Фарҳод Юлдошев, дарвозабони 32- солаи ӯзбекистонӣ, ки пештар дар дастаҳои «Андиҷон», «Металлург», «Динамо-Самарқанд», «Суғдиён», «Вахш» ва «Истиқлол» ҳунарнамоӣ кардааст, бо дастаи «Регар ТадАЗ» шартномаи худро ба имзо расонид.
Роҳбарияти дастаи «Регар- ТадАЗ» баъди он, ки дарвозабони асосии даста Шоён Шариатӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон барои беҳтар кардани шартномаи худ бо даста ба мувофиқа нарасид, ба ин амал даст заданд ва дарвозабони эронии худро аз ҳайат берун карда, ба ҷои ӯ бо Фарҳод Юлдошев шартнома бастанд.

Advertisements