Ҷоми Тоҷикистон, Шикасти “Равшан”, сармураббии нави мунтахаби ҷавонон ва хабарҳои дигар…


Муаллифи хабарҳо: Нарзуллоҳи Латиф, Радиои Озодӣ

Тақвими бозиҳои Ҷоми раиси AFC тасдиқ шуд

 Конфедератсиюни футболи Осиё тақвими бозиҳои сабқати ниҳоии Ҷоми раиси AFC-ро тасдиқ кард. Сабқати ниҳоӣ аз 19-ум то 25-уми сентябри соли ҷорӣ дар Тайван дар ду гурӯҳ баргузор хоҳад шуд:

Гурӯҳи “А”: «Тайван Пауэр» (Тайван), «Балкан» (Туркманистон), «Истиқлол» (Тоҷикистон).

Гурӯҳи “В”: «Нефтчӣ» (Қирғизистон), «Яданарбон» (Мянмар), «Пномпен Краун» (Камбоҷа).

Барномаи бозиҳо:

19 сентябр. “Пномпен ” – “Нефтчӣ” (16:00), “Истиқлол” – “Тайван” (19:00)
21 сентябр. “Балкан” – “Истиқлол” (16:00), “Яданарбон” – “Пномпен” (19:00)
23 сентябр. “Нефтчӣ” – “Яданарбон” (16:00), “Тайван” – “Балкан” (19:00)
25 сентябр.  Финал: Ғолиби гурӯҳи “В” –  ғолиби гурӯҳи “А” (19:00)

Натоиҷи бозиҳои ниҳоии Ҷоми раиси AFC:

2005 (Катманду, Непал). «Регар-ТадАЗ» (Тоҷикистон) – «Дордой-Динамо» (Қирғизистон) – 3:0

2006 (Кучинг, Малайзия). «Дордой-Динамо» – «Вахш» (Тоҷикистон) – 2:1, дар замони изофӣ

2007 (Лоҳур, Покистон). «Дордой-Динамо» – «Непал Полис Клаб» (Непал) – 2:1

2008 (Бишкек, Қирғизистон). «Регар-ТадАЗ» – «Дордой-Динамо» – 1:1, аз рӯи пеналти – 4:3

2009 (Турсунзода, Тоҷикистон). «Регар-ТадАЗ» – «Дордой-Динамо» – 2:0

2010 (Янгон, Мянмар). «Яданарбон» (Мянмар) – «Дордой» – 1:0, дар замони изофӣ

2011 (Тайван).

Сармураббии “Вахш”: “Аз ноҳаққии доварон эътироз дорем”

 Бозиҳои даври 26-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки шоми 17-уми август поён ёфтанд, бо пирӯзии пешсафони ҷадвали мусобиқот ба анҷом расиданд.

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и шаҳри Душанбе бар тими мизбон – “Гвардия” бо ҳисоби рекордии 10:1 пирӯз шуд, бо 54 имтиёз мавқеашро дар садри  ҷадвали мусобиқот нигоҳ дошт.

Дар ин бозӣ Фирӯз Қурбонов, Нӯъмон Ҳакимов ва Хуршед Маҳмудов 2-голӣ, Ҳоҷат Фаннӣ, Сӯҳроб Эгамбердиев, Аскар Равшанов ва Сардорбек Эминов якголӣ заданд. Як голи мизбононро Абдурасул Раҳмонов дар дақиқаи 28-ум аз ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонд.

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, ки дар майдони худ тими «Хайр»-и Ваҳдатро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, бо 53 имтиёз дар ҷойи дуввум аст. Наврӯз Рустамов, бозигари мизбонон, дар нимаи аввали дидор ҳисобро боз кард.

Дар дақиқаҳои аввали нимаи дуввум Бахтиёр Ҳасанов, ки аз тими “Регар-ТадАЗ” ба “Равшан” гузаштааст, ҳисобро афзун намуд. Як голи “Хайр”-ро Пирмурод Бурҳонов (ӯ низ собиқ бозигари “Регар-ТадАЗ”) дар авохири бозӣ ба самар расонд.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар тими мизбон – «Парвоз» бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад, бо 49 имтиёз дар ҷойи севум мебошад. Вале “Истиқлол” чаҳор бозӣ камтар анҷом додааст.

