Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд дар вохӯрӣ бо варзишгарону мураббиёни вилоят арз кард, ки аз ҳунарнамоии дастаҳои «Хуҷанд» ва «Парвоз», ки шарафи вилоятро дар бозиҳои чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи олӣ ҳимоя карданд, норозӣ аст. Баръакс, дастаи «Зарафшон»-и Панҷакент дар Лигаи якум бо бозии хубаш тавонист барандаи ҷои аввал гардида, ба қатори дастаҳои Лигаи олӣ шомил шавад. Ӯ ба дастаҳои футболи вилоят «Хуҷанд», «Парвоз» ва «Зарафшон»-у «Истаравшан», ки соли ҷорӣ дар Лигаи олӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард, комёбиҳо таманно кард. Ёдовар мешавем, ки алҳол ягон дастаи футболи вилояти Суғд ба унвони чемпионӣ сазовор нашудааст.
Манбаъ /khovar.tj/

Advertisements