Пирӯзии “Равшан” ба “Хайр” ва боз латукӯби сардовар

Нарзуллоҳи Латиф, Радиои Озодӣ

Бозӣ миёни дастаҳои “Хайр” ва “Равшан” шоми шанбе бо пирӯзии дастаи меҳмон – “Равшан” бо ҳисоби 2:1 поён ёфт.

Ин бозии мавқуфмондаи даври 19-уми сабқати Лигаи олии Тоҷикистон, ки 16-уми июл бо ҳузури беш аз ҳашт ҳазор мухлис дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат баргузор шуд, хеле тезу тунд
сурат гирифт.

Фозил Сатторов, ҳамлагари меҳмонон, дар дақиқаи 39-ум ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро Парвиз Турсунов, бозигари мизбонон, дар дақиқаи 77-ум зад. Чаҳор дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ Фаридун Рустамов, бозигари “Равшан”, голи ҳалкунандаро ба самар расонд.

Вале дар ин бозӣ чанд ҳодисаи нохуш рух дод, ки боис ба нигаронии мухлисон шуд. Дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 21-ум, ду нафар – Мирзобек Мирзоев (“Хайр”)ва Далер Шомуродов (“Равшан”) дар талоши тӯб сарбасар заданд ва ҳарду бо сарҳои хуншор ба замин афтоданд.

Ба ҳарду зуд табибон дар майдони бозӣ ёрии тиббӣ расонданд ва баъдан ҳардуро бо сарҳои докапеч мошинҳои “Ёрии таъҷилии тиббӣ” ба беморхона бурданд. Далерро пас аз муоинаи тиббӣ ҷавоб доданд, вале Мирзобек, ки сахт ҷароҳат бардошта, сактаи мағзӣ гирифтааст, дар беморхона бистарӣ шуд.

САРДОВАРРО КӢ ЗАД?

Саршавии нимаи дуввуми бозӣ хеле тӯл кашид. Зеро, ки аз доварон дарак набуд. Ба гуфтаи Абдураҳим Бобоев, нозири ин бозӣ (аз шаҳри Турсунзода), ҳангоми танаффус шахси номаълум вориди утоқи доварон шуда, сардовари бозӣ Олим Норбоевро (аз шаҳри Душанбе) латукӯб кардааст, ки дар натиҷа рӯяш хуншор шудааст.

Баъди он, ки ба сардовар ёрии таъҷилии тиббӣ расонда шуд, ӯ бо чеҳраи осебдида ҳамроҳи ёваронаш Исматулло Мӯъминов (ноҳияи Хуросон), Комил Қурбонов (шаҳри Турсунзода) ва довари эҳтиётӣ Сафармаҳмад Шоймардонов (ноҳияи Хуросон) ба майдон омаданд ва бозӣ идома ёфт.

Дар дақиқаи 53-юми бозӣ бошад, сардовар ба Ҳамдам Зарифов (“Равшан”) ва Низом Раҳимов (“Хайр”) барои задухӯрд миёни ҳарду корти сурх нишон дод ва онҳо аз майдон хориҷ шуданд.

Ба иттилои Сафар Каримов, раиси кумитаи назорату ахлоқи Федератсияи  футболи Тоҷикистон,  ҳодисаҳои нохуше, ки дар ин бозӣ рух доданд, аз рӯи гузориши нозири бозӣ 18-уми июл дар ҷаласаи кумита баррасӣ хоҳад шуд.

Вале сарфи назар аз ин ҳодисаҳои нохуш, бозӣ хеле пуршиддат гузашт. Нимаи аввали дидор бо ҳуҷумҳои тарафайн сурат гирифт. Дар нимаи дуввум мизбонон бештар ҳуҷум мекарданд ва меҳмонон, аслан, аз паи ҳимояи дарвозаашон буданд ва дар мавриди зарурат ба ҳуҷум мегузаштанд.

Мухлисони ҳарду даста, ки дар нишастгоҳҳо ба ду қисм тақсим шуда буданд, футболбозони худро хуб дастгирӣ карданд. Дар бобати бо тартибу низоми баланд гузаштани бозӣ нозирони тартибот – кормандони сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ хизмати хуб анҷом доданд. Табибон низ саривақт ба  бозигарони “маҷрӯҳ” кӯмак карданд.

