Нигоҳе ба сабабҳои беназмӣ дар варзишгоҳи Кӯлоб

 Source: Ozodi

Федератсияи футболи Тоҷикистон бо баргузории як ҷаласаи вижа тими «Равшан»-и шаҳри Кӯлобро муҷозот кард.

Шералӣ Давлатов, дабири кулли ин ниҳод гуфт, беназмиҳо дар дохил ва атрофи варзишгоҳи Кӯлоб ягона мавзӯи ин ҷаласа буд ва бар пояи санадҳои танзимкунандаи мусобиқоти футболи Тоҷикистон ба тими «Равшан» ҷазо таъйин шуд:
«Мувофиқи низомномаи Федератсияи футболи кишвар «Равшан» аз ҳаққи баргузории панҷ бозӣ дар майдони худ маҳрум шуд ва ин панҷ бозиро дар масофаи 100 километр дур аз Кӯлоб бояд баргузор кунад. Худашон интихоб мекунанд, ки дар куҷо бозӣ хоҳанд кард. Дуввум, тим 3 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд.»

Муҷозоти «Равшан»-и Кӯлоб дар пайи бозиаш бо тими «Истиқлол»-и Душанбе иттифоқ афтод.

АВБОШИИ МУХЛИСОН?

«Равшан» дар майдони худ ба «Истиқлол» бо ҳисоби 0 бар 1 бозиро бохт, аммо баъд аз бозӣ дар беруни майдон мухлисони тими шаҳри Кӯлоб бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даргир шуданд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар ин даргирӣ 10 тан ҷароҳат бардоштанд.

Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорат гуфт, бо иттиҳоми даст доштан дар ин беназмиҳо иддае боздошт шудаанд: «20 нафар ҳамчун гумонбар дар ин амали авбошӣ боздошт шуданд. Айни замон аз сӯи додситонии шаҳри Кӯлоб бо далели авбошӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Тафтишот идома дорад.»

Соҳибназарон ҳамчунин бархӯрди мухлисони футбол бо мақомотро дар таърихи Тоҷикистон бесобиқа унвон мекунанд.

НАҚШИ МИЛИСА?

Сафар Каримов, раиси Кумитаи назорати ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва шоҳиди ҳол мегӯяд, камбудиҳо на фақат аз «Равшан» ва мухлисонаш, балки аз мақомоти маҳалливу милиса низ сар задаанд: «Варзишгоҳ барои 15 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст, аммо қариб 20 ҳазор нафар омада буд. Худи милиса ҳамчун бетараф дар дохили мухлисон набуд. Ин як. Дуввум, воқеан сангпартоиҳо аз аввали бозӣ зиёд ба назар мерасид. Голе, ки зада шуд, сад фоиз дуруст буд.»

Иддае бар инанд, ки беназмиҳо дар пайи иштибоҳоти доварон сар задаанд, ки чанд ҳолати оффсайд ё берун аз бозиро аз сӯи «Истиқлол» нодида гирифтаанд ва тӯб ҳам аз ҳамин гуна ҳолат вориди дарвоза шудааст. Ва ҳам аз қабл сарусадоҳое дар Тоҷикистон сайр мекунанд, ки ба далели асосгузор ва бозигари «Истиқлол» будани писари раисҷумҳури Тоҷикистон — Рустами Эмомалӣ доварон мекӯшанд бозиҳоро ба нафъи ин тим ҳал кунанд.

МАҲОРАТИ ДУ ДАСТА

Ориф Ҷӯраев, сардовари ин бозӣ ва низ раиси Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, дар «Истиқлол» футболбозони беҳтарини кишвар бозӣ мекунанд ва 13 нафари онҳо узви тими мунтахаби миллии Тоҷикистонанд.

Вай афзуд, дар бозӣ бо «Равшан» «Истиқлол» пурра бартарӣ, аз ҷумла даҳ лаҳзаи голзанӣ дошт. Оқои Ҷӯраев иддаоҳо дар бораи дахолати Рустами Эмомалӣ ба кори доварон гуфт:
«На аз тарафи Рустами Эмомалӣ ва на Шоҳрух Саидов (президенти клуби «Истиқлол») дар ягон бозӣ аз доварон илтимос ҳам нашудаасту фишор ҳам ворид нагардидааст ва насиб бошад, намешавад. Майдон аз далер аст. Дар ин бозӣ («Равшан» – «Истиқлол») ҳам шикояти бозигарону мухлисони «Равшан»-ро аз доварон надидам. Баъд аз бозӣ ҳам раҳбарияти ин тим эътирозе надоштанд. Намефаҳмам ин гапҳо аз куҷо сар мезананд.»

