Ин холат дар даври 43-юми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон, байни дастахои  Регар ва  Истиклол рух. дод. Чи хели, ки сомонаи расмии Регар хабар медихад дар дакикаи 78-ум бози химоятгари Регар Даврон Эргашев бо Даврон ТУхтасунов бар мехурад. Дар натича бозигари Истиклол дуюм маротиба корти зард гирифта аз майдон хорич мешавад. Даврон Тухтасунов лат хурда ба беморхона равона карда мешавад. Аз гуфтаи мураббии дастаи футболи Регар М Хабибуллоев бозигараш чарохати вазбин бардошта мавсими футбол барои у хотима ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки Даврон Тухтасунов бо клуби Зимбру-и Молдавия шартномаи дахони баста буд. У дар яке аз бозихои дустона аз ин даста баромад карда се гол ба самар расонид. Рохбарияти он даста ваъда кардан, ки баъди ба итмом расидани шартномааш бо Регар (мохи декабр) он хо бо у шартнома мебанданд. Баъди ин чарохат ин гузариш зери суол мемонад.
Мо хохони онем, ки Даврончон Тухтасунов зудтар ба футбол баргашта бо голхои зебои худ, мухлисонашро шод гардонад. /Футболи Тоҷикистон/

Advertisements