Баста шудани сафҳаи Facebook-и бозигари Реол Модрид ба хотири ҳимоят аз Фаластин


Ширкати Facebook дар иқдоме ғайриинсонӣ сафҳаи Марсело, бозигари бразилии Реол Модридро ба хотири ҳимоят аз интифозаи Фаластин баст.

Ба гузориши хабаргузории Тақриб, ин ширкат дар як иқдоми ғайриинсонӣ сафҳаи шахсӣ ва расмии Марсело, бозигари бразилии Реол Модридро ба хотири ҳимояташ аз интифозаи Фаластин баст. Ин иқдом нахустин бор нест, ки дар Facebook такрор шудааст ва ин ширкат сафаҳотеро, ки дар ҳимоят аз интифоза ва мардуми Фаластин дар ин шабакаи иҷтимоӣ эҷод мешавад, аз дастрасӣ хориҷ мекунад.

Марсело чанд рӯз пеш аксе дар сафҳаи Facebook-и худ аз интифоза ва қиёми мардуми Фаластин гузошта ва дар тавзеҳи он навишта буд: “Қалбам бо мардуми Фаластин аст!”

Ин ҷумла дар чанд рӯзи ахир бо сару садои зиёде дар фазои веб мувоҷеҳ шуда буд; ба ҳадде ки теъдоди бисёр зиёде аз боздидкунандагони ин сафҳа мувофиқати худро бо мавзеи Марсело эълом карда буданд.

Ҳарчанд ин ҷумла мухолифоне ҳам дошт, аммо норизоятии лобии саҳюнизм аз мувофиқони бисёр зиёди Марсело ва ҳамроҳии онон бо мавзеи зиддисаҳюнистиаш будааст, ки ба ҳамин иллат, бар масъулони Facebook фишор ворид гардид, то ин сафҳаро бибанданд.

Шиори лобии саҳюнистӣ, ки ҳатто дар сатҳи мудирони Facebook, Twitter, Yahoo ва бисёри дигар аз сойтҳои машҳури ҷаҳон нуфуз кардааст, дифоъ аз озодии баён аст, аммо то он ҷо ки ба режими нажодпарасти саҳюнистӣ интиқоде ворид нашавад.

Кимиёи саодат

5 thoughts on “Баста шудани сафҳаи Facebook-и бозигари Реол Модрид ба хотири ҳимоят аз Фаластин

  1. Чи хуш гуфтааст,ин бозигари шохона:”Калбам бо мардуми Фаластин аст”!
    Худованд туро ба дини мубини ислом мушарраф бигардонад,МАРСЕЛО!!!

  2. Салом, Ман Хаким аз нохияи Кубодиён,
    Ман хайрон чаро факат маълумот дар бораи Лигаи оли хасту а Лигаи аввал нест, хамина хеч илочаш нестай ки хамон лигаи аввалам барорад, ино хабарнигорон чи кор мекунанд ман хайрон

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s