Аммо чаро пас аз бозии «Равшан» ва «Истиқлол» хушунат ба вуҷуд омад? Вазорати корҳои дохилӣ инро бархӯрди хушунатбори мухлисони ду тим унвон кард. Аммо коршиносон мегӯянд, далели аслӣ дуруст баҳогузорӣ нашудани вазъ дар варзишгоҳ баъд аз хатми бозӣ буд.

ЗИЁДАРАВИҲОИ КӢ?

Аҳмади Иброҳим, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, ба оташи андӯҳ ва норизоиятиҳои тими «Равшан» инфиҷоре, ки дар майдон рух дод, равған рехт: «То ҳамин инфиҷор касе даст ба бетартибӣ назад. Он чанд сангчаву шишаҳои пластикӣ, ки ба майдон ҳаво дода шуданд, ба касе осеб нарасониданд. Инфиҷор баъзеҳоро ба воҳима, баъзеҳоро ба васваса овард. Ва дар берун ба посдорони тартиботи ҷамъиятӣ ҳамла бурданд ва бо сангу дигар предметҳо ба сари онҳо заданд. Хуб мешуд, ҳифзи тартибот аз ҳисоби мақомоти маҳаллӣ, вакилони маҳал ва раисони мактабҳо, ки мардумро мешиносанду онҳоро мардум мешинохт, таъмин мешуд, аз он ки аз беруни минтақа як артиши бисёр пурқудрат оварданд. 20 ҳазор мухлис буд ва 2 то 3 ҳазор корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Ин кори нодуруст буд.»

Акрам Ҳусайнов, ноиби президенти клуби «Равшан» мегӯяд, аз ҳодисаи рухдода таассуф мехӯрад, ки мухлисони тим аз назорат хориҷ шуданд ва меҳмононро сангборон карданд:
«Голе, ки зада шуда буд, аз рӯи қоида буд. Ба доварон ҳам касе фишор наовардааст. Мо ягон эътироз надорем. Дар оянда бояд бозии мо беҳтар шавад,»

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, дар Тоҷикистон заминаҳои пайдоиши ҳамчунин беназмиҳо дар варзиш, қабл аз ҳама футбол ҳамеша вуҷуд доранд ва дар Кӯлоб, ки мухлисони тимаш фаъолтар аз дигар тимҳоянд, ин ҳама рӯи об баромадааст.

РӮЙДОДИ МУҚАРРАРӢ?

Сулаймон Бобокалонов, бозигари тими «Помир»-и Душанбе дар солҳои 80-уми асри гузашта мегӯяд, доварони Тоҷикистон воқеан дар бархе маворид хотирбинӣ ва беадолатӣ мекунанд, аз ин хотир, мухлисон ба онҳо бовар надоранд.

Далели дигар ба назари оқои Бобокалонов коҳиш ёфтани фарҳанги мухлисон дар Тоҷикистон тайи солҳои ахир аст: «Бозиҳои мусобиқоти ҷаҳониро бинед, ки чӣ хел мухлисон рафтор мекунанд, суруд мехонанд, шеър мехонанд. Барои мо ба ин дараҷа расидан айб аст. Ба мухлисони мо айб аст. Ман ин корҳоро дида, гиряам меояд. Наход ки омада-омада ба ҳамин гуна футбол расидем? Бо ин корҳо футболи тоҷикро расвову шарманда мекунанд.»

Коршиносон мегӯянд, барои омоли мухлисон муҷозот шудани тими «Равшан» посух ба мушкилот буда наметавонад. Аз назари бархеи онҳо, бо он вуҷуд ки бар обрӯи Тоҷикистон намеафзояд, варзишгоҳҳо бояд симхор гирифта шаванд, то мухлисон натавонанд ба раванди бозӣ халал ворид кунанд.

 

“Равшан” аз 5 бозӣ дар майдони худ маҳрум ва 3000 сомонӣ ҷарима шуд

Source: Ozodi

 

 Рӯзи 14-уми июн чаҳор бозии даври 16-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон ба охир расид.

 

Дар се бозӣ меҳмонон пирӯз шуданд ва як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфт.

Бозии марказии даври 16-ум дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб миёни дастаи мизбон – “Равшан” ва тими «Истиқлол»-и Душанбе баргузор шуд. Голи ягонаро бозигари “Истиқлол” Александр Кудряшов, легионери русиягӣ, дар дақиқаи 88-ум ба самар расонд.

Вале дар поёни ин бозӣ гурӯҳе аз мухлисон доварону кормандони милиса ва мошинҳои меҳмононро сангборон карданд. Ба иттилои Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин ҳодисаи нохуш 15-уми июн дар ҷаласаи кумитаи назорату ахлоқи Федератсия мавриди муҳокима қарор гирифт ва гунаҳкорон бар асоси дастури баргузории бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон муҷозот  шуданд.

