Ҷозеф Блаттер ва Бин Ҳаммом

Бознашр аз ББС Тоҷикӣ

Федератсиюни футболи Тоҷикистон мавзӯъи ба номзадии кадоме аз довталабон ба симати раиси ФИФА раъй доданро ба баррасӣ гирифтааст.

Қарор аст, 1-уми июн дар Сурих, пойтахти Суис федератсиюнҳои футболи куллия кишварҳои ҷаҳон аз миёни ду довталаб ба ин симат раиси ҷадиди ФИФА, Федератсиюни байналмилалии футболро интихоб кунанд.

Ҳар ду номзад ба ин мақом бо ироаи номаҳое аз Федератсиюни футболи Тоҷикистон хостаанд, ки аз онҳо пуштибонӣ кунанд.

Шералӣ Давлатов, дабири Федератсиюни футболи Тоҷикистон ба Би-би-сӣ гуфт, ки нахуст дар ҷаласае аъзои ин ниҳод тасмим мегирад, ки номзадии кадоме аз довталабонро пуштибонӣ кунад ва сипас раиси Федаратсиюн дар Сурих аз номи Тоҷикистон раъй хоҳад дод.

Ба гуфтаи вай, ҳоло ба ин мақом Ҷозеф Блаттер, раиси феълии ФИФА ва Муҳаммад Бин Ҳаммом, раиси Федератсиюни футболи Осиё довталаб ҳастанд.

Оқои Давлатов хабар дод, ки Ҷозеф Блаттери 75-сола, ки шаҳрванди Суис аст, бо ирсоли номае унвонии Федератсиюни футболи Тоҷикистон изҳор доштааст, ки агар аз номзадии вай пуштибонӣ шавад, вай як милёрд дулорро барои рушди бозии футбол дар куллия кишварҳои ҷаҳон ба сурати мунсифона истифода хоҳад кард.

Ҷозеф БлаттерҶозеф Блаттер мегӯяд, ки барои иҷрои вазифаи раиси ФИФА нерӯ ва таҷрибаи кофӣ дар ихтиёр дорад

Раиси феълии ФИФА ҳамчунин изҳор доштааст, ки барои фаъолияти муассир нерӯ ва таҷрибаи кофӣ дар ихтиёр дорад.

Дар номаи оқои Блаттер аз ҷумла омадааст: “Дар замони таҳаввулоти иқтисодӣ ва сиёсӣ ФИФА ба субот ниёз дорад. Мо на ба инқилоб, балки ба рушд ниёз дорем. Вале бин Ҳаммом метавонад, тавозун дар ин созмонро ба ҳам занад.”

Муҳаммад Бин Ҳаммом, раиси Федератсиюни футболи Осиё низ ахиран изҳор доштааст, ки дар ин интихобот футболи кишварҳои осиёиро муаррифӣ мекунад ва ба пуштибонии федератсиюнҳои футболи кишварҳои минтақа ниёз дорад.

Вай афзудааст: “Ман ба кӯмаки шумо ниёз дорам ва шонси интихоб шуданам ба ин симмат баробари Ҷозеф Блаттер аст. Мутмаъинам, ки бо наздик шудани замони интихобот шонсҳои ман афзоиш хоҳанд ёфт.”

Зимнан, раванди интихоби раиси ҷадиди ФИФА бо қазияҳое дар заминаи фасод ҳамроҳ буд. Ба ин далел, ҳаққи раъйи бархе аз федератсиюнҳои миллии футбол дар ин интихобот лағв карда шуд.

Шералӣ Давлатов, дабири Федератсиюни футболи Тоҷикистон мегӯяд, ки ин кишвар ба номзаде ба мақоми раиси ФИФА раъй хоҳад дод, ки барномаҳояш ба рушди футболи Тоҷикистон мусоидат кунад.

Вай афзуд: “Ҳоло мобарномаҳои н ду нафарро мавриди баррасӣ қарор додаем ва ба натиҷаи ниҳоӣ нарасидаем”.

Зимнан, дар соли 2004 ва 2007 Ҷозеф Блаттер аз Тоҷикистон дидан карда буд. Дар пайи мулоқот бо мақомоти Тоҷикистон раиси ФИФА эълом дошт, ки дар ин кишвар тарҳи сохтмони чанд майдони бозии футбол иҷро хоҳад шуд.

Муҳаммад Бин ҲаммомШералӣ Давлатов хабар дод, ки то ҳол ду майдони бозии футбол бо кӯмаки молии ФИФА сохта шудаанд ва ҳоло эҳдоси як майдони дигаре бо фарши маснуъӣ идома дорад.

Дар посух ба ин суол, ки оё Муҳаммад Бин Ҳаммом низ аз Тоҷикистон дидан ва барномаҳоеро барои рушди футболи тоҷик иҷро кардааст, оқои Давлатов гуфт, ки раиси Федератсиюни футболи Осиё Ҷозеф Блаттерро дар сафарҳояш ба Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекард ва барномаҳои онҳо муштарак буданд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи оқои Давлатов, бо эҳтимоли зиёд дар маросими интихоби раиси ҷадиди ФИФА, Суҳроб Қосимов, раиси Федартсиюни футболи Тоҷикистон ширкат хоҳад кард.

Вале, бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки Рустами Эмомалӣ, писари Президент Раҳмон ва муъовини раиси Федартсиюни футболи Тоҷикистон низ дар интихоби раиси ҷадиди ФИФА мушорикат кунад.

Зеро, ба эътиқоди ин соҳибназарон, ҳоло Рустами Эмомалӣ, ки аз муассисон ва бозигарони тими футболи “Истиқлол” аст, дар рушди футболи тоҷик нақши муассир ва умда доштааст.

Advertisements