Дар ҳошияи сафари суғдии қаҳрамон


Бахтиёр Файзуллоев, махсус барои “ФТ”

Бозиро аз нимаи қисми якум дарёфтам. Мухлисони хеле зиёде ҷамъ омада буданд ва меомаданд. Аз ҷумла дар байни ҷамъомадагон мухлисаҳои зиёд ба назар мерасиданд (расмҳои 2-6). Бехатарӣ аз тарфи кормандони ҳифзи ҳуқуқ хело хуб ба роҳ монда шуда буд. Дар даромад ҳатто кинолог истода буд (расми 1). Дар варзишгоҳ намояндагони телевизионҳои шимол иштирок доштанд (акси 5.)

Дар назар ба соли қаблӣ, варзишгоҳ бисёр камбудиҳояшро ислоҳ намудааст. Аммо сабзаи майдон ҳанўз ҷавобгўи талабот нест. Ин сабаб гашт, ки бозигарон аҳён-аҳён ба хатогиҳои ногаҳӣ роҳ диҳанд.

Боз як чизи ғайричашмдощте дар ду бозии асосии ҳафтаи охир дучор шудем: доварон!!! Мо (яъне мухлисони шимол) одат кардаем, ки дар бозиҳои Регар, Вахш, Истиқлол одатан доварон тарафи меҳмононро мегиранду бисёр вақт Парвозу Хуҷанд зарар мебинанд. Аммо, ин дафъа чунин набуд. Доварон одилона доварӣ намуда (ба истиснои хатогии сатҳи доварашон), на мизбононро тарафгирӣ карданду на меҳмононро… Ки медонад, шояд ин амали онҳо то андозае зинаи аввалро касб кардани Равшану дар қатори сустакон ҷойгиршавии баъзе дастаҳои пурқувватро шарҳ диҳад. Хонандаи азиз, ту чи фикр дорӣ?

Ҳанўз аз бозӣ Парвоз ва Истиқлол шоҳид гаштем, ки Истиқлол назар ба солҳои пешин дигаргун шудааст. Тағйироти куллӣ дар хатти дифоъи даста дида мешавад. Муҳофизони Истиқлол дар сурати соҳиби тўб гаштани ҳариф бо як зудӣ ба зоннаи худ бармегарданд ва девореро ташкил медиҳанд, ки гузаштани он на ба ҳар кас муяссар мешавад. Бар муқобили Парвоз сохтори ҳимояи Истиқлол –  хаттии зоннагӣ. Хатти дифоъи имрўзаи Истиқлолро беҳтарин дар ҷумҳурӣ гўем хато нахоҳем кард. Ба ҳар ҳол чунин шакли тартибдиҳии хатти ҳимоя то ба имрўз дар футболамон надида будем.

Байни бозигарони Истиқлол ҳамдигарфаҳмии хуб мавҷуд аст. Ба болои ҳамаи ин Истиқлол ҳунари хуби тақсимкунии энергияро дорост. Дар қисми аввал истиқлол хирси зимистонро монанд аст. Қисми дуюм бошад озодихоҳон ба шери жаён мубаддал мегарданд.

Сухан, ки дар бораи Парвоз рафт, каме бозии Парвоз ва Истиқлолро шарҳ медиҳем. Дар қисми аввал Парвоз хуҷумҳои пайдарпай гузаронида, ба ҳадди ақал ду лаҳзаи сад дар садаи голзаниро аз даст дод. Боз як дафъаи дигар озодихоҳон ҳуҷумгари ҳавопаймоёнро дар майдончаи ҷаримавии худ «афтониданд». Аммо то ба Рашид расидан, эҳ-ҳеее, ба ў фарсахҳои зиёд даркор аст.

Асоси Парвозро ҳимоятгари №2, ки исмашро Мақсуд мехонданд, ташкил медиҳад. Тўби аввалро Истиқлол баъди дар доираи қоида ба замин хобонидани ў ба дарвозаи Парвоз зада буд. Фикр мекунам дастаҳои пурқувват бояд ба шикори ў бароянд.