“ИСТИҚЛОЛ” ҲАНӮЗ ПЕШСАФ АСТ 

Ҳамин тариқ, давраи дуввуми мусобиқот бо ин бозӣ ба анҷом расид. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо 46 имтиёз ғолиби давраи дуввуми мусобиқот шуд. Тими “Равшан”-и Кӯлоб бо 44 имтиёз дар зинаи дуввум қарор дорад. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 42 имтиёз дар ҷойи севвум мебошад.

Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бо 33 имтиёз ҷойи чорум ва тими “Энергетик”-и Душанбе бо 29 имтиёз ҷойи панҷумро касб кардаанд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Мирзобек Мирзоев (“Хайр”), Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) ва Фозил Сатторов (“Равшан”) бо 12-голӣ пешсафанд.  Фарҳод Тоҳиров (“Истиқлол”) ва Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) 11-голӣ, Аҳтам Ҳамроқулов (“Вахш”) 10 гол, Шодибек Ғаффоров (“Энергетик”) 9 гол задаанд.

МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ МУСОБИҚА

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. Истиқлол” 18 15 1 2 4411 46
2. “Равшан” 19 14 2 3 35-12 44
3. “Регар-ТадАЗ” 19 13 3 3 43-17 42
4. “Хайр” 20 10 3 7 32-20 33
5. “Энергетик” 20 9 2 9 30-34 29
6. ССКА “Помир” 19 8 1 10 31-37 25
7. “Хуҷанд” 19 7 4 8 25-28 25
8.  “Парвоз” 20 6 3 11 22-39 21
9. “Вахш” 19 6 1 12 18-25 19
10. “Шодмон” 20 4 2 14 22-45 14
11. “Гвардия” 19 2 2 15 1448 8

Чаҳор бозии мавқуфмондаи мусобиқот миёни дастаҳои “Истиқлол” – “Гвардия” (даври 10-ум), “Регар-ТадАЗ” – “Равшан” (даври 15-ум), “Истиқлол” – “Хуҷанд” (даври 18-ум) ва ССКА “Помир” – “Вахш” (даври 19-ум) дар ҷараёни сабқати давраи севум баргузор хоҳад шуд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон тақвими бозиҳои давраҳои севуму чоруми мусобиқоти қаҳрамонии кишвар миёни дастаҳои лигаи олиро тасдиқ кард. Бозиҳо аз 6-уми август то 29-уми ноябр идома хоҳанд кард.

Бар асоси тақвим 6-уми август (рӯзи шанбе) 5 бозӣ миёни дастаҳои зерин баргузор хоҳад шуд: “Равшан” – “Вахш”, “Хайр” – ССКА “Помир”, “Регар-ТадАЗ” – “Энергетик”, “Хуҷанд” – “Парвоз”, “Шодмон” – “Истиқлол”.

Бозиҳои моҳи август соати 17 шурӯъ мешаванд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон, инчунин, замони баргузории бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон-2011-ро тасдиқ намуд. Нахустин даври мусобиқа – бозиҳои ҳаштякниҳоӣ рӯзҳои 25-ум ва 28-уми август, бозиҳои чаҳорякниҳоӣ 10-ум ва 14-уми сентябр, бозиҳои ниманиҳоӣ 27-уми сентябр ва 1-уми октябр ва бозии ниҳоӣ 5-уми октябр баргузор хоҳанд шуд.

Дастаҳои лигаи олӣ то оғози давраи севуми мусобиқот (6-уми август) истироҳат мекунанд. Футболбозоне, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон шомиланд, дар бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 ширкат хоҳанд кард.

Бозии аввали дастаҳои миллии Сурия ва Тоҷикистон 23-юми июл дар Урдун ва бозии ҷавобӣ 28-уми июл дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор мешаванд.

