Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон барои ширкат дар сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё (AFC) рӯзи 3-юми март озими Непал хоҳад шуд.
Сабқати ниҳоӣ дар пойтахти Непал – шаҳри Катманду аз 8-ум то 18-уми март баргузор мешавад. Дастаи Тоҷикистон бо роҳбарии Камол Алиспоҳич, сармураббии тими миллии футболи кишвар, дар гурӯҳи «В» бо тимҳои миллии Куриёи Шимолӣ, Ҳиндустон ва Филиппин рақобат хоҳад кард.

Ғолиби ин сабқат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2015, ки дар Австралия доир хоҳад шуд, роҳхат мегирад.

Футболбозони тоҷик cоли гузашта дар сабқати интихобӣ дар гурӯҳи “С” бар тимҳои миллии Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ва Камбоҷа бо ҳисоби 3:0 ғолиб омада, бозиро бо тими мизбон – Ҷазоири Молдив бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол анҷом доданд.

Тимҳои Ҷазоири Молдив ва Тоҷикистон 7-имтиёзӣ ба даст оварданд. Мизбонон аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо (6-1) дар ҷои якум ва Тоҷикистон (4-0) дар ҷои дуввум қарор гирифтанд.

Ҳамин тариқ аз гурӯҳи “С” дастаҳои Тоҷикистон ва Ҷазоири Молдив ба сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати AFC-2012 роҳ ёфтанд. Вале тимҳои Қирғизистону Камбоҷа аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ маҳрум шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон (соли 2006), Ҳиндустон (2008) ва Кореяи Шимолӣ (2010) барандагони Ҷоми даъвати AFC гардидаанд.
___________________________________________________________________

“Истиқлол” – мизбони сабқати интихобии Ҷоми раиси AFC-2012

Кумитаи баргузории мусобиқоти Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё-2012 мизбонони гурӯҳҳоро муайян кард.
Дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, «Пномпен»-и Камбоҷа ва “Озмоишгоҳи Хон”-и Покистон мизбонони сабқати интихобӣ тасдиқ шуданд.

Дар Ҷоми раиси AFC қаҳрамонҳои 12 кишвар – «Дҳамондӣ» (Бангладеш), «Йездин» (Бутан), «Пномпен» (Камбоҷа), «Тайван Пауэр Компани» (Тайван), «Дордой» (Қирғизистон), «Эрчим» (Муғулистон), «Непал полис клаб» (Непал), «Озмоишгоҳи Хон» (Покистон), «Ал-Аморӣ» (Фаластин), КВ «Ратнам» (Шри-Ланка), «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Балкан» (Туркманистон) ширкат мекунанд.

Дар даври пешакӣ дувоздаҳ даста дар се гурӯҳ рақобат хоҳанд кард. Аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба сабқати ниҳоӣ, ки моҳи сентябр баргузор мешавад, роҳхат мегиранд. Дар марҳилаи ҳалкунанда шаш даста ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд ва ғолибони гурӯҳҳо ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфта, барои Ҷом мубориза мебаранд.

Бозиҳои сабқати гурӯҳии Ҷоми раиси AFC аз 3-юм то 13-уми май дар Тоҷикистон, Камбоҷа ва Покистон баргузор мешаванд.

Тими «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, порсол ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфта буд, вале дар марҳилаи ҳалкунанда дар Тайван аз сабқати гурӯҳӣ ба даври баъдӣ баромада натавонист.

Дастаи «Тайвань Пауэр Компани», ки соли гузашта дар бозии ниҳоӣ дар майдони худ бар тими «Пномпен»-и Камбоҷа бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад, барандаи феълии Ҷоми раиси AFC маҳсуб мешавад.

Ба ғолиби Ҷоми раиси АFC-2012 50 ҳазор доллар ва ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 25 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд.

Бояд тазаккур дод, ки дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода се бор (солҳои 2005, 2008, 2009) ғолиби ин мусобиқот шудааст
Манбаъ /www/ozodi.org/

Advertisements