Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 бар тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппа пирӯз шуд.
Ин бозии мавқуфмондаи сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи якуми декабр дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Иброҳим Рабимов дар дақиқаи ёздаҳум ҳисобро боз кард. Дилшод Восиев, капитани дастаи “Истиқлол”, дар дақиқаи 66-ум голи дуввумро ба самар расонд. Дилшод метавонист ҳисобро боз ҳам афзун кунад. Вале ӯ дар дақиқаи 69-ум аз ҷаримаи ёздаҳметра истифода карда натавонист. Умед Давлатов, дарвозабони дастаи “Вахш” тӯби задаи ӯро баргардонд.

Ба ин тартиб, “Равшан”-и Кӯлоб мисли пешин бо 89 хол аз 38 бозӣ дар ҷои аввал қарор дорад. Футболбозони ин даста ду бозии охиринро бо “Истиқлол” дар Душанбе ва дар майдони худ анҷом хоҳанд дод.
Манбаъ /www.ozodi.org/

Advertisements