Ном: Ба бародарони ВАХДАТИ аз: Ин садо аз дили Кулоб

17.07.2011 10:57

БАРОДАРОНИ ВАХДАТИ, мо аз Шумо дар хакикат миннатдорем, Шумо ба Худо мардони бузургед дили бе канор доштаед. Ман дар бози иштирок доштам ва вокеан имурз барои тамошои футбол не барои вокиф гардидан ба суханхои Шумо рафтам ба Вахдат, рафтам то бубинам ки дустии мову Шумо дар кадом сатх аст. Бовар кунед мо хамма Кулобихо аз Шумо миннатдорем коил кардед моро дар бародари, Худованд барои чунин пешвозгириатону якдигарфахмиятон ба Шумо баракат дихад рахмат ба падарону модароне ки Шуморо тарбия карданд. Ман дар бораи бурди Равшан хаминро гуфтаниям ки мо ин бурдро хамчун амонат нигох медорем, Имруз ба Худо касам мардуми Вахдат бурд дошт, зеро аз бози аз бурд дида мо ахамият додем ки Шумо дустиву рафокатро дар байни ин ду махал нигох дошед, ба хотири дустиву рафокат моро пешвоз гирифтед ва хамчун мехмон неву хамчун як бародар боз гусел кардед, бисёр мехостам ки ин бози мусови мешуд мисле ки дар Кулоб шуд.
Ба бародарон Далер аз дастаи Равшан ва бародари гиромии мо Мирзобек Мирзоев дастаи Хайри Вахдат аз Худованд дуо мекунам ки зудтар хардуяшон шифо ёбанд. Мо интизори тезтар ба майдон омадани онхоем.
Ба бародари Вахдати ки номашро намедонам (дар вакти бози назди мухлисони Равшан омаду бо мо хамсухбат шуд ва дудасташро тарафи мо бардошт нишон аз дустиву бародарикард, ки баъдан хаммаи мухлисони Равшан аз чой хеста ба у карсак заданд) МИННАТДОРИИ ХУДРО БАЁН МЕКУНАМ.

Ба хама мухлисони Равшан гуфтаниям ки мо бояд бародариву дустиву рафокатро аз бародарони Вахдати омузем, ин бародарон дар хакикат тавонистанд ки моро мехмондори кунанд, бовар кунед бародарони Точикистони, як тарафи болои майдонро барои мухлисони Равшан озод намуданд, худашон дар дигар тараф рост истода мухлиси карданд, ин корро мухлисони ягон дасаи дигар карда наметавонад.

“Зарафшон” ва “Ҳосилот” – пешсафони сабқати Лигаи аввал

Бозиҳои даври 14-уми сабқати Лигаи аввали футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Бозиҳо бо чунин натиҷаҳо ба охир расиданд: «Ҷавонон» –  “Зарафшон” – 0:3, «Данғара» – «Вахши зарнисор» – 1:1, «Саройкамар» – «Пахтакор»  – 2:2,  «Кӯктош» –  «Румӣ» – 2:1, “Ҳосилот” – «Ситора»  – 2:0, “Локомотив” – «Сабо» – 3:5.

Сафари дастаи миллии футболи Тоҷикистон ба Қатар

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон барои омодагӣ ба бозии даври дуввуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо тими миллии Сурия рӯзи 13-уми июл озими Қатар шуд.

Бо тасмими ФИФА, Федератсиюни байнулмилалии футбол, бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон бо назардошти вазъи амниятӣ дар Сурия баргузор нахоҳад шуд. Биноан бозии Тоҷикистон ва Сурия 23-юми июл дар минтақаи бетараф – яке аз шаҳрҳои Урдун барпо мегардад.

Пӯлод Қодиров, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: “Дастаи Тоҷикистон рӯзи 13-уми июл тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе-Алматӣ-Абу-Даби-Доҳа ба Қатар парвоз мекунад. Ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар пойтахти Қатар – шаҳри Доҳа тӯли як ҳафта идома хоҳад кард. Дар ҷараёни омодагӣ мо бо яке аз бошгоҳҳои футболи лигаи олии Қатар бозии санҷишӣ анҷом хоҳем дод. Баъди анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ мо 21-уми июл ба Урдун сафар мекунем. Рақиби мо – Сурия дастаи пурқуввати футболи Осиё ва яке аз муддаиёни роҳхатҳо ба сабқати ниҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ мебошад. Ин бозӣ дар сафар барои мо ҳарчанд вазнин аст, вале кӯшиш мекунем, ки бозии хуб нишон диҳем.”

http://www.ozodi.org/flash/MediaPlayer.swf?cache=

Ба гуфтаи Пӯлод Қодиров ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 18 футболбоз аз тимҳои «Истиклол»-и Душанбе (11 нафар), «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода (3), ССКА «Помир»-и Душанбе (3) ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд (1) шомил шудааст.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо – Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Алишер Додов(«Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон – Эраҷ Раҷабов, Соҳиб Сувонқулов, Акмал Сабуров (ҳарсе – «Истиқлол»), Фаррух Чориев («Регар-ТадАЗ»), Фурӯғ Қодиров (ССКА «Помир»);

Нимҳимоятгарон – Иброҳим Рабимов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев, Нуриддин Давронов, Маҳмадалӣ Содиқов (ҳама – «Истиқлол»), Асадулло Нуруллоев («Хуҷанд»), Ҷамшед Исмоилов («Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон – Юсуф Рабиев, Фарҳод Тоҳиров (ҳарду – «Истиқлол»), Комил Саидов, Давронҷон Тухтасунов (ҳарду – ССКА «Помир»).

