Бозии “Истиқлол” – “Равшан” бо ҷанҷол хотима ёфт


Бозии “Истиқлол” ва “Равшан”

Бозии 'Истиқлол' ва 'Равшан' Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар даври панҷуми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон тими “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, бо 13 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад.

Бозии пешсафони мусобиқот – “Истиқлол” ва “Равшан”, ки 1-уми май дар варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе бо ҳузури 600 тамошогар баргузор шуд, бозии марказии даври панҷум ба ҳисоб мерафт.

Ҳайати дастаҳо:

“Истиқлол” (Душанбе): Фарҳод Юлдошев, Эраҷ Раҷабов, Даврон Эргашев, Соҳиб Сувонқулов, Умед Ҳабибуллоев (Руслан Рафиқов, 57), Нуриддин Давронов, Маҳмадалӣ Содиқов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Акмал Сабуров (Александр Кудряшов, 46), Дилшод Восиев, Юсуф Рабиев.

“Равшан” (Кӯлоб): Неъматулло Тошев, Маъруф Рустамов, Зариф Рустамов, Хайриддин Турсунов, Далер Шомуродов, Ширин Наимов, Фаррухи Ҷӯрахон, Эраҷ Холов, Ҳикмат Расулов, Индус Ҳусейнов, Наврӯз Рустамов (Иззатулло Исҳоқов, 84).

Қувваозмоии ду тими пешсаф хеле тезу тунд сурат гирифт. Ҳарду даста барои голзанӣ имконияти хуб дошт. Футболбозони “Равшан” бо дастгирии мухлисонашон, ки теъдоди онҳо нисбат ба дастаи мизбон хеле зиёд буд, аз оғози бозӣ ба ҳуҷум гузашта, дар ҷаримагоҳи мизбонон вазъиятҳои хавфнокро ба вуҷуд меоварданд.

Вале маҳорати баланди дарвозабони “Истиқлол” Фарҳод Юлдошев, легионери узбакистонӣ, ба кӯлобиҳо имкон намедод, ки муваффақ шаванд. Бахусус ду бор ӯ пас аз зарбаҳои сахти ҳамлагарони “Равшан” Индус Ҳусейнов ва Ширин Наимов тӯбро моҳирона баргардонд.

Дар нимаи аввали дидор, мизбонон низ ду бор аз вазъияти хуби голзанӣ истифода карда натавонистанд. Фатҳулло Фатҳуллоев аз масофаи тахминан 6 метр зарба зад, вале дар ин лаҳза дарвозабон ва капитани “Равшан” Неъматулло Тошев хуб ҳунарнамоӣ кард ва дастаашро аз гол эмин дошт. Дар охири нимаи аввали дидор Акмал Сабуров низ дар ҷаримагоҳи меҳмонон тӯбро хато зад.

Дар нимаи дуввуми бозӣ низ дарвозабонҳои ҳарду даста маҳорати баланд нишон доданд. Чунин ба назар мерасид, ки бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ба охир мерасад.

Баъди анҷоми замони асосӣ сардовар Равшан Ишматов (аз шаҳри Қӯрғонтеппа) барои зоеъ рафтани вақт дар ҷараёни қувваозмоӣ 4 дақиқа замони изофӣ таъйин кард.

Дар нахустин дақиқаи замони изофӣ (90+1) ҳуҷуми мизбонон бо гол анҷом ёфт. Баъди тӯпаланг дар ҷаримагоҳи меҳмонон ба тӯб Дилшод Восиев соҳиб шуд ва онро ба тӯри дарвоза зад.

БЕНИЗОМӢ АЗ КУҶО ОҒОЗ ЁФТ?

Вале пас аз ин гол дар майдон бетартибӣ оғоз ёфт. Гурӯҳи мухлисони “Равшан” бо нишони эътироз ба ҳукми доварон (ба андешаи онҳо гол аз ҳолати нобозӣ ё офсайд зада шуд) вориди майдон гаштанд ва ёвари сардовар Қурбонмаҳмад Каримовро (аз ноҳияи Хуросон) мавриди латукӯб қарор доданд.