Дар нисфи нимаи аввал қаҳрамонони феълӣ риштаи бозиро пурра ба зиммаи худ гирифт. Мавҷҳои пуртуғёни ҳуҷуми озодихоҳонро ҳавопаймоён истодагарӣ карданд, ҳатто дар як лаҳза муҳофиз тўбро аз хатти дарвоза баргардонд ва масъалаи кушодани ҳисобро мавқуф гузошт. Баъд бозӣ боз ба маҷрои худ даромад, аввал бозии тоҷикона (яъне зарбаҳою давиданҳои бемантиқу безеб, пои якдигарзанию теледиҳиҳои говзўрона) оғоз ёфту хурсандона дер давом накард, хуллас зимоми бозӣ гоҳ яке ба даст мегирифту гоҳ дигарӣ. Нимаи бозӣ бо ҳисоби хушк ба анҷом расид.

Оғози нимаи дуюм ҳавопаймоён аз рўи инертсия хатти  дифоъи озодихоҳонро рахна сохтанӣ мешуданд ва боз як лаҳзаи хуби голзаниро аз даст доданд.

Ба ин рафтор хирсро аз хоб бедор карданду вай ба шери жаён мубаддал гардид.

Қисми дуюми бозӣ байни фосилаи хатти ҳуҷум ва нимҳимояи Парвоз калон шудан гирифт(!). Нимҳимоятгарон саривақт ҳуҷумкунандагонро бо тўб таъмин намекарданд. Муҳоҷими канори рост қариб ки пурра аз кор баромада буд. ККФ (КПД)-и ў, яъне Хайрулло Гайбуллоев комилан ба сифр баробар шуда бошад ҳам мураббӣ чорае намеандешид, шояд барои ислоҳ Парвоз захира надошт? Хулоса, аз ду муҳоҷим танҳо як нафари он кор мекарду дигараш давишҳои беҳуда дошт. Аммо вақте ўро иваз карданд кор аллакай аз кор гузашта буд.

Хуллас Истиқлол парвози Парвозро мавқуф гузошт 0-3.

Чандин мухлисон қавл доданд, ки бо аломати эътироз барои тамошои бозии оянда ба Фурудгоҳ нахоҳанд омад.

 

This slideshow requires JavaScript.

Дар бозии имрўза сценарияи бозӣ такрор ёфт. Рафти бозиро метавонед аз сайти расмии Истиклол пайдо созед. Қисми аввали бозиро Истиқлол бо нисфи қувваи худ паси сар намуда, қувваашро барои қисми дуюм сарфа мекард. Ин буд, ки ҳуҷумҳои Хуҷанд ҷонноктар буданду дар худ хатари зиёд нуҳуфта. Ҳар ду даста ҳам чандин лаҳзаҳои хуби голзаниро аз даст доданд. Аммо қисми дуюм озодихоҳон бо руҳияи дигар ба набард баромаданд. Ду-се ивазнамоии бозигарон бозиро дигаргун сохт.

Дар ин вохўрӣ амалиёти доварон касро ба ҳайрат мегузошт! Довари канорӣ ба як сў ишора кунад довари майдон бошад баръакс! Ду-се даъфа чунин амалро такрор намуданд, ҳам ба фоидаи ину ҳам ба он. Яъне, довар дар доираи қоидаҳои бозӣ (ба ғайр аз хатогиҳои табиии довар) ҳукми хеш мебаровард. Шояд ин ҷавобгўи саволи чарои ҳайратовар (яъне пешсаф шудани тими ноўҳдабарои соли пешину ба қатори сустакон даромадани грандҳои қаблӣ) бошад?..

