Натоиҷи бозиҳои сабқати минтақавии Ҷоми ФФТ


Марҳилаи аввали Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар се минтақа – Душанбе, Хатлон ва Суғд ҷараён дорад.
Нарзуллоҳи Латиф
Дар минтақаи Душанбе дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 9 имтиёз дар ҷойи аввал аст. “Регар-ТадАЗ” дар ҳарсе бозӣ бар тимҳои пойтахти кишвар – “Локомотив” бо ҳисоби 3:0, “Энергетик” бо ҳисоби 3:1 ва “Гвардия” бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.

Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат, ки дар ду бозӣ бар тимҳои Душанбе – ССКА “Помир” бо ҳисоби 4:2 ва “Локомотив” бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд, бо 6 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад.

Дар зинаҳои минбаъда “Гвардия” бо 4 имтиёз (3 бозӣ) дар ҷойи севум, “Энергетик” бо 3 имтиёз (2 бозӣ) дар ҷойи чаҳорум, “Шодмон”-и Ҳисор бо 2 имтиёз (2 бозӣ) дар ҷойи панҷум, ССКА “Помир” бо 1 имтиёз (3 бозӣ) дар ҷойи шашум ва “Локомотив” бо 0 имтиёз (3 бозӣ) дар ҷойи охирин ҷойгир шудаанд.

Дар минтақаи Хатлон мусобиқа дар ду гурӯҳ сурат гирифтааст. Баъди натиҷагирии ду даври бозиҳо дар гурӯҳи “А” тимҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва “Румӣ”-и ноҳияи Румӣ бо 6-имтиёзӣ пешсафанд.

Дастаи “Вахш” тимҳои “Қумсангир” (Қумсангир)-ро бо ҳисоби 4:1 ва “Вахши зарнисор” (Вахш)-ро бо ҳисоби 5:1 шикаст дод. “Румӣ” бар “Вахши зарнисор” бо ҳисоби 2:0 ва “Пахтакор”-и Қабодиён бо ҳисоби 6:2 пирӯз гардид.
Дастаҳои “Қумсангир” (Қумсангир) 3 имтиёз, “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ ва “Пахтакор”-и Қабодиён якимтиёзӣ доранд. “Вахши зарнисор”-и ноҳияи Вахш бидуни имтиёз дар ҷойи охирин мебошад.

Дар гурӯҳи “Б” дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. “Равшан дар се бозӣ – бар “Ҳулбук”-и Восеъ бо ҳисоби 5:3, “Ҳосилот”-и Фархор ва “Ҳамадонӣ”-и ноҳияи Ҳамадонӣ бо ҳисоби якхелаи 4:2 ғалаба кард.

Дастаҳои “Ҳосилот” ва “Шӯрообод”-и ноҳияи Шӯрообод аз ду бозӣ сеимтиёзӣ гирифтаанд. Вале дастаҳои “Ҳулбук” (як бозӣ кардааст) ва “Ҳамадонӣ (2 бозӣ анҷом додааст) имтиёз ба даст наовардаанд.

Дар минтақаи Суғд низ мусобиқа дар гурӯҳ баргузор шудааст. Баъди ҷамъбасти ду даври мусобиқа дар гурӯҳи “А” дастаи “Спитамен”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бо 6 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. “Спитамен” бар тимҳои “Парвоз” бо ҳисоби 1:0 ва “Ҳамзаалиев” (ҳарду аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) бо ҳисоби 3:0 пирӯз гашт.
Дастаҳои “Истаравшан”-и ноҳияи Истаравшан 3 имтиёз (1 бозӣ) ва “Парвоз” 3 имтиёз (2 бозӣ) доранд. Тимҳои “Ҳамзаалиев “ (як бозӣ) ва “Пахтакор” (Ҷаббор Расулов, 2 бозӣ) имтиёз ба даст наовардаанд.

Дар гурӯҳи “Б” дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо 6 имтиёз пешсаф аст. Хуҷандиҳо бар тимҳои “Эсхата” (Хуҷанд) бо ҳисоби 2:1 ва “Канд”-и Конибодом бо ҳисоби 3:1 ғолиб омаданд.

Дастаҳои “Канд” ва “Эсхата” дар 2 бозӣ сеимтиёзӣ гирифтаанд. Вале тимҳои “Қайроққум” (Қайроққум) ва “Афшин” (Ашт), ки ҳамагӣ як бозӣ кардаанд, бидуни имтиёз дар зинаҳои охирин қарор доранд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон бар асоси низомномаи мусобиқа аз минтақаи Душанбе чаҳор даста ва аз минтақаҳои Суғду Хатлон дудастаӣ ба марҳилаи ниҳоӣ, ки рӯзи 5-уми март дар шаҳри Душанбе шурӯъ мешавад, роҳхат мегиранд. Сабқати ниҳоӣ бо ширкати ҳашт дастаи беҳтарин дар ду гурӯҳ баргузор мешавад.

Маблағи ҷавоизи Ҷоми ФФТ 45 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ба ғайр аз Ҷом 20 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд. Барои ҷойи дувум 15 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи севум 10 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.
Манбаъ /ozodi.org/

3 thoughts on “Натоиҷи бозиҳои сабқати минтақавии Ҷоми ФФТ

  1. Спитамени нохияи чаббор Расулов??? Намедонам, шояд нох Спитамен бошад?

    Аммо Пахтакори Ч.Расулов солхои пеш вроде бозихои хуб нишон медод!

  2. Бахтиёр Файзуллоев н.Ч.Расулов тими Спитамен дорад?
    2 hours ago · Like

    Сайфиддин Караев ман чемпиони махала дар таркиби дастаи кучаамон будам. Тамом. Аммо мухлиси ашадди будам. Аз 10-солагиям факт статистика чам мекардам. Нохияи Расулов – Пахтакор, Нов – спитамен .
    2 hours ago · Like

    Бахтиёр Файзуллоев ОК, Пас Озоди ва “ФТ” хато карданд?
    2 hours ago · Like

    Сайфиддин Караев Насчет чего?
    2 hours ago · Like

    Бахтиёр Файзуллоев ‎:)))) Спитамени нох. Чаббор Расулов:)
    2 hours ago · Like

    Сайфиддин Караев Да ошибочка вышла у наших коллег. Но с кем не бывает? У нас тоже автоматически проходят… Но понимающий читатель поймет…
    2 hours ago · Like

    Бахтиёр Файзуллоев Ну да. Просто фикр кардам, яке Пролетар боз як тими дигар надошта бошад :)))

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s