Бахтиёр Файзуллоев, махсус барои “ФТ”

Парвоз 0-0 Энергетик

Бози бо ҳуҷумҳои тарафайн огоз ёфт. Дастахо хучумхои эхтиёткорона гузаронида, чойхои сусти харифи худро кашф мекарданд Дар дакикаҳои аввал Парвоз аз ду лахзаи хуби голзани истифода набурд, баъди зарбаи баркчиён туб аз назди пахлучуби дарвоза гузашта аз майдон берун шуд. Огози бози он кадар дагал набуд, довар низ хатоги намекард. Пас аз 20 дакикаи бози Энергетик риштаи бозиро ба дасти худ гирифт. У хучумхои муташаккилона гузаронида, дар назди дарвозаи сохибони майдон чанд лахзаи хавфнок ба амал овард. Кулминатсияи хучуми муташаккилонаи Энергетик ба ним соати бози рост омад, ки аз мобайни майдон дар наздикии хатти чаримагохи Парвоз бозигари №7 туби аз акибгох партофташударо сохиби мекунад. Ду нафарро фирефта аз назди хатти чаримагох тубро аз болои дарвозабон мепартояд. Дарвозабон дар чояш шах шуд. Аммо ба бахти Парвоз туб ба болочуби дарвоза бархурда баъдан химоятгарон онро аз чаримагохи хеш мебароранд. Баъди ин бози андаке ором мешавад ва баъди панч дакика Парвоз ба хучуми муташаккилона мегузарад. Энергетик низ ин даъвои Парвозро кабул мекунад ва баъди ин бозии кушода огоз гардид. Хуллас дар вакти бокимонда тарафайн хучумхои чавоби гузаронида, чанд маротибаги ба суи дарвозаи хариф зарба мезаданд. Бо хамин кисми аввали бози ба итмом расид ва агар дар шакли умум натича гирем, он бо бартарии мехмонон анчом ёфт.

Хатти хучуми Парвоз хануз пурра нашудааст. Аз чумла дар кисми аввали бози аз канори чап хело кам истифода мебурданд. Нимхимоятгари ин канор хело кам ба хучумхо пайваст мешуд. Байни хучумкунандагон хамдигарфахми хело кам «таракки» кардааст.

Энергетик бошад бозии комбинатсионии хуб нишон дод. Хусусан ду зангихо, ки дар канори рости кафо ва миёна бози мекунанд ташкилкунандагони асосии хучуми баркчиён ба хисоб мерафтанд.

Дар кисми дуюми бози Парвоз андак ба худ омад. Аз чумла дар дакикаи 50 баъди хучуми муташаккилона онхо ба задани зарбаи чаримави муваффак шуданд. Вале туби задашуда аз нишон боло рафт.

Баъди панч дакика Энергетик як хучуми чавобии олие ташкил кард, ки баъди зарбаи зада шуда дарвозабони сохибони майдон махорати хуби хавопаймои нишон дода тубро зада аз майдон берун кард, вагарна кушодашавии хисоб ногузир буд.

Дакикаи 65 Хайрулло Гайбуллоев дар наздикии чаримагохи мехмонон ду нафарро бо як имо фирефта (назамахе) зарба мезанад, аммо туби задаи 10-15 см дуртар аз пахлучуби дарвоза гузашта тарки майдон намуд.

Парвоз бозиро ба дасти худ гирифт. Химоятгарони мехмонон монда шуда буданд, магар дар холатхои одди ба хатогихо рох медоданд. Вале аз ин хатогихо хавопаймоиён истифода бурда наметавонистанд.

Дар дакикахои 70 бози баъди бо даст бози кардани бозигари №19 баркчиён ва бинобар маротибаи дуюм дар ру баруи худ дидани варакаи зард вай аз майдон ронда шуд.

