Нуриддин Давронов барои санҷиши дар бошгоҳи «Энерги»-и Котбуси Олмон хузур дорад..


Нуриддин Давронов, нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва тими миллии футболи Тоҷикистон, аз Туркия, ки тими миллии Точикистон тамринхо гузаронида истодааст, барои санҷиш дар бошгоҳи «Энерги»-и Котбус аз Бундеслигаи дувуми Олмон рафт.
Шоҳрух Саидов, раиси бошгоҳи футболи «Истиқлол», мегӯяд, “Нуриддин Давронов ҳоло дар ихтиёри бошгоҳи «Энерги» мебошад. Тақдири минбаъдаи ӯ то рӯзи чоршанбе ҳал хоҳад шуд. Агар ӯ аз санҷиш бомуваффақият гузарад, бо бошгоҳи олмонӣ қарордод мебандад. Мо хушнуд мешудем, агар шогирди футболи тоҷик дар Олмон бозӣ мекард.”

«Энерги» дар ҳамин ҳол дар мусобиқаи Бундеслигаи дувуми Олмон дар ҷойи 11-ум қарор дорад. Бояд тазаккур дод, ки Ангела Меркел, канслери Олмон, узви фахрии фан-клуби «Энерги» маҳсуб мешавад.

Ба гуфтаи ҷаноби Саидов авохири ин ҳафта Нуриддин Давронов ба Тоҷикистон меояд ва дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 29-уми феврал дар шаҳри Хуҷанд дар бозии охирини сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо тими миллии Куриёи Шимолӣ иштирок хоҳад кард. Инчунин дар назар аст, ки Давронов дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми даъвати АФК-2012 дар Непал ширкат варзад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s