Дилшод Восиев дар дақиқаи 39-ум ҳисобро кушод. Ду голи дигарро Даврон Эргашев ва Юсуф Рабиев, капитани “Истиқлол”, дар нимаи дуввуми бозӣ заданд.

Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ – варзишгоҳи “Пахтакор” аз бошгоҳиССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 2:3 мағлуб гашт. Илҳом Ортиқов, бозигари меҳмонон, дар дақиқаи 23-юм ҳисобро кушод. Баъди ду дақиқа Ҷамолиддин Зардиев ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи охирини қисми аввал сардовари бозӣОлим Норбоев (Душанбе) капитани “Вахш” Рустам Усмоновро барои эътироз ба ҳукми сардовар ва дашном додани ӯ аз майдон хориҷ кард.

Дар дақиқаи 63-юм тӯб ба пои Сергей Абрамов, ҳимоятгари “Вахш”, бархӯрд ва вориди дарвозаи мизбонон шуд. Пас аз ду дақиқа Меҳроб Заҳурбеков, бозигари“Вахш”, бо зарбаи сахт аз масофаи дур ҳисобро баробар намуд. Баъди панҷ дақиқа Комил Саидов, ҳамлагари низомиён, голи ҳалкунандаро вориди дарвозаи меҳмонон кард.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи “Вахш”, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз дараҷаи пасти доварӣ дар баъзе бозиҳои мусобиқоти имсола изҳори нигаронӣ кард.

Вай гуфт: “Мусобиқоти имсола шавқовару пуршиддат ҷараён дорад. Вале мо, мураббиёну футболбозон, аз бемасъулиятӣ ва бесалоҳиятии  баъзе аз доварон шикоят дорем. Маҳз бо хатоҳои ҷиддӣ ва авфнопазири онҳо дастаҳо ноком мешаванд. Масалан, дар бозии мо бо ССКА “Помир” сардовар Олим Норбоеви душанбегӣ ба хатоҳои ҷиддӣ роҳ дод ва боиси мағлубияти дастаи мо шуд. Бозигари меҳмонон Илҳом Ортиқов ба ёвари сардовар барои бардоштани байроқча дарафтод ва ӯро буғӣ карданӣ шуд, вале барои ин рафтори ношоямаш беҷазо монд. Сардовар Норбоев ба арзи  ёвари худ эътибор надод ва ҳатто корти зард ҳам набардошт. Чунин тарафгирии доварон аз як ҷониб боиси дилсардии мураббиёну футболбозон ва мухлисони ҷониби дигар мешавад. Бояд кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ин масъала диққати ҷиддӣ бидиҳад. Вагарна бо чунин сатҳи доварӣ мо сатҳи футболи тоҷикро боло бардошта наметавонем”.

Бозии охирини даври 26-уми мусобиқот, ки бегоҳи 18-уми август, миёни дастаҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва “Шодмон”-и Ҳисор дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият”-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, бо ғалабаи мизбонон бо ҳисоби 4:1 ба поён расид.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Фозил Сатторов (“Равшан”) ва Юсуф Рабиев («Истиқлол») бо 13-голӣ пешсафанд. Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) 12-гол задааст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т/Т И
1. Регар-ТадАЗ” 23 17 3 3 60-18 54
2. “Равшан” 23 17 2 4 43-19 53
3. Истиқлол” 19 16 1 2 47-11 49
4. Хайр 24 13 3 8 4025 42
5. ССКА “Помир” 23 11 1 11 43-42 34
6. Энергетик 22 10 2 10 36-37 32
7. Хуҷанд 22 8 4 10 31-37 28
8.  “Вахш” 22 7 1 14 23-30 22
9. Парвоз 23 6 3 14 23-47 21
10. Шодмон” 23 4 2 17 24-58 14
11. “Гвардия” 22 2 2 18 17-63 8

Даври 27-ум

21-уми  август (якшанбе)
«Гвардия» – «Энергетик»
«Хуҷанд» – «Истиқлол»
«Равшан» – ССКА «Помир»
«Вахш» – «Хайр»
«Парвоз» – «Шодмон»

Оғози бозиҳо – соати 17

Шикасти “Равшан”. “Регар-ТадАЗ” ба ҷои аввал баромад

Бозии мавқуфмондаи даври понздаҳум миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Равшан” баргузор шуд.

