Нарзуллоҳи Латиф, Радиои Озодӣ

Натоиҷи бозиҳои даври 14-уми Лигаи олии Тоҷикистон

Бегоҳи душанбеи 6-уми июн се бозии даври 14-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Дастаи “Истиқлол»-и Душанбе дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар бар тими меҳмон – «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 3:1 пирӯзӣ ба даст овард. Голҳои “Истиқлол”-ро Юсуф Рабиев (дақиқаи 53-юм), Фарҳод Тоҳиров (85) ва Иброҳим Рабимов (90+4) ва як голи “Хайр”-ро Парвиз Турсунов (64) ба самар расонданд.

Бозии «Энергетик»-и Душанбе – «Равшан»-и Кӯлоб дар варзишгоҳи “Барқ”-и шаҳри Норак баргузор шуд. Тақдири бозиро голи дар нимаи аввали дидор ба дарвозаи “Энергетик” задаи Ҳикмат Расулов ба нафъи “Равшан” ҳал кард.

Дастаи “Шодмон”-и Ҳисор дар майдони худ аз ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Голи меҳмононро Комил Саидов дар нимаи дуввуми бозӣ ба самар расонд.

Бозии “Регар -ТадАЗ”-и Турсунзода – «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ба иллати ширкати дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми 10-солагии ШОС” (Созмони ҳамкориҳои Шанхай), ки аз 7-ум то 13-уми июн дар пойтахти Қазоқистон –  шаҳри Остона баргузор мешавад, мавқуф гузошта шуд. Ҳамчунин бозии “Регар-ТадАЗ” бо “Равшан”-и Кӯлоб низ аз 9-уми июн ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст.

Бояд гуфт, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар 4 футболбоз аз тими “Регар-ТадАЗ” даъват шудаанд. Инчунин сармураббии “Регар-ТадАЗ” Маҳмадҷон Ҳабибуллоев сарвари тими мунтахаби ҷавонон ва ёвараш Наҷмиддин Толибов мебошанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Остона-Арена” дар гурӯҳи “А” 7-уми июн бо тими Қазоқистон-1 ва 9-уми июн бо мунтахаби Қирғизистон бозӣ хоҳад кард. Ба гурӯҳи “В” тимҳои мунтахаби ҷавонони Русия, Чин ва Қазоқистон-2 дохиланд.

Бозии охирини даври 14-уми сабқати Лигаи олӣ миёни дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров –  «Гвардия»-и Душанбе, ки 7-уми июн баргузор шуд, бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи “Парвоз” поён ёфт. Мансур Ҳакимов ду гол(дақиқаҳои 50-ум ва 72-юм) ва Алишер Қосимов(83) як гол заданд.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа «Равшан» бо 29 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. Тими «Истиқлол», ки се бозӣ камтар кардааст, бо 28 имтиёз дар ҷои дуввум аст. Дастаи «Регар-ТадАЗ» бо 25 имтиёз дар ҷои саввум қарор дорад.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Мирзобек Мирзоев (“Хайр”), Фозил Сатторов(“Равшан”) ва Юсуф Рабиев(“Истиқлол”) бо ҳаштголӣ пешсафанд. Габриэл Донто (“Энергетик”) 7 гол, Аҳтам Ҳамроқулов(“Вахш”), Комил Саидов (ССКА“Помир”) ва Мансур Ҳакимов(“Парвоз”) 6-голӣ задаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой

 Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1. “Равшан” 13 9 2 2 24-8 29
2. Истиқлол” 10 9 1 0 276 28
3. Регар-ТадАЗ 12 8 1 3 2512 25
4. “Хайр” 12 6 2 4 18-13 20
5. “Энергетик” 13 6 1 6 19-20 19
6. ССКА “Помир” 13 5 1 7 19-21 16
7. “Хуҷанд” 12 4 3 5 11-17 15
8. “Шодмон” 12 4 1 7 17-20 13
9. “Вахш” 12 4 0 8 12-15 12
10. “Парвоз” 13 4 0 9 14-32 12
11. “Гвардия” 12 1 2 9 10-29 5

Даври 15-ум
9 июн (панҷшанбе)

«Шодмон» – «Хайр»
«Энергетик» – «Вахш»

10 июн (ҷумъа)
«Истиқлол» – ССКА «Помир»
«Хуҷанд» – «Гвардия»

Оғози бозиҳо – соати 17.30

Пирӯзии пешсафон дар даври 13-уми Лигаи олии Тоҷикистон

Рӯзи 3-юми июн бозиҳои даври 13-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд. Ду бозӣ бо пирӯзии мизбонон ва се бозӣ бо ғалабаи меҳмонон поён ёфт.

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ бар тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 5:0 ғалаба кард. Фозил Сатторов ду гол, Эраҷ Холов, Маъруф Рустамов ва Зокир Абдулхайров якголӣ заданд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар бар тими мизбон – “Гвардия”-и Душанбе бо ҳисоби 5:2 ғолиб омад. Се голи “Истиқлол”-ро капитани даста Юсуф Рабиев ба самар расонд.