Аммо кам шудани сафи баркчиён бар нафъи Парвоз нашуд. Баъди тубро гирифтан, ташкилкунандагони хучум сарфахм намерафтанд, ки чи кор кунанд бо он. Фикрронии зиёд мекарданд, зеро Энергетик  хамаи бозигарони хатти пеши сохибони майдонро устокорона мепушонд. Парвоз мачбур мешуд бозиро боз аз акибгох огоз кунад. Баъзан сохибони майдон тубро гум мекарданд ва Энергетик ба хучуми чавоби мегузашт. Бояд кайд кард, ки хатто баъди кам шудани сафи бозигарон хатти пеши Энергетик заъф нагардид. Хамон ду нафар дар пеш буданд.

Дар охирхои бози (бо истилохи дигар «вакти чонама гир») баъди пахши хучуми Энергетик мизбонон зуд ба хучум мегузаштанд. Вале боз хам бо хамон сабаби нофахми будан дар байни бозигарон аз лахзахои хуб ба дарачаи бояду шояд истифода бурда наметавонистанд. Аз чумла кабл аз анчоми вакти асоси Хайрулло тубро аз байни ду химоятгари мехмонон ба пеш – ба самти бозигари №10 партофт. Вале ин чавонмард дар бораи ин фикру хаёли Х.Гайбуллоев тамоман маълумот надошт магар ба пеш набаромад. Ва умуман чунин амал дар байни бозигарони Парвоз хеле зиёд ба чашм мерасад.

Дар вакти иловашуда Парвоз бо кувваи зиёд ба пеш гузашта хатто зарбахои кунчи зада бошад хам муроде хосил накард.

Дар охир чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки баъди иваз шудани мураббии Парвоз бозиаш дигаргун шудааст. Партобхои бемаънии пуч хело кам шудааст. Энергетик бошад, ахён-ахён бозии комбинатсионии хуб нишон медихад.

This slideshow requires JavaScript.

Хуҷанд 1-1 Регар ТадАЗ (муҳаммад Умматқулов – Рустам Идрисов)

Мегуянд баъди мусови дар «Фурудгох» баъзе аз бозигарони Регар гириста будаанд. Барои хамин дар бозии имруза мухорибаи олиро интизор будем. Бози бо хучумхои тарафайн огоз ёфт. Хар ду даста бозии хуби комбинатсиони нишон медоданд, ки назар ба бозии дируза дар фурудгох (Парвоз-Энергетик 0-0) ба мисли замину осмон фарк мекард.

Дар кисми аввали бози канори рости хатти хучуми Регар бисёр вакт аз мадди назари сохибони майдон дур мемонд. Ин буд ки дар дакикаи 10 мухочими канори рост тубро аз наздикии хатти майдончаи чаримави тубро ба хамдастааш мепартояд. Охирон тубро сохиби карда бо як махорати оли онро вориди дарвозаи Насимшех мекунад. Аммо шодии мехмонон дер давом накард. Пас аз ду дакика хисоб баробар шуд. Хучуми сохибони майдонро мехмонон бар мегардонанд ва довар туби кунчи таъин мекунад. Мизбонон аз хатогии мухофизон истифода бурда тубро вориди дарвозаи Додов мекунанд.

Баъд дакикае Хучанд гуё аз голи задаи худ илхом гирифта бошад ба хучуми чавоби мегузарад. Бозигари №10 дар дохили майдончаи чаримави сохиби туб гардида мехост аз ду нафар гузарад. Вале хатои чидди кард. Охир Регар тиме нест, ки дар майдончаи чаримавиаш гузорад то бахузур чи коре хохи ичро куни.

