Пачка ахборлар


Натоиҷи қуръакашии даври севуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014

Нарзуллоҳи Латиф, Радиои Озодӣ

Дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразил қуръакашии даври севуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар қораи Осиё баргузор шуд.

Дастаҳо ба панҷ гурӯҳ тақсим шуданд:

Гурӯҳи “A”: Чин, Урдун, Ироқ, Сингапур.
Гурӯҳи “B”: Кореяи Ҷанубӣ, Кувайт, АМА, Лубнон.
Гурӯҳи “C”: Ҷопон, Узбакистон, Сурия, Кореяи Шимолӣ.
Гурӯҳи “D”: Австралия, Арабистони Саудӣ, Умон, Тайланд.
Гурӯҳи “E”: Эрон, Қатар, Баҳрайн, Индонезия.

Бозиҳои даври севуми сабқати интихобӣ аз 2-юми сентябри соли 2011-ум то 29-уми феврали соли 2012-ум баргузор хоҳанд шуд.

Сипас ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ (ҷамъ 10 даста) ба ду гурӯҳ тақсим шуда, дар даври чаҳоруми марҳилаи интихобӣ барои роҳхатҳо ба сабқати ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2014 рақобат хоҳанд кард.

Дар Рио-де-Жанейро, инчунин, қуръакашии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар қораи Аврупо баргузор шуд, ки натиҷааш чунин аст:

Гурӯҳи “A”: Хорватия, Сербия, Белгия, Шотландия, Македония, Уэлс.

Гурӯҳи “B”: Италия, Дания, Чехия, Булғористон, Арманистон, Малта.

Гурӯҳи “C”: Олмон, Шветсия, Ирландия, Австрия, Ҷазоири Фарер, Қазоқистон.

Гурӯҳи “D”: Ҳолланд, Туркия, Маҷористон, Руминия, Эстония, Андорра.

Гурӯҳи “E”: Норвегия, Словения, Швейтсария, Албания, Кипр, Исландия.

Гурӯҳи “F”: Португалия, Русия, Исроил, Ирландияи Шимолӣ, Озарбойҷон, Люксембург.

Гурӯҳи “G”: Юнон, Словакия, Босния ва Герсеговина, Литва, Латвия, Лихтенштейн.

Гурӯҳи “H”: Инглистон, Черногория, Украина, Лаҳистон, Молдова, Сан-Марино.

Гурӯҳи “I”: Испания, Франсия, Белорус, Гурҷистон, Финляндия.

Ғолибони 9 гурӯҳ ба сабқати ниҳоӣ роҳ меёбанд. Боз барои чаҳор роҳхат ба Бразил 8 дастаи беҳтарини 9 кишвар, ки дастаҳояшон дар гурӯҳҳо ҷойҳои дуввумро гирифтаанд, дар бозиҳои интихобӣ рақобат хоҳанд кард.

Непал – мизбони сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати AFC-2012

Кумитаи иҷроияи Конфедератсиюни футболи Осиё мизбони сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати AFC-2012-ро муайян кард. Чаҳорумин давраи ин мусобиқот дар Непал баргузор хоҳад шуд.

Ба ғайр аз Непал барои мизбонии сабқати ниҳоӣ Ҷазоири Молдив ва Фаластин муддаӣ буданд. Дар сабқати ниҳоӣ ба ғайр аз тимҳои миллии се кишвари номбаршуда, дастаҳои мунтахаби Филиппин, Ҳиндустон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ ширкат хоҳанд кард.

Ғолиби Ҷоми даъвати AFC-2012 ба сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё-2015, ки дар Австралия баргузор мешавад, роҳхат мегирад.

Бояд тазаккур дод, ки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон (соли 2006), Ҳиндустон (2008) ва Кореяи Шимолӣ (2010) барандагони Ҷоми даъвати AFC гардидаанд.

Натоиҷи бозиҳои ниҳоии Ҷоми даъвати AFC:

2006 (Бангладеш). Тоҷикистон – Шри-Ланка – 4:0
2008 (Ҳиндустон). Ҳиндустон – Тоҷикистон – 4:1
2010 (Шри-Ланка). Кореяи Шимолӣ – Туркманистон – 1:1 (аз рӯи пеналти – 5:4)
2012 (Непал)

Рақибони “Истиқлол” дар Ҷоми раиси AFC муайян шуданд

Рӯзи 29-уми июл дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё, дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур, қуръакашии сабқати ниҳоии Ҷоми раиси AFC баргузор шуд ва рақибони дастаи «Истиқлол”-и Душанбе муайян гаштанд.

Шаш бошгоҳи футбол ба ду гурӯҳ тақсим гардид, ки ғолибони онҳо ба финал роҳ меёбанд.