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар бозии мавқуфмондаи давраи 15-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон, бар тими “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.

Ин бозӣ бегоҳи 13-уми август дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд.

Голҳоро Нӯъмонҷон Ҳакимов дар нимаи аввали дидор ва Ҷамшед Исмоилов дар қисми дуввум ба самар расониданд.

Вале дар дақиқаи 90-ум Эраҷ Холов, бозигари “Равшан” аз ҷаримаи ёздаҳметра истифода карда натавонист. Инчунин, бояд гуфт, ки сардовар Олим Норбоев(Душанбе) бозигари “Равшан” — Ширин Наимовро барои корти дуввуми зард аз майдон берун кард.

Ҳамин тариқ, дастаи “Регар-ТадАЗ” бо 51 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот ба ҷои аввал баромад.

Тими “Равшан” бо 50 имтиёз ба зинаи дувум фуромад. Дастаи “Истиқлол”, ки чаҳор бозӣ камтар кардааст, бо 46 имтиёз дар ҷои севвум қарор дорад.

Инчунин, шоми 13-уми август чаҳор бозии давраи 25-уми мусобиқот баргузор шуд.“Хайр”-и Ваҳдат дар майдони худ “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Ду голи мизбононро Маҳмадлоиқ Нуриддинов ва Идибек Ҳабибуллоев заданд. Як голи меҳмононро Ҷомихон Муҳиддинов ба ҳадаф расонд.

Дастаи “Энергетик”-и Душанбе дар меҳмонӣ “Шодмон”-и Ҳисорро бо ҳисоби бузурги 6:1 мағлуб кард. Габриэл Донто, легионери африқоӣ ду гол, легионери дигар Уилям Гян як гол вориди дарвоз карданд. Ҳамчунин, се голи дигари “Энергетик”-роСафархон Мирзоев, Шуҷоат Неъматов ва Акмал Авазов (пеналти)  вориди дарвоза карданд. Як голи “Шодмон” ба ҳамлагар, Худойдод Нусратов мутааллиқ аст.

ССКА “Помир”-и Душанбе низ дар майдони худ “Хуҷанд”-и Хуҷандро бо ҳисоби бузурги 5:1 шикаст дод. Комил Саидов ду гол (якеаш аз пеналти), Шамсиддин Қосимов, Обидҷон Исмоилов ва Аъзам Ҳусейнов якголӣ заданд. Як голи “Хуҷанд”-ро Ҷаҳонгир Эргашев (бо кӯмаки Фурӯғ Қодиров, ҳимоятгари ССКА “Помир”) ба дарвозаи мизбонон зад.

Дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар майдони бар тими “Гвардия”-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Ҳамлагар Назиршо Ризомов дар дақиқаи ҳафтум ҳисобро кушод. Капитани “Вахш”, Рустам Усмонов, дар дақиқаи 53-юм голи дуввумро ба самар расонд.

“Гвардия” шашумин дастаест, ки пас аз “Парвоз”, “Энергетик”, “Вахш”, “Шодмон” ва ССКА “Помир” сармураббиаш иваз шудааст. Ҳоло ба ҷойи Сергей Капуста, мутахассиси Укроин, ба вазифаи сармураббии дастаи “Гвардия” Султон Алифов таъйин гаштааст.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Фозил Сатторов (“Равшан”) бо 13 гол пешсаф аст. Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) ва Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) 12-голӣ задаанд.

Ораз Назаров- сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон

Ораз Назаров

Ораз Назаров, собиқ бозигари дастаи «Помир»-и Душанбе ва тими миллии футболи Тоҷикистон, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон таъйин шуд.

Ӯ дар ин вазифа Маҳмадҷон Ҳабибуллоевро иваз кард.

Ёддовар мешавем, Ҳабибуллоев, ки моҳи декабри соли гузашта ба вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таъйин шуда буд, чанд рӯз пеш аз ин вазифааш истеъфо дод.

Шералӣ Давлатов, дабири кулли федератсияи футболи Тоҷикистон, ба Озодӣ гуфт, ки аризаи истеъфои Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ рӯзи 12-уми август пазируфта шуд.

Вай афзуд, Ораз Назарови 41-сола, писари мураббии машҳур Шариф Назаров, ки аз соли 2009 то инҷониб дар дастаи «Регар» ба ҳайси мураббӣ-селексионер ифои вазифа мекунад, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар таъйин гардид.

