣ гуфт: “Ман чун муррабии аслии тими футболи “Хайр”, Парвиз Мӯъминовро барои он, ки дар ҳоли ҳозир аз тамрин бо бозигарони дигари тим даст кашидааст, чун бозигар сабукдӯш мекунам. Ман ба ришу намозхонии вай коре надорам. Вале дархости аслие, ки ман аз Парвиз дорам, вай бояд пӯшиши вижа барои бозии фуутбол дар майдонро риъоят кунад.”

Оқои Мӯъмниов афзуд, ки барои вай ришдор будани Парвиз муҳимм набудааст, вале вай афзуд, “ки беҳтар мебуд агар Парвиз ришашро ба қолаби хубе медаровард.”

“Риш ва футбол”

Бозигарони футболи ришдор мегӯянд, ки то ҳол онҳо бо мушкилоте аз ҷумла нақзи қонуни пӯшиши тим ва ё тафовут аз бозигарони дигар муттаҳам нашудаанд. Аз сӯйи дигар бархе аз расонаҳо аз ҷумла хабаргузории “Asia Plus” навиштааст, ки кормандони интизомӣ барои риши дароз ба Парвиз иҷоза надодааст, ки вай дар майдони футбол барои бозӣ ҳозир шавад.

Ҳарчанд Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи вазорати корҳои дохилӣ ин иттилоъро такзиб кард ва гуфт: “Ҳангоме, ки дар шарқи Тоҷикистон амалиёти гурӯҳи теруристӣ мегузашт, кормандони мо барои таъмини амнияти сокинони Душанбе ва ҳумаи он шиносномаҳои иддае аз афроди бо риши дарозро бозрасӣ карда буданд, вале имрӯзҳо пулис аслан ба афроди ришдор кор надорад.”

Дар ҳамин ҳол Парвиз Турсунов, бозигари тими “Хайр”-и ноҳияи Ваҳдат воқеъ дар 30 килуметрии шарқи Душанбе низ дар гуфтугӯе бо Би-би-сӣ гуфт, ки пулис ӯро боздошт накардааст ва изофа бар он, пулис ба бозии футболи вай низ кордор набудааст. Аммо оқои Турсунов афзуд: “Ман танҳо ба хотири анҷоми фаъолиятҳои хусусии худам аз бозӣ дар тим муваққатан даст кашидам. Ҳоло барои беҳбудии вазъи хонавода ба корҳои тиҷорӣ машғул ҳастам.”

Оқои Турсунов мегӯяд, ки вай аз се сол бад ин сӯ, баъд аз хондани Қуръон ба забони тоҷикӣ ва дарк кардани мафҳуми аслии он риш гузошта ва қарор кардааст, ки тамоми қавонини исломро муроъот кунад. Парвиз гуфт: “Ман барои интиқод ба мазҳаб аз ҳамаи кор аз ҷумла бозии футбол низ даст мекашам, вале ришамро ҳеҷ гоҳ намезанам. Ман тавре ки дар Қуръон навишта шудааст, риш гузоштам ва мазҳаб барои ман болотар аз варзиш аст.”

Вале вай мегӯяд, ки танҳо дар сурате, ки ба ҷону саломати вай таҳдид шавад, метавонад риши худро паст кунад ва ё куллан битарошад.

Назари ислом ба бозиҳои варзишӣ

Парвиз мегӯяд, ки ба фикри вай барои мардуми мусалмон беҳтарин намудҳои варзиш, кӯшти, аспсаворӣ ва камонварӣ аст, вале вай футболро дӯст медорад ва ба назараш ин намуди варзиш низ баром мардҳои мусалмон қобили қабул будааст. Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода сухангӯйи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва коршиноси сиёсӣ гуфт, ки намудҳои бисёре аз варзишҳо аз ҷумла аспдавони, валибол ва баскетбол, ки дар ҷаҳон шӯҳрат доранд, аз назари дини ислом пазируфта мешаванд. Вале оқои Сайфуллозода афзуд: “Танҳо ширкати мардуми мусалмон дар он бо пӯшишҳое, ки дар он қавонини исломӣ муроъот мешавад, дар назар гирифта шудааст. Фарзи мисол барои бозигароне, ки варзиши футболро ихтиёр кардаанд, шортҳои ба истилоҳ баландтаре аз шортҳои маъмулӣ истифода мешавад, ки зонуҳои онҳоро бипӯшононад.”

Парвиз Турсунов бозигари тими футболи “Хайр” мегӯяд, ки вай ба ҳангоми бозии футбол зери шортҳои маъмулӣ шалворҳои варзишӣ мепӯшид.

Тими футболбозони ришдор

Дамир Камолиддинов, муъовини раиси федеросиюни футболи шаҳри Душанбе мегӯяд, ки пӯшиши вижа ва ё риши дароз набояд, ки рӯйи бозии футбол таъсири манфӣ гузорад. Вай афзуд: “Ин ҳазёни бепоя аст, ки футболбоз набояд риш дошта бошад ва ё мансубияти динии ӯ рӯйи бозии футбол таъсиргузор бошад. Мо дар кишвари озод ба сар мебарем ва ихтиёр дорем, ки ба адёни мухталиф рӯ оварем. Дар мусобиқоти ахири футбол барои ба даст овардани Ҷоми “Вечерний Душанбе” тақрибан дар ҳар тиме, ки дар он ширкат мекарданд як ва ё ду нафар риш доштанд.”

Оқои Камолиддинов мӯътақид аст, ки танҳо теруристон нестанд, ки дар ҷомеъаи мусалмонӣ риш мегузоранд ва ё намозгузор ҳастанд. Вай аз яке аз дӯстонаш ёдовар шуд, ки баъд аз рӯ овардани вай ба дини ислом ин дӯсташ аз истеъмоли машрубот даст кашидааст. Ин масъули федеросиюни футболи шаҳрӣ мегӯяд, ки агар тамоми бозигарони ришдори футбол дар шаҳри Душанберо ҷамъоварӣ кунанд, мешавад як гурӯҳи футболро дар Тоҷикистон таъсис дод ва ба гуфтаи вай бисёре аз ин бозигарон, варзишкорони хеле варзида ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи коршиносони арсаи варзиш бо вуҷуди он, ки варзишкорон дар тимҳои футболи Тоҷикистон ҳуқуқ ё маъоши андаке ба даст меоранд, вале бештари онҳо барои дилбохтагӣ ба ин навъи варзиш аз субҳ то шом машғули тамринот ҳастанд. Барои мисол бозигарони тими “Хайр”-и ноҳияи Ваҳдат дар як моҳ ҳудуди 450 сомонӣ, ки муъодили сад дулори омрикоӣ ҳаст, маъоши дарёфт мекунанд. Ва шояд яке аз сабабҳои аслии аз футбол даст кашидани Парвиз Турсунов, варзишгари тоҷик ва ба фаъолиятҳои тиҷоратӣ даст задани вай низ мушкилоти рӯзгораш буда бошад?

Вале гуфта мешавад, тимҳои футболе, ки таҳти сарпарастии бархе аз корхонаҳои Тоҷикистон ва афроди алоҳида аз ҷумла мақомоти тоҷик фаъол ҳастанд, маъоши ба маротиб бештар аз тимҳои маъмулиро дарёфт мекунанд.

Advertisements