Дар сабқати ниҳоӣ, ки аз 19-ум то 25-уми сентябр дар Тайван барпо мегардад, дастаҳо дар ду гурӯҳ рақобат хоҳанд кард:

Гурӯҳи “А”: «Тайван Пауэр» (Тайван), «Балкан» (Туркманистон), «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Гурӯҳи “В”: «Нефтчӣ» (Қирғизистон), «Яданарбон» (Мянмар), «Пномпен Краун» (Камбоҷа)

Финал: Ғолиби гурӯҳи “В” –  ғолиби гурӯҳи “А”

Натоиҷи бозиҳои ниҳоии Ҷоми раиси AFC:

2005 (Катманду, Непал). «Регар-ТадАЗ» (Тоҷикистон) – «Дордой-Динамо» (Қирғизистон) – 3:0

2006 (Кучинг, Малайзия). «Дордой-Динамо» – «Вахш» (Тоҷикистон) – 2:1, дар замони изофӣ

2007 (Лоҳур, Покистон). «Дордой-Динамо» – «Непал Полис Клаб» (Непал) – 2:1

2008 (Бишкек, Қирғизистон). «Регар-ТадАЗ» – «Дордой-Динамо» – 1:1, аз рӯи пеналти – 4:3

2009 (Турсунзода, Тоҷикистон). «Регар-ТадАЗ» – «Дордой-Динамо» – 2:0

2010 (Янгон, Мянмар). «Яданарбон» (Мянмар) – «Дордой» – 1:0, дар замони изофӣ

2011 (Тайван).

15 даста – дар даври севуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014

 Рӯзи 28-уми июл бозиҳои ҷавобии даври дуввуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 баргузор шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода аз тими миллии Сурия бо ҳисоби бузурги 0:4 шикаст хӯрд.

Раҷа Рофеъ, ҳамлагари меҳмонон, дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаҳои 6-ум ва 35-ум ду бор дарвозабони тими Тоҷикистон Алишер Тӯйчиевро маҷбур кард, ки тӯбро аз тӯри дарвоза бигирад.

Голи севуми меҳмононро Надим Сабоҳ дар дақиқаи 53-юм ба самар расонд. Фаррух Чориев, ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон, дар дақиқаи 87-ум, пас аз зарбаи Ҷорҷ Мурод, тӯбро ба дарвозаи дастааш зад.

Бозии аввал низ 23-юми июл дар Урдун бо пирӯзии суриягиҳо бо ҳисоби 2:1 хотима ёфта буд. Мунтахаби Сурия ба даври севум роҳ ёфт, вале дастаи Тоҷикистон аз ин ҳуқуқ маҳрум гашт.

Дар нишасти матбуотӣ, ки баъди анҷоми ин бозӣ баргузор шуд, Пӯлод Қодиров, сармураббии дастаи мунтахаби

Пӯлод Қодиров, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон

Тоҷикистон, гуфт: “Голи фаврии рақиб моро шикаст. Сурия аз ҳама ҷиҳат, ҳам аз лиҳози техникӣ ва суръати бозӣ, аз мо боло буд. Мунтахаби мо хеле суст бозӣ кард ва бозии ба худ хосро нишон дода натавонист.”

Пӯлод Қодиров ба саволи “Оё истеъфо медиҳад?”, посух дод, ки “агар роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳисоб кунад, ки ман аз ӯҳдаи иҷрои вазифаам набаромадам, ман омодаам аз вазифаам даст кашам.”

Низор Маҳрӯз, сармураббии тими миллии Сурия, афзуд: “Мо интизор набудем, ки бар дастаи Тоҷикистон ба осонӣ ғалаба ба даст меорем,  бар илова чунин натиҷаи бузургро чашмдор ҳам набудем. Шогирдони ман имрӯз хеле хуб бозӣ карданд, онҳо дастури мураббиро ба ҷо оварданд. Голи фаврӣ зада, мо то ҳуштаки ниҳоӣ бозии худро хуб идома додем.”

Ба ғайр аз бозии Тоҷикистон ва Сурия дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар қораи Осиё 28-уми июл 14 бозии дигари ҷавобӣ бо чунин натиҷаҳо ба анҷом расиданд:  Фаластин – Тайланд – 2:2,  Бангладеш – Лубнон – 2:0, Лаос – Чин – 1:6, Индонезия –  Туркманистон – 4:3, Филиппин – Кувайт – 1:2,  Мянмар – Умон – 0:2, Ҳонконг – Арабистони Саудӣ – 0:5, Ҷазоири Молдив – Эрон – 0:1, Вйетнам – Қатар – 2:1, Яман – Ироқ – 0:0, Малайзия – Сингапур – 1:1, Қирғизистон – Узбакистон – 0:3, Ҳиндустон – АМА – 2:2, Непал – Урдун – 1:1.

