«Агроинвестбонк» дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлобро дигар маблағгузорӣ намекунад.

28.12.2011
Акрам Ҳусайнов , ноиби президенти клуби «Равшан» мегӯяд, соли гузашта ин бонк барои бозиҳои даста 1 миллиону 32 ҳазор сомонӣ ҷудо карда буд.

Ба гуфтаи ӯ, маблағгузории «Агроинвестбонк» бо хоҳиши шифоҳии Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар сурат гирифта буд. Масъулини «Агроинвестбонк» низ ваъда карда буданд, ки ин дастаро маблағгузорӣ мекунанд. Аммо ҷаноби Ҳусейнов мегӯяд, ғайри интизор, бо ирсоли як номаи расмӣ, ин бонк аз маблағгузории даста дар соли 2012 даст кашидааст.

Ӯ гуфт: «Дастаи мо аз ҳама дастаҳои дигар камтар пул гирифта буд. Боз ҳам мо аз тобистон ба ин сӯ дигар пули бурдҳоро нагирифтем. Намедонем, ки бо кадом сабаб бонк пулҳои бурдро надод. Лек имсол дар мактубе гуфтанд, ки дигар мо маблағгузорӣ намекунем. Ба ҳар ҳол мо ба ин бонк раҳмат мегӯем, ки моро як сол кӯмак кард. Аммо агар аз ҷои дигар ба мисли дигар дастаҳо моро кӯмак накунанд, намедонам, аҳвол чӣ мешавад. Умедворем, ки моро аз ҷои дигар маблағгузорӣ мекунанд. Раиси шаҳр ваъда доданд.»
Манбаъ /www.ozodi.org/

Advertisements