Даргирӣ пас аз бозии футбол дар Кӯлоб


 

Author: www.ozodi.org

Дар поёни бозӣ миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»(Душанбе) ва «Равшан»-и Кӯлоб дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб, ки бо пирӯзии «Истиқлол» бо ҳисоби 1:0 ба поён расид, мухлисони футбол доварон ва кормандони милисаро таҳти сангборон қарор доданд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ба ҳисоб гирифта нашудани се ҳолати нобозӣ (оффсайд)-и ҳамлаварони дастаи “Истиқлол” сабаби эътирози мухлисон гардидааст.

Сангандозӣ ба тарафи доварон ва кормандони милиса 5 дақиқа пеш аз поёни бозӣ шурӯъ шуд. Баробари ҳуштаки анҷоми сабқат мухлисони футбол аз варзишгоҳ берун омада, ба автобусу мошинҳои дастаи “Истиқлол” ва ҳам мошини сӯхтонишон ҳамла карданд ва шишаи онҳоро шикастанд. Замоне ки мухлисон тарафи писари раисиҷумҳури Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, ки бозингари дастаи “Истиқлол” аст, ҳаракат карданд, бахши таъиноти махсуси милиса ё ОМОН барои пароканда кардани издиҳом ба ҳаво тир кушод ва панҷ таркиши тарсонанда анҷом дод.

Аммо Аҳмад Иброҳим, хабарнигори муқими шаҳри Кӯлоб, ки шоҳиди ин воқеа будааст, дар тамос ба радиои Озодӣ гуфт, бар асари як таркиш дар дохили варзишгоҳ ҳудуди 5-6 нафар ҷароҳат бардошт ва як катори курсиҳои варзишгоҳ тахриб шудаанд.

Ба дунболи инфиҷор дар дохили майдон, мухлисон ва нерӯҳои амниятӣ дар хориҷи варзишгоҳ ба ҳам даргир шудаанд ва нерӯҳои интизомӣ барои пароканда кардани онҳо аз гази ашковар истифода намудаанд.

Мухлисони норозӣ ба мошинҳои дигар ҳамла карданд ва балони онҳоро кафонда, шишаҳояшонро шикастанд. Аз ҷумла мошинҳои “Ёрии фаврӣ” низ ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Як шоҳиди воқеа мегӯяд, ин мошинҳо барои он ҳадаф қарор ёфтанд, ки милиса мехост, бархе аз боздоштшудагонро дар онҳо интиқол диҳад. Шоҳид мегӯяд, даҳҳо нафар захмӣ ва боздошт шудаанд.

Се таркиши дигар дар назди Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб ба вуқӯъ пайвастааст. Шаҳр ҳоло зери назорати милиса буда, мошинҳо дар кӯчаҳо равуо доранд, аммо сокинон ҳушдор гирифтаанд, ки аз манзилҳои худ берун наоянд.

Бозии гузаштаи дастаҳои футболи «Истиқлол»(Душанбе) ва «Равшан»-и Кӯлоб рӯзи 3-юми май дар шаҳри Душанбе низ бо кашокаш ва дилозорӣ поён ёфта буд. Мухлисони «Равшан» доварони бозиҳоро айбдор мекунанд, ки ба манфиати дастаи «Истиқлол»(Душанбе)доварӣ мекунанд. Сарони футболи Тоҷикистон хархашаи гузаштаро маҳкум карда, ваъда дода буданд, ки эътирози мухлисонро аз роҳи қонунӣ баррасӣ хоҳанд кард.

Пирӯзии “Истиқлол” бар “Равшан”

Шоми сешанбеи 14-уми июн чаҳор бозии даври 16-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон ба анҷом расид.

Натоиҷи бозиҳо чунин аст: “Равшан” (Кӯлоб) – “Истиқлол” (Душанбе) -0:1 , “Хуҷанд” (Хуҷанд) – “Энергетик” (Душанбе) -1:2 , “Вахш” (Қӯрғонтеппа) – “Шодмон” (Ҳисор) -1:1 , “Гвардия” (Душанбе) – ССКА “Помир” (Душанбе) – 0:3.

Бозии охирини даври 16-ум бегоҳи чоршанбеи 15-уми июн миёни дастаҳои “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) баргузор мешавад.