Ҷаноби Давлатов афзуд: “Майдони футболи дастаи “Равшан” – варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб аз баргузории панҷ бозии чемпионат маҳрум гашт ва клуби футболи “Равшан” ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ ҷарима андохта шуд. Панҷ бозии хонагии “Равшан” дар варзишгоҳе, ки аз шаҳри Кӯлоб дар масофаи на камтар аз 100 километр ҷойгир аст, баргузор хоҳад шуд”.   

Рӯзи 15-уми июн ба сомонаи интернетии радиои Озодӣ номаи раҳбарони бошгоҳҳои футболи ҳарду даста расидааст, ки комилан ба хонандагон пешкаш мешавад:

Акрам Ҳусейнов, ноиби президенти клуби футболи “Равшан”:

-Афсӯс, ки иди футболро мухлисони мо барбод доданд. Дар бораи эътирози мухлисон ба голи «Истиқлол», мо чунин меҳисобем, ки тӯб ба дарвозаи дастаи мо аз рӯи қоида зада шуд. Мо ба бозӣ ягон эътироз надорем. Муғлубиятро бояд бошарафона пазируфт, вале, афсӯс, ки инро мухлисони мо намефаҳманд ва баъди анҷоми бозӣ меҳмононро сангборон карданд. Барои чунин рафтори мухлисонамон узр мепурсам. Онҳо дар ин рӯз идоранашаванда буданд.

Шоҳрух Саидов, президенти клуби футболи “Истиқлол”:

Мухлисони дастаи “Равшан” эътироз мекунанд, ки голи задаи мо аз офсайд буд. Ин назари ғайримунсифона аст. Ҷониби мағлубшуда ҳамеша дар нокомии худ доваронро айбдор мекунад. Раҳбарияти “Равшан” пас аз анҷоми бозӣ ҳеҷ гуна эътироз баён накардааст. Дар бораи доварии ин бозӣ ҳаминро гуфтаниам, ки ба назари ман сардовар ба мизбонон таваҷҷӯҳ дошт, вале хатоҳое, ки ба натиҷаи бозӣ таъсир расонда бошад, накардааст. Баъди гол гурӯҳи мухлисони хашмгини “Равшан” ба сӯи футболбозони мо сангу буталҳои пластикӣ ҳаво доданд. Зимнан, дар ҷараёни бозӣ сангҳо ба  тарафи бозигарони мо партофта мешуд. Рафтори мухлисони “Равшан” ба онҳо шараф намеорад. Хушбахтона бозӣ бе талафоти ҷонӣ поён ёфт.
Ба назари ман мухлисонро ба чунин амали ношоиста якчанд бозигари “Равшан” барқасдона таҳрик мекунанд. Футболбозони Кӯлоб каратистони ҳақиқӣ ҳастанд, хеле дағалона ва разилона бозӣ мекунанд, бозигарони ҳарифро дар майдон мешикананд. Баъди бозӣ бо “Равшан” се бозигари мо осеб дид. Мутаассифона, мақомоти асосии футболи кишвар – Федератсияи футболи Тоҷикистон ба рафтори густохонаи бозигарони “Равшан” чашм мепӯшанд. Ба авбошон дар футбол ҷой нест! Мехоҳам хабарнигоронро даъват намоям, ки аз худ набофанд, аз пашша фил насозанд, ҳангома накунанд ва воқеиятро дар атрофи ин бозӣ мунсифона инъикос намоянд.

Дастаи «Хуҷанд» дар майдони худ, варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият”-и шаҳри Хуҷанд, аз тими “Энергетик”-и Душанбе бо ҳисоби 1:2 мағлуб гашт. Ду голи меҳмононро Шодибек Ғаффоров ва як голи мизбононро Зокир Бердиқулов заданд.

Дастаи «Гвардия»-и Душанбе аз тими ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Голҳоро Обидҷон Исмоилов (дақиқаи 4-ум), Давронҷон Тухтасунов (72) ва Илҳомҷон Ортиқов (82) ба самар расонданд.
                                                                            
Бозӣ миёни дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва “Шодмон”-и Ҳисор бо ҳисоби 1:1 поён ёфт. Нахуст бозигари “Вахш” Реди Тройд, легионери амрикоӣ, дар замони изофӣ (90+2) ҳисобро боз намуд. Баъди ду дақиқа (90+4) голи ҷавобиро Фирдавс Қурбонов вориди дарвозаи мизбонон кард. 

