Пирӯзии “Равшан”-у “Истиқлол” дар сабқати Лигаи олӣ


Бозиҳои даври 44-уми сабқати Лигаи олии Тоҷикистон пас аз зӯҳри 29-уми ноябр поён ёфтанд.
Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонеппа бар тими мизбон — “Вахш” бо ҳисоби 2:0 пирӯзӣ ба даст овард. Дар нимаи аввали бозӣ ҳисобро Комрон Саидов боз намуд ва голи дуввумро Исмоил Шонов дар нимаи дуввуми дидор ба самар расонд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахт бар тими “Энергетик”-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 9:0 пирӯз шуд. Дар ин бозӣ Фарҳод Тоҳиров се гол зада, хет-трик кард. Юсуф Рабиев ва Фатҳулло Фатҳулло 2-голӣ, Нуриддин Давронов ва Александр Кудряшов 1-голӣ заданд.

Дар бозии дигари даври охирин ССКА “Помир”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар тими “Парвоз” бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Ҳарду голро Комил Саидов (голи дуввум аз ҷаримаи 11-метра) ба ҳадаф расонд.

Дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд бидуни бозӣ бар “Хайр”-и Ваҳдат, ки аз мусобиқот хориҷ шудааст, бо ҳисоби фаннии 3:0 ғолиб дониста шуд. Бозии ин давр миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Шодмон”-и Ҳисор, ки пешакӣ баргузор шуда ва бо ҳисоби ҳафт бар сифр ба фоидаи дастаи “Регар-ТадАЗ” поён ёфта буд.

Ба ин тартиб, тими “Равшан” мисли пешин бо 89 хол аз 38 бозӣ дар ҷои аввал қарор дорад. Футболбозони ин даста ду бозии охиринро бо “Истиқлол” дар Душанбе ва дар майдони худ анҷом хоҳанд дод.

“Регар-ТадАЗ” бо 77 хол аз 33 бозӣ дар ҷои дуввум аст. “Истиқлол”, ки аз ҳама камтар, яъне 29 бозӣ кардааст, бо 75 хол дар ҷои севвум мебошад. Мубориза барои унвони қаҳрамонӣ ва медалҳои мусобиқот миёни пешсафон идома хоҳад ёфт.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот Комил Саидов (ССКА “Помир”) бо 21 гол ба ҷои аввал баромад. Фозил Сатторов (“Равшан”) ва Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) 20-голӣ задаанд. Габриэл Донто (”Энергетик”) ва Фарҳод Тоҳиров (“Истиқлол”) 19-голӣ, Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) ва Нӯъмонҷон Ҳакимов (“Регар-ТадАЗ”) 17-голӣ ба самар расонидаанд.

Бозиҳои мавқуфмондаи мусобиқот рӯзи 1 декабр дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа миёни дастаҳои “Вахш”-у “Истиқлол”; 2 декабр дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров миёни тимҳои “Парвоз” ва “Регар-ТадАЗ” баргузор хоҳанд шуд. Инчунин, 3 декабр ду бозӣ миёни дастаҳои “Хуҷанд”- “Энергетик”, “Истиқлол”- “Вахш”; 6 декабр ССКА “Помир”- “Истиқлол”, “Хуҷанд”- “Регар ТадАЗ” ва 7 декабр “Парвоз”- “Энергетик” баргузор хоҳад шуд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т/Т И

1. “Равшан” 38 29 2 7 78-31 89

2. “Регар-ТадАЗ” 33 24 5 4 91-24 77

3. “Истиқлол” 29 24 3 2 83-15 75

4. “Энергетик” 35 19 3 13 71-59 60

5. “Хайр” 35 17 3 15 61-44 54

6. ССКА “Помир” 38 16 4 18 64-62 52

7. “Хуҷанд” 38 15 6 17 54-66 51

8. “Вахш” 38 15 5 18 43-45 50

9. “Парвоз” 38 11 4 23 44-73 37

10. “Шодмон” 39 7 2 30 44-107 23

11. “Гвардия” 38 3 3 32 32-135 12

Манбаъ /www.ozodi.org/

6 thoughts on “Пирӯзии “Равшан”-у “Истиқлол” дар сабқати Лигаи олӣ

  1. Равшанда гап нест,ин чи хел мешавад 1-2бози пас хамаи дастахо таътил меброян,аммо истиклол онхора гам мета,1круг кафо задай ку,то соли дигара давом мекна и лигаи оЛии мо

  2. Вой бар холи майдонхо, майдони аспдавони созтар ба фикрам аз ин майдохои футбол. Ё се давр мекарданд чемпионатро ё ки 16 даста ду давр

  3. Чемпионата чемпионати як даста кадан! Агар Равшан бо Регар и кадар занозани мекард, харду бозиша бо ИстикГол(8-0 япония) паражени менавиштан. Хама конунхо барои камбагалоай! Ба хар хол Равшан бенаво намемонад, барои мухлисоша РАВШАН чемпионай!!!!!!!!!!!!!!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s