Таъйини сармураббии дастаи мунахаби ҷавонони кишвар дар ҳолест, ки  дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ҳанӯз сармураббӣ надорад. Пӯлод Қодиров, сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон чанде қабл аз мақоми худ истеъфо дода буд.

Иллати истеъфои сармураббӣ, натоиҷи ғайриқаноатбахши дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 бо тими миллии Сурия арзёбӣ шуд. Яъне, мунтахаби Тоҷикистон аз ӯҳдаи иҷрои  вазифаи худ- ба даври севуми сабқати интихобӣ роҳ ёфтан набаромад.

Ба гуфтаи оқои Давлатов дар назди дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё, ки авохири моҳи октябри соли ҷорӣ дар Қатар баргузор мешавад, вазифаи ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтан гузошта шудааст.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо тимҳои Баҳрайн, Бутан, Кувайт, Қатар ва Урдун рақобат хоҳад кард.

“Равшан” дар сабқати Лигаи олӣ боз пешсаф шуд

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар даври 24-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон бар тими “Гвардия”-и Душанбе бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд, дар ҷадвали мусобиқот боз ба ҷойи аввал баромад.

Ин бозӣ 11-уми август дар варзишгоҳи “Ҷавонон”-и шаҳри Ҳисор баргузор шуд. Нимаи аввали дидор бо ҳисоби 2:0 ба нафъи “Равшан” хотима ёфт. Голҳоро Фозил Сатторов ва Наврӯз Рустамов ба самар
расонданд.

Дар авоили нимаи дуввум бозигарони “Гвардия” – Ҳаким Ҳамроҷонов ва Абдурасул Раҳмонов дар муддати 5 дақиқа ба дарвозаи “Равшан” ду тӯб зада, ҳисобро баробар карданд. Голи ҳалкунандаро Индус Ҳусейнов, ҳамлагари “Равшан”, даҳ дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ ба ҳадаф расонд.

Акрам Ҳусейнов, муовини раиси бошгоҳи футболи “Равшан”, ба радиои Озодӣ гуфт, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми сафари кориаш ба шаҳри Кӯлоб бо аъзои дастаи “Равшан” мулоқот намуда, ба онҳо ваъда додааст, ки то рӯзи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар як автобус тӯҳфа хоҳад кард.

Натоиҷи бозиҳои дигари даври 24-ум чунин аст: “Хайр” (Ваҳдат) – “Хуҷанд” (Хуҷанд) – 3:1 (2:0) (Пирмурод Бурҳонов – 2 гол, Парвиз Турсунов – Муҳаммад Умматқулов), “Шодмон” (Ҳисор) – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – 0:3 (0:1) (Сӯҳроб Эгамбердиев, Ҳасан Рустамов, Нӯъмон Ҳакимов), ССКА “Помир” (Душанбе) – “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) – 3:0 (2:0) (Далер Раҷабов, Комил Саидов, Илҳом Ортиқов) .

Бозии даври 24-уми мусобиқот миёни ду дастаи шаҳри Душанбе – “Истиқлол” ва “Энергетик” ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст.

“Равшан” бо 50 имтиёз  дар зинаи аввали ҷадвали мусобиқот қарор дорад. “Регар-ТадАЗ” бо 48 имтиёз дар ҷойи дуввум аст. “Истиқлол”, ки се бозӣ камтар анҷом додааст, бо 46 имтиёз дар ҷойи саввум мебошад.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Фозил Сатторов (“Равшан”) бо 13 гол пешсаф аст. Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) ва Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) 12-голӣ, Фарҳод Тоҳиров (“Истиқлол”), Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) ва Аҳтам Ҳамроқулов (“Вахш”, “Регар-ТадАЗ”) 11-голӣ задаанд.

Сармураббии мунтахаби ҷавонон ҳам ба истеъфо рафт

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев аз вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон истеъфо дод.

