Даргирӣ дар шаҳри Кулоб дар пайи норизоятии ҳаводорони футбол


BBC Tajiki

Дар ҷараёни даргирии ҳаводорони бозии футбол дар шаҳри Кӯлоб воқеъ дар ҷануби шарқи Тоҷикистон, ки бо чанд инфиҷор ҳамроҳ будааст, шуморе осеб дидаанд.

Бозии футбол миёни тимҳои “Истиқлол”, тими кишварӣ ва тими “Рӯшан”, тими маҳаллии шаҳри Кӯлоб сурат гирифт.

Гуфта мешавад ба Рустами Эмомалӣ, фарзанди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки узви тими “Истиқлол” аст осебе нарасидааст ва аъзои ин тим бо ҳифозати нерӯҳои амниятӣ аз тариқи роҳҳои ҷонибӣ шаҳри Кӯлобро тарк кардаанд.

Ҳанӯз мушаххас нест, ки дар миёни афроди осебдида дар ин даргириҳо аъзои тимҳои рақиб ҳастанд ё хайр.

Даргириҳо пас аз он шурӯъ шуд, ки дар дақоиқи поёнии бозӣ тими Истиқлол” як гул ба дарвозаи тими “Рӯшан” зад ва ҳисоб як бар сифр шуд.

Ҳаводорони норозӣ аз натоиҷи бозӣ бо партоби санг ба суи довар ва кормандони пулис эътироз карданд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд ҳаводорон аз он норозӣ буданд, ки довар бо нодида гирифтани мавориди зарбаи ботил (off side) аз суи тими Истиқлол аз ин тим ҳимоят кардааст.

Замоне ки ҳаводорони ба шӯр омада ба суи худрави Рустами Эмомалӣ ҳаракат кардаанд нерӯҳои вижаи пулис ворид ба кор шудаанд ва барои мутафарриқ кардани эътирозкунандагон тири ҳавоӣ шиллик кардаанд. Шоҳидони айнӣ мегӯяд пулис инфиҷорҳоеро ҳам барои ҳушдор анҷом додааст.

Ба дунболи инфиҷор дар дохили майдон эътирозкунандагон дар хориҷи варзишгоҳ низ бо пулис даргир шудаанд ва пулис аз гози ашковар истифода кардааст.

Тавре шоҳидони ҳодиса мегӯянд, дар пайи ин задухурд чанд тан аз кормандони пулис ҷароҳатҳои сабук бардошта, чанде аз мухлисонро низ маъмурони пулис бо ботум маҷрӯҳ кардаанд. Ҳамчунин инфиҷоре дар вурудии майдон боиси осеб дидани ҳаводорон шудааст.

Баҳриддини Сангмад, як тан аз ҳаводорони футбол, ки дар ин даргириҳо аз дасти чап ҷароҳат бардошта, мегӯяд: “Мухлисон бо қаҳр “бозиро фурӯхтед” гуфта ба ҳар тараф санг ҳаво медоданд, махсусан тарафи мошинҳои наву пурқиммат. Оинаҳои чанд мошини маъмурони милисаро низ шикастанд. Сару рӯи чанде аз кормандони милиса низ хунолуд буд. Дида мешуд, ки кормадони ёрии таъҷилӣ ҳам ба милисаҳо ва ҳам ба чандин мухлисон ёрии аввалияи тиббӣ мерасониданд.”

Гуфта мешавад, дар ин даргирӣ яке аз муҳофизони фарзанди раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам ҷароҳат бардоштааст.

Шоҳидони айнӣ гуфтаанд ҳамалоте ба худравҳо дар маҳалли даргириҳо сурат гирифта ва ҳатто омбулонсҳо низ ҳадаф қарор гирифтаанд.

Гуфта мешавад далели ҳамла ба худравҳо ин буда, ки пулис мехоста афроди боздоштшударо тавассути онҳо интиқол бидиҳад.

Вуқуъи се инфиҷор дар наздикии маҳалли идораи пулиси шаҳр гузориш шудааст, аммо дар бораи талафот аз ин инфиҷорҳо ва авомили онҳо иттилоъе дар даст нест.

Гуфта мешавад пулис вазъро дар шаҳри Кӯлоб таҳти кунтрул гирифтааст.

Як маъмури кумитаи амният, ки нахост номаш ифшо шавад, ба Би-би-сӣ гуфт, овозаҳо дар мавриди марги чанд нафар дар пайи инфиҷор комилан воқеъият надорад ва танҳо як кӯдак ва марде бузургсол ҷароҳоти сабук бардоштаанд. Ба гуфтаи ӯ дар се инфиҷори дигаре, ки берун аз майдон сурат гирифт, касе ҷароҳат набардоштанд.

Ҳамзамон ин манбаъ афзуд, ки овозаҳо дар мавриди истифода аз нерӯи пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон барои боз гардондани субот низ нодуруст буда, танҳо маъмурони интизомӣ аз вилояти Хатлон ва муҳофизони Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳур аз шаҳри Душанбе масъули амният буданд.

Зимнан, масъулини бемористони марказии шаҳр низ аз сабти номи маҷрӯҳони ин ҳодиса изҳори бехабарӣ карданд.

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s