“Помир”, ай “Помир”, баргард….


Ин матлаби бародари гиромӣ Бахтиёр Файзуллоев бори нахуст дар таърихи 7-уми ноябри соли 2009 дар “Футболи Тоҷикистон” нашр шуда буд. Феълан, ин матлаб дар торнамои бонуфузи Радиои Озодӣ низ бознашр шуда, ва дар озмуни “Ман дар СССР зистаам” иштирок дорад. Аз ҳама дӯстдорони футбол ва “Помир” хоҳиш мешавад, ки бо линки мазкур ба торнамои ОЗодӣ раванд ва ба ҳаводории матлаби мазкур раъй бидиҳанд.

We Missed You, “Pamir”!

Бахтиёр Файзуллоев, махсус барои «Футболи Тоҷикистон»

 5bfc85364ff1

Навор аз ТВ ва садо аз радио…

Солхои охири солхои 80-ум баъзе бегохирузхо дар дашти тасфони Зафаробод шохид мегашти, ки бисёр одамон, гайриодди, яъне барвакттар аз охири рузи кори ба суи хонаашон мешитофтанд. Яке бо мотосикл, дигаре бо харароба, саввумӣ бо трактору велосипед…

Сабаби чунин шитоб бозии «Помир» буд. Он солхо коидахои кор хело вазнин буд. Аммо дар ёд надорам, кишахт copy ягон рохбар садди ин амали кормандон мегаштанд. Масалан, тагоям, ки яке аз ашаддитарин мухлиси Помир буд, бо трактори сечархаи култиватор рост аз дохили майдони пахта ба хонааш меомад. Барои ин амалаш хеч гох аз бригадиру дигар рохбар танбех хам нагирифтааст, зеро худи директории совхозу бригадир ва хама мухлиси дастаи Помир буданд. Хурдсолон, ки одатан, ба чаро бурдани гусфандон машгул буданд, навбат ташкил мекарданд ва бо навбат бозихоро тамошо мекарданд. Онхое, ки дар чаро буданд, бозиро тарики радио гуш мекарданд.

Телевизори ранга он вактхо кариб ки набуд. Хама бо телевизори сиёхусафед тамошо мекардем. Он вактхо мавчи телевизиони точик хело бад пахн мешуд (Алалхусус дар н.Зафаробод, ки се тарафашро Узбекистон ихота кардааст). Одатан, хамсояхои гирду атроф дар хонаи мо чамъ мешуданд. Телевизори Кварц-306 доштем. Як дафъа телевизорамон вайрон шуда буду, бозиро дар хонаи хамсояамон тамошо кардем. Он бозиро мо бо муттахид кардани телевизору радио тамошо карда будем (Бози бо Динамои Минск буд). Яъне навори телевизор бе овозу, овоз бошад тарики родиё.

Овоз – овози ширини Нарзуллох Латипов буд, ки хар як бозии Помирро бо калимахои: «Ассалому алейкум мухлисони футбол, хаводорони командаи Помир…» Чи садое фораме дошт, Нарзулло. «…Хучуми футболбозони точик аз тарафи рости майдон Батуренко, пас вай тубро ба Мухсин мепартояд. Зарбаи сахти МУХСИН…Афсус, ки туб ба болочуби дарвоза бархурда аз майдон берун мешавад…»

Садояш аз гуш то хол намеравад. Уро шорехи русзабон Борис Комм хамрохи мекард.

Вақте мардҳо мегирянд….

Rashid3 copyДар хамон бози дар вакте мо бозиро бо хисоби 1-2 бохта истода будем, довар баъди симулятсияи Рашид (дар ин бобат вай хамто надошт) чаримаи 11-метра таъин кард. Ба сари туб Мухсин омад. Мо хама якдигарро табрик мекардему, бовари доштем, ки ин бозиро мо албатта мебарем (Як мехмонхонаи (зали) калони хонаи финский пури мухлис буд, сар карда аз бригадир то ба почталёну муаллим).

