Шикасти футболбозони тоҷик аз дастаи Беларус


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозии дуюмаш дар Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – 2012 аз тими Беларус бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.
Нарзуллоҳи Латиф

22.01.2012
Ин бозии даври дувуми Ҷоми Иттиҳод рӯзи 21 январ дар маҷмааи варзишию фарҳангии “Петербургский” (СКК “Петербургский”)-и шаҳри Санкт Петербург бо ҳузури 300 тамошобин баргузор шуд.

Ҳарду голро ҳамлагар Артём Теплов дар дақиқаҳои 35-ум ва 85-ум ба самар расонд.

Баъд аз танаффус капитани мунтахаби Тоҷикистон Фатҳулло Фатҳуллоев имкон дошт, ки ҳисобро баробар намояд, вале ӯ аз ҷаримаи ёздаҳметра истифода карда натавонист. Тӯби задаи Фатҳуллоро дарвозабони дастаи Беларус Сороко баргардонд.

Дар ин бозӣ сардовар Матюнин аввал бозигари Беларус Крукро дар дақиқаи 54-ум ва баъди ҳафт дақиқа ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Наим Улмасовро аз майдон хориҷ намуд.

Инчунин, се бозигари дастаи Беларус ва ду бозигари Тоҷикистон Идибек Ҳабибуллоев ва Наврӯз Рустамов огоҳӣ гирифтанд.

​​Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозӣ бо чунин ҳайат ба майдон омада буд:

Дарвозабон: Саидҷон Саидраҳмонов;

Ҳимоятгарон: Наим Улмасов, Идибек Ҳабибуллоев, Эраҷ Раҷабов, Аҳтам Назаров;

Нимҳимоятгарон: Фатҳулло Фатҳуллоев (капитан), Расул Файзов, Комрони Мирзохон, Самад Шоҳзуҳуров, Нуриддин Давронов;

Ҳамлагар: Давронҷон Тӯхтасунов.

Ин дафъа аз оғози бозӣ ба ҳайати дастаи Тоҷикистон нисбат ба бозии аввал бо тими Литва, ки бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфта буд, ба ҷойи Абдусамад Ҳоҷибоев нимҳимоятгар Комрони Мирзохон дохил шуд.

Дар дақиқаи 72-юм Комронро Фирӯз Бобиев иваз кард. Инчунин, дар дақиқаи 39-ум ба ҷойи Самад Шозҳзуҳуров ба майдон ҳамлагар Наврӯз Рустамов омад.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, дар як нишасти матбуотӣ пас аз анҷоми ин бозӣ гуфт, “имрӯз ҳарду даста мехостанд пирӯз шаванд. Чунин футбол ба тамошобинон писанд аст. Вале моро голи аввал, ки бемантиқ буд, шикаст. Бар замми ин, мо боз пеналтиро зада натавонистем. Фикр мекунам, ки кори мо омад накард.”

Салоҳиддин Ғафуров
​​Бозии дигари давраи дуввум дар гурӯҳи “С” миёни тимҳои Эрон ва Литва бо пирӯзии футболбозони ҷавони Эрон бо ҳисоби 3:0 ба поён расид. Ду голро Ҷаҳон дар дақиқаи 18-ум ва 90-ум ва як голро Озмун дар дақиқаи 65-ум ба ҳадаф расонданд.

Ба ин тартиб, дар гурӯҳи “С” дастаҳои Эрон ва Беларус бо чаҳоримтиёзӣ пешсафанд. Тимҳои Тоҷикистон ва Литва якимтиёзӣ ба даст овардаанд.

Натоиҷи бозиҳои даври дуввум дар гурӯҳҳои дигар чунин аст:

Гурӯҳи “А”: Қазоқистон – Туркманистон – 3:1, Русия – Эстония – 1:0;

Гурӯҳи “В”: Украина – Қирғизистон – 4:0, Молдова – Латвия – 0:0.

Дар гурӯҳи “А” Русия бо шаш имтиёз дар ҷои аввал аст. Қазоқистону Туркманистон сеимтиёзӣ доранд. Эстония бидуни имтиёз дар ҷои охирин аст.

Дар гурӯҳи “В” Украина бо шаш имтиёз дар ҷойи аввал, Латвия бо чаҳор имтиёз дар ҷои дувум ва Молдова бо як имтиёз дар ҷои севум қарор доранд. Вале Қирғизистон имтиёз ба даст наовардааст.

Футболбозони ҷавони тоҷик дар даври севум (23-юми январ) бо тими Эрон рақобат хоҳанд кард. Ин бозӣ соати 20 ба вақти Маскав шурӯъ мешавад. Дар бозии дигари гурӯҳи “С” мунтахаби Беларус ва Литва қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Тақвими бозиҳо

19-уми январ

12.00. Украина – Молдова – 1:0.
14.15. Қирғизистон – Латвия – 2:3.
17.00. Русия – Қазоқистон – 1:0.
20.00. Эстония – Туркманистон – 0:1.

20-уми январ

12.30. Беларус – Эрон – 0:0.
15.00. Тоҷикистон – Литва – 0:0.
17.30. Қазоқистон – Туркманистон – 3:1
20.00. Русия – Эстония – 1:0

21-уми январ

12.30. Украина – Қирғизистон – 4:0
15.00. Молдова– Латвия – 0:0
17.30. Беларус – Тоҷикистон – 2:0
20.00. Эрон – Литва – 3:0

22-юми январ

12.30. Украина – Латвия.
15.00. Молдова – Қирғизистон.
17.30. Қазоқистон – Эстония.
20.00. Русия – Туркманистон.

23-юми январ

17.30. Беларус – Литва.
20.00. Эрон – Тоҷикистон.

24-уми январ

18.00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум.
20.00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум.

25-уми январ

12.30. ¼ финал.
15.00. ¼ финал.
17.30. ¼ финал.
20.00. ¼ финал.

26-уми январ

18.00.Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум.
20.00.Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум.

27-уми январ

12.30.Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум.
15.00.Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум.
17.30. 1/2 финал.
20.00. 1/2 финал.

28-уми январ

12.30. Бозӣ барои ҷойи 11-ум.
14.30. Бозӣ барои ҷойи 9-ум.

29-уми январ

12.00. Бозӣ барои ҷойи 7-ум.
14.15.Бозӣ барои ҷойи 5-ум.
16.30.Бозӣ барои ҷойи 3-юм.
19.00. Финал ё бозии ниҳоӣ.

Эзоҳ: Вақти оғози бозиҳо ба вақти Маскав аст.
Манбаъ /www.ozodi.org/

Advertisements

3 thoughts on “Шикасти футболбозони тоҷик аз дастаи Беларус

  1. Ирон-Точикистон-3:0 уже…хай давомаш ба фикрам маъно надорад,хоб кардан даркор

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s