Агар нозирони тартибот, кормандони милиса, саривақт пеши роҳи мухлисонро намегирифтанд, ин бозӣ бо натиҷаи хеле нохуш анҷом меёфт.

Инчунин бархе аз футболбозони “Равшан” ба доварон таҳдид карда, ба онҳо имкони идомаи бозиро надоданд. Ин ҷанҷолу кашмакашҳо қариб 8 дақиқа давом кард, вале бо айби футболбозони “Равшан” бозӣ дигар идома наёфт. Ниҳоят, сардовар ҳуштаки ниҳоӣ кашид, ки аз анҷоми бозӣ дарак дод.
Ин пирӯзии чаҳоруми “Истиқлол” ва нахустин бохти “Равшан” дар мусобиқоти имсола мебошад.

Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, ин ҳодисаи нохуш дар кумитаи назорату ахлоқи федератсия баррасӣ хоҳад шуд.

БОЗИҲОИ ДИГАР

Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат, ки дар даври панҷум дар майдони худ бар тими “Гвардия”–и Душанбе бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд, чун “Истиқлол” 13 имтиёз дорад, вале бо дарназардошти таносуби тӯбҳо дар ҷои дуввум мебошад.

Ин бозӣ рӯзи шанбе, 30-юми апрел, дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат баргузор шуд. Нахуст, ҳамлагари мизбонон Мирзобек Мирзоев дар дақиқаи нуздаҳум ҳисобро боз намуд. Голи дуввумро Раҳмоналӣ Баротов дар дақиқаи 35-ум ба самар расонд. Тӯби севумро боз Мирзобек Мирзоев дар дақиқаи 66-уми дидор вориди дарвозаи меҳмонон кард.

Воқеан, ин голи панҷуми Мирзобек Мирзоев дар мусобиқоти имсола ба ҳисоб меравад ва ӯ ҳоло дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин дар ҷои аввал аст. Габриэл Донто (“Энергетик”) 4 гол, Аъзам Ҳусейнов (ССКА “Помир”) ва Фозил Сатторов (“Равшан”) 3-голӣ задаанд.

Дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бидуни бозӣ нахустин пирӯзиро ба даст овард. Ба иллати баргузор нашудани бозии ҳайатҳои дуввуми “Шодмон”-и Ҳисор ва “Вахш” бо айби мизбонон, бар асоси низомномаи мусобиқот дастаи “Шодмон” бо ҳисоби техникӣ ё фаннии 0:3 мағлуб дониста шуд.

Ду бозии дигари даври панҷум бо ҳисоби бузург поён ёфт. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ “Хуҷанд”-и Хуҷандро бо ҳисоби 5:0 шикаст дод. Дар нимаи аввали бозӣ Ҳасан Рустамов, Хуршед Маҳмудов ва Сафаралӣ Каримов се гол ба самар расонданд. Ду голи дигарро Нӯъмонҷон Ҳакимов ва Баҳодур Шарифов дар нимаи дуввум заданд.

“Энергетик”-и Душанбе тими меҳмон – “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 5:1 мағлуб кард. Ҳамлагарони “Энергетик” Габриэл Донто ва Шодибек Ғаффоров дуголӣ ва Шавкати Ҳотам як гол заданд. Як голи “Парвоз”-ро Хайрулло Ғайбуллоев ба ҳадаф расонд.

Нахуст, ҳамлагари мизбонон Мирзобек Мирзоев, дар дақиқаи нуздаҳум ҳисобро боз намуд.

Голи дуввумро Раҳмоналӣ Баротов дар дақиқаи 35-ум ба самар расонид. Тӯби севумро боз Мирзобек Мирзоев дар дақиқаи 66-уми дидор вориди дарвозаи меҳмонон кард.