Ба ин тартиб аз рӯи натоиҷи ду бозӣ ба ғайр аз Сурия боз дастаҳои мунтахаби Умон, Урдун, Индонезия, Узбакистон, Чин, Кувайт, Лубнон, Арабистони Саудӣ, Қатар, Сингапур, Аморати Муттаҳидаи Араб, Тайланд, Эрон ва Ироқ ба даври севуми сабқати нитихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 роҳ ёфтанд.

15 дастаи ғолиби даври дуввум ба панҷ дастае, ки рейтинги баландтарин дорад (Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Кореяи Шимолӣ ва Баҳрайн) ҳамроҳ мешавад.

Ба ин тартиб 20 даста бар асоси қуръакашӣ ба чаҳор гурӯҳ тақсим мегардад. Дар даври саввум бозиҳои гурӯҳӣ аз 2-юми сентябри соли 2011-ум то 29-уми феврали соли 2012-ум баргузор хоҳанд шуд.

Шикасти дигарбораи Тоҷикистон аз Сурия, 0:4

Лаҳзае аз бозии тими мунтахаби футболи Тоҷикистон бо тими милли Сурия дар Урдун, 23-юми июли соли 2011

Mунтахаби футболи Тоҷикистон аз Сурия шикаст хӯрд ва аз идомаи мубориза барои Ҷоми Ҷаҳон-2014 маҳрум гашт.

Бозии аввал низ панҷ рӯз муқаддам дар Урдун бо пирӯзии Сурия бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфта буд.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии ҷавобии даври дуввуми сабқати интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2014 бо тими миллии Сурия дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода қувваозмоӣ кард.

Голи аввалро дар дақиқаи шашум ва голи дуввумро дар дақиқаи 35-уми нимаи аввали бозӣ Раҷа Рофеъ ба дарвозаи мизбонон, яъне тими мунтахаби футболи Тоҷикистон ворид намуд.

Воқеан, Раҷа Рофеъ дар бозии аввал голи ҳалкунандаро ба дарвозаи тими Тоҷикистон зада, бозиро ба ҳисоби 2:1 ба фоидаи Сурия анҷом дода буд.

Голи севвуми Сурияро Надим Сабоҳ дар дақиқаи 53-юм ба самар расонд. Надим Сабоҳ голи севвумро аз масофаи наздик зад ва ҳисобро боз ҳам афзун кард.

Голи чаҳорумро Фаррух Чориев, ҳимоятгари тими мунтахаби Тоҷикистон дар дақиқаи 86-ум ба дарвозаи дастаи худ зад.

Метавон гуфт, ки тақдири роҳхат ба даври баъдӣ ҳал шуд ва ба гумон аст, мунтахаби Тоҷикистон дар замони боқимонда рақиби пурзӯрашро мағлуб созад.

Дар дақиқаи 38-ум Комил Саидовро Фатҳулло Фатҳуллоев иваз намуд. Довар ду дақиқа замони изофӣ таъйин кард.

Дар нимаи дуввум ба ҷои Нуриддин Давронов ба майдон Дилшод Восиев омад.

Дар дақиқаи 73-юм Даврон Тӯхтасунов ҳамдастааш Хуршед Маҳмудовро иваз намуд. Дар дастаи меҳмонон низ ду бозигар иваз шуд. Аз ҷумла, қаҳрамони бозӣ Раҷа Рофеъ таҳти кафкӯбиҳои пурмавҷи мухлисони футбол майдонро тарк намуд ва ба ҷои ӯ Самир ба майдон омад.

Ин бозиро дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода тахминан 4-5 ҳазор мухлис тамошо карданд.

То ин вақт чаҳор бозии сабқати интихобӣ ба анҷом расид, ки  натиҷааш чунин аст:Мянмар – Умон – 0:2, Непал – Урдун – 1:1, Лаос – Чин – 1:6, Филиппин – Кувайт – 1:2. Аз рӯи натоиҷи ду  бозӣ дастаҳои Умон, Урдун, Чин ва Кувайт ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд.

Сурия низ пас аз ду пирӯзӣ ба тими мунтахаби футболи Тоҷикистон ба даври севвум роҳхат гирифт.

Дастаи Тоҷикистон дар ин дидор бо чунин ҳайъат бозӣ кард:

Алишер Тӯйчиев, Соҳиб Сувонқулов, Фаррух Чориев, Даврон Эргашев, Ҷамшед Исмоилов, Нуриддин Давронов, Иброҳим Рабимов, Маҳмадалӣ Содиқов, Хуршед Маҳмудов, Комил Саидов, Юсуф Рабиев.

