Номаи Федератсияи футболи Афғонистон ба ФФТ


Нарзуллоҳи Латиф, Радиои Озодӣ

Федератсияи футболи Афғонистон дар як номаи худ ба унвони Федератсияи футболи Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки ба иллати нооромӣ дар ин кишвар барои баргузории бозии даври аввали сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 миёни тимҳои мунтахаби миллии Афғонистон ва Фаластин дар Тоҷикистон иҷоза бидиҳад.

Ба гуфтаи Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии тимҳои Афғонистон ва Фаластин рӯзи 29-уми июн дар варзишгоҳҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор хоҳад шуд.

Ба ҷуз аз ин бозӣ, дар нахустин даври сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар қораи Осиё, тимҳои Малайзия – Тайван, Бангладеш – Покистон, Камбоҷа – Лаос, Шри-Ланка – Филиппин, Вйетнам – Макао, Непал – Тимори Шарқӣ ва Муғулистон – Мянмар қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Бозиҳои ҷавобӣ 3-юми июл баргузор мешаванд. Вале дар бораи макони баргузории бозии ҷавобии Фаластин – Афғонистон хабаре нест. Фаластин низ ба мисли рақибаш имкони дар хона бозӣ карданро надорад. Аз эҳтимол дур нест, ки бозии ҷавобии ин дастаҳо дар Тоҷикистон доир шавад.

Ғолиби ҷуфти Афғонистон – Фаластин аз рӯи натоиҷи ду бозӣ дар даври дуввум рӯзҳои 23-юм ва 28-уми июл бо тими миллии Тайланд рақобат мекунад.

Тими миллии Тоҷикистон бошад, дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 аз даври дуввум ширкат хоҳад кард. Рақиби футболбозони тоҷик тими миллии Сурия мебошад. Нахустин бозии дастаи Тоҷикистон 23-юми июл дар сафар ва бозии ҷавобӣ 28-уми июл дар шаҳри Турсунзода доир хоҳад шуд.

Ҷамъбасти даври 9-уми Лигаи олии Тоҷикистон

Дар чаҳор бозии даври нӯҳуми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон мизбонон пирӯз шуданд ва як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфт.

“Шодмон” (Ҳисор)  дар майдони худ “Гвардия” (Душанбе)-ро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. Голҳои “Шодмон”-ро Худойдод Нусратов (дақиқаи 22-юм), Рустам Хоҷаев (30), Комрони Мирзохон (37) ва Маҳмадсаид Бобомуродов (41) ва як голи  меҳмононро Абдурасул Раҳмонов (57) ба самар расонданд.

“Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) тими меҳмон -“Хайр” (Ваҳдат)-ро бо ҳисоби  1:0 мағлуб кард. Тӯбро Аскар Равшанов дар дақиқаи 29-ум вориди дарвозаи меҳмонон кард.

“Энергетик” (Душанбе) дар майдони худ ССКА “Помир” (Душанбе)-ро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод. Голҳои “Энергетик”-ро Габриэл Донто (20), Шодибек Ғаффоров (54) ва Акмал Авазов (63) заданд. Ду голи ССКА “Помир” ба Зафар Зубайдов (45) ва Далер Раҷабов (84) мутааллиқ аст.

“Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) ба дастаи меҳмон – “Вахш” (Қӯрғонтеппа) бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Ду голи мизбононро дар нимаи аввали дидор Ҷомихон Муҳиддинов ва Мансур Ҳакимов ба ҳадаф расонданд. Як голи меҳмононро Аҳтам Ҳамроқулов дар нимаи дуввум зад.

Ёдовар мешавем, бозии “Хуҷанд” (Хуҷанд) – “Равшан” (Кӯлоб) бо ҳисоби 1:1 поён ёфт. Индус Ҳусейнов, ҳамлагари “Равшан”, дар нимаи дуввуми дидор, дар дақиқаи 61-ум, ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро Муҳаммад Уматқулов, легионери узбакистонӣ, дар замони изофӣ (90+6) ба самар расонд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин панҷ нафар – Мирзобек Мирзоев (“Хайр”), Комил Саидов (ССКА “Помир”), Фозил Сатторов (“Равшан”) ва Габриэл Донто (“Энергетик”) бо панҷголӣ дар сафи пешанд.

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон як зина поин шуд

Тоҷикистон дар феҳрист ё рейтинги навини FIFA (Федератсиюни байнулмилалии футбол) байни 207 дастаи миллии кишварҳои ҷаҳон як зина поин шуд ва дар ҷои 135-ум қарор гирифтааст.