Ёдовар мешавем, ки аз ин пеш дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Сурия ҳафт сол муқаддам дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2006 ду бозӣ анҷом дода буданд. Дар нахустин рақобати ин дастаҳо моҳи июни соли 2004-ум дар шаҳри Хамсаи Сурия дастаҳо ду рӯз пасиҳам ба майдон баромаданд.

Рӯзии аввал, дар мавриде ки ҳисоб 3:1 ба нафъи мизбонон буд, барқ қатъ шуд ва бозӣ рӯзи дуввум азнав барпо гашт ва бо пирӯзии суриягиҳо бо ҳисоби 2:1 поён ёфт. Бозии ҷавобӣ низ баъди се моҳ дар шаҳри Душанбе бо ғалабаи дастаи мунтахаби Сурия бо ҳисоби 1:0 ба анҷом расида буд.

Ва, инак, пас аз ҳафт сол бозии ҷавобии дастаҳои Тоҷикистону Сурия 28-уми июл дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода баргузор хоҳад шуд.

Ба ғайр аз бозии Сурия – Тоҷикистон 23-юми июл 14 бозии дигар миёни дастаҳои зерин баргузор мешавад:  

Тайланд – Фаластин, Лубнон – Бангладеш, Чин – Лаос, Туркманистон – Индонезия, Кувайт – Филиппин, Умон – Мянмар, Арабистони Саудӣ – Ҳонконг, Эрон- Ҷазоири Молдив, Қатар – Вйетнам, Ироқ – Яман, Сингапур – Малайзия, Узбакистон – Қирғизистон, АМА – Ҳиндустон, Урдун – Непал.

Баъдан 15 дастаи ғолиби даври дуввум ба панҷ дастае, ки рейтингибаландтарин дорад (Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Австралия, Куриёи Шимолӣ ва Баҳрайн) ҳамроҳ мешавад.

Ба ин тартиб 20 даста бар асоси қуръакашӣ ба чаҳор гурӯҳ тақсим мешавад. Дар даври саввум бозиҳои гурӯҳӣ аз 2-юми сентябри соли 2011-ум то 29-уми феврали соли 2012-ум баргузор хоҳанд шуд.

Пирӯзии “Истиқлол” ва “Регар” дар бозиҳои мавқуфмонда

Шоми сешанбеи 12-уми июл ду бозии мавқуфмондаи сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон бо пирӯзии дастаҳои пешсафи ҷадвали мусобиқот поён ёфт.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бар тими “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Ин бозии мавқуфмондаи даври 8-ум бо розигии ҳарду даста ва тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар баргузор шуд ва «Хайр» мизбон буд.

Голи ҳалкунандаро дар ин бозӣ Дилшод Восиев дар дақиқаи 86-ум ба самар расонд. Бояд гуфт, ки Қурбоналӣ Собиров, бозигари “Хайр”, барои ду корти зард дар дақиқаи 39-ум аз майдон хориҷ шуд ва то анҷоми бозӣ дастаи “Хайр” аз даҳ нафар иборат буд.

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ, варзишгоҳи “Металлург”, дар бозии мавқуфмондаи даври 14-ум бо тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппа қувваозмоӣ кард. Ин бозӣ бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 4:1 ба анҷом расид.

Ҳамаи голҳо дар нимаи аввали бозӣ зада шуд. Баҳодур Шарипов, бозигари “Регар-ТадАЗ” ду гол, Аскар Равшанов ва Фаррух Чориев якголӣ заданд.

Голи “Вахш”-ро дар дақиқаҳои охири нимаи аввали бозӣ Аҳтам Ҳамроқулов вориди дарвозаи мизбонон кард.

Дастаи “Истиқлол” пас аз ғалабаи 15-уми худ бо 46 имтиёз мавқеашро дар садри ҷадвали мусобиқот боз ҳам устувор кард. Тими “Регар-ТадАЗ” бо 42 имтиёз ба ҷойи дуввум баромад, вале нисбат ба дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки 41 имтиёз дорад, як бозӣ зиёд кардааст.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) ва Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) бо 12-голӣ пешсафанд. Фозил Сатторов (“Равшан”), Фарҳод Тоҳиров (“Истиқлол”) ва Мансур Ҳакимов (“Парвоз”)11-голӣ задаанд.