Бозигарони эҳтиётӣ инҳоянд:

Миралӣ Муродов, Алишер Додов, Сафаралӣ Каримов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Фурӯғ Қодиров, Асадулло Нуруллоев, Аҳтам Назаров, Самад Шоҳзуҳуров, Дилшод Восиев, Даврон Тӯхтасунов ва Фарҳод Тоҳиров

 

Нахустин баҳси парвандаи гумонбарони беназмиҳои Кӯлоб

Бозии футбол миёни тимҳои 'Истиқлол' ва 'Равшан' дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб, моҳи июни соли 2011.

Додгоҳ ба баррасии парвандаи гумонбарони беназмиҳои футбол дар варзишгоҳи Кӯлоб оғоз кардааст.

Зикриё Шамсов, ёвари раиси додгоҳи Кӯлоб мегӯяд, феълан додрасҳо парвандаҳои маъмурии ҷавононеро баррасӣ доранд, ки дар сурати исбот шудани гуноҳояшон, танҳо ҷарима хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи ӯ, инҳо ҷавононе ҳастанд, ки бо гумони даст ба харобкорӣ задан пас аз бозии миёни дастаи футболи «Истиқлол» ва «Равшан» аз ҷониби кормандони мақомоти интизомӣ боздошт шуда буданд.

Ҷаноби Шамсов афзуд: “Ҳоло танҳо парвандаҳои маъмурӣ аз  ҳисоби гумонбарони бетартибиҳои бозии футбол ворид шудааст ва кормандони мо онҳоро баррасӣ доранд, вале парвандаҳои ҷиноятӣ шояд рӯзҳои дигар барои баррасӣ ворид гарданд.”

Дар ҳамин ҳол, масъулони Раёсати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯянд, пас аз ин беназмиҳо аз болои беш аз 20 нафар парвандаи маъмурӣ ва аз болои 16 нафар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Аммо Шариф Латифов, сардори шӯъбаи кофтукоби ҷиноии Раёсати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, воқеан, пас аз инфиҷоре, ки кормандони таъйиноти махсус ё худ ОМОН-и шаҳри Душанбе дар варзишгоҳи марказӣ анҷом доданд, чунин бетартибиҳо рух дод. Ба гуфтаи ин масъули Раёсати корҳои дохилӣ, кормандони ОМОН бидуни мувофиқа бо кормандони милисаи шаҳру минтақа он ҷо ҳузур ёфта буданд ва бинобар нофаҳмӣ дар варзишгоҳ маводи таркандаи безарар инфиҷор карданд.

Ҷаноби Латипов афзуд: “Ҳангоми аз дарвозаи марказӣ баромадан, баъзе мухлисон, тарафи микрорайони даҳуму маҳаллаи кӯҳдоман ба сӯи хонаҳояшон, ки ин роҳ кӯтоҳтар аст, роҳ пеш гирифтанд. Кормандони ОМОН ба хотире, ки одамони дастаи «Истиқлол» бемамониат баромада раванд, ҳамон ҷо роҳро гирифтанд, ки мухлисон ба ин роҳ нараванд. Зеро ба ин роҳ бояд меҳмононои дастаи «Истиқлол» мерафт. Ҳаминҷо онҳо гуфтанд, ки ин роҳ маҳкам ва ба роҳи марказӣ равед. Ин ҷо камтар нофаҳмӣ шуд ва мардум гурӯҳе ҷамъ шуд. Барои пароканда кардани он баъдан аз «димовой шашка», ки зарар надорад, истифода бурданд. Инро барои гурӯҳро пароканда кардан истифода карданд. Ин ҷо аз нофаҳмиии кадом ҳамон корманди ОМОН чунин шуд. Мухлисон фикр карданд, ки ягон теракт шуд. Аммо ин қасдан набуд, балки аз рӯи нофаҳмӣ сар зад.”

Ин гуфтаҳои масъули Раёсати корҳои дохилиро пештар даҳҳо шоҳиди дигар низ зикр карда буд, ки маҳз рафтори нохуби кормандони ОМОН мухлисони эҳсосиро ба чунин роҳ таҳрик  додааст. Дилшод, як ҷавони маҳаллӣ ва шоҳиди ин ҳодиса мегӯяд, ба ҳамин хотир, ки ҷавон аз пеши худ ба бетартибӣ даст назадаанд, бояд ба ҷавобгарии вазнин кашида нашаванд. Дилшод мегӯяд, эҳтимол аст, ин ҷавононро, ки аксаран камбизоатанд, аз 1 то 3 ҳазор сомонӣ ё аз ин бештар ҷарима кунанд, вале ба андешаи ӯ, ин аз рӯи инсоф нахоҳад буд.