Аммо…

Туби задаи Мухсинро Сасункевич баргардонд ва боз зарбаи дигари хато накунам ё Вазген буд ё Батуренко (ачиб ин нимхимоятгар ягон бор гол назада буд, аммо чи тавр тубхои кунчиро ичро мекард…) аз майдон берун рафту, хама лол монда будем… Баъди тамом  шудани бози ба руи баъзе мардако нигах карда намешуд, аз чашмонашон оби дида мерафт. Мегиристанд.

Ман инро хеч гох фаромуш намекунам!!! Чун дар хаётам бори аввал дида будам, ки мардаки каппа-калон мегирист!!! Баъдтар, дар вакти марги чавонмарде гиристани мардакхоро дида будам!

Ба футбол дар бағоҷ

Як сол (ба фикрам бахор буд) дар шахри Хучанд бозии рафиконаи Помир (Д) ва Динамо (К) баргузор шуд. Маркази вилоят аз шахраки мо (Зафаробод, шахраки Гулистон) зиёда аз 100 км дур аст. Он вактхо мактаббача будем, вале мухлиси Помир будем. Хатто духтаронамон мухлиси мекарданд (Ба хурмати Худо рост мегуям). Хуллас, моро аз дарс чавоб доданду чанд нафар муаллимон хам ба футбол равон шуданд. Директори мактаб бо мошинаш ва чанд нафари дигар.

СпаМ Памир copy

Он руз як хамсинфам – писари директор ба дарс наомада буд. Вай хануз нисфирузи ба багажи мошин руст шуда будааст. Мехостааст ба футбол хатми равад. Хуллас, падар аз ин хеч огахие надораду рохи сафарро пеш мегиранд. Нав аз шахракамон берун мешаванд. Мошин бо суръат чукуриеро мегузарад, ки доду войи бечора хамсинфам баланд мешавад. Хама аз тарс кариб ки… Фаромада мебинанд, дар хеч чо хеч кас нест. Хама хайрон, чи кор карданро намедонанд, охир хама шунида буданд, садои дардноки кудаконаро.

Як муаллимамон ба фикре меояду багочи мошинро мекушояд, ки эх-хе… Бечора чунон сарашро зада гирифтаст-ки!!! Хун аз пешониаш мерафт. Хуллас, баччаи бечораро бурданд ба духтур, баъд ба хонаашон партофтанду, ба футбол набурданд.

Баъд пагох ба мо накл карданд, ки агар хато накунам, мо бозиро 0-1 бой додем. Рашид чаримаи 11-метраро назада будаст.

Дербиҳои тоҷикону узбакҳо

Як бозии дигарашро Помир бар Пахтакор бохта буд. Бозиро баъзе аз бозигарони точик фурухта буданд (Кажется, якеаш Игор Витютнев буд (раками 4  дошт, агар хато накунам, ба хар хол якбор кофтан даркор, шояд Нарзулло Латипов ёд дошта бошанд). Он бози барои мо ягон фоидае намеовард, мо поёну боло рафта наметавонистем. Аммо барои Пахтакор ин бози хеле зарур буд. Такдираш дар Лигаи оли хал мешуд.

Ана баъд пагох дар мактаб киёмат шуд. Мо (яъне точикбачахо) бо бачахои узбак чунон задухурд кардем, ки… Одатан мо узбакхоямонро факат мезадем. Бо мо футбол бози мекарданд, мо хеле номарди мекардем. Факат мезадем, меафтондему боз дашномхои гушношуниди кабех мекардем. Хуллас хело номарди мекардем. Аз нигохи бози вайхо дар бисёр холат аз мо зуртар буданд. Онхо нисбати мо бузургчусса буданд ва якдигарашро хеле хурмат мекарданд. Мисоли одди бо якдигар «шумо-шумо» доштанд. Кадом бачаи точик якдигарашро «шумо шумо» мегуяд? Дар чануб бошад, хатто аз худ калонро «ту» мегуянд.