Ӯ, ки авохири соли гузашта бо пешниҳоди роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ин вазифа таъйин шуда буд, дар бораи истеъфои худ ба “Озодӣ” гуфт: “Вақте раҳбарии дастаи мунтахаби ҷавононро ба дӯш гирифтам, талаб карда будам, ки барои омодагии мо ба сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё, ки авохири моҳи октябр дар Қатар баргузор мешавад, оддитарин шароитҳоро муҳайё созанд. Ба гурӯҳи мо дастаҳои пурқувват, ба мисли Баҳрайн, Урдун, Қатар ва Кувайт шомиланд. Аз рӯи иттилооте, ки дорам, ин дастаҳо ба мусобиқа омодагии хуб мебинанд. Барои онҳо созмонҳои миллӣ ҳамаи шароити заруриро муҳайё сохтаанд. Дар назди мо вазифа гузоштаанд, ки ба давраи ниҳоӣ роҳхат бигирем. Вале ҳеҷ гуна шароит муҳайё накардаанд. Дар тӯли ҳафт моҳ мо танҳо дар як мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон ширкат кардем. Ин, албатта, омодагӣ нест. Якчанд таклифу дархости ман дар бастагӣ ба омодагии дастаи мунтахаби ҷавонон аз ҷониби ФФТ дастгирӣ наёфт. Бинобар ин бо дастаи мунтахаби ҷавонон минбаъд кор кардан маънӣ надорад.”

Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федератсиюни футболи Тоҷикистон мегӯяд, аризаи истеъфои Маҳмадҷон Ҳабибуллоевро дарёфт кардаанд ва он дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи ФФТ баррасӣ хоҳад шуд.

Чанде пеш аз ин, Пӯлод Қодиров, сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон аз мақоми худ истеъфо дода буд.

Иллати истеъфои сармураббӣ, натоиҷи ғайриқаноатбахши дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 бо тими миллии Сурия арзёбӣ шуд. Яъне, мунтахаби Тоҷикистон аз ӯҳдаи иҷрои вазифаи худ- ба даври севуми сабқати интихобӣ роҳ ёфтан набаромад.

Ба иттилои мақомоти Федератсиюни футболи Тоҷикистон, сармураббии ҷадиди тими миллии футболи кишвар дар ҷаласаи наздиктарини кумитаи иҷроияи ФФТ таъйин хоҳад шуд.

“Регар-ТадАЗ” дар сабқати Лигаи олӣ пешсаф шуд

Рӯзи 10-уми август се бозии даври 24-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Натоиҷи ин бозиҳо чунин аст: “Хайр” (Ваҳдат) – “Хуҷанд” (Хуҷанд) – 3:1 (2:0) (Пирмурод Бурҳонов – 2 гол, Парвиз Турсунов – Муҳаммад Умматқулов), “Шодмон” (Ҳисор) – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – 0:3 (0:1) (Сӯҳроб Эгамбердиев, Ҳасан Рустамов, Нӯъмон Ҳакимов), ССКА “Помир” (Душанбе) – “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) – 3:0 (2:0) (Далер Раҷабов, Комил Саидов, Илҳом Ортиқов) .

Бозии даври 24-уми мусобиқот миёни дастаҳои “Равшан” (Кӯлоб) – “Гвардия” (Душанбе) 11-уми август дар варзишгоҳи “Барқ”-и шаҳри Норак баргузор мешавад. Вале бозӣ миёни ду дастаи шаҳри Душанбе – “Истиқлол” ва “Энергетик” ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст.

Дар ҳамин ҳол “Регар-ТадАЗ” бо 48 имтиёз  дар зинаи аввали ҷадвали мусобиқот қарор дорад. “Равшан”, ки як бозӣ камтар кардааст, бо 47 имтиёз дар ҷойи дуввум аст. Тими “Истиқлол”, ки се бозӣ камтар анҷом додааст, бо 46 имтиёз дар ҷойи саввум мебошад.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Мирзобек Мирзоев (“Хайр”), Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) ва Фозил Сатторов (“Равшан”) бо 12-голӣ пешсафанд.  Фарҳод Тоҳиров (“Истиқлол”), Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) ва Аҳтам Ҳамроқулов (“Вахш”, “Регар-ТадАЗ”) 11-голӣ задаанд.

Натоиҷи қуръакашии Ҷоми Тоҷикистон-2011

 Дар Федератсияи футболи кишвар қуръакашии Ҷоми Тоҷикистон-2011 доир шуд.