Вай инчунин гуфт: “Дар асл гирем, ҳамин мухлисон ҳам ҷинояте накарданд, ки ин қадар ба онҳо ҷазо диҳем. Ин ҷо бояд ҳолати рӯҳии мухлисонро ба назар гирифт. Кӣ онҳоро ба ин кор водошт? Онҳо худ эҳсосӣ буданд ва кормандони ОМОН ба эҳсосоти онҳо бозӣ карданд ва онҳо танҳо пас аз таркиш сӯи онҳо, ки тарсида буданд, чанд санг ҳаво доданд. Ин табиист, ки пас аз чунин ҳодиса чӣ мешавад. Вале ин ҷо мухлисонро ба ҷавобгарӣ кашиданд, вале чаро кормандони ОМОН-ро ба ҷавобгарӣ намекашанд? Сабабгори бетартибӣ аз аввал нигоҳ кунем онҳоянд-ку.”

Бархе коршиносон мегӯянд, атрофи бозии дастаи футбол овозаву ҳангомаҳо сиёсӣ шуд ва аслан боздошти ҷавонони зиёд маҳз ба ҳамин хотир аст.

Беназмиҳо дар атрофи варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб замоне рух дод, ки бозии миёни дастаи «Истиқлол» ва «Равшан» бо бурди дастаи меҳмон анҷом ёфт ва пас аз бозӣ ҳангоми ҳаркати мухлисон ба роҳе, ки қароргоҳи мувақатии Рустами Эмомалӣ, сарпарасти дастаи футболи «Истиқлол» буд, пеши роҳи онҳо гирифта мешавад.

Дар ин ҳангом кормандони ОМОН барои баргардонидани ҳаракати мухлисон ба роҳи дигар даст ба инфиҷори маводи, ба қавли мақомот, безарар мезананд, ки пас аз он бетартибӣ рух медиҳад.

Феълан, барои бетартибӣ аз болои 16 нафар парвандаи ҷиноӣ ва аз боли даҳҳо нафари дигар парвандаи маъмурӣ боз шудааст, ки ҳамакнун аввалин парвандаҳо барои баррасӣ ба додгоҳи маҳаллӣ ирсол шудааст.

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон 7 зина поин – 142-юм шуд

Тоҷикистон дар феҳрист ё рейтинги навини FIFA (Федератсиюни байнулмилалии футбол) байни 207 дастаи миллии кишварҳои ҷаҳон 7 зина поин шуд ва дар ҷойи 142-юм қарор дорад.

Тоҷикистон миёни ҷамоҳири собиқи Шӯравӣ танҳо аз Қирғизистон пеш аст. Русия, ки миёни ин кишварҳо дар ҷои аввал мебошад, мавқеашро дар мақоми 18-ум нигоҳ дошт.

Мавқеи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: 42-юм (40-ум буд) Беларус. 45 (42) Укроин. 57 (56) Гурҷистон. 58 (58) Литва. 70 (70)  Арманистон. 79 (79) Эстония.  83 (82) Латвия. 83 (86)  Узбакистон. 85 (85) Молдова.  111 (112) Озарбойҷон. 126 (126) Қазоқистон. 138 (143) Туркманистон. 142 (135) Тоҷикистон.  179 (169) Қирғизистон.

Дастаи миллии Испания дар феҳристи навини FIFA мисли пешин дар ҷои аввал аст. Ҳолланд дар ҷои дуввум ва Олмон дар ҷои севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Бразил, Уругвай, Инглистон, Португол, Италия, Хорватия ва Аргентина ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар ҷои 23-юм қарор дорад. Даҳ дастаи беҳтарини Осиё инҳоянд: Ҷопон (дар феҳристи ҷаҳонӣ 16-ум), Австралия (23), Кореяи Ҷанубӣ (28), Эрон (57), Чин (73), Узбакистон (83), Қатар (90), Урдун (91), Арабистони Саудӣ (92), ва Кувайт (95).

Бояд тазаккур дод, ки натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 114-ум дар моҳи июли соли 1997 мебошад. Натиҷаи аз ҳама пасти Тоҷикистон ҷои 180-ум аз рӯи натиҷагирии моҳи июли соли 2003-юм буд.

3 000 сомонӣ ҷарима барои латукӯби сардовар

Гунаҳкорони бозии мавқуфмондаи даври 19-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои “Хайр”-и Ваҳдат ва “Равшан”-и Кӯлоб, ки бо пирӯзии тими меҳмон – “Равшан” бо ҳисоби 2:1 поён ёфта буд, муҷозот шуданд.

