Бохти “Истиқлол” ба “Регар” дар шаҳри Турсунзода


 

Муаллиф: Нарзуллоҳи Латиф. Бознашр аз Озодӣ

Бозиҳои даври 20-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Дар се бозӣ мизбонон, дар як бозӣ меҳмонон ғолиб омаданд ва як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт.

Бозии марказии даври 20-ум, ки дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ”ва “Истиқлол”-и Душанбе баргузор шуд, шоми 1-уми июл бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 1:0 поён ёфт.

Дар ин дидор голи ягонаро Нӯъмон Ҳакимов, ҳамлагари “Регар-ТадАЗ”, аз масофаи 4 метр ба ҳадаф расонд. Вале баъдан Нӯъмон сахт лат хӯрд ва дар нимаи дуввуми бозӣ ӯро Бахтиёр Ҳасанов иваз кард.

Ин бохти дуввуми “Истиқлол” ва ғалабаи даҳуми “Регар-ТадАЗ” дар мусобиқаи имсола мебошад.

Дар бозии дигари ин давр дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и Душанбе аз тими мизбон – “Гвардия” бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Исфандиёри Маҳмадалӣ дар нимаи аввали дидор ба дарвозаи меҳмонон гол зад.

Бозии дастаи “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ” бо тими меҳмон – “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат бо ҳисоби 0:0 ба анҷом расид.

Ёдовар мешавем, ки ду бозии аввали даври 20-ум рӯзи 30-юми июн баргузор шуда буд. Дастаи “Энергетик”-и Душанбе бар тими меҳмон – “Шодмон”-и Ҳисор бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Голҳо: Шодибек Гаффоров, 6 (1:0). Шавкати Ҳотам, 11 (2:0). Шавкати Ҳотам, 25 (3:0). Маҳмадсаид Бобомуродов, 34 (3:1).

Дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар майдони худ аз ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрд. Голҳо: Давронҷон Тухтасунов, 3 (0:1). Муҳаммад Умматқулов, 7 (1:1). Аъзам Ҳусейнов, 24 (1:2). Шӯҳрат Шамсиев, 29 (2:2). Аъзам Ҳусейнов, 62 (2:3). Комил Саидов, 75 (2:4). Шӯҳрат Шамсиев, 83 (3:4).

Бар асоси тақвими бозиҳои сабқати Лигаи олӣ дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар даври 20-ум истироҳат кард.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
 

1. Истиқлол” 15 12 1 2 318 37
2. “Равшан” 16 11 2 3 31-11 35
3. Регар-ТадАЗ 16 10 3 3 32-14 33
4. “Хайр” 16 9 3 4 27-15 30
5. “Энергетик” 18 9 2 7 27-24 29
6. ССКА “Помир” 17 7 1 9 28-32 22
7. “Хуҷанд” 17 6 4 7 22-25 22
8. “Вахш” 17 6 1 10 17-20 19
9. “Парвоз” 18 5 3 10 18-35 18
10. “Шодмон” 18 4 2 12 20-36 14
11. “Гвардия” 18 2 2 14 14-47 8

Даври 21-ум
4-уми июл (душанбе)

«Парвоз» – ССКА «Помир»

5-уми июл (сешанбе)
«Энергетик» – «Истиқлол»
«Регар-ТадАЗ» – «Шодмон»
«Хуҷанд» – «Хайр»
«Гвардия» – «Равшан»

“Ҳосилот” – пешсафи ягонаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон

Бозиҳои даври 10-уми сабқати Лигаи якуми футболи Тоҷикистон баргузор шуданд. Се бозӣ бо пирӯзии мизбонон, як бозӣ бо ғалабаи меҳмонон анҷом ёфт ва як бозӣ мусовӣ шуд.

Бозиҳо бо чунин натиҷаҳо ба охир расиданд: «Зарафшон» – «Пахтакор» – 4:3, «Рашт» – «Румӣ» – 0:5, «Данғара» – «Ҳулбук» – 1:1, «Саройкамар» – «Сабо» – 2:1, «Ҳосилот» – «Вишгард» – 3:0 (ҳисоби техникӣ).