Тоҷикистон миёни ҷамоҳири собиқи Шӯравӣ аз Туркманистону Қазоқистон ва Қирғизистон пеш аст. Русия, ки миёни ин кишварҳо дар ҷои аввал мебошад, мавқеашро дар зинаи 18-ум нигоҳ дошт.

Мавқеи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: ҷои 35-юм (35-ум буд) Укроин. 47(46) Литва. 53 (53) Беларус. 57 (56) Гурҷистон. 62 (62) Арманистон. 75 (74) Эстония. 77 (76) Латвия. 83 (83) Узбакистон. 86 (86) Молдова. 108 (107) Озарбойҷон. 135 (134) Тоҷикистон. 139 (140) Қазоқистон. 141 (139) Туркманистон. 169 (160) Қирғизистон.

Дастаи миллии Испания дар феҳристи навини FIFA мисли пешин дар ҷои аввал аст. Ҳолланд дар ҷои дуввум ва Бразил дар ҷои севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Олмон, Аргентина, Инглистон, Уругвай, Португол, Италия ва Хорватия ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар ҷои 21-ум қарор дорад. Даҳ дастаи беҳтарини Осиё инҳоянд: Ҷопон (дар феҳристи ҷаҳонӣ 14-ум), Австралия (20), Кореяи Ҷанубӣ (31), Эрон (48), Чин (77), Узбакистон (83), Арабистони Саудӣ (88), Ироқ (89), Қатар (92) ва Урдун (93).

Бояд тазаккур дод, ки натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 114-ум дар моҳи июли соли 1997 мебошад. Натиҷаи аз ҳама пасти Тоҷикистон ҷои 180-ум аз рӯи натиҷагирии моҳи июли соли 2003-юм буд.

Бозии “Хуҷанд” – “Равшан” мусовӣ шуд

Бозии даври нӯҳуми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 1:1 поён ёфт.

Ин бозӣ 17-уми май дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият”-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Индус Ҳусейнов, ҳамлагари “Равшан”, дар нимаи дуввуми дидор, дар дақиқаи 61-ум, ҳисобро боз кард. Ин голи чаҳоруми Индус ҳисоб меёбад. Вале баъдан ӯ барои корти дуввуми зард аз ҷониби сардовари бозӣ Диловар Орзуев(ноҳияи Ҳисор) аз майдон хориҷ шуд.

Голи ҷавобиро Муҳаммад Уматқулов, легионери узбакистонӣ, дар замони изофӣ (90+6) ба самар расонд.

“Равшан” бо 20 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. “Хуҷанд” бо 9 имтиёз дар зинаи ҳафтум ҷой гирифтааст.

“Истиқлол” – ғолиби сабқати гурӯҳи “В”

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, рӯзи 17-уми май бозии охирини сабқати гурӯҳии Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиёро дар шаҳри Янгон бо тими мизбон – “Яданарбон”-и Мянмар бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод.

Нахуст Нуриддин Давронов, нимҳимоятгари “Истиқлол”, дар нимаи дуввум, дар дақиқаи 57-уми дидор, бо зарбаи сахт аз масофаи дур ҳисобро боз кард.

Вале дар замони изофӣ мизбонон аз пенолти ё ҷаримаи 11-метра ҳисобро баробар намуданд.

Ҳамин тариқ, “Истиқлол” ва “Яданарбон” 7-имтиёзӣ ба даст оварданд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо (11-1) “Истиқлол” дар гурӯҳи “В” ғолиб шуд. “Яданарбон” (таносуби тӯбҳояш 11-4), барандаи феълии Ҷоми раиси AFC, мақоми дуввумро касб кард.

Бар асоси низомномаи мусобиқа, дастаҳои “Истиқлол” ва “Яданарбон” барои ширкат дар сабқати ниҳоии Ҷоми раиси Конфедаратсияи футболи Осиё, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд, роҳхат гирифтанд.

Дастаҳои “Тайван Пауэр Компани”-и Тайван ва “Балкан”-и Туркманистон низ дар сабқати гурӯҳи “С” 7-имтиёзӣ ба даст оварданд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо, тайваниҳо ҷои аввал ва туркманҳо ҷои дуввумро касб карда, ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Боз чаҳор дастаи гурӯҳи “А” – “Пномпен Краун”-и Камбоҷа, “Нефтчӣ”-и Қирғизистон, “Абахан”-и Бангладеш ва “Дон Боско”-и Шри-Ланка барои ду роҳхати охирин ба сабқати ниҳоии Ҷоми раиси AFC талош хоҳанд кард.

Бозиҳои ин гурӯҳ аз 21-ум то 25-уми май дар Камбоҷа баргузор хоҳад шуд.