Ин голи панҷуми Мирзобек Мирзоев дар мусобиқоти имсола ба ҳисоб меравад ва ӯ ҳоло дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин дар ҷои аввал аст.

Дастаи “Вахш”-и Қӯрғонетппа бидуни бозӣ нахустин пирӯзиро ба даст овард. Ба иллати баргузор нашудани бозии ҳайатҳои дуввуми “Шодмон”-и Ҳисор ва “Вахш”, бар асоси низомномаи мусобиқот дастаи мизбон – “Шодмон” бо ҳисоби техникӣ ё фаннии 0:3 мағлуб дониста шуд.

Се бозии дигар миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе – “Равшан”-и Кӯлоб , “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода – “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва ”Энергетик”-и Душанбе – “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров рӯзи якшанбе, 1-уми май, соати 17 оғоз меёбад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

Дастаҳо: Б Ғ М Б    Т И
1. Истиқлол 5 4 1 0 100 13
2. Хайр

5

4

1 0 9-1 13
3. “Равшан”

5

3 1

1

9-4 10
4. ССКА “Помир” 4 3 0 1 9-4 9
5. “Энергетик”

4

2

1 1 86

7

6. Регар-ТадАЗ 4

2

0

2 107

6

7. “Гвардия” 4 1 1 2 2-8 4
8. Хуҷанд

5

1

1

3 310

4

9. Вахш

4

1 0

3

5-5 3
10. “Шодмон” 5 1 0 4 8-12 3
11. “Парвоз”

5

0 0

5

1-17 0

Даври 6-ум
4 май (чоршанбе)

«Регар-ТадАЗ» – «Парвоз»
«Энергетик» – «Хуҷанд»
«Истиқлол» – «Вахш»
5 май (панҷшанбе)
«Шодмон» – «Равшан»
ССКА «Помир» – «Гвардия»

Бозиҳо соати 17 шурӯъ мешаванд.

Advertisements

33 thoughts on “Бозии “Истиқлол” – “Равшан” бо ҷанҷол хотима ёфт

  1. Нарзуллохи Латиф ба фикрам бозиро тамошо накарданд! Ин бози бояд мусови меанчомид,агар бо галабаи Равшан не!!! Кисми 2юм пурра бо бартарии Равшан гузашт(вокеан эхсос мешуд,ки ин Равшан аст чемпион,на истиктик),баъдан аз кучое довар Ришматов 4дакика пайдо карду илова ба вакти асоси намуд,холо ки 2,3дак. басанда буд(бо назардошти эхтимолияти бавучудоии бетартибихо),зарбаи чаримави ба суи дарвозаи Равшан таъин шуд,партофт ба тарафи рости майдон ва аз он чо ба Восиев,ки аз хати дарвоза(линия ворот),ки дигар баъди у хеч кас набуд(агар тури дарвозаро ба назар нагирем),голро зад,довари канори байракро бардошт(оффсайд),аммо ба у хеч кас ахамият надод ва зуд байракро ба чояш гузошт,гол хисобида шуд ва шуд,он чи ки шуд…..Сомонаи истиклол менависад,ки”Некоторые футболисты и
    болельщики из Куляба прямо на
    поле избили бокового судью из
    Хуросона Курбонмахмада Каримова .” Бародарон,инаш вохимаи бад, да был ,,горячий разговор” но избиение-нет… Офарини хазорхо мухлис,ки аз Кулоб дар 2-3автобуси пур аз одам,5_10″тангем”ва якчанд таксию микроавтобусхои дигар ДАСТАро дастгири омада буданду бо дасти тихи ва дили озурда хоричи пойтахт шуданд… Хеч гап не,холо бозихо дар пешанд,РАВШАН ба пееешшш,истуклол тамоман ба???кафоо000!!!!