Бозии охирини даври 16-ум имрӯз, 15-уми июн, миёни дастаи мизбон – “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода баргузор мешавад.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа дастаи «Истиқлол» бо 34 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. Дастаи «Равшан» бо 29 имтиёз дар ҷои дуввум ва тими «Регар-ТадАЗ» бо 25 имтиёз дар ҷои саввум қарор доранд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) бо 9 гол дар ҷойи аввал аст. Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) ва Фозил Сатторов (“Равшан”) ҳаштголӣ, Габриэл Донто (“Энергетик”) ва Аҳтам Ҳамроқулов (“Вахш”) 7-голӣ задаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
 

Ҷой

 Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1. Истиқлол” 12 11 1 0 286 34
2. “Равшан” 14 9 2 3 24-9 29
3. Регар-ТадАЗ 12 8 1 3 2512 25
4. Хайр 13 7 2 4 2013 23
5. “Энергетик” 15 7 1 7 21-22 22
6. ССКА “Помир” 15 6 1 8 22-21 19
7. Хуҷанд 14 5 3 6 1219 18
8. Вахш” 14 5 1 8 14-16 16
9. Шодмон” 14 4 2 8 18-23 14
10. “Парвоз” 13 4 0 9 14-32 12
11. “Гвардия” 14 1 2 11 10-32

Даври 17-ум
18 июн (шанбе)
«Парвоз» – «Энергетик»
«Вахш» – «Истиқлол»
«Равшан» – «Шодмон»
«Гвардия» – «Хайр»
19 июн (якшанбе)
«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ»

 

Парвандаи “авбошӣ” алайҳи 22 нафар дар Кӯлоб

Source: BBC Tajik

ҳаводорони футбол дар КӯлдобДар ҷараёни даргирӣ миёни ҳаводорони футбол ва пулис беш аз даҳ нафар осеб дидаанд

Додситонии шаҳри Кӯлоб алайҳи 22 нафар аз ҳаводорони футбол ба иттиҳоми ширкат дар беназмиҳои рӯзи 14-уми июн парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.Гуфта мешавад рафтори ин афрод дар ҷараёни беназмии рӯзи сешанбеи шаҳри Кӯлоб дар дастгоҳҳои наворбардорӣ сабт шудааст.

 

Ҳамчунин, ба гуфтаи Баҳром Рустамов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоб, дар пайи ин беназмиҳо дастаи “Равшан” 3000 сомонӣ ҷарима шуда ва аз панҷ бозӣ дар майдони худаш маҳрум карда шудааст.Ба гуфтаи оқои Рустамов, ин тасмимро Федеросиюни футболи Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаи назорат ва ахлоқи худ рӯзи 15 июн гирифтааст.Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи бархе аз шоҳидони айнии ин ҳодиса, аз ҷумла ба гуфтаи хабарнигор Аслиддин Достиев, “беназмӣ аз тарафи ҳаводорони тими Кӯлоб не, балки аз ҷониби кормандони ОМОН-и шаҳри Душанбе, ки дар Кӯлоб меҳмон буданд, оғоз шуд.”Оқои Достиев афзуд: “Агар меҳмонҳо норинҷакҳои газиро наметарконданд, шояд ҳаводорони футбол чунин ба ғазаб намеомаданд ва ин қадар овозаҳо ҳам сар намезаду алайҳи ҷавонони кӯлобӣ парванда боз намешуд.”Ба бовари оқои Достиев, ҳодисаи рӯзи сешанбе дар Кӯлоб ангезаҳои сиёсӣ дорад: “Шояд гурӯҳе ё касе мехост мардуми Кӯлобро ба майдони сиёсат бикашад. Аммо хушбахтона мардуми Кӯлоб ба ин дасиса дода нашуданд ва агарчи бесарусомониҳо то ними шаб идома дошт, аммо субҳ дар Кӯлоб оромӣ буд.”Саймӯъмин Шодиев, яке аз мухлисони бозии футбол, ба ин назар аст, ки боздошти пас аз беназмиҳои рӯзи 14-уми июн дар Кӯлоб метавонад ба рушди футбол дар Тоҷикистон таъсири манфӣ гузорад.Ӯ мегӯяд: “Варзиш бо мухлисонаш зебост ва дастаи “Равшан” низ ҳарчанд он қадар бозии хуб надоранд, зери ҳаёҳуи ҳаводорон номус карда, ба садри ҷадвали мусобиқот баромад.”Вай нигарон аст, ки пас аз “чунин бархӯрд бо ҳаводорони футбол” дигар камтар одам барои тамошои футбол ба истодиюм меояд.Оқои Шодиев афзуд: “Бозӣ бе тамошобин чӣ маънӣ дорад? Агар ба мухлисон фишор оварда шавад, онҳо ба тамошои бозӣ намеоянд ”.