Ба иттилоъи масъулини Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаи “Вишгард”-и Файзобод дуввум бор аст, ки ба бозиҳо дар сафар ҳозир намешавад ва бар асоси низомнома аз мусобиқа хориҷ хоҳад шуд.

Бозии дастаҳои «Ҷавонон» – «Ситора» ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст.

Баъди натиҷагирии бозиҳои 10 даври мусобиқа дастаи “Ҳосилот”-и Фархор бо 23 имтиёз дар ҷойи аввал мебошад.

Дастаи “Зарафшон”-и Панҷакент бо 20 имтиёз дар ҷойи дуввум ва тими “Саройкамар”-и Панҷ бо 19 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Ҳосилот” (Фархор) 9 7 2 0 16-3 23
2. «Зарафшон» (Панҷакент) 9 6 2 1 199 20
3. «Саройкамар» (Панҷ) 8 6 1 1 205 19
4. «Ҳулбук” (Восеъ) 9 5 3 1 20-8 18
5. “Пахтакор” (Қубодиён) 8 4 2 2 21-12 14
6. “Вахши зарнисор”(Вахш) 9 3 3 3 16-18 12
7. «Сабо» (Шаҳринав) 7 3 2 2 14-9 11
8. «Ситора» (Рӯдакӣ) 8 3 2 3 7-8 11
9. «Данғара» (Данғара) 9 3 2 4 9-8 11
10. “Кӯктош” (Рӯдакӣ) 8 3 1 4 9-10 10
11. “Локомотив” (Душанбе) 9 2 2 5 4-14 8
12. “Румӣ” (Румӣ) 7 2 0 5 12-14 6
13. “Вишгард” (Файзобод) 10 2 0 8 6-29 6
14. “Ҷавонон” (Турсунзода) 6 1 0 5 4-16 3
15. “Рашт” (Рашт) 7 0 0 7 1-17 0
Бозиҳои даври 11-ум

2-юми июл (шанбе)
«Локомотив» – «Ҳосилот»
«Сабо» – «Кӯктош»
«Ҳулбук» – «Саройкамар»
«Румӣ» – «Ҷавонон»
«Пахтакор» – «Рашт»
«Вахши зарнисор» – «Зарафшон»

Бохти тими Афғонистон аз Фаластин бо ҳисоби 0:2

Тими миллии футболи Афғонистон дар нахустин бозиаш дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 аз дастаи мунтахаби Фаластин бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.

Ин бозӣ рӯзи 29-уми июн дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода бо ҳузури тахминан севуним ҳазор тамошогар баргузор шуд.

Мурод Алян, бозигари Фаластин, дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 28-ум ҳисобро боз кард.  Ӯдар дақиқаи 71-ум боз имкони хуби голзанӣ дошт, вале тӯби аз ҷаримаи 11-метра задаашро дарвозабони тими Афғонистон Ҳамидуллоҳ Юсуфзай бо пояш баргардонд. Голи дуввуми Фаластинро Исмоил Аламур дар дақиқаи 87-ум зад.

Натоиҷи чаҳор бозии дигари нахустин даври сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар қораи Осиё, ки 29-уми июн баргузор шуд, чунин аст: Камбоҷа – Лаос – 4:2, Непал – Тимори Шарқӣ – 2:1, Шри-Ланка – Филиппин – 1:1, Муғулистон – Мянмар – 1:0, Бангладеш – Покистон-3:0, Вйетнам -Макао-6:0 ва Малайзия-Тайван-2:1.

Бозиҳои ҷавобӣ 3-юми июл баргузор мешаванд. Ғолиби ҷуфти Афғонистон – Фаластин аз рӯи натоиҷи ду бозӣ дар даври дуввум бо тими миллии Тайланд рӯбарӯ хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки тими миллии Тоҷикистон дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 аз даври дуввум ширкат хоҳад кард. Рақиби футболбозони тоҷик тими миллии Сурия мебошад. Нахустин бозии дастаи Тоҷикистон 23-юми июл дар сафар ва бозии ҷавобӣ 28-уми июл дар шаҳри Турсунзода доир хоҳад шуд.

