Натоиҷи бозиҳои даври аввали Лигаи олӣ


Рӯзҳои истироҳат 7-уму 8-уми апрел панҷ бозии даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуд.
Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат дар майдони худ бар “Истаравшан”-и Истаравшан бо ҳисоби бузурги 4:1 ғалаба кард. Обидҷон Исмоилов, ҳамлагари дастаи “Хайр”, дар дақиқаи 20-уми бозӣ аз ҷаримаи ёздаҳметра ҳисобро боз намуд. Дар воқеъ, ин аввалин голи мусобиқоти имсола ба ҳисоб меравад.

Муҳаммад Гулипур, легионери эронӣ, дар дақиқаи 37-ум голи дувуми мизбононро ба ҳадаф расонд. Дар замони изофии қисми аввали дидор Шариф Зиёев, бозигари “Истаравшан”, аз пеналтӣ ҳисобро тағйир дод. Аммо баъдан Мирзобек Мирзоев дар дақиқаи 73-юм ва Исроил Идиев, капитани дастаи “Хайр”, дар дақиқаи 79-ум ба дарвозаи “Истаравшан” боз ду гол заданд.

Пас аз анҷоми бозӣ Шӯҳрат Шамсиев, сармураббии дастаи нави Лигаи олӣ – “Истаравшан”, ба хабарнигорон гуфт, “пирӯзии мизбонон ҳаққонӣ буд ва онҳоро бо ғалабаашон табрик мекунам. Бозӣ таассуроти хуб боқӣ гузошт. Бачаҳои мо ҳоло камтаҷрибаанд ва умедворем, ки аз бозӣ ба бозӣ хубтар ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Бурди аслии мо, албатта, бозгашти дастаамон ба Лигаи олии футболи кишвар мебошад.”

​​Тоҳир Мӯъминов, сармураббии тими “Хайр”, бо вуҷуди пирӯзии дастааш аз бозии шогирдони худ чандон изҳори хурсандӣ накард. Ӯ гуфт, “мо ғалаба кардем, вале ман чандон қаноатманд нестам. Бояд мо баҳои объективӣ диҳем, дар чунин майдон бозӣ кардан душвор аст. Бинобар ин бозӣ саргум буд. Мо ба бозии оянда бо тими қаҳрамон -“Истиқлол”, ки дар меҳмонӣ баргузор мешавад, хуб омодагии хоҳем дид.”

Бозии дигар миёни дастаҳои “Энергетик”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар варзишгоҳи “Барқ”-и Норак барпо гардид. Ин бозӣ бо натиҷаи мусовӣ – 2:2 поён ёфт.

Нахуст Шӯҳрат Умаров, ҳамлагари “Хуҷанд”, дар дақиқаи 50-ум ҳисобро кушод. Сипас, Габриэл Донто, легионери африқоии тими “Энергетик”, дар дақиқаҳои 69-ум ва 71-ум ду гол зад. Дар дақиқаи 84-уми дидор Манучеҳр Аҳмадов, бозигари “Хуҷанд”, боз ҳисобро баробар намуд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки дар ин бозӣ Самад Шоҳзуҳуров, бозигари “Энергетик”, дар дақиқаи 28-ум аз ҷаримаи 11-метра истифода карда натавонист.

​​Се бозии дигари даври аввал рӯзи якшанбе, 8-уми апрел, сурат гирифт. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Металлург”-и Турсунзода бар тими нави Лигаи олӣ – “Ҳосилот”-и Фархор бо ҳисоби бузурги 4:1 ғолиб омад.

Нимҳимоятгар Дилшод Восиев, капитани “Истиқлол”, дар дақиқаи 12-ум тӯбро аз пеналтӣ ба тӯри дарвозаи “Ҳосилот” зад. Баъди 17 дақиқа ӯ ҳисобро афзун кард. Дилшод дар дақиқаи 34-ум имкон дошт, ки “хет-трик” намояд, яъне голи севумашро ба самар расонад, вале ин дафъа зарбааш хато хӯрд. Тӯби задааш аз болои тири дарвоза гузашт. Чунин ба назар мерасид, ки ӯ “қасдан” тӯбро хато зад.

