Федератсияи футбол бо ВАО ҳамкорӣ мекунад


Имрӯз роҳбарияти ФФТ бо сарварии муовини аввали президенти Федератсия Валерий Турсунов бо кормандони васоити ахбори ҷумҳурӣ нишасти матбуотӣ доир намуданд. Дар вохӯрӣ намояндаи ширкати ҳолландии «Green Field» (намояндаи FIFA дар майдонсозӣ), ки бо сафари хизматӣ барои омӯхтан ва густурдани майдони сунъии ҳозиразамон дар варзишгоҳи марказии пойтахт ҳузур дорад, иштирок кард. Ба гуфти Турсунов роҳбарияти ба тозаинтихоби Федератсияи футбол омодаанд бо намояндагони васоити ахбор муносибати зич роҳандозӣ намуда, дар татбиқи нақшаву чорабиниҳо ҳамроҳ бошанд. Ба наздикӣ сомонаи ФФТ ба фаъолият шурӯъ мекунад ва Федератсия ҳамчунин ба нақша гирифтааст, ки баъди ба фаъолият шурӯъ кардани Лигаи миллии футбол нашрияи худро ба чоп расонад.
Дар навбати худ аз ҷониби рӯзноманигорон пешниҳодҳои муфид ба роҳбарияти ФФТ расонида шуд. Умед ҳаст, ки ин вохӯрӣ ба равнақ ва ташвиқу тарғиби футбол дар оянда мусоидат хоҳад кард.
Манбаъ / АМИТ «Ховар»/

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s