  2. /* астаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бидуни бозӣ нахустин пирӯзиро ба даст овард. Ба иллати баргузор нашудани бозии ҳайатҳои дуввуми “Шодмон”-и Ҳисор ва “Вахш” бо айби мизбонон, бар асоси низомномаи мусобиқот дастаи “Шодмон” бо ҳисоби техникӣ ё фаннии 0:3 мағлуб дониста шуд. */

    Ин худаш чихел регламент? о, ба хайати 2-юм шикасти техники нависед. Хайати 1-ум чи айб дорад?

  3. Тут разгоряченные болельщики «Равшана», ринулись на поле чтобы «разобраться», с судьями – Равшаном Ишматовым и его помощниками – Бахромом Сайдуллоевым и Курбонмахмадом Каримовым, посчитав их главными виновниками забитого мяча. В «дело» вступили и футболисты гостей. Лишь на 98-й минуте Ишматов смог дать сигнал об окончании матча. Теперь дело за Контрольно-дисциплинарным комитетом Федерации футбола, который рассмотрит данный инцидент в ближайшее время.

  4. Мардум!
    Хуб, акои ФОловар ба сифати фол накли маро бо бархе аз аксхо руи чоп наоварда бошанд хам НАГЛО баъзе кайдхоро меорам:
    1. Судейство дар ду бозие, ки дар шимол баргузор шуд (яъне бо Парвоз ва Хучанд бо Истиклол) как никогда честно буд (ба гайр аз иштибоххои савияи пасти доварони мо).
    Мисол, хангоми бозии дар Фурудгох баргузор гардида хадди акал як бор афтиши зебои парвози ва як бор афтиши олии истиклолро шохид шудем, лек явно харду хам симулятсия карданд.

    • бахтиерчон, братан, ман накли Шуморо бо чону дил чоп мекардам, вале аз Шумо охир на акс ва на матн гирифтам…

  5. 2. Дар бозие, ки дар варзишгохи 20-солагии истиклолият баргузор шуд мухочими “озодихохон” (агар истикро чунин тавон номбурд) хадди акал ду маротиба дар чаримагохи сохилидарёиён чунон афтише кард, ки вау, просто супер.
    Бечора худашро чунон бардошта ба замин ЗАД!!! Ман дар дигар тарафи варзишгох будаму аммо тахмин кардам чи охи чонкохе баровард. Аммо доварон хомуширо пеша карданд. Зеро дар хакикат афтиши зебои “артисти” намуд. Шояд барои артистизм хам корти зард надоданд.

    • Ба мисли хамин афтиши хучанди хам аз тарафи довар беэътибор дониста шуд.
      Ачибаш ин ки мухлисон хам ягон претензия надоштанд.

  6. Нисбати Истиклол:
    -хатти химояаш хеле хуб аст. Яъне зуд перестраиваются. Бозии 4-4-2 дорад, ки бештар ба 4-1-2-1-2 табдил меёбад.

    Аммо як чи маро сахт ба хайрат овард. Вакте Питер Краучро довар барои бо даст бози карданаш аз майдон ронд, дигар Хучанд акибнишини карду ахён-ахён ба контр хучум мебаромад. Аммо хатти химояи Истиклол тагйироти чиддие надид. (агар пештар баромадани опорникро ба назар нагирем). Хамон чахор нафар дар як саф меистоданд. Дар ин бобат ду се акси хуб хам фиристода будам 😦

    • Питер Крауча чанд сум харидед? О хозир синну солаш ба 50 нарасидаст ку?

  7. А в целом Истиклол дар бози бо Хучанд бозии чемпиони нишон надодааст.

    Факат, маккории Олимчон Рафиковро дидем. Дар хар ду бози кисми аввали бозиро хобу хамушона мегузаронад. Ин дуруст аст. Зеро соати 4 хануз тасфи офтоб хеле баланд аст, чи даркор бехуда давидан. Аммо кисми дуюми бози озодихохон бедор мешаванд.

  8. хучанд “домашни команда” мебошад, ина дар регар бозира чазирбод кардан.,,,, ,, 0:5

    • На самом деле, Хучанд хануз бозии хуб надорад.