Бозигарони “Истиқлол” Юсуф Рабиев (дақиқаи 49-ум) ва Давронҷон Эргашев (58) дар нимаи дувуми дидор боз ду бор дарвозабони “Ҳосилот” Маъруф Нуралиевро маҷбур карданд, ки тӯбро аз тӯри дарвозааш бигирад.

Як голи фархориҳоро ҳамлагар Ҷумъахон Азизов дар дақиқаи 78-ум ба ҳадаф расонд.

Баъд аз анҷоми ин бозӣ нишасти матбуотӣ доир шуд. Никола Кавазовичи сербиягӣ, сармураббии тими “Истиқол”, ба хабарнигорон гуфт, “аз натиҷаи бозӣ қаноатмандам, вале аз бозии дастаам на хайр. Ҳарчанд бо ҳисоби калон пирӯз шудем, вале бозигарон дастури моро иҷро накарданд. Ман дар футбол ҳуҷумро тарафдорам. Аз ин рӯ имсол “Истиқлол” аз рӯи тарҳи 3-4-3 бозӣ хоҳад кард.”

Тағай Дӯстов, сармураббии дастаи “Ҳосилот”, аз бозии шогирдонаш дар нахустин дидор бо қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт, “Истиқлол”-ро бо ғалабааш табрик мегӯям. Ба бохт бо ҳисоби калон нигоҳ накарда, бозигарони мо муқобили дастаи пурқуввату ботаҷриба, ба назари ман, бад бозӣ накарданд ва ҳатто як гол ҳам заданд. Албатта дар бозии аввал камбудиҳо зиёд буданд ва мо аз паи ислоҳи онҳо мешавем ва мекӯшем, ки дар бозиҳои оянда хотири мухлисонамонро шод гардонем.”

Дастаи “Равшан” дар майдони худ – варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бар тими ҷадиди Лигаи олӣ – “Зарафшон”-и Панҷакент бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Голҳоро Фозил Сатторов дар дақиқаи 11-ум ва Нӯъмонҷон Ҳакимов дар дақиқаи 89-ум заданд.

Тими “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар варзишгоҳи худ – “Фурудгоҳ” аз тими меҳмон – “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашт. Голи ягонаро Комрони Мирзохон, бозигари ҷавони меҳмонон, дар дақиқаи 85-уми дидор ба самар расонд.

Бозии охирини даври аввали мусобиқа миёни дастаҳои “Гвардия”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода имрӯз, 9-уми апрел, дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода доир шуд. Бозӣ бо ғалабаи “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 3:0 поён ёфт. Голҳоро Виктор Лиховидко (5), Ҷамшед Исмоилов (47, пеналтӣ) ва Аҳтам Ҳамроқулов (89) заданд.

Тими ССКА “Помир”-и Душанбе аз бозии даври аввал озод буд. Ҳамин тариқ баъди натиҷагирии бозиҳои даври якум тимҳои “Истиқлол”, “Хайр”, “Регар-ТадАЗ”, “Равшан” ва “Вахш” сеимтиёзӣ, “Хуҷанд” ва “Энергетик” якимтиёзӣ ба даст овардаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:
1-2. «Истиқлол” 3
1-2. «Хайр” 3
3. “Регар-ТадАЗ” 3
4. «Равшан” 3
5. «Вахш” 3
6-7. “Хуҷанд” 1
6-7. «Энергетик” 1
8. “Парвоз” 0
9. «Зарафшон” 0
10-11. «Истаравшан” 0
10-11. “Ҳосилот” 0
12. “Гвардия” 0
13. ССКА “Помир” 0

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев («Истиқлол»), Габриэл Донто (“Энергетик”) – 2-голӣ.

Даври 2-юм

14-уми апрел (шанбе)

«Истаравшан» – «Равшан». Варзишгоҳи ноҳияи Спитамен.
«Зарафшон» – «Энергетик». Варзишгоҳи шаҳри Панҷакент.
«Истиқлол» – «Хайр». Варзишгоҳи “Металлург”-и Турсунзода.