Рустами ЭмомалӣРустами Эмомалӣ бозигари тими “Истиқлол” аст ва аз ӯ дар Кӯлоб ба таври вижа истиқболи шуд

Субҳи рӯзи сешанбе, пеш аз оғози бозии футбол миёни тимҳои “Истиқлол”, тими кишварӣ ва тими “Рӯшан”, тими маҳаллӣ дар шаҳри Кӯлоб, кормандони ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Кӯлоб хиёбони марказӣ ва кӯчаҳои атрофи варзишгоҳро таҳти назорат гирифта буданд.Ин тадбири амниятӣ то имрӯз дар шаҳри Кӯлоб идома дорад.Ба гуфтаи Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи Вазорати кишвари Тоҷикистон, дар ҷараёни беназмиҳои рӯзи сешанбе дар Кӯлоб беш аз даҳ нафар ҷароҳатҳои сабук гирифтаанд.Гуфта мешавад танҳо чаҳор нафар аз осебдидагон ҳоло дар бемористон ҳастанд.Ба гуфтаи оқои Асадуллоев, аз миёни футболбозон ва кормандони пулис касе осеб надидааст. Вай гуфт садои инфиҷор, ки шунида мешуд, инфиҷори гози ашковар буд, ки барои пароканда кардани издиҳом аз сӯйи пулис истифода шуда буд.Оқои Асадуллоев ин ҳодисаро “бетартибии оммавӣ” унвон кард ва гуфт, ки парвандаҳое, ки дар ин робита боз шудаанд, ба иттиҳоми “авбошӣ” таҳқиқ хоҳанд шуд.Дар ин ҳодиса ҳаводорони норозӣ аз натоиҷи бозӣ бо партоби санг ба сӯйи довар ва кормандони пулис эътироз кардаанд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ҳаводорон аз он норозӣ буданд, ки довар бо нодида гирифтани мавориди зарбаи ботил (off side) аз сӯйи тими “Истиқлол” аз ин тим ҳимоят кардааст.Замоне ки ҳаводорони башӯромада ба сӯйи худрави Рустами Эмомалӣ ҳаракат карданд, нерӯҳои вижаи пулис ворид ба кор шуда ва барои мутафарриқ кардани эътирозкунандагон тири ҳавоӣ шилик кардаанд.Ба дунболи инфиҷори гози ашковар дар дохили майдон эътирозкунандагон дар хориҷи варзишгоҳ низ бо пулис даргир шудаанд.

 
Slide-show from the official web-site of Fc “Istiklol”
 

This slideshow requires JavaScript.

 
Ҳақиқати занозании Кӯлоб

Source: Millat

Дар поёни бозӣ миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»(Душанбе) ва «Равшан»-и Кӯлоб дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб, ки бо пирӯзии «Истиқлол» бо ҳисоби 1:0 ба поён расид, мухлисони футбол доварон ва кормандони милисаро таҳти сангборон қарор доданд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ба ҳисоб гирифта нашудани се ҳолати нобозӣ (оффсайд)-и ҳамлаварони дастаи “Истиқлол” сабаби эътирози мухлисон гардидааст.

Аз ҷумла 6 корманди умури дохила ҷароҳати сабук бардоштааст.

Сангандозӣ ба тарафи доварон ва кормандони милиса 5 дақиқа пеш аз поёни бозӣ шурӯъ шуд. Баробари ҳуштаки анҷоми сабқат мухлисони футбол аз варзишгоҳ берун омада, ба автобусу мошинҳои дастаи “Истиқлол” ва ҳам мошини сӯхтонишон ҳамла карданд ва шишаи онҳоро шикастанд. Замоне ки мухлисон тарафи писари раисиҷумҳури Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, ки бозингари дастаи “Истиқлол” аст, ҳаракат карданд, бахши таъиноти махсуси милиса ё ОМОН барои пароканда кардани издиҳом ба ҳаво тир кушод ва панҷ таркиши тарсонанда анҷом дод.

Ба дунболи инфиҷор дар дохили майдон, мухлисон ва нерӯҳои амниятӣ дар хориҷи варзишгоҳ ба ҳам даргир шудаанд ва нерӯҳои интизомӣ барои пароканда кардани онҳо аз гази ашковар истифода намудаанд.

Мухлисони норозӣ ба мошинҳои дигар ҳамла карданд ва балони онҳоро кафонда, шишаҳояшонро шикастанд. Аз ҷумла мошинҳои “Ёрии фаврӣ” низ ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Як шоҳиди воқеа мегӯяд, ин мошинҳо барои он ҳадаф қарор ёфтанд, ки милиса мехост, бархе аз боздоштшудагонро дар онҳо интиқол диҳад. Шоҳид мегӯяд, даҳҳо нафар захмӣ ва боздошт шудаанд.