Бештар дилам ба ҳоли ҳуҷумгари Истиқлол сўхт, дар майдоначаи ҷаримавии ҳариф хешро чунон бардошта ба замин зад (шояд оҳи ҷонхарош ҳам баровард), ки қариб буд ҷигар кафонад, аммо довар подоше надод. Ўҳ ноинсоф! Солҳои қаблин агар чунин афтиш мекардӣ, корти сурх ва пеналти сад дар сад таъмин буд. Ба доварон чӣ шуда бошад?..

Таҳлили бозии дар қисми дуюми нишондодаи озодихоҳон касро ба нофаҳмӣ меорад. Аслан Истиқлол бо форматсияи нисбии 4-4-2 ё 4-1-2-1-2  бозӣ мекард. Вақте Питер Краучро довар барои гирифтани корти дуюми зард аз майдон ронд хатти ҳимояи Истиқлол  тағйироти ҷиддие надид, ки ғайричашмдошт аст. Агар ба пеш баромадани нимҳимоятгари хатти дифоъ (опорник)-ро ба назар нагирем, ҳамон чаҳор нафар дар хатти қафо буданду, боқӣ монданд. Аммо чаро хатти дифоъ тағйир наёфт?:

Шояд Олимҷон Рафиқов аз ҳуҷумҳои ҷавобии Хуҷанд андеша мекард…

Шояд Олимҷони қаҳрамони футболи тоҷик, бозигари тими дўстдошта ва ифтихори тоҷикон-Помири Душанбе онро ба назар гирифт, ки аз соҳилидарёиҳо дар Хуҷанд ба осонӣ бароят хол намедиҳанд ва то ба охир истодагарӣ мекунанд…

Шояд…

Ба ҳар ҳол зидди дастае, ки як нафар кам аст ва камин гирифтаасту ба пеш намеояд бо чаҳор нафар ҳимоятгар бозӣ кардан каме аз мантиқ берун бошад. Аммо Рафиқов дар ин бобат донотар асту бештар аз мо медонад.

Баъди камшавӣ нақши муҳоҷими канори ростро ҳимоятгари №42 аҳёнан иҷро менамуд, ки нав ба бозӣ даромад. Ўро лозим меомад, ки дар танҳои майсараи озодихоҳонро рахна созад.

Ҳангоми ҳуҷумҳои ҷавобӣ №42  зуд-зуд аз опекуни худ ҷудо мешуд. Вале афсўс, ки дарди имрўзаи футболбозони тоҷик: яъне, «фикрронии бисёр аз тафари бозигар» нагузошт, ки мо имрўз иқтидори пурраи машинаи №42-ро бубинем. Аммо чунин фикрронии зиёдро озодихоҳон надоштанд, зуд ба хулоса меомаданд, гоҳе дуруст ва гоҳе на.

Агар дастаи Истиқлолро барои ҳамдигарфаҳмии хуб ва бозии аҳлона таъриф кунем, аз дастаи Хуҷанд бошад, ҳунарнамоии бозигари №12 (муҳоҷими канори рост, яқин тоҷикистонӣ нест), Попов (хатти дифоъ) ва дарвозабони нави дастаро дар алоҳидагӣ қайд намудан айни муддаъост, муҳофизи №17 ҳам хеле хуб буд. Яъне дар шакли умум хатти дифоъи Хуҷанд ҳам паст хуб аст.

Агар дарвозабони нави Хуҷанд қадди баландтар медошт, он вақт бо боварии том гуфта метавонистем, ки Хуҷанд проблемаи дарвозабонро бикулл ҳалл кардааст. Аслан, имрўз қадди баланд барои дарвозабон талаботи рақами 1 ҳам нест (кофӣ аст ба ёд овардани Акинфеев). Бозии хуб дорад дарвозабон. Вале ҳанўз ба мисли Насимшех фармонфармоӣ надорад.

Хуҷанд як дарди ба худ хос дорад. Дар сурати бозии бохтаистода ё мусовӣ дар охири бозӣ ба ҳуҷуми «пода» (яъне навалом) мегузашт. Аммо имрўз ин амал дида нашуд.

