Пеш аз сафари тими миллии Тоҷикистон , ба Непал барои иштирок дар Ҷоми раиси АFC-2012 «Футболи Точикистон» бо хучумкунандаи тими миллӣ Ахтам Хамрокулов хамсухбат шуд.

– Мехостам аввал шуморо табрик гуем, ки муаллифи голи ягонаи бозихои интихобии Ҷоми Ҷахон 2014 шудед. Голе, ки шумо ба дарвозаи Кореяи Шимоли ворид кардед ба тими мили холи аввалинро ба даст овард , мехостам дар бораи ин бози камтар харф мезадед.

– Рахмат. Ин бозии аввалини мо бо сармураббии нав мебошад , бози хело хуб буд, мо харакат кардем бозии хуб нишон дода ғалаба кунем, аммо хосиб як бар як шуд. Тими мунтахаби Кореяи Шимоли яке аз тимхои пуркуввати Осиё мебошад, ба ин нигох нокарда мо бозии хуб нишон додем ва шонсхои голзани низ доштем. Албатта мухлисон низ моро хуб дастгири кардан, варзишгох пур аз мухлисон буд, мо сипосгузорем.

-Омодагихо бо мураббии нав чи тавр аст, пеш аз сафар ба Непал? аз тарзу усули машкхо харф мезадед.

– Барои омодагихо барои мо шароитхо хуб мухаё кардаанд, тайёрихо нагз мебошад, бо сармураббии нав машкхо тарзу усули аврупои гирифтанд, бозии мо низ дигар шудааст, мухити дастамон нагз мебошад. Аз ин лихоз мо харакат мекунем, ки дар Непал чои аввалро гирем.

– Тими милли дар машкхо бо кадом схема тайёри дида истодааст,
бо чанд хучумкунанда?

– Хар хел, мо бо хама намуд омодаги дидем, аммо дар бозихо албатта аз хариф вобастааст ва инро худи сармурабби интихоб менамояд.

– Барои худ ягон максад гузоштед дар ин мусобикот?

– Вазифои хучумкунанда гол задан аст, ман низ харакат мекунам ин вазифаро адо кунам. Мо харакат мекунам бо натича баргардем.

– Аз тарафи ФФТ ягон мукофот ваъда шудааст?
– Ҷои аввал ин худ мукофоти калон мебошад, агар мо ба худ ин мукофотро кунем, фикр мекунам ФФТ низ моро кадр мекунанд.

– Рахмат барои сухбат . Муваффакият барои шумо ва барои тими милли Точикистон!

– Ташаккур
______________
Манбаъ / Футболи Точикистон/

Advertisements