Ояндаи наздик дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Академияи футбол боз мекунад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти даста, ахиран доир ба таъсиси мактаб-интернатҳои футбол зиёд масъалагузорӣ шуда буд ва дастаи футболи «Истиқлол» тасмим гирифт, ки академияи футболро таъсис диҳад. Дар академияи мазкур футболбозони лаёқатманди синнусоли 12-16-сола аз тамоми манотиқи кишвар таълим гирифта, минбаъд ба захираи варзишии даста ворид мешаванд ва барои ҳунарнамоӣ дар ҳайати асосии даста имкон пайдо мекунанд.

Гуфта мешавад, академияи футболи даста дар деҳаи Алмосии ноҳияи Ҳисор ҷойгир шуда, дорои майдони футбол ва комплекси варзишӣ хоҳад буд, ки бо тамоми таҷҳизоти зерсохтории зарурӣ таъмин мегардад.

Чанде қабл мақомоти раҳбарии даста гурӯҳи мураббиён дар ҳайати Сергей Ли, Аҳлиддин Турдиев, Ҳикмат Фузайлов ва Нӯъмон Юсуфовро ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи кори мактаби футболи кӯдакону наврасони дастаи футболи «Рубин» ба шаҳри Қазон сафарбар кард. Мактаби футболи кӯдакону ҷавонони дастаи «Рубин»-и Қазон яке аз беҳтаринҳо дар Русия маҳсуб меёбад.

«Ягона Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишии футбол, ки дар шаҳри Душанбе амал мекунад, дар вазъи бад қарор дорад, – зикр мегардад дар хабари хадамоти матбуоти даста. – Ҳадаф аз ифтитоҳи академияи футболи дастаи «Истиқлол» омода кардани футболбозони ҷавони лаёқатманд аст, то ки футболи тоҷик аз бӯҳрон раҳо гардад. Кишвари мо аз футболбозони ҷавони боистеъдод бой аст, вале шароити тарбияи онҳо мушкил аст».

Макомоти раҳбарии дастаи «Истиқлол тасмим гирифтаанд, ки моҳи марти соли 2012 ба ифтихори ҷашни «Наврӯз» академияи футболро боз кунанд.
Манбаъ ASIA-Plus

Advertisements