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон – дар ҷойи 135-ум

Тоҷикистон дар феҳрист ё рейтинги навини FIFA (Федератсиюни байнулмилалии футбол) байни 207 дастаи миллии кишварҳои ҷаҳон мавқеашро дар ҷойи 135-ум нигоҳ дошт.

Тоҷикистон миёни ҷамоҳири собиқи Шӯравӣ аз Туркманистону  Қирғизистон пеш аст. Русия, ки миёни ин кишварҳо дар ҷои аввал мебошад, мавқеаш як зина боло шуд (18-ум).

Мавқеи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: 40-ум (53-м буд) Беларус. 42 (35) Укроин. 56 (57) Гурҷистон. 58(47) Литва. 70 (62)  Арманистон. 79 (75) Эстония.  82 (77) Латвия. 85 (86) Молдова. 86 (83)  Узбакистон.  112 (108) Озарбойҷон. 126 (139) Қазоқистон. 135 (135) Тоҷикистон.  143 (141) Туркманистон. 169 (169) Қирғизистон.

Дастаи миллии Испания дар феҳристи навини FIFA  мисли пешин дар ҷои аввал аст. Ҳолланд дар ҷои дуввум ва Олмон дар ҷои севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Инглистон, Бразил, Италия  Португол, Хорватия, Мексика ва Аргентина ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар ҷои 20-ум қарор дорад. Даҳ дастаи беҳтарини Осиё инҳоянд: Ҷопон (дар феҳристи ҷаҳонӣ 13-ум), Австралия (22), Кореяи Ҷанубӣ (26), Эрон (50), Чин (75), Урдун (84). Узбакистон (86), Арабистони Саудӣ (92), Қатар (94) ва Ироқ (89).

Бояд тазаккур дод, ки натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 114-ум дар моҳи июли соли 1997 мебошад. Натиҷаи аз ҳама пасти Тоҷикистон ҷои 180-ум аз рӯи натиҷагирии моҳи июли соли 2003-юм буд.

Бозии Афғонистон ва Фаластин – 29-уми июн дар Турсунзода

Рӯзи 28-уми июн дар шаҳри Душанбе, нишасти матбуотӣ бо ширкати сармураббиёни дастаҳои мунтахаби миллии Афғонистон ва Фаластин, ки барои ширкат дар бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 ба Тоҷикистон омадаанд, баргузор шуд.

Бозии тимҳои мунтахаби миллии Афғонистон ва Фаластин 29-уми июн дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад. Тими Афғонистон мизбони ин бозӣ мебошад.

Юсуф Коргар, сармураббии тими миллии Афғонистон, ба хабарнигрон гуфт:“Федеросиюни футболи Тоҷикистон барои мо ҳамаи шароити тамринотиро дар урдугоҳи шаҳри Норак омода кардааст. Мо фикр мекунем, ки Тоҷикистон барои мардуми Афғонистон ҳамеша хонаи дуввум аст. Мо ҳеҷ вақт дар ин кишвари ба мо дӯсту ҳамҷавор худро бегона эҳсос накардаем. Зеро ки мо бо мардуми тоҷик ҳамзабон, ҳамдин, ҳамфарҳанг ва бародар ҳастем”.

Мӯсо Безас, сармураббии тими миллии Фаластин, аз меҳманнавозии мизбонон изҳори сипос намуд. Ӯ афзуд: ”Дар бораи дастаи миллии Афғонистон танҳо аз рӯи натоиҷи бозиҳои ин кишвар дар Ҷоми даъвати AFC (Конфедеросиюни футболи Осиё) маълумот гирифтаем ва ба назари ман ҳарду даста дар ин бозӣ барои пирӯзӣ шонси баробар доранд”.

Ба ғайр аз бозии Афғонистон – Фаластин дар нахустин даври сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар қораи Осиё тимҳои Малайзия – Тайван, Бангладеш – Покистон, Камбоҷа – Лаос, Шри-Ланка – Филиппин, Вйетнам – Макао, Непал – Тимори Шарқӣ ва Муғулистон – Мянмар қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Бозиҳои ҷавобӣ 3-юми июл баргузор мешаванд. Вале дар бораи макони баргузории бозии ҷавобии Фаластин – Афғонистон ҳоло хабаре нест. Фаластин низ ба мисли рақибаш имкони дар хона бозӣ карданро надорад.