Имсол дар мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон 21 даста – 11 тими лигаи олӣ ва 9 тими лигаи аввал, инчунин, пешсафи сабқати вилояти Суғд – “Истаравшан” ширкат хоҳанд кард.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон, аз бозиҳои даври аввали мусобиқот озод аст ва ба мубориза барои ҷом аз даври дуввум ҳамроҳ мешавад.

Дар даври аввал 10 дастаи лигаи олӣ бо 10 дастаи лигаи поёнӣ барои роҳ ёфтан ба даври баъдӣ рақобат хоҳанд кард. Дар даври дуввум дастаҳо бар асоси қуръакашӣ ба ҷуфтҳо тақсим мешаванд. Вале бинобар тоқ будани дастаҳо як тим аз бозиҳои даври дуввум озод хоҳад шуд.

Ҷоми Тоҷикистон. Даври аввал
Бозиҳои аввал
25-уми август (панҷшанбе)
1. «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ҳулбук» (Восеъ)
2. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Пахтакор» (Қубодиён)
3. «Гвардия» (Душанбе) – «Сабо» (Шаҳринав)
4. ССКА «Помир» (Душанбе) – «Данғара» (Данғара)
5. «Равшан» (Кӯлоб) – «Локомотив» (Душанбе)
6. «Хайр» (Ваҳдат) – «Ситора» (Рӯдакӣ)
7. «Шодмон» (Ҳисор) – «Зарафшон» (Панҷакент)
8. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Ҳосилот» (Фархор)
9. «Энергетик» (Душанбе) – «Румӣ» (Ҷалолиддини Румӣ)
10. «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Истаравшан» (Истаравшан)

Оғози бозиҳо – соати 17.

Бозиҳои ҷавобии даври аввал рӯзи якшанбеи 28-уми август соати 16:30 шурӯъ хоҳанд шуд.

ФИФА ба таҳқиқи “парвандаи Ҷорҷ Мурод” шурӯъ кард

Федератсиюни футболи Тоҷикистон дар як номаи худ ба унвони ФИФА, аз ин ниҳод талаб кардааст, ки дар бораи ширкати Ҷорҷ Мурод, ҳамлагари дастаи мунтахаби Сурия, дар бозии даври дуввуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо тими миллии Тоҷикистон тавзеҳ бидиҳад.

Ҷорҷ Мурод дар ҳайати тими мунтахаби Шветсия соли 2005-ум дар ду бозии расмии дӯстона муқобили мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ – 1:1 (22-юми январ) ва Мексика – 0:0 (26-уми январ) ширкат кардааст.

Бар асоси моддаи 15-уми Ойинномаи ФИФА бозигаре, ки созмони футболи як кишварро дар мусобиқоти расмӣ намояндагӣ карда бошад, наметавонад дар бозии байнулмилалӣ созмони кишвари дигарро муаррифӣ кунад.

Агар ФИФА ҳақ будани даъвои Федератсиюни футболи Тоҷикистонро эътироф намояд, он гоҳ натоиҷи бозиҳо бо Сурия (1:2 ва 0:4) бекор ва дастаи Сурия бо ҳисоби фаннӣ мағлуб дониста хоҳад шуд.

Дар ин маврид мунтахаби Тоҷикистон дар даври севуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар гурӯҳи “С” Сурияро иваз менамояд ва бо тимҳои миллии Ҷопон, Узбакистон ва Кореяи Шимолӣ рақобат хоҳад кард.

Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федератсиюни футболи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, сарвари департаменти мусобиқоти интихобии ҷаҳонӣ ва олимпии ФИФА Гордон Савич, дар номаи худ ба Федератсиюни футболи Тоҷикистон навиштааст, ки мо ин масъаларо тафтиш мекунем ва аз натиҷааш ҳар чӣ зудтар ба таври расмӣ посух хоҳем дод.

“Равшан” дар сабқати Лигаи олӣ ба ҷои аввал баромад

Рӯзи 6-уми август бо се бозии даври 23-юм нимаи дуввуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ шурӯъ шуд.

Натоиҷи ин бозиҳо чунин аст: “Равшан” (Кӯлоб) – “Вахш” (Қӯрғонтеппа) – 3:2, “Хайр” (Ваҳдат) – ССКА “Помир” (Душанбе) – 2:1, “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – “Энергетик” (Душанбе) – 2:0.