15-уми апрел (якшанбе)

«Ҳосилот» – ССКА «Помир». Варзишгоҳи ноҳияи Фархор.
«Регар-ТадАЗ» – «Парвоз». Варзишгоҳи “Металлург”.
«Хуҷанд» – «Гвардия». Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият”.

Оғози бозиҳо – соати 16.00
Манбаъ /www.ozodi.org/

Advertisements

8 thoughts on “Натоиҷи бозиҳои даври аввали Лигаи олӣ

  1. Мехмони вебсайти мо хам бошед. Ин сайт дар бораи фарханги муштараки ду кишвари дуст
    ва хамзабон, Эрону Точикистон мебошад. http://www.irantajik.org

  2. Ба њукми анъана даромадааст, ки вохўрии Хуљанд ва Вахш бе даѓалї нагузарад. Шояд ин яке аз сабабњои дар варзишгоњи Спартак гузаронидани бозї буд (нишўхию нимљиддї).
    Ба њар њол мухлиси зиёд љамъ шуда буд.
    Оѓози бозиро тасвир карда наметавонам, чун лањзае вориди варзишгоњ шудаму саргарми љойкобї будам Пирмурод тўбро вориди дарвозаи Вахш намуд.
    Баъди задани гол Хуљанд фишорашро паст накард. Вахш низ ба ќафо намешишт. Аммо нимаи аввали ќисми якуми бозї њимоятгарони Вахшро њарос фаро гирифта буд, магар ваќти тўбро аз майдончаи љаримавї берун сохтан тахминї ба пеш мезаданд. Дар натиља њуљуми Хуљанд идома меёфт. Аммо њамин ки нимаи аввали ќисми якум паси сар шуд муњофизони Вахш низ ба худ омада дигар ба ин хатогї роњ намедодагї шуданд.
    Бозї ќариб ки баробар буд. Ба њуљуми як рўд дигаре љавоби мувофиќ медод. Бедаѓалї гузаштани бозї футболбозонро як ќадар нороњат мекард, ин буд, ки ба даѓалбозї дарвозабони Вахш њусни оѓоз бахшид. Ваќте муњољими соњибони майдон бо тамоми љидду љањд ба задани тўб наздик буд дарвозабон бо чолокї тўбро дошта гирифт, аммо барќасдона бо оринљаш муњољимро зада афтонд. Довар бея гон дудилагї ба дарвозабон корти зардро нишон дод. Дарвозабони Хуљанд низ талоши корти зардро кард. Аммо ў на барои даѓалї балки барои кашшол додани ваќт соњибкорт шуд. То анљоми ќисми аввали бозї андаке ваќт монда буд. Дарвозабон барои тезтар гузаронидани саъйу кўшиш кард ва нињоят ба корти зард бархўрд.
    Њамин тариќ то анљоми бозї боз чанд маротибаи дигар мењмонону мизбонон ба даѓалбозї гузаштанд ва бархе аз онњо аз тарафи довар огоњонида шуданд. Бар замми ин довар њатто метавонист барои симулятсия ва оњувоњи дурўѓин чанд нафареро аз ду тараф аз майдон ронад.
    Бармегардем ба Хуљанд. Дигаргунињо хеле зиёд шудаанд. Якум, Хуљанд масъалаи дарвозабонро бо пуррагї њал кард. Ба ин масъала нуќтаи калони равѓанин гузошта шуд. Аммо дар хатти дифоъ њанўз норасоињо мушоњида мешаванд. Хатти њуљум низ хеле пурќувват гардидааст. Ба бозигарони љавони Хуљанд зарур аст аз Пир ва Индус њарчї зиёдтар дарс гиранд. Нафањмидани якдигар Хуљандро аз голњо бенасиб гардонд.

  3. Акои Бахтиер,аз Индус самаранок истифода баред,ки мавсими дигар уро бармегардонем!

  4. Хабархо аз Кулоб!
    Ду бозигари дигари африкоии зодаи Гана Сулейман(химоятгар) ва Девид(нимхимоятгар)ба дастаи Равшан пайвастанд!Дар презентатсия ва тамрини аввалини онхо дар Кулоб зиеда аз 100мухлис хузур дошта,аз бозии онхо каноатманд шуданд.Едовар мешавем,ки ду мавсими ахир онхо дар клубхои Катар ва Туркие хунарнамои кардаанд.Хамчунин, автобуси дастаи Равшан дируз аз Чин тавассути шохроххои Бадахшон вориди Точикистон шуд.Карор аст он дар рузи бози бо Парвоз(27май)ба даста такдим карда шавад.

