Бознашр аз Нигоҳ

Чӣ соҳае намонд дар Тоҷикистон, ки ба сиёсат кашида нашуд? Иқтисод, фарҳанг, ҳуқуқ, мусиқӣ ва ғайраву ҳоқазо агар дар ҷомиаҳои идеалӣ хориҷ аз сиёсат арзёбӣ мешаванд, дар кишварҳое ба монанди Тоҷикистон ин тавр наменамояд. Мансабдори давлатӣ бояд бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул нашавад, аммо кадом як риштаҳое ӯро ба ин манбаъи даромад васл мекунад ва гузашта аз ин тавре менамояд, ки мансаб агар барои тиҷорат набошад, ба кӣ даркор? Мешунавем, ки гапи кадом як овозхон бо кадом як калоншаванда гурехтаасту дари саҳнаву телевизиону радио ба рӯяш баста шудаанд. Дигар ин ки корманди мақомоти амниятӣ барои латукӯби боздоштшуда набояд муттаҳам мустақим нашавад, зеро дар Тоҷикистон шиканҷа нест. Агар гӯем, ки ҳаст, дар балои СММ мемонем. Ва ҳоло варзиш ҳам сиёсӣ мешавад. Агар дар асл ин гуна нест, пас чаро таҳлилгарони сиёсиро пеш омадааст, ки дар бораи футбол сӯҳбат кунанд?

Аввал 14 июн буд, баъд – 22 июн.

Аввал Кӯлоб буд, баъд – Душанбе. 14 июн дастаи «Равшан» – и Кӯлоб ба «Истиқлол» – и Душанбе дар майдони худ бозиро бо ҳисоби 0 бар 1 бохт. Пас аз хатми бозӣ мухлисони «Равшан» норизоиятиҳои худро бо шикастани шишаҳои мошинҳову сангборони кормандони милиса баён карданд. Сабабшро худи мухлисон аз сӯи довар ба ҳисоб гирифта нашудани ҳолатҳои нобозӣ – оффсайд унвон карданд. Ба гумони онҳо, доварон аз тарси он, ки сарпарасти тими қавитарини Тоҷикистон – «Истиқлол» – писари президент аст, ин ҳолатҳоро нодида гирифтаанд. Сабаби дигар ба хотири парешон кардани мардум истифодаи «пакетҳои тарканда» ва ба ҳаво тир андохтани кормандони ОМОН гуфта мешавад. Ва боз чӣ гапҳои дигар, ки гуфта нашуданд. Аз ҷумла ин ки эътирозҳоро бархе норизоиятиҳо дар кул аз ноадолатиҳо дар Тоҷикистон унвон карданд. Аммо ҳар чӣ гуфтанд, бо эҳтиёт гуфтанд. Ишорае ба сиёсат набуд. Агар чизе буд, дар сатҳи овозаву гӯшакиҳо қарор дошт. Мегуфтанд, ки чӣ гапе ҳаст, зеро чаро то ба ин лаҳза ин гапҳо набуданд. Чизе ҳаст, аммо чӣ? Касе далеле пеш намеовард.

Вале ҷанбаҳои сиёсии футболбозиҳо дар Душанбе рӯшантар шуд. 22 июн дар майдони худ «ССКА Помир» – и Душанбе бозиро ба «Равшан» – и Кӯлоб бо ҳисоби 2 бар 3 бохт. Ин дафъа дар майдони футбол ва атрофии он мухлисон коре накарданд, ки таваҷҷӯҳро ба худ ҷалб кунад. Аммо он коре, ки дар маҳаллаи 46 ва кинотеатри Тоҷикистон карданд, ҳуш аз сари аксариятро парронд. Ин дафъа на фақат мошинҳо осеб диданд, балки тибқи бархе хабарҳо, шишаи хонаҳои мардумро низ бо санг зада шикастанд. Суоли аввалине, ки ба сар мезанад, ин аст, ки ин қадар мухлис аз куҷо ин қадар санг пайдо карданд? Мураббии дастаи «Равшан» – и Кӯлоб бадоҳатан изҳор дошт, ки мухлисони кӯлобӣ ба шаҳри худ баргаштанд ва ин беназмиҳо кори дасти онҳо нест. Пас кист?

Бархе коршиносон гуфтанд, ки доираҳои муайяне мехоҳанд футболро барои сиёсат истифода баранд ва бо нерӯи ҷавонон – аксарияти мухлисони ин бозиҳо ҳадафҳояшонро пиёда кунанд. Дасти хориҷӣ низ истисно намешавад. Бо ишора ба он ки ҳарду беназмӣ бо бозии дастаи шаҳри Кӯлоб рабт дорад, аз нуфузи зиёди ин шаҳр ва саҳми зодагонаш дар солҳои ҷанги шаҳрвандиву барқарории сулҳ гуфта шуд. Яъне ин нерӯҳо бар ин боваранд, ки агар Кӯлоб хезад, онҳо тезтар ба мақсадҳои худ мерасанд.

