Бозии аввалини худро тими миллии Точкистон дар мусобикоти Ҷоми даъвати AFC бо пирузи огоз кард.
Точикистон дар гурухи B бар тими мунтахаби Ҳиндустон бо хисоби 2-0 пирузиро ба даст овард.

Голхоро дар дакикахои 61-ум ва 67-ум Ахтам Хамрокулов ва Нуриддин Давронов ба хадаф расониданд.

Хайъати тими миллии Точикистон:
Алишер Туйчиев, Эрач Рачабов, Даврон Эргашев, Сохиб Саванкулов, Алексей Негматов, Нуриддин Давронов, Фатхулло Фатхуллоев (Дилшод Восиев), Чахонгир Чалилов, Махмадали Садиков (капитан), Фарход Тохиров (Илҳом Ортиқов), Ахтам Хамрокулов(Юсуф Рабиев).

Пеш аз ин бози дар ин гурух Кореяи Шимоли низ бо хисоби 2-0 бар Филиппин голиб омад.
Хамин тарик Точикистон ва Кореяи Шимоли се холи ба даст оварданд.

Бозии навбатии Точикистон дар ин мусобикот 11-уми март бо тими мунтахаби Кореяи Шимолӣ баргузор мешавад.

Манбаъ /Футболи Точикистон/

Advertisements