Аз тамошои бозии имруза лаззат бурдем.. Бозии ранги кушода дошт. Регар бози мекард ва мегузошт Хучанд хам махорати худро нишон дихад. Бачахои Регар хама коматбаланду танадор хастанд ва якдигарфахмии хуб доранд. Аммо чунин бозии зебои Хучандро кайхо надидаем. Канори рости хатти хучуми мизбонон хеле фаъол буд. Вале фикр мекунам барои №10 тачрибаи бози намерасад, магар мехнати худро худаш дар бисёр холат барбод медод. «Видение поля» ва «выбор позиции» дар ин чавон хуб монда шудааст. Аммо бисёр ба фиребдихи машгул мешавад, ки аслан хоси Лигаи оли нест. Аз як нафар гузашти ба дуюмаш хатми бармехури! Бар замми ин Регар аз он кабил тимхо нест, ки худро зери хандахариш карор дихад. Ба хар хол ояндаи хуб дорад. Умед дорем, дар катори ШШ (Шамсиев) бози карда, махорати худро сайкал хохад дод.

Дар дакикаи 30 бози дар наздикии майдончаи чаримави сохибони майдон коидаи бозиро вайрон карданд. Барои Регар шароити хуби зиёд кардани хисоб пайдо шуд. Туби бо як махорати оли задашуда аз болои садди сохтаи сохилидарёиён гузашта дар охир дастони дарвозабони Хучандро дарёфт. Мухлисон ба ичрокунандаи зарба ва бартарафкунандаи он кафкуби намуда ахсан хонданд.

Аммо дар ин бози низ як чизе ба чашм расид, ки хусни бозиро кохонд. Вакте бозигари №4 Регар ба суи бозигари Хучанд дуг зад мухлисонро ба шур овард, онхо низ ба хой-хой гузаштанд. Вале ин бетамиз ба суи мухлисон нигаристу хаккорат кард, ки дар сафи мухлисон низ бетамизхоро пайдо намуд. Ориф ин рафтори кахрамонро бо огохии шифохи

Аммо ахсан ба  мураббии даста, ки онро аз канори рост ба канори чап гузаронд, ки дар натича вазъияти ногувори бамиёномада зуд халли худро ёфт. Гарчанде мухлисон ором шуда бошанд, хам №4 баъди 5 дакика дар наздикии байракчаи кунчи чапи акибгохи Регар нисбати хучанди дагалона амал намуд. Вале амали чавобгуи варакаи зард набуд, магар Ориф _______ даст ба чайб набурд.

Аммо дакикае кабл аз ин Хучандро пахлучуби дарвозааш аз голи дуюм эмин дошт. Вокеа чунин ба вукуъ пайваст: чун одат канори рости хучуми Регар фаъол гардида №20 тубро ба чаримагохи Хучанд мепартояд мухочими аз канори рост ба хучум пайвастшуда бо зарбаи хеле сахт тубро ба суи дарвозаи Хучанд равон кард, вале туб ба чои тур пахлучуби дарвозаро дарёфт.

Дар чавоб Регарро бозигари №10 Хучанд хагоми дар холати гайрибози карор доштанаш аз вазъи ногувори баамаломада рахои намуд.

Лахзаи охири кисми аввал, лайнсмен ШШро барои бо даст бози намудан муттахам намуд.

Дар вакти танаффус аз таблои варзишгох ролики хеле ачибро пахш намуданд. Дар он давраи истиклолияти Точикистон ва дастовардхои даврони истиклол дар шимоли мамлакат гирд оварда шуда буданд, ки кас аз тамошояш лаззат мебурд.

Баъди ин навор мухбир (ё баранда)-и варзишгох бо суханони тарбияви мухлисонро даъват мекард, ки аз амалхои пастфисратона (ба мисли партофтани баклажкаю г.) худдори намоянд. Ачиб, ба сари ки омад ин фикр?.. Ба хар хол хеле хуб.

Огози кисми дуюми бози бо хучумхои нешдори Хучанд огоз гардида бошад, баъдтар Регар низ ки буданашро ба Хучанд ёдрас намуд. Аз чумла дар дакикаи 50 хучуми муташаккилонаи Регар кариб ки ба гол анчом меёфт, аммо лахзаи охир химоятгари №3 тубро бо сараш ба дарвозабон партофта вазъиятро безарар гардонд.