  5. ПАРВОЗИ БАЛАНДИ ПАРВОЗ

    Ана расидем… Парвоз дар майдони худ ҳисоби Хайрро ёфт!

    Гӯё ба ҳукми анъана даромада бошад, дар ин ду бозие, ки ба тамошояш рафтам ҳисоби бозӣ тақрибан як хел кушода шуд. Вориди варзишгоҳ шуда, дар пайи ҷустуҷӯи ҷои қулайи нишаст мешавам, ки соҳибони майдон ҳисобро боз мекунанд. Ва айнан ба мисли голи ба дарвозаи Вахш задаи Хуҷанд, ҳуҷуми соҳибони майдон аз канори рост сурат мегирад, партофти хуб ба майдончаи ҷаримавӣ ва касе аз соҳибони майдон тӯбро вориди дарвозаи меҳмон мекунад. Айнан ҳаминтавр аз «неразбериха»-и муҳофизони Хайр истифода бурда, парвозӣ ҳисобро боз мекунад. Чанд лаҳза гузашта буд, ки боз ҳамон канори рости Парвоз фаъолона пеш рафт ва бад он минвол дарвозаи Хайр нишон гирифт. Вале ин даъфа дарвозабон дар ҷояш буд. Аз ин пештар бозигари №23-и ҳавопаймоён низ аз ҳамон канори рост як партоби хуб ба майдончаи ҷаримавӣ мекунад, аммо муҳоҷим аз он дуруст истифода бурда наметавонад. ЛАҳзае баъд зарбаи ҷаримавӣ тақрибан аз масофаи 20-25 метр задаи Парвоз каме болотар аз болочӯби дарвоза мегузарад
    Вале лаҳзаи дигар бозигари таҳти рақами 10 Парвоз як голи зебое ба дарвозаи Хайр зад. Аз дур бо зарбаи олии гирифтанашаванда кунҷи рости дарвозаи ҳарифро ҳадафи худ кард. Ҷаҳиши дарвозабон суде наовард. 2-0
    Қисми авали бозӣ муҳофизи №2 Парвоз суст бозӣ мекард. Аз хатогии ӯ истифода бурда Мирзобек Мирзоев – муҳоҷими Хайр фарқи ҳисобро кам кард.
    Аз ин гол Хайр сахт рӯҳбаланд шуда, ба ҳусни бозӣ ранги дигар бахшид. Соҳибони майдонро дар нимаи майдони онҳо прессинг мекард. Муддате ҳарду даста бозии зебо нишон доданд. Онҳо партофтҳои кӯтоҳу якрасишро истифода мекарданд. Бачаҳои Хайр саҳеҳтар буданд, вале парвозиҳо фаъолтар.