  9. Просто дар бози бо Истиклол анкариб 15 хазор мухлис омада буд… Агар бозиро мебохт кабрашро меканданд (шухи :))

  10. Хучанд бозии командный надорад. Аммо истиклол дорад. Хатти пеши Истиклол бачахои интеллект не. Ягон чизи навро придумать карда наметавонанд. Ходхои стандарти!

  11. Неки акои Олимчон ганда настроенияш вайрон шуд, гарени вайрон шуд…

  12. Гуфтам, шояд хамрояш акс гирам, аммо дарёфт накардам. Зуд рафта буд.

  13. Бозии чавобиро интизорем , чи хел мегузашта бошад а ???)))

  14. согдийские дружини играют неплохо,но мне кажется им не хватает спортивной наглости,в этом компоненте им надо учится у игроков Равшана!

    • Ман дар бозии тими “Истиклол” ва “Равшан” иштирок доштам. Рости аз дастаи “Равшан” чунин бозиро интизор набудам. 90 фоизи бози ба нафъи онхо буд ва хеле оли бози карданд. Агар ба футболи дастахои дигари Точикистон мукоиса намоем. Ман голи хисобидаро нодуруст мешуморам. Зеро дар наздики дарвозаи “Равшан” будам ва он лахзаро хуб тамошо кардам.Гуё довар аз аввал то охир лахзаеро интизор буд, ки бозиро ба нафъи “Истиклол” хал намояд. Сад хайф ки дар хоричи кишвар бо ин бозиашон хамаро шарманда мекунанд.

  15. “Ман бештари бозихои футоли чемпионати Точикисторо ба варзишгох рафта тамошо мекунам ва ин бози низ дар канор намонд. Бовар кунед чунин мухлисиро бори аввал пас аз сукути тими овозадори “ПОМИР” Душанбе мебинам. Ахсан ба мухлисони “Равшан”-и Кулоб!!! Алакай ду соат пеш аз саршавии бози дар варзишгохи “Авиатор” чои нишаст набуд. Сад афсус, ки шорехи футболи шинохтаи мо математикаро нагз намедонанд. Чунки дар варзишгох аз 20 хазор мухлис (хама мухлисони Равшан) зиёд буданд. Бояд кайд кард, ки мухлисон бо парчамхои Точикистон, асбобхои мусики, шиорхо ва баландгуякхо бо тайёрии нихоят хуб омада, мухлиси мекарданд. Чунин мухитро танхо дар варзишгоххои Англия аз тарики телевизион дидан мумкин. Аз чи бошад, ки “Истиклол” дорои тамоми шароитхо ва бозингарони легионер асту тамоман мухлис надорад. Мухлисиро бояд аз мухлисони “Равшан”-и Кулоб омухт на ин ки онхоро зери лату куб карор дод ва бозии онхо бояд одилона довари карда шавад.”

  16. Бародар ман хурсандам, ки Равшан чунин дастаи хуб шудааст. ва мухлисони зиёде, ки дастаашонро дар сафар хамрохи мекунанд, ангушт шуморанд офаринатон бод!
    Аммо 20 хазор мухлисон дар вазишгох буду хама мухлисони Равшан ин нодуруст мебошад!!!
    Ин варзишгох наметавонат 20 хазор мухлис чамъ кунад, дар он вакт метавонад, ки худи майдони футболро низ истифода баранд барои мухлисон…

      • Эхе, бечора бозигарони “Истиклол”-у “Равшан”.. 90 дакика зур мезаданд, ки тубро вориди дарвоза гардонанд. Бехабар аз он, ки майдон пур аз мухлис.. 😉

