Суғд: Барномаи рушди футбол барои солҳои 2012-2016


Дар миқёси вилоят нақшаи чорабиниҳои варзишӣ барои солҳои 2012-2016 тасдиқ шудааст, ки тибқи он таъсис додани Маркази ягонаи шабакаи маълумот оиди дастаҳои футбол дар вилоят, таъсиси Академияи футбол дар шаҳри Хуҷанд, ташкили Дастаҳои футбол ва Лигаи футбол байни донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва таҷҳизонидани утоқҳо бо фановариҳои муосир ва баргузории озмуну мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар назар аст. Дар ин бора ба Tojnews аз Хадамоти матбуотии раиси вилоят иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, қарори раиси вилоят «Дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» бо мақсади тақвият бахшидани фаъолият дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба тасвиб расидааст.

Тибқи қарори мазкур, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят ҳамоҳангсози татбиқи ин барнома хоҳад буд.
Манбаъ /TojNews – /

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s