Се таркиши дигар дар назди Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб ба вуқӯъ пайвастааст. Шаҳр ҳоло зери назорати милиса буда, мошинҳо дар кӯчаҳо равуо доранд, аммо сокинон ҳушдор гирифтаанд, ки аз манзилҳои худ берун наоянд.

Бозии гузаштаи дастаҳои футболи «Истиқлол»(Душанбе) ва «Равшан»-и Кӯлоб рӯзи 3-юми май дар шаҳри Душанбе низ бо кашокаш ва дилозорӣ поён ёфта буд. Мухлисони «Равшан» доварони бозиҳоро айбдор мекунанд, ки ба манфиати дастаи «Истиқлол»(Душанбе)доварӣ мекунанд. Сарони футболи Тоҷикистон хархашаи гузаштаро маҳкум карда, ваъда дода буданд, ки эътирози мухлисонро аз роҳи қонунӣ баррасӣ хоҳанд кард.

«Миллат» ба шаҳрдори Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев соати 21. 30 дақиқаи шаб занг зада аз ӯ мепурсем, ки оё рост аст, ки вазъият дар Кӯлоб нотинҷ аст ва мухлисони футбол он ҷо даст ба бетартибӣ задаанд, хандае карду гуфт, «ҳама ҷо тинҷ аст. Меҳмонҳоро гусел кардем, ҳеч ҷойи ташвиш нест». Пурсидем, ки мувофиқи баъзе хабарҳо дар варзишгоҳи Кӯлоб як таркиши сахте шудааст, ки дар натиҷа чанд тан ҷароҳат бардоштаанд. Ҷаноби Абдуллоев афзуд, ки «не, ҳеч таркиши сахте руй надода ва танҳо «димовой шашка» таркидааст. Дар мавриди он ки кадом гунаҳкоре боздошт шудааст ё на, шаҳрдори Кӯлоб гуфт, ки « ин ҷо ҳеҷ гапе барои воҳима нест, ҳама тинҷ аст». Инчунин афзуд, ки «дар варзишгоҳ қариб 50 ҳазор мухлис буда ва табиист, ки якта – нимта беақл ҳамеша пайдо мешавад. Ин гуна ҳодисаҳо дар ҳамон давраи Шӯравӣ ҳам дар бозии футбол рух медод». 

Аммо Аҳмад Иброҳим, хабарнигори муқими шаҳри Кӯлоб, ки шоҳиди ин воқеа будааст, дар тамос ба «Миллат» гуфт, бар асари ин ҳодиса ҳудуди 15 нафар ҷароҳат бардоштааст. Нируҳои интизомӣ дар кӯчаҳо хеле зиёданд ва ҳоли ҳозир вазъ ором аст. Ба гуфти ҷаноби Иброҳим воқеан бозии футбол хуб гузашт ва тими «Истиқлол» ғолиб омад. Ин бесарусомонӣ пас аз таркиши ногаҳонӣ дар майдон сурат гирифт.

PS: Ба дунболи ин ҳодиса баъд аз зуҳри рӯзи сешанбе дар саросари Тоҷикистон аз ҷумла дар пойтахт шаҳри Душанбе иқдомҳои шадиди амниятӣ рӯи даст гирифта шуд. Ва нирӯҳои зиёди интизомӣ ба кӯчаву хиёбонҳои Душабе рехта ҳаракати нақлиёт ва сокинонро таҳти назорат қарор додаанд. Ин гуна вокуниши нирӯҳои милиса ва ба сурати бесобиқа ба хиёбонҳо рехтани онҳо ҳодисаи бозии футбол дар Кулобро бештар аз як ҷанҷоли маъмулии мухлисони футбол нишон медиҳад. Ва мақомотро зарур аст, ки сабаб ва омилҳои ҳодисаи мазкурро дидан арзёбӣ кунад.

Футбол: Руҷӯи хуб, аммо поёнаш ҳузнангез

Source: Ozodagon

Дар ин беморхона шумораи зиёди милисаҳо ҷамъ омадаву барои маълумот гирифтан ҳатто барои мо журналистҳо иҷоза намедоданд.