Дар ҳамин ҳол дастаи «Истиқлол» бо 34  имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар ҷои аввал мебошад. Дастаи «Равшан» бо 29  имтиёз дар ҷои дуввум аст. Дастаи «Регар-ТадАЗ»  бо 25 имтиёз дар ҷои саввум қарор дорад.

Дар бораи натоиҷи бозиҳои даври 16-ум дар гузориши оянда муфассал маълумот хоҳем дод.

“Ҳосилот” – пешсафи сабқати Лигаи якуми Тоҷикистон

Бозиҳои даври шашуми сабқати Лигаи якуми футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Бозиҳо бо чунин натиҷаҳо ба анҷом расиданд: «Пахтакор» – «Ситора» – 3:0, «Вахши зарнисор» – «Ҳулбук» –  2:2,  «Рашт» – «Локомотив» – 0:1, «Ҷавонон» – «Вишгард» – 2:1, «Данғара» – «Ҳосилот» -0:1, “Саройкамар» – «Кӯктош» – 3:1.

Баъди натиҷагирии бозиҳои шаш даври мусобиқа дастаи “Ҳосилот”-и Фархор бо 14 имтиёз дар ҷойи аввал, “Ҳулбук”-и Восеъ бо 13 имтиёз   дар ҷойи дуввум ва “Пахтакор”-и Қубодиён бо 11 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Аслиддин Ҷабборов (“Пахтакор”) бо 5 гол пешсаф аст. Зоир Холматов (“Ҳулбук”) ва Ҳикмат Шарифов (“Кӯктош”) сеголӣ задаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
 
Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Ҳосилот” (Фархор) 6 4 2 0 9-3 14
2. «Ҳулбук” (Восеъ) 6 4 1 1 156 13
3. «Пахтакор” (Қубодиён) 6 3 2 1 157 11
4. «Зарафшон» (Панҷакент)) 5 3 1 1 10-4 10
5. «Саройкамар» (Панҷ) 4 3 1 0 9-3 10
6. “Кӯктош” (Рӯдакӣ) 6 3 1 2 8-7 10
7. «Вахши зарнисор» (Вахш) 5 2 3 0 9-5 9
8. «Сабо» (Шаҳринав) 5 2 2 1 11-6 8
9. «Ситора» (Рӯдакӣ) 6 2 2 2 3-5 8
10 «Данғара» (Данғара) 5 2 1 2 4-4 7
11 “Локомотив” (Душанбе) 6 1 2 3 3-8 5
12 “Ҷавонон” (Турсунзода) 4 1 0 3 4-12 3
13 “Вишгард” (Файзобод) 6 1 0 5 5-17 3
14 “Румӣ” (Румӣ) 4 0 0 4 1-11 0
15 “Рашт” (Рашт) 6 0 0 6 1-12 0

 Даври 7-ум

15-уми июн (чоршанбе)

“Ҳосилот” – “Саройкамар”
“Вишгард” – “Данғара
“Локомотив” – “Ҷавонон”
“Ҳулбук” – “Зарафшон”
“Ситора” – “Вахши зарнисор”
“Румӣ” – “Пахтакор”

Эзоҳ: Бозии ”Сабо” – “Рашт” ба мӯҳлати дертар гузоронида шудааст.

Бозиҳо соати 17.30 шурӯъ мешаванд.

“Ҷоми Каспий”: Шикасти Тоҷикистон аз Испания ва Гурҷистон

 Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар Ҷоми Каспий, ки дар Боку ҷараён дорад, дар ду бозии гурӯҳи “В” аз тимҳои Испания бо ҳисоби 0:6 ва Гурҷистон бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи мубориза барои Ҷом маҳрум гашт.

Ин мусобиқаи байнулмилалӣ бо ширкати 8 даста дар ду гурӯҳ баргузор шудааст. Натоиҷи бозиҳои ду даври сабқати гурӯҳи чунин аст:

Гурӯҳи “А”  – Озарбойҷон – Қирғизистон – 3:0
                           Туркия – Узбакистон – 6:0
                           Озарбойҷон – Узбакистон – 4:2
                            Туркия – Қирғизистон – 3:0

1. Туркия – 6 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 9-0). 2. Озарбойҷон – 6 (7-2). 3. Қирғизистон – 0 (0-6). 4. Узбакистон – 0 (2-10).    