Бозии нотамом. Бозигарон доваронро латукӯб карданд

Бозиҳои даври 13-уми сабқати Лигаи аввали футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Бозиҳо бо чунин натиҷаҳо ба охир расиданд: «Ситора» – «Кӯктош» – 0:0, «Румӣ» – «Саройкамар»-2:1, «Пахтакор»  «Данғара» – 2:1, «Вахши зарнисор» – «Ҷавонон» – 5:1,  “Зарафшон” –  «Рашт» – 3:0.

Сафар Каримов, раиси кумитаи назорату ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, бозии дастаҳои “Ҳулбук”-и Восеъ ва “Ҳосилот”-и Фархор дар варзишгоҳи ба номи Теша Исмоилови ноҳияи Восеъ нотамом монд.

Ӯ афзуд: “Дар ин бозӣ пас аз он ки дар нимаи дуввуми қувваозмоӣ, дар дақиқаи 81-ум, мизбонон ҳисобро кушоданд, се бозигари дастаи “Ҳосилот” — Беҳрӯз ва Наврӯз Қаландаровҳо, Муҳаммад Абдураҳмонов ба нишони эътироз, ки гӯиё гол аз ҳолати нобозӣ ё офсайд зада шуда бошад, сардовар Умед Раҳимов (аз шаҳри Қӯрғонтеппа) – ро латукӯб карда, ёварони сардовар — Парвиз Муртазоев (Душанбе) ва Ҳабибулло Нарзуллоев (Ҳисор)-ро дашном дода ва майдонро худсарона тарк намуданд. Ин ҳодисаи нохуш рӯзи 11-юми июл дар кумитаи назорату ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон баррасӣ шуд. Бар асоси муқаррароти мусобиқот ба иллати то охир анҷом наёфтани бозӣ дастаи “Ҳосилот” бо ҳисоби фаннии 0:3 мағлуб ва ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд. Барои латукӯби доварон Беҳрӯз Қаландаров ба муддати як сол, Наврӯз Қаландаров ва Муҳаммад Абдураҳмонов аз даҳ бозӣ маҳрум шуданд. Бозигарони дастаи Ҳулбук — Раҳмон Исмоилов барои задани ёвари довар аз даҳ бозӣ ва Ҷӯрахон Мирзоев барои дашном додани доварон аз панҷ бозӣ маҳрум гардиданд. Инчунин, дастаи “Ҳулбук” барои бетартибиҳои мухлисонаш ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.”

Дастаи наврасони футболи Мексика – қаҳрамони ҷаҳон

Дастаи навҷавонони Мексика пас аз пирӯзӣ

Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Мексика ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шуд.

Футболбозони навраси Мексика дар бозии ниҳоӣ, ки 10-уми июл дар пойтахти Мексика – шаҳри Мехико баргузор шуд, бар дастаи мунтахаби наврасони Уругвай бо ҳисоби 2:0 ғалаба карданд.

Дар ин бозии ҳалкунанда голҳоро Антонио Брисенко дар дақиқаи 31-ум ва Ҷиовани Касиллас (90+2) ба ҳадаф расонданд.

Ҳамин тариқ, дастаи мизбон – Мексика бо медалҳои тилло ва тими Уругвай бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд.

Барои ҷойи севум ва медалҳои биринҷӣ дастаҳои мунтахаби наврасони Бразил ва Олмон мубориза бурданд.

Дар ин дидор Окан Эйдин, бозигари тими Олмон, дар дақиқаи 20-ум ҳисобро боз кард. Баъди ду дақиқа Веллингтон, бозигари Бразил, ҳисобро баробар намуд. Баъдан Адрияни бразилӣ дар нимаи аввали дидор ду бор дар дақиқаҳои 29-ум ва 33-юм (аз ҷаримаи 11-метра) тӯбро ба дарвозаи олмониҳо ворид кард. Пеш аз танаффус Корай Гунтери олмонӣ ҳисобро тағйир дод. Дастаҳо бо ҳисоби 3:2 ба нафъи Бразил ба танаффус баромаданд.

Дар нимаи дуввуми бозӣ Окан Эйдин (дақиқаи 63-юм) ва Левент Айсисек (55) ду гол зада, бозиро ба фоидаи Олмон бо ҳисоби 4:3 анҷом доданд.  Дастаи Олмон бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гашт.

