Абарҷоми Тоҷикистон дар соли 2012 бо ширкати дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар ТадАЗ» дар шаҳри Вахдат рӯзи 4 апрел дар варзишгоҳи «Хайр» барпо мешавад. Имрӯз дар ин бора ҷаласаи Федератсияи футболи мамлакат қарор қабул кард, хабар медихад “Амит Ховар”. Аз ин пештар бозӣ барои Абарҷоми кишвар ду маротиба: солҳои 2010 ва 2011 гузаронида шуда, дар он чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар вохӯрӣ бо дастаҳои «Вахш» ва «Регар ТадАЗ» ғолиб омадааст.

Advertisements