Рақибони Тоҷикистон дар Ҷоми даъвати AФК муайян шуданд


Дар Непал қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати АФК-2012 баргузор шуд.
Бар асоси қуръакашӣ, дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати Конфедератсиюни футболи Осиё (АФК) дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба гурӯҳи «В» шомил шуд ва бо тимҳои миллии Кореяи Шимолӣ, Ҳиндустон ва Филиппин рақобат хоҳад кард.

Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби Туркманистон, Непал, Ҷазоири Молдив ва Фаластин дохил шуданд.

Чунон ки огаҳед, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ дар марҳилаи саввуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар як гурӯҳ бозӣ мекунанд. Дар бозии аввал футболбозони тоҷик дар сафар аз рақибони худ бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда буданд.

Бозии дуввуми дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ дар даври охирини сабқати гурӯҳӣ 29-уми феврали соли 2012-ум дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад шуд.

Чаҳорумин давраи Ҷоми даъвати АФК, ки аз рӯи моҳият дуввумин сабқати тимҳои миллии АФК маҳсуб мешавад, аз 8-ум то 19-уми марти соли 2012-ум дар пойтахти Непал – шаҳри Катманду барпо мегардад.

Ғолиби ин сабқат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2015, ки дар Австралия доир хоҳад шуд, роҳхат мегирад.

Натоиҷи қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати АФК-2012:

Гурӯҳи “А”: Туркманистон, Непал, Молдив, Фаластин.
Гурӯҳи “В”: Кореяи Шимолӣ, Ҳиндустон, Тоҷикистон, Филиппин.

Тақвими мусобиқот:

Даври 1-ум
8 март (панҷшанбе)
1. Непал – Фаластин
2. Туркманистон – Молдив

9 март (ҷумъа)
3. Кореяи Шимолӣ – Филиппин
4. Ҳиндустон – Тоҷикистон

Даври 2-юм
10 март (шанбе)
5. Фаластин – Туркманистон
6. Молдив – Непал

11 март (якшанбе)
7. Филиппин – Ҳиндустон
8. Тоҷикистон – Кореяи Шимолӣ

Даври 3-юм
12 март (душанбе)
9. Непал – Туркманистон
10. Молдив – Фаластин

13 март (сешанбе)
11. Кореяи Шимолӣ – Ҳиндустон
12. Тоҷикистон – Филиппин

Даври ниманиҳоӣ
16 март (ҷумъа)
13. 1 А – 2 В
14. 1 В – 2 А

19 март (душанбе)
15. Бозӣ барои ҷойи саввум
16. Бозии ниҳоӣ
Манбаъ www. ozodi.org

Advertisements

One thought on “Рақибони Тоҷикистон дар Ҷоми даъвати AФК муайян шуданд

  1. Роҳхат мегирем?
    Рақибони Тоҷикистон дар Ҷоми даъвати AФК муайян шуданд
    http://www.ozodi.org
    Дар Непал қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати АФК-2012 баргузор шуд.
    Like · · Unfollow Post · Share · December 2 at 9:43pm
    Farrukh Fattoyev likes this.

    Джамолиддин Латипов акаи Абдулфаттох саволро камтар иваз кардан лозим аст – акаллан дар чоми даъвати АФК ба дарвозаи харифон ягон гол мезанем????
    December 2 at 9:47pm · Unlike · 2
    Abdulfattoh Shafiev хуб, кореягиҳо ҳатман ки 16-солаҳояшонро мефиристанд…наход ба онҳо гол назанем?
    December 2 at 9:49pm · Like · 2

    Джамолиддин Латипов хеле хам ба гумон))) мохи феврал – мохи футболи нест дар Ватани мо. хам аз хаво, хам аз тайерии футболбозон, ва хам аз тамошобинон вобаста аст
    December 2 at 9:51pm · Like
    Abdulfattoh Shafiev Дар куҷо мегузарад, ҳоло номаълум?
    December 2 at 9:54pm · Like

    Джамолиддин Латипов бояд дар варзишгохи нави “20-солагии Истиклолияти ЧТ” гузарад
    December 2 at 9:56pm · Like
    Abdulfattoh Shafiev бозиҳои Ҷоми чолиш? дар Тоҷикистон? вав
    December 2 at 9:57pm · Like

    Джамолиддин Латипов э неееее хато кардам, холо номуайян аст чои баргузории Чоми даъват
    December 2 at 9:59pm · Like

    Фаридун Солиев Кими кай маълумай. Дар Непал мегузарад Челендж кап
    December 2 at 11:10pm · Unlike · 1

    Фаридун Солиев Агар Хиндустона бурем, ба нимфинал мебароем. Филиппин – булучкаяй ба фикри ман.
    December 2 at 11:13pm · Like

    Фаридун Солиев Чемпиони Монголия соли оянда дар Чоми президенти АФК бози мекунад.
    December 2 at 11:14pm · Like
    Abdulfattoh Shafiev то ҳозира да куҷо бозӣ мекард? 🙂
    December 2 at 11:15pm · Like

    Бахтиёр Файзуллоев ‎:) дар варзишгохи худаш дия!
    December 3 at 7:56am · Like

    Фаридун Солиев Дар “чемпионати хамом” (первенство бани) )))))

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s