Сафари футболбозони тоҷик ба Туркия


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон барои омодагӣ ба бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо тими Кореяи Шимолӣ 12-уми феврал ба Туркия сафар хоҳад кард.
Нарзуллоҳи Латиф

09.02.2012
Фаридун Солиев, сухангӯи тими миллии Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби кишвар дар шаҳри Анталияи Туркия то 22-юми феврал идома меёбад.

Дар ин ҷо баргузории ду бозии контролӣ дар назар аст. Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон 22 футболбоз даъват шудаанд: 2 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар.

12 бозигар аз дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, 9 футболбоз аз тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва як нафар аз дастаи «Энергетик»-и Душанбе мебошанд.

Фаридун Солиев афзуд, барои аввалин бор ба ҳайати тими миллӣ нимҳимоятгар Баҳодур Шарифов, дастпарвари мактаби футболи ноҳияи Ҳисор, ки феълан дар дастаи «Регар-ТадАЗ» бозӣ мекунад, даъват шудааст.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Соҳиб Саванқулов, Эраҷ Раҷабов, Даврон Эргашев, Умед Ҳабибуллоев (ҳама – «Истиқлол»), Алексей Неъматов, Фаррух Чориев (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Аҳтам Назаров («Энергетик»);

Нимҳимоятгарон: Хуршед Маҳмудов, Илҳом Ортиқов, Баҳодур Шарифов, Раҳмоналӣ Баротов (ҳама – «Регар-ТадАЗ»), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Иброҳим Рабимов, Маҳмадалӣ Содиқов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев («Истиқлол»);

Ҳамлагарон: Аҳтам Ҳамроқулов, Комил Саидов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Фарҳод Тоҳиров, Юсуф Рабиев («Истиқлол»).

Дар гурӯҳи “С” мунтахаби Узбакистон бо 13 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. Вале дастаи Тоҷикистон бидуни имтиёз пас аз тимҳои Ҷопон (10 имтиёз) ва Куриёи Шимолӣ (6 имтиёз) дар зинаи охирин – чаҳорум қарор дорад.
Дастаҳои Ҷопон ва Узбакистон, ки сарфи назар аз натоиҷи бозии охирин ба даври баъдӣ роҳ ёфтаанд, дар бозӣ байни худ барои ғолиб шудан дар гурӯҳ талош хоҳанд кард.

Баъди панҷ давр мавқеи дастаҳо дар гурӯҳҳо чунин аст:

Гурӯҳи “А”
1.Урдун – 12 имтиёз, тӯбҳо 10-4
2.Ироқ – 12 имтиёз, тӯбҳо 7-3
3.Чин – 6 имтиёз, тӯбҳо 7-5
4.Сингапур – 0 имтиёз, тӯбҳо 1-13

Гурӯҳи “В”
1.Куриёи Ҷанубӣ – 10 имтиёз, тӯбҳо 12-4
2.Лубнон – 10 имтиёз, тӯбҳо 8-10
3.Кувайт – 8 имтиёз, тӯбҳо 8-7
4.АМА – 0 имтиёз, тӯбҳо 5-12

Гурӯҳи “C”
1.Узбакистон – 13 имтиёз, тӯбҳо 7-1
2.Ҷопон – 10 имтиёз, тӯбҳо 14-2
3.Куриёи Шимолӣ – 6 имтиёз, тӯбҳо 2-3
4.Тоҷикистон – 0 имтиёз, тӯбҳо 0-17

Гурӯҳи “D”
1.Австралия – 9 имтиёз, тӯбҳо 8-3
2.Арабистони Саудӣ – 5 имтиёз, тӯбҳо 4-3
3.Тайланд – 4 имтиёз, тӯбҳо 4-5
4.Умон – 4 имтиёз, тӯбҳо 1-6

Гурӯҳи “Е”
1.Эрон – 11 имтиёз, тӯбҳо 15-3
2.Қатар – 9 имтиёз, тӯбҳо 8-3
3.Баҳрайн – 6 имтиёз, тӯбҳо 3-7
4.Индонезия – 0 имтиёз, тӯбҳо 3-16

Шаш даста – Урдун ва Ироқ (гурӯҳи “А”), Ҷопон ва Узбакистон (гурӯҳи “С”), Австралия (гурӯҳи “D”) ва Эрон (гурӯҳи “Е”) сарфи назар аз натоиҷи бозиҳои даври охирин ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфтанд.

Тимҳои Куриёи Ҷанубӣ, Лубнон ва Кувайт (гурӯҳи “В”), Арабистони Саудӣ, Тайланд ва Умон (гурӯҳи “D”), Қатар ва Баҳрайн (гурӯҳи “E”) барои ба даст овардани роҳхатҳо ба даври баъдӣ талош хоҳанд кард.

