ББС Тоҷикӣ

Федеротсиюни Футболи Тоҷикистон (ФФТ) аризаи истеъфои Пӯлод Қодиров, сармураббии тими мунтахаби футболи ин кишварро пазируфт.

Шералӣ Давлатов, дабири кулли ФФТ ба Би-би-сӣ гуфт, ин тасмим рӯзи душанбеи 1 август, дар ҷаласаи Шӯрои иҷроияи Федеротсиюн бар асоси дархости Пӯлод Қодиров дар бораи барканориаш аз мақоми мураббии сармураббии тими мунтахаби футболи Тоҷикистон гирифта шуд

Оқои Давлатов ду бохти тими мунтахаби Тоҷикистонро бар тими мунтахаби Сурия, ки бо ин амр Тоҷикистон аз мусобиқот барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои Қаҳрамонии Футбол дар соли 2014 дар Брозил маҳрум шуд, далели аслии барканории оқои Қодиров хонд.

Дар посух ба ин суол, ки “Сармураббии тими мунтахаб кай таъйин хоҳад шуд?” ӯ гуфт, ҷустуҷӯ барои пайдо кардани сармураббии ботаҷруба шурӯъ шуда ва мумкин аст, дар моҳи оянда сармурабби ин тим таъйин шавад.

Зимнан, тими мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 24 июл дар майдони кишвари бетарафи Урдун аз тими мунтахаби Сурия бо ҳисоби 1 бар 2 ва пас аз панҷ рӯз дар майдони худ, дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби сифр бар 4 мағлуб шуда буд.

Коршиносони Федеротсиюни Футболи Тоҷикистон, гела доранд, ки Пӯлод Қодиров натавонист ба унвони сармураббии тими мунтахаб бозикунони беҳтаринро аз дастаҳои “Истиқлол”, “Равшан” ва футболбозони хуби тоҷик аз кишварҳои хориҷиро ба тими мунтахаби Тоҷикистон ҷалб кунад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ин коршиносон, ба сармураббӣ ҳаққи интихоби озоди бозикунон вогузор шуда ва барои тамрини тими мунтахаб дар мамолики хориҷӣ шароити зарурӣ фароҳам шуда буд.

Пӯлод Қодиров, сармураббии пешини тими мунтахаби Тоҷикистон аз ибрози назар дар мавриди истефоъ ва аз додани посух ба интиқодҳо дар бораи ҷой доштани навоқиси ҷиддӣ дар фаъолияти ӯ, худдорӣ кард.

Advertisements