Пирӯзии пешсафон дар даври 22-юми Лигаи олӣ

Бозиҳои даври 22-юми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 8-9-уми июл баргузор шуданд. Дар се бозӣ мизбонон пирӯзӣ ба даст оварданд ва ду бозӣ бо ғалабаи меҳмонон анҷом ёфт.

8-уми июл дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Авиатор”-и шаҳри Душанбе бар тими “Шодмон”-и Ҳисор  бо ҳисоби 6:1 ғалаба кард.

Қаҳрамони ин дидор Фарҳод Тоҳиров (“Истиқлол”) дар ҳарду қисми бозӣ ба дарвозаи “Шодмон” чаҳор гол зада, чуноне дар футбол мегӯянд, “покер” кард.

Ду голи  дигари “Истиқлол”-ро капитани даста Юсуф Рабиев дар дақиқаи 25-ум ва Фирӯз Бобиев дар дақиқаи 79-ум ба самар расониданд.

Пас аз он, ки ҳисоб 3:0 ба фоидаи “Истиқлол” буд, Маҳмадсаид Бобомуродов, бозигари “Шодмон” дар дақиқаи 42-юм як гол зад. Вале капитани дастаи “Шодмон”, Рустам Хоҷаев дар дақиқаи 86-уми бозӣ тӯбро аз ҷаримаи 11- метра ба нишон расонда натавонист.

Чаҳор бозии дигари даври 22-юм шоми шанбеи 9-уми июл пойн ёфт.

“Равшан”-и Кулоб дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бар тими мизбон -“Вахш” бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Голи ягонаро Эраҷ Холов дар дақиқаи 85-ум ба самар расонд.

ССКА “Помир”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Политехникум”-и пойтахт бар тими “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голи мизбононро капитани даста Обидҷон Исмоилов дар нимаи дуввуми дидор зад.

“Регар -ТадАЗ”-и Турсунзода дар варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе тими мизбон – “Энергетик”-ро бо ҳисоби бузурги 4:1 шикаст дод. Дар ин бозӣ Баҳодур Шарифов, бозигари “Регар ТадаАЗ”, дар дақиқаи 18-ум ҳисобро боз намуд. Баъди ду дақиқа Габриел Донто, легионери африқоӣ, ҳисобро баробар кард.Се голи дигари меҳмононро Аскар Равшанов(62), Ҳасан Рустамов(79) ва Раҳматулло Фузайлов(89) дар нимаи дуввуми бозӣ ба ҳадаф расонданд.

“Парвоз”-и Бобоҷон Ғаффуров дар майдони худ- варзишгоҳи “Фурудгоҳ” дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷандро бо ҳисоби 2:1 мағлуб сохт. Ҳар се гол дар нимаи дуввуми бозӣ зада шуд. Ду голи мизбононро Алишер Қосимов ва капитани даста Мансур Ҳакимов вориди дарвоза карданд. Як голи меҳмонон ба Евгений Таран мансуб аст.

Ҳоло дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) ва Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) бо 12-голӣ пешсафанд. Фозил Сатторов (“Равшан”), Фарҳод Тоҳиров (“Истиқлол”) ва Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) 11-голӣ задаанд.

Аввалин бохти “Ҳосилот” дар сабқати Лигаи якум

Дар даври 11-уми сабқати Лигаи аввали футболи Тоҷикистон ду бозӣ бо ғалабаи меҳмонон анҷом ёфт ва чаҳор бозӣ мусовӣ шуд.

Бозиҳо бо чунин натиҷаҳо ба охир расиданд: «Рашт» – «Вахши зарнисор» – 1:3, «Ҷавонон» – «Пахтакор» – 2:2, «Данғара» – «Румӣ» -2:2, «Саройкамар» – «Ситора» – 0:0, «Кӯктош» – «Ҳулбук» – 1:1, «Ҳосилот» – «Сабо» – 0:1.

Ба иттилои Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи «Вишгард»-и ноҳияи Файзобод барои дар се бозӣ ширкат накардан аз мусобиқа хориҷ гашт ва натоиҷи бозиҳои ин даста бо рақибонаш аз эътибор соқит шуд.

“Ҳосилот”-и Фархор, ки дар даври гузашта аввалин бор шикаст хӯрд, бо 23 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. “Зарафшон”-и Панҷакент ва “Ҳулбук”-и Восеъ бо 20-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дуввуму севум ҷойгир шудаанд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Сайидамир Мирзоев (“Ҳулбук”) ва Абдуҳалим Боронов (“Румӣ”) бо 9-голӣ пешсафанд. Аслиддин Ҷабборов (“Пахтакор”) бо 8 гол дар ҷойи севум аст.