Ғолиби ҷуфти Афғонистон – Фаластин аз рӯи натоиҷи ду бозӣ дар даври дуввум рӯзҳои 23-юм ва 28-уми июл бо тими миллии Тайланд рақобат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки тими миллии Тоҷикистон дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 аз даври дуввум ширкат хоҳад кард. Рақиби футболбозони тоҷик тими миллии Сурия мебошад. Нахустин бозии дастаи Тоҷикистон 23-юми июл дар сафар ва бозии ҷавобӣ 28-уми июл дар шаҳри Турсунзода доир хоҳад шуд.

Натоиҷи се бозии даври 19-уми сабқати Лигаи олӣ

Cе бозии даври 19-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуд. Дар ду бозӣ мизбонон ва дар як бозӣ меҳмонон ғолиб омаданд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар бар тими “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голро Маҳмадалӣ Содиқов дар нимаи аввали дидор (дар дақиқаи 11-ум) ба ҳадаф расонд.

Дар бозии дигар дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар меҳмонӣ бар тими “Шодмон”-и Ҳисор бо ҳисоби 3:0 пирӯз гашт. Ҳарсе гол дар нимаи дуввуми дидор зада шуд. Денис Сенчук, легионери “Хуҷанд”, дар дақиқаи 74-ум ҳисобро боз кард. Баъди 10 дақиқа Баҳодур Муродов ҳисобро афзун намуд.  Голи севумро Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 90-ум зад.

Воқеъан, пеш аз ин бозӣ сармураббии “Шодмон” Рустам Қурбонов ва ёвари ӯ Ҳикмат Фузайлов барои натиҷаҳои ғайриқаноатбахш аз вазифаашон сабукдӯш шуда буданд. Дар бозӣ бо “Хуҷанд” иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи “Шодмон” Фаррух Севинов буд.

Бозии севуми даври 19-ум, ки бегоҳи 27-уми июн дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Гвардия”-и Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 4:0 хотима ёфт. Фаррух Чориев ду гол, Баҳодур Шарифов ва Нӯъмонҷон Ҳакимов якголӣ заданд.

Ёдовар мешавем, ки бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон ду бозии даври 19-уми сабқати Лигаи олии кишвар миёни дастаҳои “Хайр”-и Ваҳдат – “Равшан”-и Кӯлоб ва ССКА “Помир”-и Душанбе – “Вахш”-и Қӯрғонтеппа аз 26-уми июн ба мӯҳлати дертар гузошта шуд.

Ғалабаи 12-ум ба “Истиқлол” имкон дод, ки бо 37 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ба ҷойи аввал барояд. «Равшан» бо 35 имтиёз дар ҷои дуввум аст.  «Регар-ТадАЗ» бо 30 имтиёз дар ҷои севум қарор дорад.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) бо 11 гол дар ҷойи аввал мебошад. Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) ва Фозил Сатторов (“Равшан”) 10-голӣ задаанд.

“РайПО” – барандаи Ҷоми КФ “Истиқлол”

Дар саросари Тоҷикистон мусобиқоти мухталифи варзишӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдат баргузор шуданд. Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми клуби футболи “Истиқлол”-и Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки дар ноҳияи Рашт тӯли ду ҳафта идома идома кард, бо пирӯзии дастаи “РайПО” (Ҷамъияти матлуботи ноҳия) ба анҷом расид.

Ба иттилои масъулини клуби футболи “Истиқлол” дар ин мусобиқа, ки дар варзишгоҳи маркази ноҳияи Рашт баргузор шуд, 26 даста ширкат дошт. Дар бозии ниҳоӣ дастаи “РайПО” бар дастаи “Қалъанак” бо ҳисоби 7:2 ғолиб шуд ва барандаи Ҷом гардид. Барои ҷойи севум дастаи “Навобод” бар дастаи “Қазноқ” бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.

Ҷому мукофоти пулӣ ва тӯҳфаҳои таъсисдодаи клуби футболи “Истиқлол”-ро ба ғолибону бозигарони беҳтарини мусобиқа Юсуф Рабиев, капитани даста, Нуриддин Давронов ва Александр Кудряшов дар вазъияти ботантана супурданд.