Як капитани милиса такрор ба такрор мегуфт, «фармони махсус аст, то дар бораи маҷрӯҳон ба касе маълумот надиҳанд» ва сардухтурро иҷозаи сӯҳбат кардан намедод…

Қабл аз бозии навбатии тимҳои лигаи олии футболи мамлакат миёни дастаҳои пешсаф- «Равшан»-и Кӯлоб ва «Истиқлол»-и Душанбе, ки рӯзи 14-уми июн дар соати 17-30 ба вақти маҳаллӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор шуд, ҳама ҷойи шаҳр намуди идона дошт. Аллакай дар соати 13 дар варзишгоҳ ҷойи холӣ набуд. Овозхонҳои маъруфи кишвар ба монанди Содиқ Холов, Шабнами Сурайё, Зафари Аюбӣ ва дигарон бо суруду тарона маҳфилро гарм нигоҳ медоштанд.Табъи мухлисон низ болида буд. Бойиси зикр аст, ки ин майдон фақат як бори дигар чунин қабои идона дошту бас: рӯзи ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоби бостонӣ.

Чанд дақиқа пеш аз оғози бозӣ, муовини раиси федератсияи футболи Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ ба варзишгоҳ омад. Зимни суханронӣ ба майдони пур аз ҳаводорони варзиш рӯ оварда гуфт: «салом ба мухлисони «Равшан». Барои футболбозони кӯлобӣ дар ин сабқат бурдборӣ таманно мекунам».

Баъдан, раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев аз номи сокинони шаҳр ӯро хайрамақдам гуфт ва ҷомаву як тоқии гулдузии кӯлобӣ барои эшон ҳадя кард. Инчунин, аз ҷониби мухлисон барои Рустами Эмомалӣ 3-тӯҳфаи дигар низ супурда шуд. Дар майдон бошад, барои аъзоёни дастаи «Истиқлол» ва «Равшан» тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби мухлисони футбол тақдим гардида, ҳуштаки довар аз оғози бозӣ хабар дод

Ҳисоб ба мухлисон таъсири манфӣ гузошт

Таҳти нидову фарёд ва қарсаки мухлисон мусобиқа оғоз гардид. Қисмати аввали бозӣ бо ҳуҷумҳои тарафайн ва бештар ҳунарнамоии хуби соҳибони майдон, аммо бе кушодани ҳисоб ба анҷом расид. Қисмати дуюми бозӣ тамоман ранги дигар гирифт. Футболбозони душанбегӣ бештар ба ҳуҷум гузашта, пайваста назди дарвозаи соҳибони майдон ҳолатҳои голзаниро ба вуҷуд меоварданд. Ба назар мерасид, ки бозингарони кӯлобӣ хаста шуда буданд. Дар дақиқаҳои 85-уми бозӣ ба меҳмонон муяссар гашт, ки ба дарвозаи кӯлобиҳо гол зананд. Аз ин ҳолат, баъзе аз мухлисон рӯхафтода шуда, ба сӯи бозингарону доварон ҳақорат медоданд, сангу кулӯх мепартофтанд. 3 дақиқа баъд ҳуштаки довар баланд гашта, аз анҷоми сабқат дарак дод. Табиист, ки бохти дастаи «Равшан» мухлисонро дилшикаставу рӯҳафтода карда буд ва онҳо оҳиста-оҳиста, дашному ҳақораткунон ҷониби баромадгоҳ мерафтанд. ..

Оҳу нолаи мухлисон дар варзишгоҳ

Дар ҳамин маврид, ногоҳ болои мардуми дар як ҷониби нишастгоҳ буда, таркиши гӯшхарош садо дод. Ногуфта намонад, ки маҳз ҳамин мухлисони қисмати нишастгоҳ аснои бозӣ якчанд маротиба ҷониби милисаву кормандони ОМОН, сангу кулӯх партоб карда буданд. Дар натиҷаи таркиш, як қатори ҷои нишаст хароб гаштаву чанд тани дигар захм бардоштанд. Миёни нишастгоҳ як кӯдаки тақрибан 12-14-сола ва чанд ҷавон фиғону нола мекарданд. Боқӣ ҳама бо ҳаяҷону тарс титу парешон гаштанд. Кормандони милиса кӯдак ва он ҷавононро ба мошини ёрии таъҷилӣ шинонда, ба беморхона интиқол доданд. Як корманди дигаре бо либоси мулкӣ пайваста дод мезад, ки мардумро аз варзишгоҳ ҳар чӣ тезтар берун баред.

Рустами Эмомалӣ, муовини раиси федератсияи футболи ҷумҳурӣ бо чанд нафар аз масъулини ин федератсия ва меҳмонон, ҳамчунин раиси шаҳри Кӯлоб то ҳанӯз дар бинои варзишгоҳ буданд.