Ёдовар мешавем, дар ҷараёни ин бозӣ, ки 16-уми июл дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат баргузор шуд, чанд ҳодисаи нохуш рух дода буд. Ин масъала ду бор – рӯзҳои 18-ум ва 26-уми июл – дар ҷаласаи кумитаи назорату ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Раиси ин кумита Сафар Каримов ба радиои Озодӣ гуфт: “Бар асоси гузориши нозири ин бозӣ Абдураҳим Бобоев, аз шаҳри Турсунзода, дар дақиқаи 53-юми қувваозмоӣ сардовар Олим Норбоев (аз шаҳри Душанбе)  ба бозигарони ҳарду даста – Ҳамдам Зарипов (“Равшан”) ва Низом Раҳимов (“Хайр”) барои задухӯрд миёни ҳарду корти сурх нишон дод ва онҳо аз майдон хориҷ шуданд. Бо қарори кумитаи назорату ахлоқи ФФТ Ҳамдам Зарипов ва Низом Раҳимов аз ҳаққи ширкат дар панҷ бозӣ маҳрум карда, ҳар кадом ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима андохта шуданд. Қутбиддин Хайров, президенти клуби футболи “Хайр”, барои латукӯби сардовар ба маблағи 3000 сомонӣ ҷарима баста шуд. Инчунин барои таъмин накардани амнияти доварон клуби“Хайр” ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд”.

Голе, ки Тоҷикистонро ноком кард…

Голи дуввум ва ҳалкунандаи Сурияро Раҷа Рафӣ дар дақиқаи 77-ум ба самар расонд ва дастаи худро пирӯз гардонд.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии аввали даври дуввуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 аз тими миллии Сурия бо ҳисоби 1:2 мағлуб гардид.

Бо тасмими ФИФА, Федератсиюни байнулмилалии футбол, бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон миёни дастаҳои Сурия ва Тоҷикистон бо назардошти вазъи амниятӣ 23-юми июл дар минтақаи бетараф – кишвари Урдун баргузор шуд.

Бозӣ дар варзишгоҳи Шоҳ Абдуллоҳи пойтахти Урдун, шаҳри Уммон, соати 19 ба вақти Уммон ва соати 21 ба вақти Душанбе оғоз ёфт.

Нимаи аввали дидор бо бартарии комили футболбозони Сурия ҷараён дошт, вале ҳисоби бозӣ дар дақиқаи охирини қисми аввал боз шуд.

Пас аз он ки Соҳиб Сувoнқулов, ҳимоятгари дастаи Тоҷикистон, дар ҷаримагоҳ хато кард, ба тӯб ҳамлагари дастаи Сурия Ҷорҷ Мурoд соҳиб шуд ва бо зарбаи сахт тӯбро ба кунҷи дарвозаи тими Тоҷикистон ворид намуд.

Нимаи дуввуми бозӣ бо ҳуҷумҳои пайиҳами футболбозони тоҷик оғоз ёфт. Дар дақиқаи 47-ум Комил Саидов бо зарбаи сахт аз масофаи дур тӯбро ба бурҷи “нӯҳгонии” дарвозаи рақиб зад ва ҳисобро баробар кард.

Баъд аз 30 дақиқа мизбонон боз ба пеш баромаданд. Голи дуввум ва ҳалкунандаи Сурияро Раҷа Рафӣ дар дақиқаи 77-ум ба самар расонд. Ӯ тӯби ба сӯяш ҳавододаи ҳамдастаашро бо сар вориди дарвоза намуд.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар ин бозӣ чунин буд:

дарвозабон – Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»);

ҳимоятгарон – Соҳиб Сувонқулов («Истиқлол»), Фаррух Чориев («Регар-ТадАЗ»), Асадулло Нуруллоев («Хуҷанд»);

нимҳимоятгарон – Иброҳим Рабимов, Дилшод Восиев , Нуриддин Давронов, Маҳмадалӣ Содиқов (ҳама – «Истиқлол»), Ҷамшед Исмоилов («Регар-ТадАЗ»);

ҳамлагарон – Юсуф Рабиев («Истиқлол»), Комил Саидов (ССКА «Помир»).

Комил Саидовро пас аз зарбхӯрӣ дар дақиқаи 73-юм Фатҳулло Фатҳуллоев (“Истиқлол”) иваз кард. Ба ҷои Юсуф Рабиев дар дақиқаи 83-юм Фарҳод Тоҳиров (“Истиқлол”) ва ба ҷои Дилшод Восиев дар дақиқаи 90+1 Фурӯғ Қодиров (ССКА «Помир») ба майдон омаданд.

Дар ҷараёни бозӣ аз ҷониби сардовар Носир Ал-Ғаффорӣ (Урдун), як бозигари Сурия, Ҷиҳод Алҳусайн (дақиқаи 27-ум) ва ду нафар аз тими Тоҷикистон — Иброҳим Рабимов (дақиқаи 10-ум) ва Фурӯғ Қодиров (90+2) корти зард гирифтанд.