Пирӯзии пешсафони сабқати Лигаи олӣ

Бозиҳои даври 21-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон бо пирӯзии пешсафони ҷадвали мусобиқа поён ёфтанд.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе рӯзи 5-уми июл дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар бар тими «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 6:2 пирӯз шуд.

Дар ин бозӣ Фарҳод Тоҳиров, ҳамлагари “Истиқлол”, дар дақиқаҳои 59-ум, 65-ум ва 92-юм се гол зада, хет-трик кард. Ду голи дигари “Истиқлол”-ро Дилшод Восиев (дақиқаҳои 24-ум ва 28-ум) ва як голро капитани даста Юсуф Рабиев (дақиқаи 26-ум) ба ҳадаф расонданд. Голҳои “Энергетик”-ро легионери африқоӣ Габриэл Донто (дақиқаи 70-ум) ва Шуҷоат Неъматов (74) заданд.

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бегоҳи сешанбе дар варзишгоҳи “Политехникум”-и Душанбе бар тими мизбон – «Гвардия» бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Тӯби ҳалкунандаро ҳамлагар Фозил Сатторов дар нимаи дуввуми бозӣ, дар дақиқаи 49-ум, ба дарвозаи мизбонон ворид кард.

Дастаи “Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода 5-уми июл дар майдони худ – варзишгоҳи “Металлург тими «Шодмон»-и Ҳисорро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Се голи мизбононро дар нимаи аввали бозӣ Хуршед Маҳмудов, Нӯъмонҷон Ҳакимов ва Фаррух Чориев ва як голи меҳмононро Ҷунайдулло Мӯҳтоҷев дар нимаи дуввум ба самар расонданд.

Дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бегоҳи сешанбе дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият” бар тими меҳмон – «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Ҳисобро дар ин дидор Мирзобек Мирзоев, ҳамлагари “Хайр”, дар дақиқаи 10-ум боз кард. Баъдан Мирзо Аминов, бозигари мизбонон, ҳисобро баробар намуд. Голи ҳалкунандаро Денис Сенчук, легионери “Хуҷанд”, дар нимаи дуввум, дар дақиқаи 69-ум, аз ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонд.

Нахустин бозии даври 21-уми мусобиқот рӯзи 4-уми июл баргузор шуда буд. Дастаи “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ” аз тими меҳмон – ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд.
Ду голи мизбононро Мансур Ҳакимов, капитани “Парвоз”, дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаҳои 19-ум ва 43 -юм, ба ҳадаф расонд. Дар нимаи дуввуми бозӣ футболбозони ССКА “Помир” – Илҳом Ортиқов ду гол (дақиқаҳои 65-ум ва 90-ум)) ва Даврон Тухтасунов як гол (70) зада, бозиро ба нафъи дастаи худ анҷом доданд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) бо 12 гол пешсаф аст. Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) ва Фозил Сатторов (“Равшан”) 11-голӣ, Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) 10 гол гол задаанд.

Натоиҷи бозиҳои даври 21-уми Лигаи олӣ

Шоми сешанбе, 5-уми июл, чаҳор бозии даври 21-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ поён ёфт.

Натоиҷи бозиҳо чунин аст: «Энергетик» (Душанбе) – «Истиқлол» (Душанбе)  – 2:6 , «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Шодмон» (Ҳисор) – 3:1, «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:1, «Гвардия» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:1.

Нахустин бозии даври 21-уми мусобиқот рӯзи 4-уми июл баргузор шуда буд. Дастаи “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ” аз тими меҳмон – ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд.

Пирӯзии ССКА “Помир” ба “Парвоз” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Рӯзи 4-уми июл як бозии даври 21-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дастаи “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ” аз тими меҳмон – ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд.

Ду голи мизбононро Мансур Ҳакимов, капитани “Парвоз”, дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаҳои 19-ум ва 43 -юм, ба ҳадаф расонд.

Дар нимаи дуввуми бозӣ футболбозони ССКА “Помир” – Илҳом Ортиқов ду гол (дақиқаҳои 65-ум ва 90-ум)) ва Даврон Тухтасунов як гол (70) зада, бозиро ба нафъи дастаи худ анҷом доданд.