    Спектакль

    Тақрибан нимаҳои қисми аввали вохӯрӣ ваҳдатие русбаччаи ҳавопайморо дар канори рости нимаи майдони худ, наздикии ситоди Хайр зада аз по афтонд. Ба сифати подоши амали хеш аз довар корти сурх инъом дид.
    Ин амал боиси дар шӯриши ситоди Хайр гардид. Аз ҳама беш духтури ситоди Хайр корнамоӣ нишон медод. Сароғоз ӯ ба довари канорӣ дарафтод. Баъди ғалаба ба даст овардан вай ба сӯи довари асосӣ ҳамла карда, ду се лагад фаровард. Намедонам, кадоме аз онҳо ба нишон расида буд ё на, ба ҳар ҳол спектакл ХЕЛЕ «ҷолиб» буд. Намоиш мухлисонро ба шавқ ва … шӯр овард. Агар нафаре корнамоии ӯро бо завқ тамошо карда мадҳу ситоиш намояд дигарӣ зери тозиёнаи танқид мегирифт. Аз ҷумла як нафар мухлисро кормандони ҳифзи ҳуқуқ маҷбур шуданд аз варзишгоҳ пеш кунанд. Бино ба гуфти мухлисон ӯро ё барои ҳаққорати қабеҳ додан ё баклажка партофтан аз тамошои бозӣ дисквалификация карданд. Ба ҳар ҳол бисёр хуб карданд. Агар ба болои ин боз як ду «дубинка» мезаданд нуран алонур мешуд…
    Кашмакашӣ дар майдон дар ҷӯш буд. Милисаҳо маҷбур шуданд ба вазъияти дар майдон баамаломада дахолат намоянд.
    Аммо мутаассифона ба майдон генерале омада, вазъиятро нейтрал кард. Ин ба фикрам Рӯзиев буд. Воқеан, ӯ метавонад публикаро ба зудӣ ором кунад. Ёд дорам, боре тими «Олими Каримзод», ки барои баромадан ба Лигаи олӣ бо Эсхата мубориза мебурд, дар ш.Хуҷанд мухлисони мастчоҳӣ ба бетартибӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида буданд. Аммо генерал бо осонӣ вазъиятро ором намуд.
    Ҳамин тариқ тақрибан баъди 5-6 дақиқа шӯриши Хайр фурӯ шинонида, ё бо ибораи дигар «пахш» карда шуд.
    Анакнун Хайр 10 каса монд. Ситоди Хайр ба ҷойгиршавии муҳорибонаш тағйирот даровард. То ин дам дар хатти пеш ду нафар ҳунарнамоӣ мекарданд якеаш ба қафо кашида шуд. Хатти пеш ба Мирзобек Мирзоев боварӣ карда шуд.
    То анҷоми аввали бозӣ Хайр дигар онқадар ба пеш намешитофт ва муҳоҷими ягонаи худ – Мирзоевро бо партобҳои баланд ба пеш мебаровард. Муҳофизони Парвоз бошад дигар ба хатоӣ роҳ медодагӣ набуданд.
    То анҷоми қисми аввал якчанд дақиқа монда буд. Парвоз тӯбро дар нимаи майдони ҳариф нигоҳ дошта ҳуҷуми доманадор ташкил кард. Самараи ҳуҷумаш задани зарбаи кунҷӣ шуд. Баъди иҷрои зарбаи кунҷи дарвозабони Хайр дарвозаашро аз голи ҳақиқӣ эмин дошт. Тӯби сахт задаи ҳарифро бо як даст баргардонда аз майдон берун сохт.
    Бо ҳамин қисмати аввал хотима ёфт.

    Дар танаффус аз мухлисони наздики муноқиша чӣ шудани воқеаро пурсидам, мухлисони Хайр, ки як рӯз пештар аз н.Ваҳдат омада буданд (аҳсан!!!), иброз доштанд, ки дар ҳақиқат қоидаи бозӣ вайрон шуда буд, аммо барои он нишон додани корти сурх ҳҷ зарурате надошта буд, гӯё бархӯрд дар ҳолати бозӣ на барқасд…