Гурӯҳи “В”  – Гурҷистон – Қазоқистон – 5:1
                           Испания – Тоҷикистон – 6:0
                           Гурҷистон – Тоҷикистон – 5:0
                           Испания – Қазоқистон – 8:0

1. Испания – 6 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 14-0). 2. Гурҷистон – 6 (10-1). 3. Тоҷикистон – 0 (0-11). 4. Қазоқистон – 0 (1-13).    

Даври 3-юм

14-уми июн (сешанбе)
Гурӯҳи “А” – Узбакистон – Қирғизистон
                         Озарбойҷон – Туркия   
Гурӯҳи “В” – Тоҷикистон – Қазоқистон
                         Испания – Гурҷистон  

Бар асоси низомномаи мусобиқа, ғолибони гурӯҳ ба финал мебароянд. Бозии ниҳоӣ 16-уми июн барпо мегардад. Дастаҳое, ки ҷойҳои дуввумро соҳиб мешаванд, барои ҷойи севум мубориза хоҳанд бурд.

Ба иттилои Нӯъмон Юсуфов, мураббии калони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, иштирок дар Ҷоми Каспий барои футболбозони ҷавони тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2012 маҳсуб мешавад. Вай афзуд, мо аввалин бор бо тимҳои аврупоӣ бозӣ хоҳем кард ва ин ба мо имкон медиҳад, ки таҷоруби хуби байнулмилалӣ касб намоем.

“Ҷоми ШОС”: Русия – ғолиб, Тоҷикистон – дар ҷойи 4-ум

Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми ШОС” бахшида ба 10-солагии Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки дар шаҳри Остона баргузор шуд, мақоми чаҳорумро касб кард.

Ин мусобиқа бо ширкати 6 даста дар ду гурӯҳ сурат гирифт. Мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш аз тими Қазоқистон-1 бо ҳисоби 3:4 мағлуб гардид ва дар даври дуввум бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад.

Дастаи Тоҷикистон (сармураббиаш Маҳмадҷон Ҳабибуллоев) бо 3 имтиёз дар гурӯҳи “А” дар ҷойи дуввум қарор гирифт. Футболбозони ҷавони тоҷик 10-уми июн бо дастаи мунтахаби Чин, ки дар гурӯҳи “В” дуввум шуд, барои медалҳои биринҷии мусобиқа талош карда, бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрданд. Чин севум ва Тоҷикистон чаҳорум шуданд.

Дастаи Қазоқистон-1 (сармураббиаш Берн Шторк), ки дар бозии аввали худ бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 3:1 ғолиб омада буд, бо 6 имтиёз ғолиби гурӯҳи “А” гардид ва ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Русия (сармураббиаш Дмитрий Аленичев), ки бар тимҳои Чин ва Қазоқистон-2 бо ҳисоби якхелаи 4:0 пирӯз шуд, дар гурӯҳи “В” мақоми аввалро касб кард

Ба ин тартиб дар бозии ниҳоӣ, ки шоми 10-уми июн дар варзишгоҳи “Остона-Арена” баргузор шуд, мунтахаби Русия бар тими мизбон – Қазоқистон-1 бо ҳисоби 4:1 ғолиб омад ва барандаи “Ҷоми ШОС” гардид.

Дастаи Қирғизистон, ки бар тими Қазоқистон-2 бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд, дар ҷойи панҷум қарор гирифт.

Инҳо бозигарони беҳтарини мусобиқа эълон шуданд: дарвозабони беҳтарин Вячеслав Юсупов (Русия), ҳимоятгари беҳтарин Ярослав Овсянников (Русия), нимҳимоятгари беҳтарин Исломбек Куат (Қазоқистон), ҳамлагари беҳтарин Александр Илин (Русия) ва голзани беҳтарин Сергей Сипатов (Русия).

“Истиқлол” – пешсафи сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон

Шоми ҷумъаи 10-уми июн ду бозии дигари даври 15-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон бо пирӯзии мизбонон поён ёфт.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар бар тими ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Голҳоро Юсуф Рабиев дар дақиқаи 15-ум ва Даврон  Эргашев дар дақиқаи 84-ум ба самар расонданд.                                                                  

Дастаи «Хуҷанд» дар майдони худ, варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият”-и шаҳри Хуҷанд, тими «Гвардия»-и Душанберо бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Ду голро аз дастаи мизбон Ҷаҳонгир Эргашев(дақиқаҳои 13-ум ва 83-юм) ва Шӯҳрат Шамсиев(74) заданд. Ва як голи “Гвардия” ба Темур Исмоилов(44) мутааллиқ аст.

