Рустам Эмомалӣ — президенти Федератсияи футбол


Фарзанди раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мақоми президенти Федератсияи футбол Сӯҳроб Қосимовро иваз кард.

Вакилони конфронси ҳисоботӣ ва интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки рӯзи 5 январ дар Душанбе баргузор шуд, якдилона Рустам Эмомалиро раҳбари ин федератсия интихоб карданд. Интихоби ӯ бидуни рақиб сурат гирифт.

Рустам Эмомалӣ тӯли чаҳор соли оянда раҳбарии ин федератсияро бар ӯҳда хоҳад дошт. Валерий Турсунов ноиби аввал ва Азизбек Раҷабов ноиби президенти тозаинтихоби Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузида шуданд.

Бо пешниҳоди Рустам Эмомалӣ Фирдавс Файзуллоев дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон таъйин гардид. Вакилони конфронс ҳамчунин ҳайати кумитаи иҷроияи ФФТ-ро дар ҳайати 11 нафар интихоб карданд. Ба ғайр аз президент ва ноибони ӯ, инчунин Шариф Назаров, Шоҳрух Саидов, Исроил Шарифов, Қоҳир Расулзода, Хуршед Мирзоев, Музаффар Исҳоқов, Фатҳулло Ҷалилов ва Барот Ҳамидов аъзои кумитаи иҷроия шуданд.

Дар ин конфронси ҳисоботӣ ва интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон Сӯҳроб Қосимов суханронӣ карда аз фаъолияти ин федератсия дар тӯли солҳои 2008-2011 ҳисобот дод. Вакилони конфронс фаъолияти ФФТ дар тӯли ин муддатро қаноатбахш арзёбӣ карданд.

Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва ҳамзамон муовини президенти Кумитаи олимпӣ зимни суханроняш унвони “мураббии шоистаи Тоҷикистон”-ро ба Сӯҳроб Қосимов, раҳбари пешини ФФТ тақдим намуд.

Дар кори конфронси ҳисоботию интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон намояндагони ФИФА (Созмони байнулмилалии футбол) ва АФК (Конфедератсияи футболи Осиё) низ ба ҳайси нозир иштирок карданд.

Номзадии Рустам Эмомалии 24-сола ба мақоми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон моҳи декабри соли гузашта пешниҳод гардид.

Вай дар мақоми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сӯҳроб Қосимов, фармондеҳи пешини Фронти халқӣ, ки тақрибан даҳ сол инҷониб раҳбарии ин федератсияро бар ӯҳда дошт, иваз кард.

Сӯҳроб Қосимови 51-сола дар тӯли фаъолияташ дар Федератсияи футболи Тоҷикистон борҳо мавриди “ҳамла”-и нашрияҳо низ қарор гирифта, барои “касбӣ” набуданаш дар ин мақом танқид шудааст.

Рустам Эмомалӣ бузургписари раисиҷумҳури Тоҷикистон мебошад. Вай 19-уми декабри соли 1987 таваллуд шудааст. Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси “Муносибатҳои байнулмилалии иқтисодӣ” хатм карда ва ҳоло раҳбарии яке аз бахшҳои муҳими Хадамоти гумруки Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад.

Ӯ, ки сарпарастии тими “Истиқлол”-и Душанберо бар дӯш дорад, моҳи ноябри соли 2010 ба Федератсияи футболи Тоҷикистон роҳ ёфта ва ба унвони муовини президенти ин федератсия ба кор оғоз намуда буд.
Манбаъ /www.ozodi.org/

Advertisements

2 thoughts on “Рустам Эмомалӣ — президенти Федератсияи футбол

  1. Хайр мебин,ку чи тагйиротхо ва пешравихо дар кори ффт ба миен меоянд.Ба Рустам тавсия медодам,ки аввал аз ташкили сойт барои ффт корро огоз кунад

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s