Пас аз чанд лаҳзаи дигар ҳамин гуна таркиши баланд дар беруни варзишгоҳ ба амал омад. Баъзеҳо мегуфтанд, ки мухлисон чизи таркандае доштаанду аз он истифода мебаранд. Аммо муайян гашт, ки таркишро кормандони ОМОН тариқи пакети газӣ ба амал оварда, издиҳомро пароканда карданианд.

Дар беруни варзишгоҳ аллакай ҳазорон нафар мухлисон роҳҳоро банд кардаву бо сангу ҳар гуна ашё болои милисаву омончиён мезаданд. Дар навбати худ, омончиён, ки бо автомату дубинка ва дигар лавозимот мусаллаҳ буданд, болои мардум пакети газӣ мепартофтанд ва бо тирҳои резинӣ тирпарронӣ доштанд. Милисаҳо низ барои иҷрои вазифа ба сӯи мардум ҳаракат карда, чанд тан аз бетартибгаронро дошта меоварданд. Гуфта мешавад, 6-маротиба болои мардуми ба қиём омада кормандони ОМОН норинҷакҳои газӣ партоб карданд, ки бойиси маҷрӯҳ шудани одамон гардид.Аз ҷониби кормандони милиса ҳам дасти кам 5-нафар ҷароҳати сабуку вазнин гирифтанд. Кашмакаши мухлисони футболу бо ОМОНу милисаҳо то нимаи шаб идома дошт.

«Фармони махсуси боло», яъне чӣ?

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои сардухтури беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб, шаби гузашта ба беморхона 8-тан аз сокинони шаҳр, ки дар натиҷаи таркиши норинҷакҳои газии омончиён захмиву ҷароҳат бардоштаанд, муроҷиат кардаанд. Аз ин шумора, як нафар бо исми Азизбек Ашӯров корманди ОМОН будааст, ки устухони шохчаи оринҷи дасташ осеб дида, шикастааст. Дигарон шаҳрвандони оддӣ будаанд, ки ҷароҳатҳои оҳанпорагӣ, ё худ «осколочные ранение» гирифтаанду ҳам контузия.

Дар беморхонаи ёрии таъҷилӣ бошад, боз 7-нафари дигар аз мухлисон муроҷиат кардаанд, ки низ бо ҷароҳатҳои сангчаву оҳанпоразада ва контузия будаанд. Аммо дар ин беморхона шумораи зиёди милисаҳо ҷамъ омадаву барои маълумот гирифтан ҳатто барои мо, журналистҳо иҷоза намедонанд. Як капитани милиса такрор ба такрор мегуфт, «фармони махсус аст то дар бораи маҷрӯҳон ба касе маълумот надиҳанд» ва сардухтурро иҷозаи сӯҳбат кардан намедод.

Тавре мушоҳидаҳо нишон доданд, мухлисони кӯлобӣ баъди мағлуб гаштани тими дӯстдоштаашон ҳарчанд дилгиру хиҷил гашта буданд, вале бо бо дашному ҳақорат ва сангпартоии кӯтоҳ тарки варзишгоҳ мекарданд, ки ин хоси мухлисони ба истилоҳ «фанат»-ҳои футболи тамоми дунёст. аст. Аммо бо айби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла ОМОН-и Душанбе, ки тавре гуфтем, бе ягон сабаб болои мардум пакетҳои газӣ партоб карданд ва ин амал бойиси нороҳатии ҷавонони мухлис гашта сабабгори бетартибии оммавӣ гардид. Ба андешаи шоҳидон ин амалиёт ба «як саҳнаи қаблан тарҳрезишуда» монанд буд, ки дастандаркоронаш варзишро ба сиёсат олуда кардан мехостанд. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки писари райисҷумҳур барои нахустин маротиба ва ба таври расмӣ ҳамчун муовини раиси федератсияи футбол барои боздид ва тамошои футболи дастаи «Равшан» ба Кӯлоб омада буд.

Ва акнун ба ҷои анҷом

Дар ибтидо гуфтем, Кӯлоб қабои идона дошт, футбол боз ҳам ин идро шукӯҳмандтар карда буд, аммо афсӯс поёни ин ид ҳузнангез буд. Варзишгоҳи нимашикаста, чанд нафар захмӣ ва иддае рӯҳшикаста пас аз ин бозӣ қарор доранд. Акнун суоли боз ин аст, ки кӣ дар «вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва осоиши шаҳрвандон» даст дорад? Метарсам, ки боз ҳам мухлисони қаторӣ ва сокинонро гунаҳкор накунанд… Ба ҳар сурат ин қазия, таҳқиқи ҷиддии масъулини мақомоти интизомӣ ва ҳифзи ҳуқуқро интизор аст.

Аслиддин Достиев, Кӯлоб

Advertisements