Раҳбари нави Федератсияи футболи Душанбе


Хуршед Мирзоев раиси нави Федератсияи футболи шаҳри Душанбе интихоб шуд.
Нарзуллоҳи Латиф

24.02.2012
Б
а иттилои Фаридун Солиев, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон, раҳбари нави Федератсияи футболи пойтахти кишвар имрӯз, 24-уми феврал, дар конфронси ҳисоботию интихоботии Федератсияи футболи Душанбе интихоб гардид.

Хуршед Мирзоеви 28-сола, ки дар ин вазифа Мадвалӣ Исоевро иваз кард, узви кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ноиби президенти бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе мебошад. Анвар Мирзоев, собиқ дарвозабони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, муовини ӯ итихоб шуд.

«Таваҷҷӯҳи мо, аслан, ба фароҳам овардани шароит баҳри рушди футболи кӯдакону наврасон равона хоҳад шуд, – мегӯяд Хуршед Мирзоев. – Ба ин аҳдофи худ мо бо кӯмаки ҳукумати шаҳри Душанбе, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва мутахассисон ноил мешавем».
Манбаъ /www.ozodi.org/

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s