Баъди се дакика Додов махорати худро ба мухлисони дар варзишгох чамъомада нишон дод. Ба тубе, ки аз бозигарони Регар тарки майдон менамуд бо як чусту чолоки ба канори майдон равон сохт. Хучанд аз задани зарбаи кунчи махрум шуд. Баъд риштаи бози ба дасти Регар дода шуд. Маъдангудозон хучуми муташаккилонаи худро гох як тараф ва гох аз тарафи дигар давом медоданд. Бо ивазнамудани бозигар мураббии Хучанд вазъро муътадил гардонд. Ба майдон Таран баромад, ки ба хучумхои Хучанд обу ранг медод. Бо хамин то охири бози дастахо чанд лахзахои голзани сохтанд. Агар дар лахзае дарвозабонон хуб хунарнамои намуда бошанд дар дигар лахза ё мухофиз садди рох мегашт ё хонум фортуна.

Чун одат Хучанд дар вакти дакикахои иловашуда (4 дак.) бо иштихои том ба пеш рафт. Регарро танг мекард. Аз чумла №10 чанд лахзаи хуби голзаниро аз даст дод. Мухофизони Регар асабони мешуданд ва дар дакикаи охири вакти иловашуда дар наздикии чаримагох коидаи бозиро вайрон намуданд. Аммо Хучанд ин лахзаро низ ба таври бояду шояд истифода бурда натавонист. Дакикаи охиронро бошад Регар бо ду се зарбахои кунчи чамъбаст намуд.

Бо хамин бозии мусовй ва бадарачахое зебо дар варзишгохи «20-солагии истиклолият»-и ш. Хучанд ба анчом расида харифонро якхоли хадя намуд.

Натиҷаҳои дигар:

  • “Вахш” (Қӯрғонтеппа) – “Истиқлол” (Душанбе) –  1:0 (Аҳтам Ҳамроқулов, дақиқаи 61-ум)
  • “Гвардия” (Душанбе) – “Хайр” (Ваҳдат) -1:5 (Мирзобек Мирзоев – ду гол, Далер Шарифов, Низом Раҳимов, Муҳаммад Дустгалӣ – як голӣ (“Хайр”) ва Сӯҳроб Шарифов (“Гвардия”).
  • “Равшан”-и Кӯлоб 4:0 “Шодмон”-и Ҳисор (Ширин Наимов, Зокир Абдулхайров, Индус Ҳусейнов ва Фозил Сатторов)

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) ва  Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) бо 10-голӣ пешсафанд. Фозил Сатторов (“Равшан”) 9 гол задааст. Аҳтам Ҳамроқулов (“Вахш”) ҳашт, Габриэл Донто ва Шодибек Ғаффоров (ҳарду – “Энергетик”) 7-голӣ задаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой  Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. “Истиқлол” 13 11 1 1 30-7 34
2. “Равшан” 15 10 2 3 28-9 32
3. “Регар-ТадАЗ” 14 8 3 3 27-14 27
4. “Хайр” 14 8 2 4 25-14 26
5. “Энергетик” 16 7 2 7 21-22 23
6. “Вахш” 15 6 1 8 15-16 19
7. ССКА “Помир” 15 6 1 8 22-26 19
8. “Хуҷанд” 15 5 4 6 16-21 19
9. “Шодмон” 15 4 2 9 18-27 14
10. “Парвоз” 15 4 2 9 15-33 14
11. “Гвардия” 15 1 2 12 12-40 5
                 

Даври 18-ум

22 июн (чоршанбе)
«Хайр» – «Вахш»
ССКА «Помир» – «Равшан»

23 июн (панҷшанбе)
«Шодмон» – «Парвоз»
«Истиқлол» – «Хуҷанд»

24 июн (ҷумъа)
«Энергетик» – «Гвардия»

Advertisements