“Истиқлол” дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми раиси AFC

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар бозии дуввуми сабқати гурӯҳии Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё дар пойтахти Мянмар – шаҳри Янгон, бар тими “Йидзин”-и Бутан бо ҳисоби бузурги 8:0 пирӯз шуд, ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифт.

Бозиҳои даври дуввуми гурӯҳи “B” рӯзи 15-уми май дар варзишгоҳи “Маркази тамринии ҷавонон”-и шаҳри Янгон барпо гардид.

Нахуст дастаҳои “Истиқлол” ва “Йидзин” вориди рақобат шуданд. Дар ин бозӣ Фарҳод Тоҳиров 4 гол, Фатҳулло Фатҳуллоев 2 гол, Дилшод Восиев ва Акмал Сабуров якголӣ заданд.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаи мизбон – “Яданарбон”-и Мянмар тими “Ҷабал Ал-Мукабир”-и Фаластинро бо ҳисоби 4:3 мағлуб кард. Бояд тазаккур дод, ки мизбонон баъди се гол хӯрдан ба худ омада, ҳисобро баробар карданд ва дар дақиқаи охирини дидор бозиро ба нафъи худ анҷом доданд.

Ёдовар мешавем, “Истиқлол” дар нахустин бозияш бар тими “Ҷабал Ал-Мукабир” бо ҳисоби 2:0 ғолиб омада буд. Голҳоро Фатҳулло Фатҳуллоев ва Иброҳим Рабимов ба самар расонданд. Тими “Яданарбон” бошад, дастаи “Йидзин”-ро бо ҳисоби 6:0 шикаст дода буд.

Ҳоло “Истиқлол” бо 6 имтиёз (таносуби тӯбҳояш 10-0) дар ҷои аввал қарор дорад. “Яданарбон” низ 6 имтиёз ба даст овардааст, вале бо дарназардошти таносуби тӯбҳо (10-3) дар ҷои дуввум мебошад.

Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар бозии охирини сабқати гурӯҳи “В” рӯзи 17-уми май бо дастаи мизбон – “Яданарбон”, барандаи феълии Ҷоми раиси AFC, рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Дар бозии дигари даври севум тимҳои “Ҷабал Ал-Мукабир” ва “Йидзин” бо ҳам рақобат хоҳанд кард, вале новобаста аз натиҷаи ин бозӣ футболбозони Фаластин ва Бутан аз ҳаққи идомаи мубориза барои Ҷоми раиси AFC маҳрум гаштанд.

Бар асоси низомномаи мусобиқа ду дастаи беҳтарини гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат мегирад. Сарфи назар аз натиҷаи бозии охирин дастаҳои “Истиқлол” ва “Яданарбон” ба сабқати ниҳоии Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё роҳ ёфтанд. Мизбонон ва футболбозони тоҷик барои ғолиб шудан дар гурӯҳи “В” талош хоҳанд кард.

Пирӯзии дигари “Истиқлол” дар Мянмар

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии дуввуми сабқати гурӯҳии Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё дар пойтахти Мянмар, шаҳри Янгон, бар тими “Йидзин”-и Бутан бо ҳисоби бузурги 8:0 пирӯз шуд.

Ин бозии гурӯҳи “B” рӯзи понздаҳуми май дар варзишгоҳи “Маркази тамринии ҷавонони Янгон” дар Мянмар баргузор гардид.

Шоми понздаҳуми май дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаи мизбон – “Яданарбон”-и Мянмар бо тими “Ҷабал Ал-Мукабир”-и Фаластин рақобат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, “Истиқлол” дар нахустин бозияш бар тими “Ҷабал Ал-Мукабир” бо ҳисоби 2:0 ғолиб омада буд. Тими “Яданарбон” бошад, дастаи “Йидзин”-ро бо ҳисоби 6:0 шикаст дод.

Бар асоси низомномаи мусобиқа ду дастаи беҳтарини гурӯҳ ба сабқати ниҳоӣ роҳхат мегирад. Ҳоло “Истиқлол” бо шаш имтиёз дар ҷои аввал қарор гирифтааст. “Яданарбон” се имтиёз дорад.

Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар бозии охирини сабқати гурӯҳӣ рӯзи 17-уми май бо дастаи мизбон – “Яданарбон”, барандаи феълии Ҷоми раиси АФК, рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Сарфи назар аз натиҷаи ин бозӣ, футболбозони тоҷик ба сабқати ниҳоии Ҷоми раиси Конфедаратсияи футболи Осиё роҳ ёфтанд. Мизбонон ва бозигарони “Истиқлол” миёни худ барои ҷои аввал талош хоҳанд кард.