Ба ин тартиб ССКА “Помир” ягона дастаест, ки имсол аз сафари вилояти Суғд бо 6 имтиёз баргашт ва мавқеашро дар зинаи 6-уми ҷадвали мусобиқа устувор намуд.

Бозии Сурия – Тоҷикистон дар Урдун баргузор хоҳад шуд

Рӯзи 3-юми июл бозиҳои ҷавобии даври аввали сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар қораи Осиё баргузор шуданд.

Натоиҷи бозиҳо чунин аст: Фаластин -Афғонистон 1:1 (натиҷаи бозии аввал – 2:0),  Лаос – Камбоҷа – 6:2 (2:4), Тимори Шарқӣ – Непал – 0:5 (1:2), Филиппин – Шри-Ланка – 4:0 (1:1), Мянмар – Муғулистон – 2:0 (0:1),  Покистон – Бангладеш – 0:0 (0:3),  Макао – Вйетнам – 1:7 (0:6),  Тайван –  Малайзия – 3:2 (1:2).

Ҳамин тариқ аз рӯи натоиҷи ду бозӣ дастаҳои Фаластин, Лаос, Непал, Филиппин, Мянмар, Бангладеш, Вйетнам ва Малайзия ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд.

Тими миллии Тоҷикистон дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 аз даври дуввум ширкат хоҳад кард. Рақиби футболбозони тоҷик тими миллии Сурия мебошад.

Ҷуфтҳои дигар: Тайланд – Фаластин, Лубнон – Бангладеш, Чин – Лаос, Туркманистон – Индонезия, Кувайт – Филиппин, Умон – Мянмар, Арабистони Саудӣ – Ҳонконг, Эрон – Ҷазоири Молдив, Қатар – Вйетнам, Ироқ – Яман, Сингапур – Малайзия, Узбакистон – Қирғизистон, Аморати Муттаҳидаи Араб – Ҳиндустон, Урдун – Непал.

Федератсияи байналмилалии футбол, ФИФА, мегӯяд, бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол бо назардошти вазъи амниятӣ дар Сурия ва Яман баргузор нахоҳанд шуд. Биноан бозии Тоҷикистон ва Сурия 23-юми июл дар минтақаи бетараф – яке аз шаҳрҳои Урдун барпо мегардад. Панҷ рӯз баъд Сурия меҳмони Тоҷикистон мешавад ва бозӣ дар шаҳри Турсунзода ҷараён хоҳад ёфт.

Бозии дастаҳои миллии Ироқ ва Яман низ дар кишвари савум баргузор гашта, Ироқ 28-уми июл дар Арбил мизбони бозӣ бо Яман хоҳад шуд.

Баъдан 15 дастаи ғолиби даври дуввум ба панҷ дастае, ки рейтинги баландтарин дорад (Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Кореяи Шимолӣ ва Баҳрайн) ҳамроҳ мешавад.

Ба ин тартиб 20 даста бар асоси қуръакашӣ ба чаҳор гурӯҳ тақсим хоҳад шуд. Дар даври саввум бозиҳои гурӯҳӣ аз 2-юми сентябри соли 2011-ум то 29-уми феврали соли 2012-ум баргузор мешаванд.

Лигаи аввал: “Ҳосилот” – пешсафи ягона

Дар даври 11-уми сабқати Лигаи аввали футболи Тоҷикистон се бозӣ бо пирӯзии мизбонон, ду бозӣ бо ғалабаи меҳмонон анҷом ёфт ва як бозӣ мусовӣ шуд.

Бозиҳо бо чунин натиҷаҳо ба охир расиданд: «Локомотив» – «Ҳосилот» – 1:3, «Сабо» – «Кӯктош» – 4:0, «Ҳулбук» – «Саройкамар» – 2:2, «Румӣ» – «Ҷавонон» – 4:0, «Пахтакор» – «Рашт» – 3:0, «Вахши зарнисор» – «Зарафшон» – 1:2.

Баъди натиҷагирии бозиҳои 11 даври мусобиқа “Ҳосилот”-и Фархор бо 26 имтиёз дар ҷойи аввал мебошад. “Зарафшон”-и Панҷакент бо 23 имтиёз дар ҷойи дуввум ва “Саройкамар”-и Панҷ бо 20 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Сайидамир Мирзоев (“Ҳулбук”) ва Борони Абдуҳалим (“Румӣ”) бо 9-голӣ пешсафанд. Аслиддин Ҷабборов (“Пахтакор”) бо 8 гол дар ҷойи севум аст.

Advertisements