    Дар қисми дуюми бозӣ Парвоз ҳуҷумашро беш аз пеш пурзӯр намуд. Муҳофизи №2-и Парвоз дар танаффус аз Турақулов танбеҳи сахт гирифт магар дигар ба хатогиҳо роҳ нмедод. Қисми диюми бозӣ сустии майманаи Хайрро баръало намоён кард. Парвоз ин канори хатти дифоъи Хайрро зуд-зуд рахна менамуд. Ҳамин тариқ яке аз ҳуҷумҳои навбатии ҳавопаймоён интиҳои мантиқии худро ёфт. Ҳамон канори чапи хатти дифоъ муқовимат нишон дода натавонист, ки тӯб аз он ҷо ба майдончаи ҷаримавӣ расид ва Мансур бо сараш вориди дарвозаи Хайр кард. 3-1.
    Тақрибан аз дақиқаҳои 55 бозӣ Парвоз ҳуҷуми доманадори худро пеш гирифт. То анҷоми ин ҳуҷум муҳофизони Хайр хеле асабӣ мешуданд. Ин мавҷи ҳуҷуми соҳибони майдон 2 зарбаи кунҷӣ ва ҳамин қадар зарбаи ҷаримавиро овард. Аммо аз ин стандартҳо ҳавопаймоён ба қадри кофӣ истифода карда натавонистанд.
    Баъди истодагарӣ Хайр тавонист бозиро аз назди дарвозааш дур карда, ба ҳуҷум гузарад. Дар яке аз ҳуҷуми Хайрро бозигари 17-и мизбонон каме дуртар аз майдончаи ҷаримавии худ қоидаи бозиро вайрон кард. Аммо зарбаи тахминан аз 25 м задаи ваҳдатӣ каме болотар аз болочӯби дарвоза гузашта майдонро тарк намуд. Хайр бо кам будани сафи худ нигоҳ накарда ба пеш мегузашт. Ин буд ки яке аз муҳоҷимони меҳмонон бо сараш тӯби зебоеро ба тӯри дарвозаи соҳибони майдон ворид сонхт, афсӯс… афсӯс, ки довар онро ҳисоб накард – офсайд.
    Аммо дақиқае нагузашт, ки дарвозабони Парвоз ба меҳмонон як гол дод. Аниқтараш тӯбро дуруст дар дасташ дошта натавонист, ки тӯби доштааш аз дасташ хато шуда ба паҳлӯчӯби дарвоза бархӯрд ва вориди дарвоза шуд. Аз рӯи инсоф гӯем, ба вай якбора ду муҳоҷими Хайр бо ҳайбатаи худ фишор оварданд, ки дар натиҷа ӯ ба саросемагӣ роҳ дод. 3-2 Интрига зинда шуд!
    Аммо ин гол ҳавопаймоёнро як зарра рӯҳафтода накард. Парвоз, ки ҷои сусти Хайрро медонист ба ҳузур истифода карда, баъди як комбинатсияи зебо тӯби чаҳорумро ба дарвозаи ҳариф зад.
    Ислоҳҳои даровардаи мураббии Хайр дигар сурати бозиро тағйир дода наметавонистанд.
    Соҳибони майдон бошанд боз як бетартибии хатти дифоъи Хайрро дуруст истифода карданд. Ин даъфа Парвоз майсараи Хайрро рахна сохт. Дарвозабони Хайр ба хатогии дағал роҳ дод. Дар ҳоле ки ҳимоятгар бо муҳоҷими ҳариф мубориза мебурд дарвозабон аз майдончаи дарвоза берун рафт ва дар охир муҳоҷиме аз ҳавопаймоён тӯбро аз болои ӯ ба дарвоза партофт. Чи голи зебое аммо барои Хайр басо нозеб… 5-2
    ПИСИ: Дар ин муддат ду тайёра фуруд омаданд. Примета?

  6. Парвоз Б.Гафуров – Хайр Вахдат
    Личные встречи
    Сезон 2012
    20.05.2012 Парвоз Б.Гафуров – Хайр Вахдат 5:2
    Сезон 2011
    25.11.2011 Парвоз Б.Гафуров – Хайр Вахдат 3:0
    13.08.2011 Хайр Вахдат – Парвоз Б.Гафуров 2:1
    01.07.2011 Парвоз Б.Гафуров – Хайр Вахдат 0:0
    17.04.2011 Хайр Вахдат – Парвоз Б.Гафуров 3:0
    Сезон 2010
    14.10.2010 Парвоз Б.Гафуров – Хайр Вахдат 1:1
    10.10.2010 Хайр Вахдат – Парвоз Б.Гафуров 4:0
    05.06.2010 Парвоз Б.Гафуров – Хайр Вахдат 1:2
    30.05.2010 Хайр Вахдат – Парвоз Б.Гафуров 2:1

    Cтатистика всех матчей между клубами
    Побед Парвоз Б.Гафуров – 2 (22.22%)
    Ничьих – 2 (22.22%)
    Побед Хайр Вахдат – 5 (55.56%)

    Cтатистика матчей на поле Парвоз Б.Гафуров
    Домашних побед Парвоз Б.Гафуров – 2 (40%)
    Ничьих – 2 (40%)
    Гостевых побед Хайр Вахдат – 1 (20%)

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s