Бозии Тоҷикистону Куриё дар Суғд


– 29 феврал дар варзишгоҳи «20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон»-и маркази вилояти Суғд бозии футбол миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Куриёи шимолӣ дар доираи бозиҳои интихобии чемпионати ҷаҳон баргузор мешавад.
Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки вобаста ба фаъолияти ситоди корӣ 23 феврал таҳти раёсати раиси вилоят Қоҳир Расулзода бо иштироки роҳбарони сохторҳои дахлдор машварати корӣ доир гардид.

Дар машварат зикр гардид, ки барои гузаронидани футболи байналхалқӣ дар вилоят тамоми омодагиҳо дар сатҳи зарурӣ дида шудаанд. Тибқи нақшаи чорабинӣ қабл аз бозӣ ҳунарнамоии овозхонони шинохтаи Тоҷикистон ва баъди он бозии бурдноки лотерея дар назар дошта шудааст, ки мукофоти асосӣ-мошини сабукрав мебошад. Раиси вилоят Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки бозӣ миёни дастаҳои Тоҷикистону Куриёи шимолӣ чорабинии сатҳи ҷаҳонист, ки тибқи муқаррароти Федератсияи байналхалқии футбол (ФИФА) сурат мегирад. Дар вилояти Суғд баргузор шудани он нишони ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ будани иншооти варзишии вилоят аст.
Манбаъ АМИТ «Ховар»

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s