Камол Алиспоҳич гуфт, бовар дорад, дастаи миллии футболи Тоҷикистон дар бозӣ бо дастаи Кореяи Шимолӣ натиҷаи хуб ба даст хоҳад овард.
Сармураббӣ ва сардорони тимҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ қабл аз бозии ниҳоии худ барои сабқати интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2014 дар шаҳри Хуҷанд бо хабарнигорон сӯҳбат карданд. Ин барои бори аввал аст, ки мухлисони футбол дар Хуҷанд тамошогари бозии миёни дастаҳои мунтахаби ин ду кишвар мешаванд.

Камол Алиспоҳич, сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон гуфт, дастааш барои ин бозӣ омодааст ва натиҷаи хубе ба даст хоҳад овард. Ӯ илова кард, ки натиҷаи ин бозӣ барояш ба унвони сармураббии нави даста як озмоише хоҳад буд. Маҳмадалӣ Содиқов, сардори дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон низ гуфт, ҳамдастаҳояш ба умеди пирӯзӣ ба майдон хоҳанд баромад.

Пак Нам Чо, аз бозингарони дастаи мунтахаби футболи Кореяи Шимолӣ дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ҳарчанд бидуни натиҷаи ин бозӣ низ ҳар ду тим дар гурӯҳи худ ҷойҳои 3 ва 4-ро гирифта, дигар аз идомаи иштирок дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 маҳрум шудаанд, аммо барои пирӯзӣ ва шод кардани мухлисони худ мубориза хоҳанд кард.

Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ қабл аз бозии ниҳоии худ дар гурӯҳи “С” рӯзи 28-уми феврал дар варзишгоҳи “20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд тамрин карданд.

Юн Ҷонг Су, сармураббии дастаи Кореяи Шимолӣ гуфт, варзишгоҳи Хуҷанд ба сурати умум барои бозии чунин сатҳ омода аст. Вай гуфт, футболбозони дастааш аз бозии аввал комилан фарқ мекунад ва тақрибан 80 дарсад ҷавон шудааст. Ӯ афзуд, аз пазироӣ ва меҳмондории тоҷикон шод аст ва шароити будубош ва тамрини хуб барояшон омода карда шудааст.

Бозии аввали дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ 6-уми сентябри соли гузашта дар шаҳри Пхенян, пойхтахти Кореяи Шимолӣ, бо ҳисоби 1 бар 0 бар нафъи соҳибони майдон анҷом ёфта буд. Инак, бозии дуюми онҳо рӯзи 29-уми феврал соати 13 дар варзишгоҳи “20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд оғоз меёбад.
Манбаъ /www.ozodi.org/

Advertisements