Ба ғайр аз бозии Сурия – Тоҷикистон 23-юми июл 14 бозии дигар бо чунин натиҷаҳо ба анҷом расиданд:  Тайланд – Фаластин – 1:0 (1:0), Лубнон – Бангладеш – 4:0 (2:0), Чин – Лаос – 7:2 (1:2), Туркманистон – Индонезия – 1:1 (1:1), Кувайт – Филиппин – 3:0 (1:0), Умон – Мянмар – 2:0 (1:0), Арабистони Саудӣ – Ҳонконг – 3:0 (2:0), Эрон- Ҷазоири Молдив – 4:0 (1:0), Қатар – Вйетнам – 3:0 (1:0), Ироқ – Яман – 2:0 (1:0), Сингапур – Малайзия – 5:3 (4:1), Узбакистон – Қирғизистон – 4:0 (1:0), АМА – Ҳиндустон – 3:0 (2:0), Урдун – Непал – 9:0 (4:0).

Чуноне ки аз натоиҷи бозиҳо бармеояд, аз 15 бозӣ мизбонон дар 14 бозӣ пирӯзӣ ба даст овардаанд ва танҳо як бозӣ бо ҳисоби баробар поён ёфтааст. Мизбонон 53 гол ва меҳмонон ҳамагӣ 7 гол задаанд.

Бозиҳои ҷавобӣ рӯзи 28-уми июл баргузор мешаванд. Дастаҳои Тоҷикистон ва Сурия дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода рақобат хоҳанд кард. Бозӣ соати 16 оғоз меёбад.

 “Зарафшон” – пешсафи давраи аввали сабқати Лигаи якум

Бозиҳои даври 16-уми сабқати Лигаи аввали футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Бозиҳо бо чунин натиҷаҳо ба охир расиданд:  «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Вахши зарнисор» (Вахш) – 3:2, “Рашт” (Рашт) – «Саройкамар» (Панҷ) (3:0 техникӣ),  «Ҷавонон» (Турсунзода) – «Данғара» (Данғара) – 2:1, “Локомотив” (Душанбе) – «Румӣ» (Ҷалолиддини Румӣ) – 1:5.

Инчунин дастаи “Зарафшон”-и Панҷакент дар бозии мавқуфмонда дар майдони худ аз тими “Сабо”-и Шаҳринав бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрд.

Вале бо вуҷуди бохт дар ин бозӣ мавқеи футболбозони шаҳри Панҷакент дар ҷадвали мусобиқот тағйир наёфт. “Зарафшон” бо 27 имтиёз пешсафи давраи аввали сабқати Лигаи якум шуд.

Пирӯзии дастаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дар Қатар

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо тими Сурия рӯзи 18-уми июл дар Қатар дар бозии дӯстона бар дастаи мизбон – “Ал-Шоҳония”-и Доҳа бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Дар ин бозии санҷишӣ Юсуф Рабиев дар дақиқаи 8-уми дидор ҳисобро боз кард. Голи дуввуми мунтахаби Тоҷикистонро Иброҳим Рабимов дар дақиқаи 27-ум ба самар расонд. Мизбонон дар нимаи дуввуми дидор, дар дақиқаи 69-ум, аз ҷаримаи 11-метра ҳисобро тағйир доданд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозӣ чунин буд:
дарвозабон – Алишер Тӯйчиев, ҳимоятгарон – Соҳиб Сувонқулов, Фаррух Чориев, Ҷамшед Исмоилов, Асадулло Нуруллоев, нимҳимоятгарон – Нуриддин Давронов, Комил Саидов, Иброҳим Рабимов, Дилшод Восиев, ҳамлагарон – Давронҷон Тухтасунов ва Юсуф Рабиев.

Дар нимаи дуввуми бозӣ ба ҷойи Нуриддин Давронов, Даврон Тухтасунов ва Алишер Тӯйчиев ба майдон Маҳмадалӣ Содиқов, Фарҳод Тоҳиров ва Алишер Додов омаданд. Баъдан Дилшод Восиевро Фатҳулло Фатҳуллоев иваз кард. Дар дақиқаи 71-ум Иброҳим Рабимов корти сурх гирифт ва аз бозӣ хориҷ шуд. Дар ин бозии дӯстона сардовар иҷоза дод, ки ба ҷойи Рабимов Фурӯғ Қодиров ба майдон ояд.

Вале ду бозигари мунтахаби Тоҷикистон – Акмал Сабуров ва Эраҷ Раҷабов ба иллати латхӯрӣ дар ин бозӣ ширкат накарданд.

Ҳарифи мунтахаби Тоҷикистон – бошгоҳи футболи “Ал-Шоҳония” дар ҳамин ҳол дар сабқати дивизиони аввали Қатар бо 22 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад.