Хуллас зури муаллимон барои чудо кардан ин чанг нарасид. Хатто участкавой хам очиз монда буд. Чанд муаллими чавон пинхони бо мо хамзабон буданд. Бо хархашахои зиёд чангро пушониданд. Ман дигар ёд надорам, ки баъди ин дар мактабамон байни узбаку точик ягон хел мусобика барпо шуда бошад.

Холо бошад, хамон узбаконамонро мебинаму шарм медорам аз аблахихоямон…

Аз хама бадаш дар пеш буд. Рузи баъд узбакони поселка чамъ шуданду дар назди идораи совхоз гирдихамои карданд. «Ажрат…Ажрат…» (яъне «Чудокун… Чудокун…») Хархаша хело калон шуда рафта буд…Узбакон хатто ба вилояти Сирдарёи Узбакистон мурочиат карданд. Лек дар чавоб раиси ин вилоят гуфта будааст, ки мо ба ин кори шумо хамрох шуда наметавонем. Хуллас баъди ин номаъкулихо ба узбакон хам рахмдили пайдо шуд.

Марадонаи «Помир»….

Ха фаромуш накунам, шояд ин анъана дар хама чо ба чашм мерасид: дар ягон тую маърка дар вакти сухани табрики мегуфтанд: «Ширин шавад шакар шавад, аввалинаш писар шавад – Марадонаи Помир шавад…

Эхххххх.

А, фаромуш накунам,  чанд нафар аз мухлисони ашаддии Помир аз посёлкаи мо ба бозии Помиру Пахтакор ба Тошкент рафта буданд. Онхо ба сектори узбако мешинанд, вакте мо гол мезанем, хайр инхо хам доду вой мекунанд. Аз боло бошад, узбако бо туфливу боз кимчихои дигар бачахои моро бомбаборон мекунанд. Баъди ин чиммакак, боодобона бозиро то охир тамошо мекунанд. Аз стадион бошад бо хамрохии милисахо баромадаанд.

Advertisements

3 thoughts on ““Помир”, ай “Помир”, баргард….

  1. Умед Джайхони
    Ин навиштор замонеро ба ёдам овард ки «Помир» дар майдон буд ва ман ҳам футболдӯст будам… Офарин бар ин футболдӯст (афсус ки номашро намедонам).

    “Помир”, ай “Помир”, баргард…. « Футболи Тоҷикистон
    footballtj.wordpress.com
    Шодиёна диҳед! “Футболи Тоҷикистон” дубора фаъолияташро бо нерӯи комил аз сар хоҳад гирифт.
    21 hours ago · Like · · Share
    Умед Джайхони and Parvina Ibodova like this.

    Умед Джайхони Акнун донистам ки ин футболдӯст Бахтиёр ном доштааст. Офаринаш бод ки чунин торнигоре кушодааст.
    21 hours ago · Like

    Dariush Rajabian То ҷое, ки медонам, “Футболи Тоҷикистон” торнигори Абдулфаттоҳ Шафиев (Шаҳриёр) аст, аз аъзои фаъъоли гурӯҳи “Забони порсӣ”.
    21 hours ago · Like

    Умед Джайхони Аҷабо, ёр дар хонаву мо гирди ҷаҳон мегардем!?
    Худованд нигаҳдор бод Абдулфаттоҳро ки гаҳе Бахтиёр асту гаҳ Шаҳриёр. Ҳамеша бахтёру шаҳриёр бод ин дӯстамон!
    21 hours ago · Like · 1 person
    Abdulfattoh Shafiev Он навишта моли Бахтиёр, бародари фарҳангиву футболдӯстдорамон ҳаст, ки ҳамеша аз бозиҳои Лигаи Олии ТҶК дар Хуҷанд ёддоштҳо ва аксҳо мефиристад.
    18 hours ago · Like · 1 person
    Abdulfattoh Shafiev Аммо Абдулфаттоҳ як танбалест, ки дигар, мутаассифона, торнигори футболашро дуруст ҳам барӯз намекунад. Ҳай, атанг-а…
    18 hours ago · Like · 1 person

  2. 🙂

    Аслан номи як писарамро Шахриёр мондани будам 🙂

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s