Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё, дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур имрӯз, 6-уми март қуръакашии Ҷоми раиси AFC-2012 баргузор шуд.
Бар асоси қуръакашӣ рақибони дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар марҳилаи интихобии гурӯҳӣ муайян шуданд. Қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо тимҳои«Ал-Аморӣ» (Фаластин), «Балкан» (Туркманистон) и СК «Ратнам» (Шри-Ланка) рақобат хоҳад кард.

Дар Ҷоми раиси AFC қаҳрамонҳои 12 кишвар – «Дҳамондӣ» (Бангладеш), «Йездин» (Бутан), «Пномпен» (Камбоҷа), «Тайван Пауэр Компани» (Тайван), «Дордой» (Қирғизистон), «Эрчим» (Муғулистон), «Непал полис клаб» (Непал), «Озмоишгоҳи Хон» (Покистон), «Ал-Аморӣ» (Фаластин), СК «Ратнам» (Шри-Ланка), «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Балкан» (Туркманистон) ширкат мекунанд.

Дар даври пешакӣ дувоздаҳ даста дар се гурӯҳ қувваозмоӣ хоҳанд кард. Аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба сабқати ниҳоӣ, ки моҳи сентябр баргузор мешавад, роҳхат мегиранд. Дар марҳилаи ҳалкунанда шаш даста ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд ва ғолибони гурӯҳҳо ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфта, барои Ҷом мубориза мебаранд.

Бозиҳои сабқати гурӯҳии Ҷоми раиси AFC аз 3-юм то 13-уми майи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон, Камбоҷа ва Покистон баргузор мешаванд.

Тими «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, порсол ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфта буд, вале дар марҳилаи ҳалкунанда дар Тайван аз сабқати гурӯҳӣ ба даври баъдӣ баромада натавонист.

Дастаи «Тайван Пауэр Компани», ки соли гузашта дар бозии ниҳоӣ дар майдони худ бар тими «Пномпен»-и Камбоҷа бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад, барандаи феълии Ҷоми раиси AFC маҳсуб мешавад.

Ба ғолиби Ҷоми раиси АFC-2012 50 ҳазор доллар ва ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 25 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд.

Бояд тазаккур дод, ки дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода се бор (солҳои 2005, 2008, 2009) ғолиби ин мусобиқот шудааст.
______________________________

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футбол

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) бо ширкати ҳашт дастаи беҳтарин рӯзи 5-уми март дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и шаҳри Душанбе оғоз ёфт.
Д
астаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Бар асоси қуръакашӣ ба гурӯҳи “А” тимҳои «Гвардия» (Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Хайр» (Ваҳдат) ва «Шодмон» (Ҳисор) ва ба гурӯҳи “Б” дастаҳои «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), ССКА «Помир» (Душанбе) ва «Қайроққум» (Қайроққум) дохиланд.

Ба иттилои масъулини Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҷойи дастаи «Спитамен» (ноҳияи Ҷаббор Расулов), ғолиби сабқати минтақаи Суғд дар гурӯҳи “А”, ки ба иллати камбуди молӣ аз ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ даст кашид, тими «Гвардия» (Душанбе) роҳ дода шуд.

Маблағи ҷавоизи Ҷоми ФФТ 45 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ба ғайр аз Ҷом 20 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд. Барои ҷойи дувум 15 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи севум 10 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.

Тақвими бозиҳо:

Даври 1-ум

5-уми март (душанбе)

«Равшан» – «Шодмон» – 3:0
ССКА «Помир» – «Вахш» – 0:0
«Гвардия» – «Хайр» – 4:3

6-уми март (сешанбе)

11.30. «Қайроққум» – «Регар-ТадАЗ» – 0:3

Даври 2-юм

7-уми март (чоршанбе)

9.30. «Хайр» – «Равшан»
11.30. «Шодмон» – «Гвардия»
13.30. «Регар-ТадАЗ» – ССКА «Помир»
15.30. «Вахш» – «Қайроққум»

Даври 3-юм

9-уми март (ҷумъа)

9.30. «Гвардия» – «Равшан»
11.30. «Хайр» – «Шодмон»
13.30. «Қайроққум» – ССКА «Помир»
15.30. «Регар-ТадАЗ» – «Вахш»

11-уми март (якшанбе)

Бозиҳои ниманиҳоӣ
10. 00. Ҷойи аввали «А» – Ҷойи дувуми «Б»
12.30. Ҷойи аввали «Б» – Ҷойи дувуми «А»

13-уми март (сешанбе)

10.00. Бозӣ барои ҷойи 3-юм
12.30. Бозии ниҳоӣ
Манбаъ /www.ozodi.org/

Advertisements