Бозии аввали даври дуввуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 миёни тимҳои миллии Сурия ва Тоҷикистон 23-юми июл дар Урдун соати 22 ба вақти Душанбе шурӯъ хоҳад шуд.

Футболбозони навраси тоҷик ва сафар ба “Арсенал”

Лаҳзаи пирӯзӣ

Сафаргули Олимӣ

Дастаи футболбозони навраси мактаб-интернати бепарасторони шаҳри Хуҷанд баҳори соли ҷорӣ дар мусобиқоти байналмилалии футбол миёни наврасон, ки дар шаҳри Сочии Русия доир гашт, ҷойи аввалро ишғол карда ва барои тамрин бо дастаи маъруфи “Арсенал”-и Лондон роҳхат гирифтааст.

Сармураббии ин даста, Маҳкам Маҳкамов ва футболбозони навраси он мегӯянд, ки “мо ҳоло бо рӯҳияи баланд тамрин мекунем ва ба мусобиқаҳои байналмилалӣ омодагӣ мебинем ва орзу дорем, ки футболбозони машҳур шуда парчами Тоҷикистонро дар кишварҳои дур боло бардорем.”

Феълан бо мусоидат ва маблағгузории ширкати “Мегафон-Тоҷикистон” ду бозигари машҳури рус аз дастаҳои овозадори мунтахаби Русия ва “Спартак”, Дмитрий Ананко ва Владимир Беccчастних, ба Душанбе омада ва ба 12 дастаи футболбзони наврас, тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои бепарасторонро таълим медиҳанд.

Дмитрий Ананко дар сӯҳбат бо мо аз симоҳои шинохтаи футболбозони тоҷик, ки ҳоло дар дастаи мунтахаби Русия ва дигар дастаҳои маҳшур фаъолият доранд, ба монанди Мӯҳсин Муҳаммадиев ва Рашид Раҳимов ёдовар шуд ва гуфт, мактаби варзишие, ки чунин футболбозони машҳурро тарбият кардааст, қаҳрамонони дигарро низ ба воя хоҳад расонид.

Дар пайи қабули барномаи давлатии рушди Варзиш ва таъкидҳои пайвастаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, тақрибан тамоми ширкатҳои хусусие, ки дар кишвар фаъолият доранд, вазифадор шудаанд, ки дар ин самт маблағгузорӣ кунанд ва дар омода кардани варзишкорони наврас ва сохтмону бозсозии зербинои куллии соҳаи варзиш саҳми фаъолона дошта бошанд.

Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар ин иртибот гуфт, чунин як даъвати мақомот аз ширкатҳои хусусӣ хеле муҳим ва саривақтист, зеро танҳо аз ҳисоби буҷаи давлат чунин корҳои муҳиму заруриро ба ҷо овардан имкон надорад.

Маликшоҳ Неъматов

“Бояд дигар ширкатҳову корхонаҳои хусусӣ, ки дар дохили кишвари мо кор мекунанд ва пули мардумро ҷамъ мекунанд, ҳадди ақал як фоизи камашро барои ин кори савоб сарф кунанд, хуб мешавад”,-афзуд ӯ.

Аммо Владимир Беccчастних, футболбози машҳури рус бар ин назар аст, ки танҳо ба умеди ширкатҳои хусусӣ ва соҳибкорон шудан нашояд. Балки ҳукумат худ бояд дар фикри рушду тавсеаи варзиш дар кишвар, хусусан дар миёни чавонону наврасон бошад ва барномаҳои хеле муҳиму мушаххасро дар ин самт рӯйи даст бигирад.

Ӯ афзуд: “Ҳар як кишвари ҷаҳонро бо варзишкорону донишмандон ва дигар чеҳраҳои машҳураш мешиносанд. Барои ҳамин бояд пулро дареғ надоранд. Ба умеди дигарон нашуда худи ҳукумат бояд ғамхорӣ кунад, чунки боигарии аслии ҳар миллат кӯдакону ҷавононаш ҳаст. Онҳоро мо чӣ хеле тарбият кунем, ҳамон хел моро мешиносанд.”

Ба ин тартиб, рӯзи 18-уми июл ширкати “Мегафон” ба ғолиби мусобиқаи кушоди Русия оид ба футбол, барои дарёфти Ҷоми “Оянда аз ту вобаста аст” дар соли 2011, яъне дастаи мактаб-интернати бепарасторони шаҳри Хуҷанд мукофотҳои хотиравӣ ва сертифакати сафар ба Лондонро супорид.

Яъне дар тирамоҳи соли ҷорӣ футболбозони ин дастаи ғолиб ба Бритониё рафта ва бо Клуби овозадори “Арсенал” боздид анҷом медиҳанд ва қарор аст аз беҳтарин футболбозони ин клуби машҳуру маҳбуб дарси маҳорат низ биомӯзанд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s