Ёдовар мешавем, ки ду бозии дигари даври 15-ум рӯзи 9-уми июн баргузор шуда буд. Дастаи “Энергетик”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Спитамен” (собиқ “Спартак”)-и пойтахти кишвар аз тими меҳмон – «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

Голи ягонаро ҳамлагар Аҳтам Ҳамроқулов дар нимаи аввали дидор ба самар расонд. Дар нимаи дуввуми бозӣ сардовар Ориф Ҷӯраев (аз ноҳияи Шаҳринав) ба дарвозаи “Вахш” ду бор ҷаримаи 11-метра таъин кард, вале бозигарони “Энергетик” Габриэл Донто ва Сафархон Мирзоев аз имкони хубтарини голзанӣ истифода карда натавонистанд.

Дар бозии дигар дастаи “Шодмон”-и Ҳисор дар майдони худ аз тими “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Голҳоро Маҳмадлоиқ Нуриддинов дар нимаи аввал ва Парвиз Турсунов дар нимаи дуввуми бозӣ заданд.

Бозии «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Равшан»-и Кӯлоб ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст. Дастаи «Истиқлол» бо 31 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ба ҷои аввал баромад. Дастаи «Равшан» бо 29 имтиёз дар ҷои дуввум мебошад. Дастаи «Регар-ТадАЗ» бо 25 имтиёз дар ҷои саввум қарор дорад.
 
Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) бо нӯҳ гол пешсаф шуд. Мирзобек Мирзоев (“Хайр”), Фозил Сатторов (“Равшан”) ҳаштголӣ , Габриэл Донто (“Энергетик”) ва Аҳтам Ҳамроқулов (“Вахш”) 7-голӣ, Комил Саидов (ССКА“Помир”) ва Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) 6-голӣ задаанд. 

“Ҷоми ШОС”: Тоҷикистон ва Чин барои ҷойи севум талош мекунанд

Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми ШОС” бахшида ба 10-солагии Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона ҷараён дорад, дар гурӯҳи худ мақоми дуввумро касб кард.

Мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш аз тими Қазоқистон-1 бо ҳисоби 3:4 мағлуб гардид ва дар даври дуввум бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад.

Дастаи Тоҷикистон бо 3 имтиёз дар гурӯҳи “А” дар ҷойи дуввум қарор гирифт. Футболбозони ҷавони тоҷик 10-уми июн бо дастаи мунтахаби Чин, ки дар гурӯҳи “В” дуввум шуд, барои медалҳои биринҷии мусобиқа талош хоҳанд кард.

Дастаи Қазоқистон-1, ки дар бозии аввали худ бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 3:1 ғолиб омада буд, бо 6 имтиёз ғолиби гурӯҳи “А” гардид ва ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Русия, ки бар тимҳои Чин ва Қазоқистон-2 бо ҳисоби якхелаи 4:0 пирӯз шуд, дар гурӯҳи “В” мақоми аввалро касб кард

Ба ин тартиб дар бозии ниҳоӣ, ки шоми 10-уми июн дар варзишгоҳи “Остона-Арена” баргузор мешавад, мунтахаби Русия бо тими мизбон – Қазоқистон-1 барои ба даст овардани “Ҷоми ШОС” рақобат мекунад.

Пирӯзии меҳмонон дар ду бозии даври 15-уми Лигаи олии Тоҷикистон

Бегоҳи панҷшанбеи 9-уми июн ду бозии даври 15-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон бо пирӯзии меҳмонон поён ёфт.
 
Дастаи “Энергетик”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Спитамен” (собиқ “Спартак”)-и пойтахти кишвар аз тими меҳмон – «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

Голи ягонаро ҳамлагар Аҳтам Ҳамроқулов дар нимаи аввали дидор ба самар расонд. Дар нимаи дуввуми бозӣ сардовар Ориф Ҷӯраев (аз ноҳияи Шаҳринав) ба дарвозаи “Вахш” ду бор ҷаримаи 11-метра таъин кард, вале бозигарони “Энергетик” Габриэл Донто ва Сафархон Мирзоев аз имкони хубтарини голзанӣ истифода карда натавонистанд.