Дар фарҷоми бозӣ Истиқлол лаҳзаи хуби голзаниро аз даст дод. Барои бозии дағалона довар зарбаи ҷаримавӣ таъин кард. То дарвоза ҳамагӣ 20 метр каме зиёд буд. Аммо гулўлаи озодихоҳон девори соҳилидарёиёнро ҳатто рахна насохт. Баръакс Хуҷанд зуд ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузашт. Мухлисон умед доштанд, ки дарди Хуҷанд боло меояд. Аммо чунин нашуд. Ақибгоҳи Истиқлол хело мустаҳкам буд.

В целом, Хуҷанд, ки мебоист аз Истиқлол мағлуб нашавад, вазифаашро сарбаландона иҷро кард. Аммо бозии Истиқлол бозии чемпионӣ нест. Хатти ҳуҷуми Истиқлол алҳол проблемадор аст.

Advertisements

17 thoughts on “Дар ҳошияи сафари суғдии қаҳрамон

  1. Бысёр шархи чолиб. Аммо хуб мешуд калимахои нимсоф точики истифода мешуд. “Опекун”-саробон, “В целом”, – “куллан” (имхо)

    • 🙂 рост гуфтед. Факат, проблема дар он аст, ки шаб нимхобу нимбедор футболи Реалу Барсаро тамошо карда, як бора шарх хам навиштам будам. Аммо чи тавр сохранить накардаам, худам намедонам. Факат сахар дар вакти нахори ноутбук ба сари зону монда оху вох кунон ин сатрхоро, ки дар каллаи кокам боки монда буданд иншо кардам. барои хамин сорри барои хатогихои грамматикию орфографи.

      • Шумо булачаб будаед. Бозии Реалу Барселонаро тамошо карда истода шархи бозии Хучанд ва Истиклолро навистед. Ё бо Владимир Ульянов ягон хешигари доред? (Ба кавли баъзехо, ки аз ривоятхои даврони Шурави маншаъ мегирифтанд, Ленин-бобо дар як вакт хам гап мезад, хам мехонд(менавишт), хам гуш мекрад, хам сакичи сиёх мехоид..)

  2. «ХАЙР» СНИМЕТСЯ С ЧЕМПИОНАТА?

    16:18:26 2011-05-05

    Вот уже как больше недели в футбольных кругах республики ходят слухи о том, что вахдатский «Хайр» снимется с чемпионата Таджикистана.

    Чтобы узнать правду, корреспондент СИА «Варзиш-Спорт» связался с главным тренером команды Тохиром Муминовым.

    – С чем связаны эти слухи? Что происходит в команде?

    – Все дело в том, что у «Хайра» сейчас очень тяжёлое финансовое положение. Можно сказать критическое. Одному человеку очень тяжело содержать команду, которая выступает в высшей лиге. По этой причине до сих пор невыплачены бонусы футболистам.

    – У «Хайра» нет других спонсоров?

    – К сожалению, нет. Много раз выходили с предложениями о сотрудничестве к местным бизнесменами, но никто не пошел нам навстречу. Обращались в хукумат города, но не получили поддержку. Сейчас команду содержит Кутбиддин Хайров.

    – Если ситуация не изменится, что ждет команду?

    – Подождем завершения первого круга. Если до того времени ничего не произойдет, то команда может сняться с высшей лиги Таджикистана. Но мы верим, что здравый смысл все-таки восторжествует и до снятия команды дело не дойдет.

    – Следующий матч «Хайр» сыграет с «Шодмоном» 11 мая. Какой настрой у футболистов?

    – С настроем все в порядке. Будем играть только на победу.

