Навруз муборак хамватанони азиз!!!



Навруз муборак хамватанони азиз!!!

Advertisements

4 thoughts on “Навруз муборак хамватанони азиз!!!

  1. Наврӯзи оламафрӯзро барои якояки дӯстдорони футбол ва дӯстони “Футболи Тоҷикистон”, аз ҷумла барои ҳамкорон ва ҳаммуаллифони ин торнигор муборак мегӯям. Бигзор кабӯтарҳои хушбахтӣ ҳамеша болои боми хонаи Шумо бишинанд.

  2. Аҳаммият медиҳам, касе ҳаст, ки ба ҳар матлаби гузоштаи Рассол Кроу баҳои як медиҳад. Албатта, ҳар кас барои ибрози фикри худ ҳақ дорад, вале оё ин нафар метавонад андешаашро шарҳ бидиҳад, ки чаро як мегузорад? Оё ин баҳои як ба матлаб аст ё ба худи торнигор? Фикр мекунам, ин нафар бештар ба ҳамин торнигори бечора хусумате дорад, вале ҳайронам, ки ҳамин торнигорак киро душмани худ гардонида бошад? Чаро душмани худ гардонида бошад?

    Оё ин нафар боре сафҳаи “чаро фтубол?”-ро хондааст? Оё медонад, ки Рассол Кроу аз заҳматаш дар ин торнигор ягон дирам дарёфт намекунад ва баръакс, барои интернеташ пул масраф мекнуад аз кисаи худаш то мову шуморо бо тозатарин навидҳо ошно созад?

    Бо тозатарин навидҳо аз ҷойе дигар ошно мешавед? Бо русӣ? Велкам!

    Оё инро низ медонед, ки Рассол Кроу ҳамагӣ бист сол дорад ва қаблан ҳеҷ таҷрибаи навиштан надодааст? медонед, ки таҳсилоташ ҳам техникист ва ба филология ҳеҷ рабте надоштааст?

    Агар оне, ки мард аст, бояд ба ин ҷавон ҳазор сипос бигӯяд, на ин ки хусумати шахсияшро сари ҳар қадам ошно созад!

    • Хар ки андар рохи мо хоре, фиканд аз душмани,
      Хар гуле к-аз боги васфаш бишкуфад бе хор бод.
      Дар ду олам нест моро бо касе гарди губор
      Хар ки моро ранча дорад, рохаташ бисёр бод.

      Ахмият надихед акаи Фолловер ))))

  3. Шуморо бо Наврузу навбаҳорон табрик гуфта, хоҳони онам, ки Худо ба ҳамаи Шумо кисаи пур аз пул, парку курорт, дусти тиҳидасту ёри гамхор, ҳамсухани уламову ҳамнишини удабо, мошинҳои хоричиву котибаи танноз, меваи пурсамар, таксии арзонак, кафши “адидасу” “экко”, тилфони нокиаи N9, устози мумтоз, хонаи гарму кулбаи равшан, палаву хомшурбои бо гушти гусфанд, сардори магздору зердасти вафодор ва дигар хушиҳои зиндагиро насиб гардонад!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s