Бохти ССКА аз “Шодмон”

Дастаи ССКА “Помир”-и Душанбе дар даври ҳаштуми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон аз тими “Шодмон”-и Ҳисор бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

Ин бозӣ 14-уми май дар варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе баргузор шуд. Голи ҳалкунандаро ҳамлагари ҳисориҳо – Худойдод Нусратов дар нимаи дввуми дидор, дар дақиқаи 63-юм ба самар расонд.

Дар зимн, ин голи чаҳоруми Нусратов ба ҳисоб меояд. Габриэл Донто (“Энергетик”) низ чаҳор гол задааст.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин се нафар – Мирзобек Мирзоев (“Хайр”), Комил Саидов (ССКА “Помир”) ва Фозил Сатторов (“Равшан”), ки ҳар кадом 5 гол задааст, пешқадаманд.

Пас аз пирӯзӣ бар ССКА “Помир” тими “Шодмон” бо 7 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот ба ҷои 8-ум баромад. Вале ССКА “Помир” бо вуҷуди бохт мавқеашро бо 12 имтиёз дар зинаи чаҳорум нигоҳ дошт.

Ёдовар мешавем, се бозии даври ҳаштум, ки 13-уми май барпо гашта буд, бо чунин натиҷаҳо поён ёфт:

“Гвардия” (Душанбе) – “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) – 2:3

“Вахш” (Қӯрғонтеппа) – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – 0:1

“Равшан” (Кӯлоб) – “Энергетик” (Душанбе) – 2:0

Бозигари “Равшан”-ро кӣ корд зад?

Мӯъмин Аҳмадӣ

Ҳуҷумкунандаи дастаи футболи «Равшан» Наврӯз Рустамов имрӯз аз беморхона ҷавоб дода шуд.

Бегоҳии рӯзи 12-уми май ӯ бо захми ду корд дар бадан дар беморхона бистарӣ шуда буд. Пизишкон мегӯянд, ду корде, ки дар бадани ин ҷавони 18-сола зада шудааст, ҷиддӣ нест ва ӯ пас аз 20 рӯзи табобат дар хона, метавонад дубора ба бозӣ барояд.

Қаблан дар шаҳру навоҳии Кӯлоб сару садо баланд шуд, ки гӯё ин бозингарро рӯзе пеш аз бозии дастаи «Энергетик» бо «Равшан», дар муноқишае бозингарони дастаи меҳмон зада бошанд.

Аммо Акрам Ҳусейнов, ноиби раиси клуби футболи «Равшан» гуфт: «Рости моро ҳам ин сару садоҳо нигарон кардааст. Дар асл бозингари дастаи мо тасодуфан ярадор шудааст ва на дар муноқиша бо бозингарони дастаи меҳмон. Ин ҳодисаи як рӯз пеш аз бозӣ шуда буд. Бегоҳӣ Наврӯз ҳангоми аз кӯча гузаштан шоҳиди муноқишаи гурӯҳи ҷавонон мегардад ва ҳангоми халос кардани онҳо, аз зарби нафаре маъюб мешавад. Ин сирф ҳодисаи тасодуфӣ буд.»

Дар ҳоли ҳозир, Шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Кӯлоб 5 танро бо гумони даст доштан дар ин муноқиша боздошт кардаанд.

Сафар Мӯъминов, мурабии дастаи «Равшан» мегӯяд: «ин авбошоне, ки бозингари беҳтарини онҳоро маъюб кардаанд, аслан мухлиси футбол набудаанд, вагарна ӯро мешинохтанд.»

Ба гуфтаи ӯ, дар асл бозии миёни дастаи «Энергетик» ва «Равшан» хеле орому осуда гузашт ва ҳеҷ муноқишае дар он рух надодааст.

“Равшан” ба ҷои аввал баромад

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб пас аз пирӯзӣ дар даври ҳаштуми сабқати Лигаи олии Тоҷикистон дар майдони худ бар тими «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 дар ҷадвали мусобиқот ба зинаи аввал баромад.

Ҳар ду голро Фозил Сатторов ва Индус Ҳусейнов дар нимаи дуввуми дидор ба самар расонданд.

Ду бозии дигар бо чунин натиҷаҳо анҷом пазируфт:

«Вахш» (Қӯрғонтеппа) – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода)- 0:1 (голро Пирмурод Бурҳонов дар дақиқаи шашум) зад.

«Гвардия» (Душанбе)-Парвоз (Бобоҷон Ғаффуров)-2:3

Бозии дигари даври ҳаштум 14-уми май миёни дастаҳои ССКА “Помир” (Душанбе) – “Шодмон” ( Ҳисор) баргузор мешавад.