Инчунин баъди зарбаи Юсуф тӯб ба пои Исфандиёр Зуҳуров, бозигари “Гвардия”, бархӯрд ва вориди дарвоза шуд (автогол). Голи панҷуми “Истиқлол”-ро Фарҳод Тоҳиров зад. Голҳои “Гвардия”-ро  Озар Ғафуров ва Исфандиёри Маҳмадалӣ ба ҳадаф расонданд.

Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат дар майдони худ аз тими меҳмон – “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Ҷамшед Исмоилов ду гол ва  Сӯҳроб Эгамбердиев як гол заданд.

ССКА “Помир”-и Душанбе дар майдони худ бозиро ба “Энергетик”-и Душанбе бо ҳисоби 1:3 бохт. Голҳои меҳмононро Расул Файзов, Аҳтам Назаров ва Габриэл Донто ва як голи мизбононро Далер Раҷабов аз ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонданд.

Дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бар тими “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Рустам Усмонов, капитани “Вахш”, дар дақиқаҳои аввали бозӣ ҳисобро боз кард. Тӯби дуввумро дар нимаи дуввуми дидор Аҳтам Ҳамроқулов аз ҷаримаи 11-метра ба тӯри дарвоза зад.

Дар ҷадвали мусобиқа «Равшан» бо 26 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. «Истиқлол», ки се бозӣ камтар кардааст, бо 25 имтиёз дар ҷои дуввум аст. «Регар-ТадАЗ» низ 25 имтиёз ба даст овардааст ва бо дарназардошти таносуби тӯбҳо дар ҷои севум қарор дорад.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) ва Фозил Сатторов (“Равшан”) бо 8-голӣ дар ҷойи аввал мебошанд. Габриэл Донто (“Энергетик”), Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) 7-голӣ ва Аҳтам Ҳамроқулов (“Вахш”) 6 гол задаанд.

Натиҷагирӣ аз 4 даври сабқати Лигаи якуми Тоҷикистон

Бозиҳои даври чаҳоруми сабқати Лигаи якуми футболи Тоҷикистон рӯзи 1-уми июн баргузор шуданд.

Бозиҳо бо чунин натиҷаҳо ба анҷом расиданд : “Румӣ” – “Ҳулбук” – 0:3, “Пахтакор” – “Сабо” – 2:2, “Ситора” – Данғара” – 0:0,  “Вахши зарнисор” – “Локомотив” – 2:0, “Зарафшон” – “Вишгард” – 3:0 (техникӣ), “Рашт” – “Ҳосилот” – 0:1, “Ҷавонон” – “Кӯктош” – 1:3.

Баъди натиҷагирии бозиҳои чаҳор даври мусобиқа дастаҳои “Кӯктош”-и Рӯдакӣ  бо 10 имтиёз дар ҷойи аввал, “Ҳулбук”-и Восеъ бо 9 имтиёз дар ҷойи дуввум ва “Пахтакор”-и Қубодиён бо 8 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

 

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Кӯктош” (Рӯдакӣ)

4

3

1

0

62

10

2.

«Ҳулбук” (Восеъ)

4

3

0

1

114

9

3.

«Пахтакор” (Қубодиён)

4

2

2

0

125

8

4.

«Ҳосилот” (Фархор)

4

2

2

0

5-2

8

5.

«Саройкамар» (Панҷ)

3

2

1

0

62

7

6.

«Сабо» (Шаҳринав)

4

2

1

1

105

7

7.

«Вахши зарнисор»(Вахш)

3

2

1

0

62

7

8.

«Зарафшон» (Панҷакент))

4

2

1

1

74

7

9.

«Ситора» (Рӯдакӣ)

4

1

2

1

22

5

10

«Данғара» (Данғара)

3

1

1

1

22

4

11

Локомотив” (Душанбе)

4

0

2

2

2-5

2

12

Ҷавонон” (Турсунзода)

2

0

0

2

1-6

0

13

Румӣ” (Румӣ)

3

0

0

3

1-9

0

14

Рашт” (Рашт)

4

0

0

4

0-9

0

15

Вишгард” (Файзобод)

4

0

0

4

2-14

0

Даври 5-ум
7-уми июн (сешанбе)

«Кӯктош» – «Данғара»
«Ҳосилот» – «Ҷавонон»
«Вишгард» – «Рашт»
«Локомотив» – «Зарафшон»
«Сабо» – «Вахши зарнисор»
«Ҳулбук» – «Пахтакор»
«Ситора» – «Румӣ»

ССКА “Помир” муҷозот шуд

Бо тасмими кумитаи назорату ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаи ССКА “Помир”-и Душанбе дар бозии қатъшудаи даври 12-уми сабқати Лигаи олии Тоҷикистон бо тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби техникӣ ё фаннии 0:3 мағлуб ҳисобида шуд.

Ёдовар мешавем, ин бозӣ 31-уми май дар варзишгоҳи ССКА дар дақиқаи 29-ум қатъ гардида буд.