Вале дастаҳои Чин ва Сингапур (гурӯҳи “А”), Аморати Муттаҳидаи Араб (гурӯҳи “В”), Куриёи Шимолӣ ва Тоҷикистон (гурӯҳи “С”) ва Индонезия (гурӯҳи “Е”) аз ҳаққи идомаи мубориза барои роҳ ёфтан ба сабқати ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2012 дар Бразил маҳрум шуданд.

Бояд тазаккур дод, мунтахаби Тоҷикистон ягона дастаест, ки дар панҷ бозӣ ба дарвозаи рақибонаш ягон гол назадааст ва аз ҳама бештар – 17 гол хӯрдааст. Инчунин Тоҷикистон бозиро дар сафар ба тими Ҷопон, қаҳрамони чаҳоркарата ва феълии Осиё, бо ҳисоби бузурги 0:8 бохтааст.

Бозиҳои даври шашум ва охирини сабқати гурӯҳӣ рӯзи 29-уми феврали соли равон баргузор мешаванд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо тими миллии Кореяи Шимолӣ рақобат хоҳад кард.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ тими Ҷопон дар майдони худ бо мунтахаби Узбакистон рӯбарӯ хоҳад шуд.
Манбаъ /ozodi.org/

Advertisements

5 thoughts on “Сафари футболбозони тоҷик ба Туркия

  1. Rustam Shadibekov В Анталии под ливнем))?
    Wednesday at 10:12pm · Unlike · 1

    Джамолиддин Латипов почему игроки в сборной представляют только Истиклол и Регар? почему нет из Вахша, Равшана или из северных клубов? совсем как сборная России – сплошь игроки Зенита и ЦСКА. Но если с этим составом обыграют участника ЧМ-2010, будем только рады
    Wednesday at 10:14pm · Like

    Rustam Shadibekov обыграть КНДР будет тяжело..КНДР играет в очень быстрый и жесткий футбол..
    Wednesday at 10:17pm · Like

    Фаридун Солиев Кого приглашать в сборную – в компетенции и обязанности тренерского штаба… А кого брать из “Парвоза” и “Худжанда”, которые заняли 7-е и 9-е места в чемпионате? Из “Вахша” кого? А игроки “Равшана”, при всем моем уважении к этому клубу, не дотягивают уровня сборной…
    Wednesday at 10:18pm · Unlike · 1

    Фаридун Солиев не дотягивают до уровня сборной*
    Wednesday at 10:19pm · Like

    Джамолиддин Латипов теперь я понял почему в сборную России не приглашают игроков СпаМ-а))))))))))
    Wednesday at 10:20pm · Like

    Rustam Shadibekov Игроки “Истиклола” и “Регара” самый оптимальный выбор..
    Wednesday at 10:20pm · Unlike · 1

    Фаридун Солиев В Турции сейчас плюс 12-14 градусов тепла. Лучше проводить сборы там, чем тут, в Душанбе, на заснеженном поле и минусовой температуре. К тому же, по предварительным данным, в Анталии у команды будут два спарринг-матча.
    Wednesday at 10:23pm · Like

    Rustam Shadibekov конечно, лучше в Анталии чем в Душанбе..а с кем у них спарринг-матчи?
    Wednesday at 10:27pm · Like

    Фаридун Солиев Сейчас ведутся переговоры. Как станет ясно, сообщу…
    Wednesday at 10:30pm · Like
    Abdulfattoh Shafiev с клубами или со сборными, Фаридун?
    23 hours ago · Like

    Rustam Hakimov Состав почти боевое, надеемся на положиетльный результат с северокорейцами.

  2. Уважаемый Фаридун Солиев! С кем отправиться наша сборная в Анталию Кемалом Алиспахичом или с Олимджоном Рафиковом?

  3. Скорее всего с К.Алиспахичем,ведь он теперь гл.тренер.Еще хотелось бы чтобы О.Рафиков остался в тренерском штабе сборной помощником боснийца

  4. “А игроки “Равшана”, при всем моем уважении к этому клубу, не дотягивают уровня сборной…”
    ___________________________________________
    Бародари азиз Фаридун! МаАъруф Рустамов химоятгари бехтарини соли 2011 аз кучост? Шояд бахона дозед ки синну солаш калон. Майлаш. Фозил Сатторов аз ниф зиёди чемпионат бехтарин хучумкунанда буд. Дар дастаи РАВШАН бозингарони чавон зиёданд, ки зеби дастаи миллй ДОРАНД.
    Критерияи асосии чалби бозингарон ин бояд аввал хисси ВАТАНДУСТИИ НАНГУ НОМУСИ МИЛЛЙ бошад. Ин чиз дар бозингарони РАВШАН зиёд аст назар ба ИстикГолу(япония -истиклол 8-0 ро аз хотир набароред) дигархо.

  5. Маъруф и Навруза Рустамових,а также Фозила Сатторова и Эрача Холову нужно перейти либо в Регар,либо в Истиклол,чтобы “дотягивали” до уровня сборной!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s