Бозии “Равшан” бо “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ба иллати аз панҷ бозӣ маҳрум шудани варзишгоҳи марказии Кӯлоб дар шаҳри Норак баргузор шуд.

Назиршо Ризомов, ҳамлагари “Вахш” дар нимаи аввали дидор ҳисобро боз кард. Пас аз он, Зокир Абдулхайров, муҳоҷими “Равшан” аз пинолти ё ҷаримаи ёздаҳметра ҳисобро баробар намуд.

Дар нимаи дуввуми бозӣ Фаридун ва Наврӯз Рустамовҳо, ҳарду аз тими “Равшан”, ҳисобро ба фоидаи дастаи худ афзун карданд. Голи дуввуми “Вахш”-ро Баҳодур Каримов ба самар расонд.

Бозии “Хайр” ва ССКА “Помир” дар варзишгоҳи “Хайр” дар шаҳри Ваҳдат баргузор шуд. Пирмурод Бурҳонов, ҳамлагари мизбонон дар дақиқаи 43-юм ҳисобро кушод. Дар ин дидор дар ҳайъати “Хайр” чаҳор бозигари нав ҳунарнамоӣ кард.

Ба ҷуз аз Пирмурод Бурҳонов, ки дар дастаи “Регар-ТадАЗ” бозӣ мекард, инчунин ҳамдастаи ӯ — ҳимоятгар Раҳматулло Фузайлов, ду нафари дигар аз дастаи “Шодмон”-и Ҳисор – ҳимоятгар Субҳон Хоҷамов ва нимҳимоятгар Рустам Хоҷаев дар ҳайъати дастаи “Хайр” бозӣ карданд.

Голи ҷавобиро аз дастаи меҳмонон ҳамлагар Илҳомҷон Ортиқов дар дақиқаи 59-ум зад. Маҳмадлоиқ Нуриддинов, бозигари мизбонон дар дақиқаи 82-юм голи ҳалкунандаро ба нишон расонд.

Бояд гуфт, ки дар нимаи дуввуми бозӣ ҳимоятгари ССКА “Помир” Фирдавс Абдуллоев барои бозии дағалонааш ва кӯфтани ҳариф аз ҷониби сардовар Диловар Орзуев (Ҳисор) бо нишон додани корти сурх аз майдон берун шуд.

Бояд гуфт, ки дар ин бозӣ ССКА “Помир” таҳти раҳбарии сармураббии нави даста – Владимир Уткин (Укроин), ки аз ин пеш мураббии калони дасати “Хуҷанд” буд, ба майдон омад.

Инчунин, дар ҳайъати дастаи низомиёни Вазорати дифои Тоҷикистон се бозигари нав аз Укроин – дарвозабон Анатолий Старушенко, ҳимоятгар Николай Кобетс ва нимҳимоятгар Леонид Романов ҳунарнамоӣ карданд.

Бозии “Регар-ТадАЗ” ва Энергетик, ки дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд, бо пирӯзии мизбонон поён ёфт. Ҳарду голро бозигарони нави даста – ҳамлагарон Аҳтам Ҳамроқулов (бозигари собиқи “Вахш”) ва Фирдавс Қурбонов (бозигари пешини “Шодмон”) ба самар расониданд. Дар ин бозӣ дастаи “Энергетик” бо сарварии сармураббии нав Наҷмиддин Толибов, ки аз ин пеш мураббии калони “Регар-ТадАЗ” буд, ба майдон омад.

Ду бозии дигари даври 23-юми мусобиқот миёни дастаҳои “Хуҷанд” (Хуҷанд) – “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) ва “Шодмон” (Ҳисор) – “Истиқлол” (Душанбе) ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст.

Дастаи “Равшан” пас аз ғалабаи 15-уми худ бо 47 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ба ҷои аввал баромад. Тими “Истиқлол”, ки ду бозӣ камтар анҷом додааст, бо 46 имтиёз дар ҷои дуввум мебошад. “Регар-ТадАЗ” бо 45 имтиёз дар ҷойи севвум қарор дорад.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Мирзобек Мирзоев (“Хайр”), Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) ва Фозил Сатторов (“Равшан”) бо 12-голӣ пешсафанд.  Фарҳод Тоҳиров (“Истиқлол”), Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) ва Аҳтам Ҳамроқулов (“Вахш”, “Регар-ТадАЗ”) 11-голӣ задаанд. 

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s