Баъд аз он ки сардовар Олим Норбоев (аз шаҳри Душанбе) ба дарвозаи мизбонон пеналти ё ҷаримаи 11-метра таъин кард (ҳисоби бозӣ 2:1 ба фоидаи ССКА “Помир” буд), мизбонон ба нишони эътироз ба ҳукми сардовар майдонро тарк намуда, аз идомаи бозӣ даст кашиданд.

Сафар Каримов, раиси кумитаи назорату ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: “Ин ҳодиса 2-юми июн дар кумитаи назорату ахлоқи федератсия баррасӣ шуд. Бар асоси регламенти баргузории мусобиқот дастаи ССКА “Помир”, ки худсарона майдонро тарк кард ва бозӣ нотамом монд, бо ҳисоби техникии 0:3 мағлуб ва рақибаш – “Регар-ТадАЗ” ғолиб ҳисобида шуд. Ҳамчунин бошгоҳи футболи ССКА “Помир” ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ ҷарима андохта шуд.”

Сафар Каримов афзуд, аризаи шикоятии дастаи ССКА “Помир” аз болои сардовар дар комиссияи доварӣ-экспертӣ мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт ва аз натиҷааш ба кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дода мешавад.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа дастаи “Равшан” бо 23 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Тими “Истиқлол”-и Душанбе, ки аз бозии даври 12-ум озод буд, бо 22 имтиёз дар ҷойи дуввум мебошад, вале қаҳрамони Тоҷикистон се бозӣ камтар анҷом додааст. Дастаи “Регар-ТадАЗ” бо 22 имтиёз бо дарназардошти таносуби тӯбҳо дар ҷойи севум қарор дорад.

ССКА “Помир” ба нишони эътироз майдонро тарк кард

Рӯзи 31-уми май бозиҳои даври 12-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ бар тими “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Голҳоро Эраҷ Холов дар дақиқаи 21-ум ва Индус Ҳусейнов дар дақиқаи 60-ум заданд.

Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат низ бар тими меҳмон – “Энергетик” бо ҳисоби 4:2 ғолиб омад. Мирзобек Мирзоев, ҳамлагари мизбонон, ки дар ин бозӣ дар дақиқаҳои 22-юм, 68-ум ва 87-ум се гол ба самар расонд, хет-трик кард. Зимнан, Мирзобек дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин бо 8 гол ба ҷои аввал баромад.

Голи нахустини “Хайр”-ро дар ин дидор Далер Шарифов дар дақиқаи 7-ум ба ҳадаф расонд. Ду голи меҳмононро Габриэл Донто (дақиқаи 25-ум) ва Сорбон Карамов (дақиқаи 90-ум) заданд.

Дар воқеъ, Донто ва бозигари “Равшан” Фозил Сатторов шашголӣ, Абдурасул Раҳмонов (“Гвардия”), Аҳтам Ҳамроқулов (“Вахш”), Индус Ҳусейнов (“Равшан”), Комил Саидов (ССКА “Помир”) ва Худойдод Нусратов (“Шодмон”) панҷголӣ задаанд.

Дастаи “Гвардия”-и Душанбе аз тими меҳмон – “Шодмон”-и Ҳисор бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Голҳои “Шодмон”-ро Комрони Мирзохон (дар дақиқаи 56-ум) ва Маҳмадсаид Бобомуродов (88) ва як голи “Гвардия”-ро Абдурасул Раҳмонов (66) ба самар расонданд.

Дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бар тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Тӯбро аз ҷаримаи 11-метра Камолҷон Ортиқов дар дақиқаи 78-ум ба тӯри дарвоза зад.

Вале бозии ССКА “Помир”-и Душанбе – “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар варзишгоҳи “ССКА” дар дақиқаи 29-уми бозӣ қатъ шуд. Баъди он ки сардовар Олим Норбоев (аз шаҳри Душанбе) ба дарвозаи мизбонон пеналти ё ҷаримаи 11-метра таъин кард (ҳисоби бозӣ 2:1 ба фоидаи ССКА “Помир” буд), мизбонон ба нишони эътироз  ба ҳукми сардовар майдонро тарк намуда, аз идомаи бозӣ даст кашиданд.

Ба иттилои масъулини Федератсияи футболи Тоҷикистон ин ҳодиса 2-юми июн дар кумитаи назорату ахлоқи федератсия баррасӣ хоҳад шуд.

Бояд тазаккур дод, пас аз бохти ССКА “Помир” дар даври 11-ум дар меҳмонӣ аз тими “Хайр” бо ҳисоби 0:3 сармураббии низомиён Карим Тошпӯлодов аз вазифааш истеъфо дод. Дар айни ҳол Ҳусейн Шодиев, мураббии ҳайати дуввуми даста, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии ССКА “Помир” мебошад.

Дастаи “Равшан” пас аз ғалабаи 7-ум бо 23 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ба ҷойи аввал баромад. Тими “Истиқлол”-и Душанбе, ки аз бозии даври 12-ум озод буд, бо 22 имтиёз дар ҷойи дуввум аст, вале қаҳрамони Тоҷикистон се бозӣ камтар анҷом додааст. Дастаи “Хайр” бо 20 имтиёз дар ҷойи севум мебошад.

Advertisements