    Пештар чунин хабархо шавад, хабарнигорон мегуфтанд, ки ин аввалину охирин нест!
    Сад афсус, ки чунин аст…

  3. Ба аксхо эътибор дихед. Хучанд бо ду нафар хучум мекунад, ки яке аз майсараю дигаре аз маймана. Аз дурихо бошад як нафари дигар аз марказ ба хучум мебарояд. Вай ахён-ахён ба ин хат мебаромад ва бештар амали ниммухофизи хатти химояро бар душ дошт. Накши вай бештар “перехват” буд на пайваст ба хучум. Пай бурдан мумкин аст, ки хучуми Хучанд чидди нест. Даста бештар фикри химояро дорад. Вагарна бо ду нафар чи тур метавон хатти дифоъи зиёда аз 5 нафараи тавоноро рахна сохт.

    Онхоро чахор нафар химоятгарон дар як хат пешвоз мегиранд ва ба онхо ва ниммухофизи хатти дифоъ пайваст мешавад.

    Таксимоти озодихохон схемаи катъии 4-1-2-1-2 аст. Аслан Истиклол дар сурати акибнишини ба хамин схема мегузашт ва дар сурати хучум 4-3-1-2
    (ниммухофизи хатти дифоъ ба пеш мебаромад).

  4. Дар нимаи дуюми кисми дуюми бози Хучанд монда шуд. Ба хар хол мебоист, ки Истиклол ба 3 нафар мухофиз гузарад. Аммо чаро нагузашт? Ин чи чистон бошад?

    Аз бози буи фурушу ѓиромибози намеомад…

  5. Бахтиёр Файзуллоев , махсус барои “ФТ”
    Ман маколаи шуморо хондам ва бояд бигуям,ки бисер чолиб буд,аммо фикр накунам,ки Истиклол ба таъриф ва мадхи дубора ниез дорад,чунки шабакаи аввал ва сомонаи расми дар ихтиери онхост.
    Сархати зеринро 11бор хондам,вале ба мантики он пурра сарфахм нарафтам,хуб мешуд ин чумлахоятонро 1бори дигар тавзех медодед:”Дар ин вохўрӣ амалиёти доварон касро ба ҳайрат мегузошт! Довари канорӣ ба як сў ишора кунад довари майдон бошад баръакс! Ду-се даъфа чунин амалро такрор намуданд, ҳам ба фоидаи ину ҳам ба он. Яъне, довар дар доираи қоидаҳои бозӣ (ба ғайр аз хатогиҳои табиии довар) ҳукми хеш мебаровард. Шояд ин ҷавобгўи саволи чарои ҳайратовар (яъне пешсаф шудани тими ноўҳдабарои соли пешину ба қатори
    сустакон даромадани грандҳои қаблӣ) бошад?…”
    Вале инчо 1чиз аен аст:эхеи дубораи “Равшани ноухдабаро”(ибораи шумо)шуморо гамгин кардааст ва аз ин сатрхои нигоштаи шумо буи гаразу бадбини меояд.Намедонам ин Равшан ба шумо чи кардааст,ки онро ин кадар бад мебинед ва…..вокеан,агар “грандхо”и шумо хуб бози накунанд,айби “ноухдабароен” чи??!!?? Равшан-ку ягон “таго” “дар болохо” надорад,ки шумо битарсед.
    Хуллас,ман ба шумо аз номи 1000он мухлиси дастаи Равшани Кулоб,ки дастаро ба хеч чиз нигох накарда,чи дар бозихои хонагию чи дар мехмони овоз дарронда,дастгири мекунанд,гуфтаниям:Равшан хамаи холхои худро бевосита худ ва бо мехнати халол ХАККОНИ гирифтааст.Агар Худо умр дихад ва ягон вокеаи ногахони нашавад,дастаи ноухдабаро 17май маълум мешавад!

  6. 🙂 Рахмат барои критика.