ВКД – барандаи “Ҷоми шаҳрдорӣ”

Мусобиқаи футболи хурд бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ байни кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти “Ҷоми шаҳрдорӣ”, ки дар шаҳри Душанбе тӯли чор рӯз идома кард, бо ғалабаи дастаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон поён ёфт.

Ба иттилои Раҳматшо Камолов, мудири бахши варзиши Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, дастаи ВКД дар бозии ниҳоӣ бар тими Бонки миллӣ дар замони изофӣ бо ҳисоби 4:3 ғолиб омад. Дастаи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ки бар тими Вазорати молия бо ҳисоби 5:2 ғалаба кард, мақоми севумро касб намуд.

“Ҳосилот” – пешсафи сабқати Лигаи якуми футболи Тоҷикистон

Бозиҳои даври 9-уми сабқати Лигаи якуми футболи Тоҷикистон баргузор шуданд. Чаҳор бозӣ бо пирӯзии мизбонон ва ду бозӣ бо ғалабаи меҳмонон анҷом ёфт.

Бозиҳо бо чунин натиҷаҳо ба охир расиданд: ««Кӯктош» – Зарафшон» – 1:2, «Локомотив» – «Саройкамар» -0:3, «Сабо» – «Данғара» – 2:1, «Ҳулбук» – «Ҷавонон» – 3:0, «Румӣ» – «Вишгард» – 3:0 (натиҷаи техникӣ), «Пахтакор» – «Вахши зарнисор» -3:1.

Баъди натиҷагирии бозиҳои 9 даври мусобиқа дастаи “Ҳосилот”-и Фархор бо 20 имтиёз дар ҷойи аввал мебошад.

Дастаҳои “Ҳулбук”-и Восеъ ва “Зарафшон”-и Панҷакент 17- имтиёзӣ ба даст овардаанд. Бо дарназардошти таносуби тӯбҳо “Ҳулбук” дар ҷойи дуввум ва “Зарафшон”дар ҷойи севум қарор доранд.

Натоиҷи бозиҳои даври 18-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон

Бозиҳои даври 18-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Дар се бозӣ меҳмонон ғолиб омаданд ва як бозӣ бо пирӯзии мизбонон поён ёфт.

Рӯзи 23-юми июн дастаи “Шодмон”-и Ҳисор дар майдони худ аз тими “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Ду голи “Парвоз”-ро дар нимаи аввали дидор Мансур Ҳакимов, капитани даста, дар дақиқаҳои 12-ум ва 24-ум ба самар расонд. Манучеҳр Ҳасанов голи севуми меҳмононро дар дақиқаи 67-ум зад. Фирдавс Қурбонов, бозигари “Шодмон”, дар дақиқаи 70-ум ҳисобро тағйир дод.

Ёдовар мешавем, ки ду бозии даври 18-ум 22-юми июн баргузор шуда буд. ССКА “Помир”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Политехникум”-и пойтахти кишвар аз тими“Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:3 мағлуб гашт. Дар ин бозӣ ду голи “Равшан”-ро Эраҷ Холов (дақиқаҳои 52 -юм ва 56 -ум) ва як голро Фозил Сатторов (82 ) ба ҳадаф расонданд. Ду голи мизбонон ба Илҳомҷон Ортиқов (74) ва Комил Саидов (78) мансуб аст.

Дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат дастаи мизбон – “Хайр” бар тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Голҳоро Исроил Идиев, капитани “Хайр”, дар дақиқаи 36 -ум, ҳамдастаааш Мирзобек Мирзоев (40) ва Сергей Абрамов, бозигари “Вахш” (49) заданд.

Рӯзи 24-уми июн “Энергетик”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и пойтахти кишвар бо “Гвардия”-и Душанбе рақобат кард. Ин бозӣ бо ҳисоби 3:1 бо ғалабаи “Энергетик” поён ёфт. Шодибек Ғаффоров, бозигари мизбонон, дар нимаи аввали бозӣ аз ҷаримаи 11- метра ҳисобро кушод. Ду голи дигари дастаи ғолибро Шавкати Ҳотам дар нимаи дуввум ба ҳадаф расонд. Як голи “Гвардия”-ро Темур Исмоилов зад.

Бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон бозии даври 18-уми сабқати Лигаи олии кишвар миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд аз 23-юми июн ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст. Инчунин ду бозии даври 19-ум миёни дастаҳои “ССКА Помир”-“Вахш” ва “Хайр”- “Равшан” мавқуф гузошта шуд.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа «Равшан» бо 35 имтиёз дар ҷои аввал аст. «Истиқлол», ки се бозӣ камтар кардааст, бо 34 имтиёз дар ҷои дуввум ва «Хайр» бо 29 имтиёз дар ҷои саввум қарор доранд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) бо 11 гол дар ҷойи аввал мебошад. Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) ва Фозил Сатторов (“Равшан”) 10-голӣ задаанд.

Бозии “Истиқлол” бо тими миллии Афғонистон барпо намегардад

Бозии дӯстонаи дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо тими миллии футболи Афғонистон, ки мебоист 25-уми июн дар варзишгоҳи “Барқ”-и шаҳри Норак доир мешуд, барпо намегардад.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон, иттилоъ дод.

Вай афзуд: “Юсуф Коргар, сармураббии тими мунтахаби миллии футболи Афғонистон, ба мо хабар дод, ки бар асари нооромиҳо дар баъзе аз манотиқи кишвари ба мо ҳамсоя бо нақлиёти автомобилӣ ба Тоҷикистон омадани даста мушкилоти зиёд эҷод кардааст. Бинобар ин онҳо кӯшиш доранд, ки тавассути ҳавопаймо пеш аз бозии интихобии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон бо дастаи миллии Фаластин ба Тоҷикистон оянд. Ёдовар мешавам, ки бозии тимҳои миллии Афғонистон ва Фаластин 29-уми июн дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад.”

Ба гуфтаи Шералӣ Давлатов, бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон бозии даври 18-уми сабқати Лигаи олии кишвар миёни тимҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд аз 23-юми июн ба мӯҳлати дертар гузошта шуд. Бозии даври 19-уми мусобиқот байни “Истиқлол” ва “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бар асоси тақвими мусобиқот 26-уми июн баргузор мешавад.

Натоиҷи бозиҳои даври 8-уми Лигаи якуми футболи Тоҷикистон

Бозиҳои даври ҳаштуми сабқати Лигаи якуми футболи Тоҷикистон баргузор шуданд. Чаҳор бозӣ бо пирӯзии мизбонон ва як бозӣ бо ғалабаи меҳмонон анҷом ёфт.

Бозиҳо бо чунин натиҷаҳо ба охир расиданд: «Вахши зарнисор» – «Румӣ» – 4:3, «Зарафшон» – «Ситора» – 2:0, «Данғара» – «Локомотив» – 3:0, «Саройкамар» – «Вишгард» – 6:0,  «Кӯктош» – «Ҳосилот» – 0:1.

Баъди натиҷагирии бозиҳои ҳашт даври мусобиқа дастаи “Ҳосилот”-и Фархор бо 20 имтиёз дар ҷойи аввал мебошад.

Дастаҳои “Ҳулбук”-и Восеъ ва “Зарафшон”-и Панҷакент 14- имтиёзӣ ба даст овардаанд. Бо дарназардошти таносуби тӯбҳо “Ҳулбук” дар ҷойи дуввум ва “Зарафшон”дар ҷойи севум қарор доранд.

Advertisements

4 thoughts on “Бохти “Истиқлол” ба “Регар” дар шаҳри Турсунзода

  1. Галахабархо !!!
    Фолловер аз савдои чакана ба яклухт гузаштед ку))

    • хахаха, зиндагӣ ҷӯра, зиндагӣ…ақаллан ҳамин хел кори блога накушем охи…

  2. Эхххх блиииин, тамоман бехабар мондаам аз Хучанду ССКА Помир. Аслан аз тимхои средняк бозии ССКА Помир бешатар маъкул буд, ки як стили ба худ хос дошт. Бозихояш асосан аз марказ ташкил мешуданд…
    Хайфи бози, кучо хоб мондаам…

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s