  17. Aличон бо шумо мувофикам,аммо “Аз чи бошад, ки “Истиклол” дорои тамоми
    шароитхо ва бозингарони
    легионер асту тамоман мухлис
    надорад. Мухлисиро бояд аз мухлисони “Равшан” -и Кулоб омухт на ин ки онхоро зери
    лату куб карор дод”:
    1.истиклол мухлис дорад(2000мухлис-суратмачлиси(протоколи)бозии 1уми истик.) ва дар бози бо мо(Равшан) низ онхо буданд,вале бо сабабхои маълум дастаи худро дастгири намекарданд(е умуман наметавонанд),баъди бози аз чапу рост касеро,ки напурсидам,”мухлиси Равшан”ем мегуфтанд,хотя…
    2.мухлисони Равшанро хеч кас лату куб накардааст,шумо андак сахв кардед.
    Баъдан гуфтаниам,ки биед аз кулоби вах,ши насозем,(мо)мухлисони Равшан то 90 дакика хама факат дастаи худро дастгири мекардем,хама хушхол ва хандон буданд,баъзан шухихои бачахо ба милисахо низ мефорид,баъди зада шудани голи???…..истиклол хама бетартибихо сар шуд…
    Дигар ин ки барои чи баъзеи шумо бозиро аз варзишгох надида,ин чо харзагуи мекунед?!Вокеан Аличон дуруст мегуяд,чои сузанпартои набуд,шояд 20хаз.не лекин аз 6хаз аник зиед буд! Пагох Равшан бо Шодмон дар Турсунзода(металлург,с.17:00) бози дорад,Иншоаллох дастаро хамрохи мекунем,мо бо туем,Равшан!!!!!!!

    • bilal оё Шумо медонед, ки барои чи Саттор Фозилов ва Зокир Абдулхайров, ки бозингарони асосии Равшананд дар бозии Истиклол ширкат надоштанд???

  18. Хуб, адресе, ки дар озоди доштед кор намекунад. Пас ба кадом адрес фиристам. Лоакал аксхоро чой дихед. Каме суолу чавоб кунем, ман то хол фикр мекунам, ЧАРО РАФИКОВ ДАР ХАТТИ ХИМОЯИ истик тагйирот надаровард?!

    Ачиб ки медонад-а?!

  19. ба адресе, ки дар агентатон доред, фиристед мешавад акаи Бахтиер

  20. Як ду сол Хучанд хам дорои фанклуб буд. Аммо аз чи сабаб бошад, имсол надидам. Онхо бо байраки тимашон (сафеду кабуд) ва зарб (хоо онеки гуп-гуп мезанад) варзишгохро хеле зеб медоданд.
    Як чизи хеле ачиб дар бозии озодихохону Хучанд мухлисахо (!!!) низ буданд!

  21. Акои Осаф, Питер Крауч – ин хамун як урусе, ки “кади дарози бесоя” дорад. Аз руи хамин бози тахмин кардам, ки хариди фач! Лек яктои дигараш (уруси дигар) хуб хунарнамои мекунад.
    Дар хайати Истик бошад Кудряш зур бози мекунад, ключевой игрок.

  22. Парвоз бошад – индивидуально хуб аммо командно – 0!!! не, даже 0 с минусом.

    Мисол дар мобайн як бача ба хузур истиклолихоро бози медорад, бо хамин тамом на фикри пеш партоию на чизи дигар. Тактикаи Парвоз тамоман маъкул нест! Лек мухофиз, ки исмашро Максуд ё Макс мегуфтанд – асоси даста!

  23. Аличон рости худам хам хайронам,ки барои чи онхо дар хайати асоси нестанд.Вале дигар бачахо холо онхоро хуб иваз намудаанд(Фаррухи Чурахон,Навруз Рустамов). Хайрият дируз дар бозии Шодмон-Равшан:0-1(гол.Н.Рустамов)З.Абдулхайров дар кисми 2юм баромад,вале Ф.Сатторов хатто миени эхтиетихо набуд,шояд лат бардоштааст…вокеан,майдони варзишгохи Металлург хеле хуб будааст ва мо хам ачаб мухлиси кардем,да..”.овозхоро Худо гирифт”!!!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s