    Аммо, ман гуфтани хастам, ки солхои пешин “Равшан” ноухдабаро буд. Хатоги дар матн дар он аст, ки калимаи ноухдабаро бояд дар дохили нохунак гирифта мешуд.
    Ё ки суолро дигар тарз медихем:
    Барои чи соли гузашта Равшан дар поён буду имсол дар садр?
    Аз нигохи ман ду чавоб аст:
    Якум Равшан пуркувват шудааст.
    Дуюм доварон!!! Как никогда честно (дар савияи дониши худ), ки тамоман гайричашмдошт аст.

    Мисол, солхои пеш хангоми вохурии дастахои шимол бо “грандхо”, аз кабили “Истиклол”, “Вахш” ва хусусан “Регар” дар шимол доварон ГАРЕЕЕЕЕНИ номарди мекарданд. Ба номи Худо рост мегум! Аммо имсол номарди намекарданд. Хатогихое зохир мекарданд, ки аз хисоби донишу фахмиши худ буд.

    Фикр мекунам, ки ба парвози Равшан тозагии доварон низ кумак кардааст. Яъне шояд бар зидди тимхои каблан “ноухдабаро” амсоли Равшан анакнун г,ироми намекунанд, ки дар натича яке чи тавре Шумо кайд кардед яке “халол” хол ба даст меораду дигаре имкони холгири надорад.

  7. Дар бозии Хучанд ва Истик доварон дар доираи нофахмии худ хатоги мекарданд:
    Довари канори ба як су нишон медихад (гуё туб аз Истиклол) аммо довари асоси баръакс (туб аз Хучанд).

  8. Хамин амалашонро чанд бор такрор карданд. Агар як бор ба фоидаи Хучанд бошад бори дигар ба фоидаи Истиклол. Афсус, ки бозихои мо тарики телевизион пурра нишон дода намешаванд, вагарна бо чашми худатон медидед чунин хатогихои доваронро.
    Аммо ин амали онхоро ман фурухта шуданашон намехисобам. Агар довар фурухта мешуд, хадди акал Истиклол бояд ду дафъа чаримаи 11 метра мезад (афтиши зебою чонкохи истиклоли) Хучанд 1 маротиба (афтиши накамзеботари хучанди дар чаримагохи Истиклол). Аммо довар дар ин амали бозигарон симулятсияро дид, ки аён буд. Фикр мекунам, барои артистии сатхи олиашон ба онхо корти зард надод…

  9. Эхёи Равшан маро гамгин кардааст? Бовар кунед, сад дар сад хато мекунед!
    Зинхор, мефахмед, зинхор (!) чунин фикр накунед!

  10. Ягон гараз хам надорам. Бехуда чунин фикр накунед, нисбати ягон дастаи точикон.

    Соли пешин вакте Хучанд дар майдони худ бо Равшан бози карда буд (хато накунам хисоб 4-3) ба бози нарафта будам. Равшанро дастаи суст мешинохтем ва фикр карда будам, ки ягон чизи ачибе нашавад.

    Аммо вакте кисми дуюми бози Равшан Хучандро кариб басёфт (яъне догонять кард) ман пушаймон шудам, ки ба бози нарафтам, чи гуна будааст ин дастаи гарданшах, ки агар хато накунам аз 4-1 то 4-3 бароварда буд.

  11. Бахтиер 17май хатман ба бози равед,пушаймон намешавед,муборизаи шадидро то сонияхои охири бози аз чониби Равшан ваъда медихам!!!

  12. РАВШАН-Регар Тад-Аз 2-0!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!
    Бо хуши хаматон наравад, РАВШАН хакки халол галаба кард. Дар хузури 20 хазор мухлисаш(ин карат аник ки 20 хазор мухлис зиёд буду кам не )

  13. аli jоn Варзишгохи марказии Кулоб 17хаз. чой дорад.

    Чемпионат Таджикистана. 7-й тур «Гвардия» – «Худжанд» – 0:0 «Равшан» – «Регар-ТадАЗ» – 2:0 «Вахш » – «Энергетик» – 0:1 Матч «Хайр» – «Шодмон» состоится 11 мая.
    Равшан чемпиооонн!!!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s