Бояд гуфт, ки ин ғалабаи чоруми паиҳами “Вахш” дар мусобиқаи имсола ба шумор меравад ва қӯрғонтеппагиҳо дар чаҳор даври охир 5 тӯб зада, аз дарвозаашон ягон тӯб сар надодаанд.

Дар бозии дигар дастаи “Шодмон”-и Ҳисор дар майдони худ аз тими “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Голҳоро Маҳмадлоиқ Нуриддинов дар нимаи аввал ва Парвиз Турсунов дар нимаи дуввуми бозӣ заданд.

Ду бозии дигари даври 15-ум бегоҳи имрӯз, 10-уми июн, баргузор мешавад. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар бо  ССКА «Помир»-и Душанбе ва дастаи «Хуҷанд» дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият”-и шаҳри Хуҷанд бо тими «Гвардия»-и Душанбе зӯрозмоӣ мекунанд. Ҳарду бозӣ соати 17-у 30 дақиқа шурӯъ мешавад.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бо 29 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. Тими «Истиқлол», ки се бозӣ камтар кардааст, бо 28 имтиёз дар ҷои дуввум аст. Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и  Турсунзода бо 25 имтиёз дар ҷои саввум қарор дорад.
 
Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Мирзобек Мирзоев (“Хайр”), Фозил Сатторов (“Равшан”) ва Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) бо ҳаштголӣ пешсафанд. Габриэл Донто (“Энергетик”) ва Аҳтам Ҳамроқулов (“Вахш”) 7-голӣ, Комил Саидов (ССКА“Помир”) ва Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) 6-голӣ задаанд. 

улбук” – пешсафи сабқати Лигаи якуми Тоҷикистон

Бозиҳои даври панҷуми сабқати Лигаи якуми футболи Тоҷикистон рӯзҳои 7-уму 8-уми июн баргузор шуданд.

Бозиҳо бо чунин натиҷаҳо ба анҷом расиданд: «Кӯктош» – «Данғара» – 1:2, «Ҳосилот» – «Ҷавонон» – 5:1, «Вишгард» – «Рашт» – 2:1, «Локомотив» – «Зарафшон» – 0:3, «Сабо» – «Вахши зарнисор» – 1:1, «Ҳулбук» – «Пахтакор» – 2:0, «Ситора» – «Румӣ» -1:0. 

Баъди натиҷагирии бозиҳои панҷ даври мусобиқа, дастаи “Ҳулбук”-и Восеъ бо 12 имтиёз дар ҷойи аввал, “Ҳосилот”-и  Фархор бо 11 имтиёз   дар ҷойи дуввум ва “Зарафшон”-и Панҷакент бо 10 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин се нафар – Аслиддин Ҷабборов (“Пахтакор”), Зоир Холматов (“Ҳулбук”) ва Ҳикмат Шарифов (“Кӯктош”) бо сеголӣ пешсафанд.

Бохти дастаи Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар Остона

Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми ШОС” бахшида ба 10-солагии Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона ҷараён дорад, дар нахустин бозиаш аз тими Қазоқистон-1 бо ҳисоби 3:4 мағлуб гардид.

Дастаи Қазоқистон-1, ки дар бозии аввали худ бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 3:1 ғолиб омада буд, бо 6 имтиёз ғолиби гурӯҳи “А” гардид ва ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Остона-Арена” 9-уми июн бо мунтахаби Қирғизистон бозӣ хоҳад кард. Футболбозони тоҷику қирғиз барои ҷойи дуввум дар гурӯҳи худ мубориза мебаранд. Ғолиби ин бозӣ бо дастае, ки дар гурӯҳи “В” ҷойи дуввумро мегирад, барои медалҳои биринҷии мусобиқа талош хоҳад кард.

Ба гурӯҳи “В” тимҳои мунтахаби ҷавонони Русия, Чин ва Қазоқистон-2 дохиланд. Дастаи Русия, ки бар тимҳои Чин ва Қазоқистон-2 бо ҳисоби якхелаи 4:0 пирӯз шуд, ба финал баромад ва дар бозии ниҳоӣ бо тими Қазоқистон-1 рӯ ба рӯ мешавад. Дастаҳои Қазоқистон-2 ва Чин бо ҳам барои ҷойи дуввум дар гурӯҳ қувваозмоӣ мекунанд.

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s