Ба ин тартиб «Равшан» бо 19 имтиёз аз ҳашт бозӣ дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст.

«Истиқлол»-и Душанбе, ки ду бозӣ камтар анҷом додааст, бо 16 имтиёз дар ҷои дуввум мебошад. «Хайр»-и Ваҳдат бо 14 имтиёз аз шаш бозӣ дар ҷои саввум аст. Дастаҳои «Истиқлол» ва «Хайр» то ҳоло бохт надоранд. «Парвоз» нахустин пирӯзӣ ба даст овард.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин се нафар – Мирзобек Мирзоев (“Хайр”), Комил Саидов (ССКА “Помир”) ва Фозил Сатторов (“Равшан”) панҷ голӣ задаанд.

“Хайр” дар майдони худ бозиро мусовӣ анҷом дод

Бозии охирини даври ҳафтуми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои “Хайр”-и Ваҳдат ва “Шодмон”-и Ҳисор шоми чоршанбеи 11-уми май бо ҳисоби 1:1 поён ёфт.

Дар ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи “Хайр”-и Ваҳдат баргузор шуд, нахуст меҳмонон ҳисобро боз карданд. Голро Худойдод Нусратов дар дақиқаи 30-юми нимаи аввали дидор ба самар расонд. Голи ҷавобиро Ҷамолиддин Оев дар нимаи дуввуми бозӣ, дар дақиқаи 61-ум зад.

Дар ҷадвали мусобиқот “Истиқлол”-и Душанбе бо 16 имтиёз аз шаш бозӣ дар ҷои аввал мебошад.

“Равшан”-и Кӯлоб низ 16 имтиёз ба даст овардааст, вале як бозӣ зиёд кардааст. Инчунин бо дарназардошти таносуби тӯбҳо “Равшан”дар ҷои дуввум қарор дорад. Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат, ки аз 6 бозӣ 14 имтиёз гирифтааст, дар ҷои севум аст.

Зимнан, дастаҳои “Истиқлол”-у “Хайр” бохт надоранд. Инчунин, тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ягона дастаест, ки имтиёз ба даст наовардааст ва дар зинаи охирин ҷойгир шудааст.

Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) ва Комил Саидов (ССКА “Помир”) дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин бо панҷголӣ пешқадаманд. Габриэл Донто (“Энергетик”) ва Фозил Сатторов (“Равшан”) ҳар кадом чорголӣ задаанд.

Advertisements

3 thoughts on “Номаи Федератсияи футболи Афғонистон ба ФФТ

  1. Соперник Таджикистана выигрывает в Ираке
    30.06.2011 11:07
    Арбил – Сборная Сирии провела 29 июня товарищеский матч в Ираке и выиграла 2:1 у экс-чемпионов Азии. Подопечные Низара Махруса продолжают подготовку к квалификационным поединкам ЧМ-2014 с Таджикистаном (23 и 28 июля).

    Счет на 15 минуте открыли гости усилиями Абдулразака Аль-Хусейна, за четверть часа до финального свистка преимущество сирийцев закрепил Надим Сабаг. И только после этого Алаа Абдул-Зара провел гол престижа.

    После визита в Ирак, с 3 по 10 июля, сборная Сирии проведет учебно-тренировочный сбор в Турции, где 5 июля проведет спарринг с Иорданией, а затем померится силами с национальной командой Омана (13 июля в ливанском Бейруте). Расписание других товарищеских матчей с участием азиатских команд:

    _________________________

    Аз тими миллии мо ягон хабар бошад???
    Сирия се бозии харифона мегузаронад!!! омодагиашон хело хуб.
    Хоболудхои мо бо чи кор машгул бошанд?
    бояд аз хозир тамринро сар кард, бозихои дустона бо дастахои пуркуваттар, ки сатхи бозиашон бо Сирия баробар бошад бози доир намоянд.
    Фикр мекунам Афгонистон ё Фалистинихоро рози кунонида як бози мегузаронанд, ин хело нокофист !!!

    • 🙂 Ачоиб гап мезанед, аввал хаминро хам гузаронанд, мо шукр мекардем. :))

  2. Аз ФИФА ва АФК сума каф карда мегиран, барои бозихои асоси , ба тамрину бозии санчиши маблаг масраф накунад, барои чи дигар сарфа менамояд ???
    Худо мегум барои составро муаян кардан хато накунанд…
    Ягон сомонахои варзаши акалан мусохиба баргузор намекунанд бо чаноби Кодиров, як мепурсидан ки дар состав ин дафъа низ Фуруг бачаашро мегирифта бошад???

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s