Аммо мушкили аслӣ ин аст, ки Тоҷикистон ба хотири тарҳҳои энержӣ ва мавқеияти стратегиаш душманони хориҷӣ дорад. Ин аз касе пӯшида нест. Дар навбати худ, дар дохили кишвар бекорӣ афзуда, вазъи иҷтимоии мардум ҳам бар асари фасод ва фишорҳои иқтисодӣ сол ба сол коҳиш меёбад. Ин ду омиле ҳастанд, ки барои барҳам задани амният дар кишвар шароит фароҳам меоранд. Дуввумӣ барои аввалӣ замина месозад. Барои амалӣ шудани ҳадафҳои дастҳои хориҷӣ истифода шудани варзиш, пеш аз ҳама футболу мухлисонаш бархӯрди бедалел ва нодурусте нест.

Аз ҷумла як ҷанбаи масъала ин аст, ки ҳоло дар Тоҷикистон стадионҳо, зиёдтар аз масоҷиди ҷомеъу толорҳои консертӣ одам мебаранд. Чанде пештар бо далоили гуногун, аммо шояд қабл аз ҳама амниятӣ ва ба хотири пешгирии таҷаммӯъи зиёди мардум дар масҷидҳои ҷомеъ ҳукумати шаҳри Душанбе эълон кард, ки боз барои панҷ масҷиди дигар иҷозаи гузаронидани намози ҷумъаро хоҳад дод. Ҳадди аксар дар масҷидҳои ҷомеъ то 5 ҳазор нафар намозгузор ҷамъ меояд. Аммо дар стадионҳо ин теъдод то ба 20 ҳазор нафар (!) мерасад. Дигар ин қадар нерӯро дар куҷо бидуни ягон машаққат метавон ҷамъ кард? Гузашта аз ин, 90 дарсади мухлисони футбол ҷавонони то 20 – сола ва албатта, хунгарму бекоранд. Онҳо намозгузорони мӯйсафеду ҷавонони оромтабиати масоҷид ва ё муштариёни асосии толори консертҳо – занону кӯдакон нестанд. Ҳатто консертҳои варзишгоҳҳо, ки билетҳояшон аксаран бо қимати арзон фурӯхта мешаванд, аз ин ба баъд бехатар буда наметавонанд. Барои ин ҳамон ҳодисаи чанд соли пеши баъд аз консерти Ораш, ки дар варзишгоҳи марказии Душанбе бояд мегузашт, аммо нагузашт, мисоли барҷаста буда метавонад. Аз ин хотир, интихоби нерӯҳои чӣ дохилӣ ва чӣ хориҷӣ сари ин анбӯҳи барои онҳо идорашаванда, аммо барои ҳукумати Тоҷикистон эҷодкунандаи «дарди сар» комилан мантиқӣ буда метавонад. Бахусус, дар замоне, ки дар бораи норизоиятиҳои насли нав аз вазъи иқтисодиву сиёсиаш зиёд гуфта мешавад ва ин «бушкаи порух» танҳо ба як гӯгирд кор дорад.

Бо ин вуҷуд, дар бораи сиёсӣ шудани футбол дар Тоҷикистон бояд мунтазири хулосаҳои мақомот шуд. Дар Кӯлоб 16 ва дар Душанбе 40 нафар бо иттиҳоми авбошӣ боздошт шудаанд. Ин таҳқиқот чӣ натиҷа медиҳад ва агар медиҳад, то куҷо барои мардум дастрас мешавад, хеле муҳим аст.

Аммо тадбири аввалине, ки шояд бархе ба ҳукумат маслиҳат диҳанд, роҳ надодани мухлиси зиёд ба варзишгоҳ аст ва ин корро на бо роҳи зурӣ, балки хеле мутамаддин метавон амалӣ кард, аз ҷумла боло бурдани билети бозиҳо. Албатта, дар ин маврид бояд тимҳои сермухлис ба назар гирифта шаванд. Роҳи дигар гузаронидани бозиҳои эҳтимолан ҷанҷолбарангез дар майдонҳои бехатартари Тоҷикистон аст. Масалан, бозии миёни «Хайр»-и Ваҳдат ва «Равшан» – и Кӯлоб, ки баргузор нашуд, агар дар Турсунзода ё Хуҷанд гузаронида шавад, мувофиқи матлаб мебуд. Тавре ки бозии тимҳои миллии футболи Афғонистон ва Фаластин дар варзишгоҳи Турсунзода баргузор шуд.

Advertisements